Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Кристоф Бернаскони

№112 (3258) 27.09.2014

DSC_0547

 25 сентябри соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Дабири кулли Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ҷаноби Кристоф Бернаскони мулоқот намуд.

 Дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми ниҳодҳои тобеи Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, мавриди гуфтугӯ ва баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дабири кулли Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ҷаноби Кристоф Бернаскониро, ки бори дуюм аз ҷумҳурии мо дидан мекунад, хайра мақдам гуфта, ташрифи ӯро ба сарзамини тоҷикон омили рушду таҳкими муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ арзёбӣ кард.

Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки аз соли 2007 инҷониб Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага иқдомҳо меандешад. Аз 8 январи соли 2013 то ба имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ фаъолона амал мекунад. Ба ҳайати гурӯҳи кории мазкур намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия, молия, рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳлили ҷанбаҳои мухталифи Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз соли 1961 омода карда шудааст. Инчунин тавсияҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳар чӣ зудтар ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур таҳия гардидааст.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз дошт, ки ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага барои Тоҷикистон қадами муҳим ба сӯйи унификатсияи (мутобиқсозии) қонунгузории миллӣ дар ин соҳа бо принсипҳои хусусию ҳуқуқии байналмилалӣ, иштироки фаъолонаи намояндагони ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин дар мулоқот зикр гардид, ки Конвенсияи Гаага байни давлатҳои аъзои он татбиқшаванда аст. Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага маънои ба он аъзо шуданро дорад, ки расмиёти гузоштани Апостилро барои ҳуҷҷатҳои расмии аз кишвар бароянда ва ба кишвар воридшаванда қабул намудааст. Бештар аз 100 давлат аъзои Конвенсияи Гаага буда, онро ба яке аз созишномаҳои бомуваффақият дар соҳаи ҳамкории ҳуқуқӣ дар ҷаҳон табдил додаанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конвенсияи Гаага, бо дарназардошти шумораи зиёди шаҳрвандонаш, ки дар кишварҳои хориҷӣ истиқомат, кор ва таҳсил менамоянд, ҳамчунин барои ҳавасмандгардонии иловагии ҷалби сармоягузориҳои кишварҳои хориҷӣ ба кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров талошҳои Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусиро дар ҳалли аксари масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷаҳонӣ муассир қаламдод кард.

Дабири кулли Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ҷаноби Кристоф Бернаскони ба Шукурҷон Зуҳуров барои пазироии самимиаш изҳори сипос намуда, гуфт, ки Парламент садо ва иродаи халқро ифода менамояд. Аз ин рӯ, амалӣ шудани ташаббусҳо ва иродаҳои нек бе дастгирии шумо имконнопазир аст.

– Дар ҳолати қабул шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага дар рӯйхати аъзои он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи 145-умро ишғол хоҳад кард, — гуфт ҷаноби Кристоф Бернаскони.

Суҳбат бо камоли самимият ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ