Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алиасғари Шеърдўст

№128-129 (3113-3114) 12.10.2013

DSC_1180

10 октябри соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдўстро бо хоҳиши ў, бинобар анҷом ёфтани ваколатҳои сафириаш дар кишвари мо, пазиройӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот аз сатҳи ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сармоягузории тарафи Эрон дар ҷумҳурии мо, инчунин ҳамкориҳои парламентӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар сурат гирифт. Раиси Маҷлиси намояндагон аз хидматҳои сафир ҷиҳати боз ҳам густариш ёфтани равобити ҳамаҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар гардида, аз ҷумла изҳор дошт, ки мо халқҳои на танҳо ҳамдину ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҳастем, балки иртиботи ҳамдилии мо бештар аст.

- Шумо дар фаъолияти сафирии худ ин гуфтаҳоро амалан собит намудед. Имрўз ошкор гардидааст, ки халқҳои дўсту бародари тоҷику эронӣ дар буҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ бо кўмаку дастгирии ҳамдигар бештар ниёзманд ҳастанд. Ба шарофати саъю талоши Шумо тоҷикон Эронро ва эрониён Тоҷикистонро бештар шинохтанд ва бештар дўст доштанд.

Мардуми тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо аз кўмак ва дастгириҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон бархўрдор буд ва имрўз низ шоҳиди идомаи чунин иқдомоти неки ин кишвари бародар аст. Хусусан, дар тайи зиёда аз панҷ соли сафирии Шумо равобити ҳамаҷонибаи миёни давлатҳоямон бештар тавсеа ёфт. Неругоҳи барқи обии «Сангтўда-2», нақби «Истиқлол» ва дигар иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд. Кўмакҳои Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ ба эҳтиёҷмандони Тоҷикистон ва созмон додани бисёр марказҳои фанниву фарҳангӣ ва хайриявӣ дар Тоҷикистон қобили таваҷҷуҳ аст. Бо саъю эҳтимоми Шумо Тоҷикистон беш аз ҳар кишвари дигаре робитаҳои устувори бахшҳои илмиву фарҳангӣ, фанниву техникӣ, тиҷорату бозаргонӣ ва дигар бахшҳоро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон амалӣ намудааст.

Ҳоло байни кишварҳоямон заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ-шартномавӣ вуҷуд дошта, дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои муштарак фаъолият менамоянд. Мо бунёди роҳи оҳани Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон – Хитой, роҳи мошингард ва хатти интиқоли барқи Эрон – Афғонистон – Тоҷикистонро иқдоми нек ва муҳим мешуморем.

Равобити байнипарлумонии миёни кишварҳоямон низ хеле густариш ёфт. Сафари чандин ҳайатҳои баландпояи парлумонии ҳар ду кишвар амалӣ гардид.

Хидматҳои Шумо ҷиҳати таҳким бахшидани равобити ҳамаҷонибаи миёни кишварҳоямон, хусусан равобити фарҳангӣ хеле бузург аст. Нақши Шумо, дар самти наздикшавии адабиёту фарҳанги муосири кишварҳоямон низ ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Шуморо дар Тоҷикистон ҳамчун дўст ва мухлиси адабиёти имрўзи тоҷик медонанду эҳтиром доранд. Роҷеъ ба эҷодиёти бисёр адибони тоҷик мақолаву рисола ва китобҳои зиёд навиштаед. Китобҳои дар ин мавзуъ навиштаи Шумо ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Теҳрон ба нашр расида, мақбули алоқамандон гардидаанд. Бо саъю эҳтимоми Шумо дар Теҳрон ва Душанбе беш аз 200 китоб ба нашр расидааст, ки ба адабиёти тоҷик иртибот доранд.

Дар Тоҷикистон низ роҷеъ ба хидматҳоятон китобе аз ҷониби адибони тоҷик бо унвони «Кимёгари дурри дарӣ» бо хатҳои форсӣ ва кириллӣ ба табъ расидааст. Шумо ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудаед. Дар тайи чор сол аз тариқи пурсишномаҳои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар миёни сафирони кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон сазовори мақоми аввал дониста шудед. Хидматҳои Шумо бо Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абўабдулло Рўдакӣ ва нишонҳои дигари Тоҷикистон қадр карда шудаанд, -изҳор намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Шукурҷон Зуҳуров дар фаъолияти минбаъдаи Алиасғари Шеърдўст барору комгорӣ хоста, изҳори итминон кард, ки ў дар оянда низ ба нафъи дўстиву ҳамкории миёни кишварҳоямон саъю талош хоҳад намуд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдўст бо изҳори сипос аз пазиройии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид дошт, ки ў ҳанўз қабл аз фаъолияти сафириаш бо Тоҷикистон ва мардуми он робитаҳои дўстонаву фарҳангӣ дошт ва дар давоми фаъолияти сафириаш барои густариши равобити ҳамаҷониба тамоми саъю талоши худро ба харҷ додааст.

- Дар оянда, дар кадом вазифае, ки бошам, барои густариши робитаҳо бо Тоҷикистон ва мардуми он кўшиш хоҳам намуд, -изҳор дошт Алиасғари Шеърдўст.

 Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон