Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин

№126 (3111) 08.10.2013

DSC_0519

7 октябри соли 2013   Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Наришкин Сергей Евгеневичро дар раъси як ҳайати бонуфуз, ки ба кишвари мо ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Шукурҷон Зуҳуров ҳайати меҳмононро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни марбут ба муносиботи байни Тоҷикистону Россия суҳбат орост.

-Ташрифи Шуморо, -гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — мо ҳамчун далели тавсиаи бемайлон ва таҳкими муносиботи Тоҷикистону Россия  арзёбӣ менамоем, ки дар ин муносибот равобити байнипарламентӣ ҳамчун шарти зарурии ҳамкориҳо дорои мавқеи махсус мебошад.

Бояд зикр кард, ки дар рушди фаъоли равобити дуҷониба муносиботи самимона ва муътамаду дӯстонаи байни президентҳои мо — Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Владимирович Путин нақши муҳим мебозад.

Мулоқоту вохӯриҳои сарони кишварҳоямон, хусусан изҳороти онҳо аз 5 октябри соли гузашта, ҷиҳати густариши  равобити хосияти кориву конструктивидоштаи миёни ходимони давлативу сиёсӣ, ҳамкориҳои мунтазами иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои башардӯстона ва фарҳангӣ, ҳамкориҳои низомӣ-сиёсӣ ва низомӣ-техникӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор овард.

Парламентҳои мо таҷрибаи ҳамкориҳои бисёрсола доранд, ки асоси ҳуқуқӣ-шартномавии корӣ, аз ҷумла як силсила асноди муштараки парламентӣ – шартномаҳои ҳамкориҳои байнипарламентии солҳои 1998 ва 2005, Меморандуми ҳамкориҳо миёни дастгоҳҳоямон ва ғайра далели ин гуфта ба шумор меравад. Мо ба Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия барои дар доираи ин шартномаҳо расонидани кӯмакҳои  ташкиливу техникӣ дар давраи таъсисиёбии Парламенти Тоҷикистон изҳори сипос менамоем. Коромӯзии кормандони Дастгоҳи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Дастгоҳи Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия, табодули нашрияҳои расмӣ ва дигар адабиёт ҷиҳати таъминоти фаъолияти қонунгузории вакилони мо  саҳми муносиб гузоштанд.

Мо ҷиҳати гузаронидани  комиссияҳои байнипалатавӣ ва ҷаласаҳои байнипарламентӣ оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ, хусусан дар даъвати гузашта, таҷрибаи кофӣ дорем.

Имрӯз зарур аст, ки ин сармояи сиёсӣ, ки дар ҷараёни ҳамкориҳои байнипарламентӣ ба даст омадааст, на танҳо ҳифз карда шавад, балки саъю талоши афзун гардонидани он дар ин самтҳо бештар амалӣ гардад. Мо бояд кори Комиссияи байнипалатавиамонро фаъол гардонем, сафарҳои вакилонамонро, хусусан ба минтақаҳо, бештар амалӣ гардонида, бисёр масъалаҳои дигар марбут ба фаъолияти байнипарламентиро эҳё намоем.

Миёни Тоҷикистону Россия 230 санади байнидавлатӣ, байнимуассисавӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд, ки асоси шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳои тарафайнро ташкил медиҳанд.  Вале тавре баррасии ҳолати ин санадҳо нишон медиҳад, аз он шумор 12 санад ҳанӯз эътибори қонунӣ пайдо накардааст ва 28-тои он машварати иловагиро тақозо менамояд. Дар ин бахш батанзимдарории қонунгузорӣ, такмилдиҳии қонунгузории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нақши муҳим мебозад.

Фикр мекунам, Шумо огоҳӣ доред, ки якуми октябр Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати чорум дар ҷаласаи нахустини худ созишнома бо Федератсияи Россияро дар бораи шароити будубоши  шаҳрвандони тоҷик  дар Федератсияи Россия  ва пойгоҳи низомии Россияро дар ҳудудҳои Тоҷикистон ба тасвиб расонид. Бояд гуфт, ки дар атрофи ин шартномаҳо аксуламали  баъзе воситаҳои ахбори омма, ки чунин амал барояшон қобили қабул набуд, ба амал омад. Хусусан дар иртиботи он ки ҳамоиши сарони кишварҳои аъзои  СШАД дар Сочи роҷеъ ба расонидани кӯмакҳо ба Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими қитъаи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон  қарор қабул намуд, чунин сару садоҳо баланд шуданд.

Сарфи назар аз фишори баъзе қувваҳои берунӣ ва тағйироти вазъи геополитикии дунё ва минтақа, мавҷҳои иғвоангез дар воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ,  дар тафовут аз баъзе кишварҳои дигар Тоҷикистон самтҳои стратегиву геополитикии худро дигар накарда, ҳамчун шарики муътамади Россия боқӣ хоҳад монд.

Шоҳиди давраи сифатан нави таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Россия  аз ҷониби тарафҳо дар муддати кӯтоҳ амалисозии шартномаҳои чанде пеш дар сатҳи олӣ ба мувофиқа расида мебошад. Зеро, танҳо ба тасвиб расидани Созишнома масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро ҳал намекунад. Мо мушкилоти шуморо ҷиҳати ба танзим даровардани ин ҷараёнҳо ҳис мекунем ва барои дарк ва чорабиниатон ҷиҳати дастгирии масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия изҳори сипос менамоем, вале дар ин бахш мушкилот ҳанӯз вуҷуд дорад. Мавзуи муҳоҷирати меҳнатӣ, мутаассифона,  дар муборизаҳои сиёсӣ ҳар чӣ бештар истифода бурда мешавад, вале аз ин ҳоли муҳоҷирон беҳтар намешавад.

Ҳангоми баррасии масъалаи  тасдиқи созишнома вакилони мо  роҷеъ ба пахши маводи ғаразнок дар бораи муҳоҷирони  меҳнатӣ аз ҷониби баъзе воситаҳои ахбори оммаи давлатии Россия изҳори ташвиш намуданд.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки иҷрои чанде аз санадҳои баимзорасида ба  тасдиқи созишномаҳои зикргардида вобастагӣ гирифтааст. Ман меморандумҳоро дар бораи рушди ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират, соҳаҳои энергетика ва нафтрасонӣ дар назар дорам.Баррасии лоиҳаи Протокол роҷеъ ба ворид намудани тасҳеҳ дар созишномаи байниҳукуматӣ оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия ва шаҳрвандони Россия дар Тоҷикистон бояд тезонда шавад. Умедворам, ки ин масъалаҳо низ дар фурсати наздиктарин ҳалли худро бо таваҷҷуҳи шахсии Шумо пайдо хоҳанд намуд.

Сергей Евгеневичи гиромиқадр! Шумо ҳангоми сафаратон ба шаҳри Душанбе  метавонед бовар ҳосил намоед, ки дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба хуб донистани забони русӣ зиёд аст, ки он, бешубҳа, ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Россия  вобаста мебошад. Аз тариқи баъзе расонаҳои хабарӣ пахши маълумот дар бораи он ки бо қабули Қонун дар бораи забони давлатӣ мақоми забони русӣ тазйиқ ёфтааст, асоси воқеӣ надорад. Қабл аз ҳама, бояд гуфт, ки мақоми забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст. Дуюм, ин дастури конститутсионӣ дар бисёр қонунҳои дигар тақвият ёфтааст. Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», муқаррарот дар бораи пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ба ду забон зикр гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» имконияти ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намудан ва ҷавоб гирифтанро ба забони модарӣ  ё забони русӣ пешбинӣ менамояд.

Амалан забони русӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ омӯзонда мешавад.  Чор маркази русӣ, ки бо дастгирии тарафи Россия таъсис ёфтаанд,фаъолият намуда истодаанд. Дар вақтҳои охир мактабҳои ғайридавлатӣ, курсҳои омӯзиши забони русӣ ҳам барои хурдсолон, ҳам барои калонсолон, хусусан барои муҳоҷирони меҳнатӣ бештар таъсис меёбанд. Бояд иқрор кард, ки чунин ҳолат бо сабаби нарасидани кадрҳо, маҳз аз ҳисоби забондонон, на дар ҳама ҷо вуҷуд дорад. Фикр мекунам, ки ташаббуси Президенти мо оид ба ин мавзуъ – дар бораи даъвати омӯзгорони Россия ба Тоҷикистон ба Шумо маълум аст. Чунин таҷриба дар замони худ вуҷуд дошт ва халқи мо бо арзи сипоси самимонатарин  муаллимони русро, ки ҷиҳати пойдор ва устувор гардонидани мактабҳо ва донишкадаҳои олии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, дар хотир дорад. Дар осорхонаҳои донишгоҳҳои мо бахшида ба асосгузоронашон овезаҳоро мебинед, ки дар миёни онҳо ҳатман аксҳои бисёр олимони намоёни рус вуҷуд доранд. Мо бо таърих боэҳтиёт муносибат мекунем ва дар баҳодиҳии даврони шӯравӣ ба таҳриф роҳ намедиҳем.

-Дӯстони гиромӣ! Ташрифи чунин ҳайати бонуфузи Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия ба Тоҷикистон  далели ба рушди ҳамкориҳои оянда самтгирӣ намудан аст.

Боварӣ дорам, ки сафари мазкур барои ба сатҳи баланд баровардани муносиботи корӣ мутобиқан бо дархосту умед ва талаботи интихобкунандагон нуқтаи самтгирӣ хоҳад гардид, -изҳор дошт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия С.Е.Наришкин аз пазиройии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон арзи сипос намуда, муносибатҳои миёни ду кишварро дӯстона, муътамад ва самимона арзёбӣ намуд. Вай роҷеъ ба масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия дахл намуда, изҳор дошт, ки мушкилоти мавҷуда давра ба давра ҳал хоҳад шуд.

- Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар рушди иқтисодиёти ҳам Россия ва ҳам Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд, -аз ҷумла иброз намуд ӯ.

Дар суҳбат ҳамчунин масъалаҳои таҳкими сарҳад бо Афғонистон, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар масъалаҳои марбут ба манфиатҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот аз тарафи меҳмонон раисони кумитаҳо ва шахсони масъули Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия иштирок доштанд.

Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ