Панҷуми феврали соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Саидмаҳмуди Садрӣ мулоқот намуд.
Шукурҷон Зуҳуров дипломати эрониро хайра мақдам ва фарорасии 36-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки ҳамасола рӯзи 11 феврал ҷашн гирифта мешавад, ба онҳо муборакбод гуфта, ба миллати дӯст ва бародари Эрон пешрафту шукуфоӣ, ривоҷу равнақ, муваффақият ва касби дастовардҳои бештареро таманно намуд.
- Мо, -гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон, — аз раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбе ва Теҳрон қаноатмандем. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тараққиёту пешрафтҳое, ки дар тӯли 36 соли пирӯзии инқилоби исломӣ дар кишвар ба даст овард, бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки кишварҳои исломӣ низ метавонанд дар радифи дигар мамлакатҳои тараққикардаи ғарбӣ ҳамчун кишвари пешрафта арзи ҳастӣ кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари ҳамзабон будан, ҳамчунин дорои муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ мебошанд ва ин муштаракот барои рушду густариши муносиботи кишварҳоямон заминаи мусоид фароҳам овардааст.
- Мо ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои худ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоми заминаҳо мебошем, — гуфт дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.
Кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Саидмаҳмуди Садрӣ аз номи Раиси Парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алӣ Лоринҷонӣ даъватномаро ҷиҳати иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар кори иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, ки рӯзҳои 18-19 феврали соли 2014 дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, супорид.
Саидмаҳмуди Садрӣ ҳамчунин иброз намуд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи солҳои охир раванди рушду равнақро касб намуда, нисбат ба солҳои гузашта тараққӣ ёфта истодааст.
- Боздиди пайвастаи мақомҳои гуногуни олирутбаи ду кишвар ба ҷумҳуриҳои якдигар яке аз сабабҳои асосии таҳкими ин муносибот ба шумор меравад, -гуфт дар анҷоми мулоқот дипломати эронӣ.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон