Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Мустафо Кабакчи

№134-135 (3280-3281) 15.11.2014

барои рузнома1

13 ноябри соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Гурӯҳи дӯстӣ  ва ҳамкории парлумони Туркия бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Кабакчи ва ҳамроҳони ӯ Нуриддин Небатӣ — вакил аз шаҳри Истанбул, Умер Суҳо -вакил аз шаҳри Мугла мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки имрӯзҳо муносиботи ду кишвари дӯст раванди рӯ ба рушдро касб кардааст ва мо итминон дорем, ки равобити кишварҳоямон дар оянда беш аз пеш тақвият меёбанд.

- Вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари ба даст овардани муваффақиятҳо дар заминаи таҳия ва қабули қонунҳо, ҳамчунин бо парлумонҳои кишварҳои дигари дӯст, аз ҷумла парламенти Ҷумҳурии Туркия табодули таҷриба мекунанд. Мо густариш ёфтани муносибатҳои байни ду кишварро дар ҳама соҳаҳо, аз тиҷорату иқтисод сар карда, то маорифу фарҳанг, инчунин ворид шудани сармоягузории Туркияро ба иқтисодиёти Тоҷикистон истиқбол менамоем. То ба имрӯз 65 ширкати туркӣ дар Тоҷикистон ба содир кардани пахта, иштирок дар лоиҳаҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ ба ҳайси паймонкор фаъолият менамоянд. Фикр мекунам, вақти он расидааст, ки мо ҳамкориҳои худро дар бахши сармоягузорӣ беҳтар намоем. Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи мавҷуд будани имконоти васеи марбут ба соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вакилони  туркӣ иттилоъ дода, изҳор дошт, ки дар соҳаи кишоварзӣ мо метавонем на танҳо содироти пахта, балки кишт ва коркарди он, коркарди меваҷот ва сабзавоти тару тозаро ба роҳ монем. Ҳамчунин дар ин замина метавон ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук – истеҳсолу коркарди сангҳои қиматбаҳо, пӯст ва дигар ашёи хом ба роҳ монд. Сармоягузорони туркӣ метавонанд дар сохтмони корхонаи нассоҷӣ иштирок намоянд.

Дар бораи тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия таъкид гардид, ки ҷониби Туркия метавонад дар сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон (Ҳирот-Шерхон-Бандар) -Тоҷикистон-Қирғизистон-Хитой, ки Туркияро бо роҳи оҳан то Хитой пайваст мекунад, иштирок намояд. Бешубҳа, ин роҳ интиқоли борҳо ва мусофиронро ба маротиб боло бардошта, барои ҳамгироӣ ва рушди кишварҳои минтақа саҳмгузор хоҳад буд. Дар заминаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф Раиси Маҷлиси намояндагон хостори афзоиши теъдоди бурсияҳо барои Тоҷикистон, хусусан дар бахши тахассусҳои техникӣ дар Ҷумҳурии Туркия шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар фароварди суҳбати худ аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия, ки соли 2012 сурат гирифта буд, ёдовар шуда, ин сафарро саҳифаи тозае дар таърихи муносиботи ду кишвари дӯст арзёбӣ намуд. Дар ҷараёни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони воломақоми Туркия, аз ҷумла Президент , Сарвазир ва дигар шахсиятҳои расмӣ мулоқот намуда, оид ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва ғайра табодули назар намуд.

Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни ин сафар дар ҳузури роҳбарони ду кишвари дӯст 16 санад, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кишоварзӣ, рушди сармоягузорӣ, энергетика, барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, Протоколи бародаршаҳрии байни Кӯлобу Куния ва ғайра ба имзо расид.

Раиси Гурӯҳи дӯстӣ  ва ҳамкории парлумони Туркия бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Кабакчи  низ сатҳи муносиботи парлумони кишварашро бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъло арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки мо бояд барои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳоямон кӯшиши аз ин ҳам бештар намоем.

-Мо, -гуфт Мустафо Кабакчи,- Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар мешиносем ва ҳамеша омодаем бо ин кишвари меҳмоннавоз дар ҳама соҳаҳо ҳамкории судманд дошта бошем.Мо мехоҳем дар шаҳри Кунияи Туркия як чойхонаи тоҷикиеро ифтитоҳ намоему як хиёбони калонеро бо номи «Тоҷикистон» номгузорӣ намуда, хонаи фарҳангиеро бо номи «Сомон» таъсис диҳем.

Мустафо Кабакчи ҳамчунин аз ҳамтоёни тоҷики худ хоҳиш намуд, ки дар маҳфили фарҳангии «Шоми арӯсии Мавлоно», ки дар шаҳри Куния баргузор мегардад, иштирок намоянд. Ба изофа мо мехоҳем, ки дар парлумони Туркия «Ҳафтаи Тоҷикистон»-ро таъсис диҳем, то ки иштирокчиёни он аз тамаддуни тоҷикон ба ҳозирин маълумоти бештаре дода тавонанд. Ба ҳамин монанд мехоҳем дар донишгоҳҳои Туркия курсҳои омӯзиши забони тоҷикиро таъсис диҳем, то ки миллати мо бо фарҳанги меросии тоҷикон аз наздик ошноӣ пайдо намоянд, -гуфт ӯ.

Дар мулоқот аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси бузурги миллии Туркия Маҳмадалӣ Ватанов, Дилшод Исматуллоев, Атохоҷа Баракатулло, Домуллоҷон Ҷабборов ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фарух Шарипов иштирок намуданд.

***

Худи ҳамон рӯз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалй Ватанов бо раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Туркия бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Кабакчи вохӯрӣ намуда, масъалаи таҳкими ҳамкориҳои байни гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонҳои ду кишварро баррасӣ карданд.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ