Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Роберт Орд Смит

№151 (3297) 22.12.2014

DSC_1910

19 декабри соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Роберт Орд Смитро ба муносибати анҷоми ваколати дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. 

Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқоташ бо Роберт Орд Смит гуфт, ки Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ яке аз кишварҳоест, ки таърихи қадима ва таҷрибаи ғанӣ дар бахши демократикунонии ҷомеа дорад ва ҷумҳуриҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон низ бояд аз ин таҷриба ба таври кофӣ истифода намоянд.

Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муносиботи зиёда аз 20 – солаи дипломатӣ доранд. Дар ин муддат равобити ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, чандин шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд. Ҳамчунин ҷониби Тоҷикистон чанд созишномаи ҳамкориро таҳия карда, ба ҷониби Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ барои мувофиқа пешниҳод намудааст ва мо умед дорем, ки ин созишномаҳо низ аз ҷониби масъулони вазорату идораҳои дахлдор ба имзо расида, ба раванди муносиботи мо такони тозае мебахшанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро қаноатбахш арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҳар ду ҷониб бояд барои тақвияти муносиботи тарафайн ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба ва ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ талош намоянд.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ метавонад омили муҳиме ҷиҳати таҳкими равобити Душанбе ва Лондон дар соҳаҳои гуногун гардад.

-Парлумони касбии мамлакати мо бо таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити муносиби ҳамкорӣ бо кишварҳо ва созмонҳои хориҷиро фароҳам овардааст ва қонунгузории кишвари мо барои фаъолияти озодонаи намояндагиҳои созмону кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон кафолати комилро дода метавонад,- гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идома дод:

- Мо Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро ҳамчун давлати бузургу мутараққӣ мешиносем. Мардуми мо бо таъриху фарҳанги ин кишвар ошноии комил дорад. Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ метавонад дар бахши иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти боз ҳам густурдаеро амалӣ намояд. Айни замон дар кишвари мо 15 корхонаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистону Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ фаъолият менамоянд ва шумораи онҳо метавонанд бештар гардад, зеро барои сармоягузории хориҷӣ дар мамлакати мо заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ муҳайё мебошад.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин афзуд, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҳоло имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёд аст. Душанбе метавонад бо Лондон, пеш аз ҳама,  дар соҳаи энергетика, таъсиси корхонаҳои гуногуни муштарак ва дигар соҳаҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро барои ҳар ду ҷониб ба роҳ монад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Роберт Орд Смит дар навбати худ чунин иброз дошт:

-Ман дар бораи мардуми меҳмондӯсту дорои фарҳанг ва тамаддуни қадимаи тоҷик зиёд шунида будам ва дар дил орзуи онро доштам, ки ҳамчун сафири кишварам дар ин мамлакати офтобӣ ва биҳиштосо фаъолияти дипломатӣ дошта бошам.

Пагоҳ ман аз Тоҷикистон меравам, вале хотираҳои некеро аз Тоҷикистон ва мардуми он бо худ мебарам. Ҳукумати Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҳамеша омода аст, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо ҳамкориҳои густурда дошта бошад. Мо ҳамеша аз мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, хостори пешрафту шукуфоии ин кишвар ва баланд гардидани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ҳастем.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ