Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сардор Аёз Содиқ

№54 (3200) 26.05.2014

DSC

Бисту шашуми майи соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров  Сардор Аёз Содиқро хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба сохтори Маҷлиси намояндагон, сатҳи ҳамкориҳои миёни парламентҳо ва давлатҳои ду кишвар ва дурнамои муносиботи ҳамаҷонибаи тарафайн суҳбат орост.

Роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар изҳори назар карда, Шукурҷон Зуҳуров аз ҷумла гуфт, ки лоиҳаҳои дар ин бахш таҳияшуда аҳамияти минтақавӣ дошта, дар баробари баровардани ниёзҳои Тоҷикистон эҳтиёҷоти иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Покистонро низ дар назар дорад. Хеле бамаврид мебуд, агар кишварҳои ҳамсоя дар амалӣ гаштани ин лоиҳаҳо ширкати фаъолона варзанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон оид ба захираҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи  CASA-1000 аз ҷумла зикр кард, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обӣ аст ва ин захираҳои гидроэнергетикӣ барқароршаванда буда, хеле арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд. Мутаассифона, имкониятҳои молиявии кишвар барои сохтмони иншооти тавлиду интиқоли барқ ҳанӯз маҳдуд мебошанд. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳамагӣ панҷ фоизи иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ истифода мешаваду халос. Захираҳои солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд. квт. соатро ташкил медиҳад, ки ин аз талаботи ҳозираи кишварҳои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ се баробар зиёд аст. Вале айни замон дар баъзе кишварҳои ҳамсоя неругоҳҳо бо сӯзишвории карбондор фаъолият менамоянд ва мутаассифона, партобҳои заҳровари онҳо муҳитро ифлос гардонда, раванди обшавии пиряхҳоро то ҳадди хатарнок метезонанд.

Ҳамзамон дар аксар кишварҳои минтақа, бахусус дар Афғонистон, Покистон ва Эрон, талаботи рӯзафзун ба неруи барқ ҷой дорад.

Замони он расидааст, ки кишварҳои манфиатдор ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди татбиқи лоиҳаи кашидани хати интиқоли барқи CASA-1000 кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд, зеро ин тадбир ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии миллионҳо нафар мардуми минтақа оварда мерасонад.

Хати интиқоли барқи Сангтӯда – Кобул – Пешовар (750 км), сохтмони зеристгоҳи азим дар Пешовар метавонад баробар бо таъмини Ҷумҳурии Исломии Покистон бо барқ, дар ободии кишвари ҷангзадаи Афғонистон саҳмгузор бошаду мардуми онро ба меҳнати осоишта ҷалб созад. Пеши роҳи ҷангро дар Афғонистон танҳо худи мардуми ин кишвар гирифта метавонаду халос.

Мо ҷонибдори ҳар чӣ зудтар ҳал шудани мушкилоти Афғонистон ба сифати давлати соҳибихтиёр, сулҳхоҳ ва бетараф мебошем.

Тоҷикистону Покистон дар доираи Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мисли Ассамблеяи парлумонии кишварҳои Осиё, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ҳамкории хуб ва барои ҳар ду кишвар мутақобилан судманд доранд. Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар минтақа ҳамчун тақвиятбахшандаи равандҳои ҳамгироӣ нақши муҳим дошта, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои самараноки тиҷоратӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ заминаи боэътимод мегузорад.

Тақвият бахшидани равандҳои ҳамгироӣ ва густариши ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ барои рушди кооператсияи саноатӣ дар байни кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда, дар ин замина ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои ниҳоии сиёсати давлатҳо — коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини некуаҳволии мардумон мусоидат менамояд.

Дар ин радиф нақши созандаи парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро ҳамчун ниҳоди ҳуқуқэҷодкунӣ ва механизми таҳияи стандартҳои ягонаи ҳуқуқии кишварҳоямон махсусан таъкид карданӣ ҳастам.

Комилан равшан аст, ки дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ягон давлате мустақилона ба ҳалли масоили глобалии ҷойдошта, бахусус дар шароити рақобати шадид дар бозорҳои молии ҷаҳонӣ, қодир нест. Танҳо дар асоси ташкили фазои ягонаи иқтисодӣ ва ҳамгироии зичи дохилиминтақавӣ мо метавонем рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем.

Роҷеъ ба муносибатҳои байнипарламентӣ ва таъсиси Гурӯҳҳои дӯстӣ бо парламентҳои кишварҳои ҳамдигар дахл намуда, Шукурҷон Зуҳуров онҳоро қаноатбахш номид.

Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори сипос намуда гуфт, ки ҷонибдори он аст, ки дар оянда низ ҳамкориҳои миёни ду парламент ва ҳар ду кишвар боз ҳам бештар густариш ёбад. Вай изҳори умедворӣ намуд, ки масъалаи тиҷорат ва транзити молҳо аз тариқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба танзим даровардани боҷи гумрукӣ ҳал гардида, равобити дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар оянда низ дар сатҳи зарурӣ густариш хоҳад ёфт.

Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуровро даъват намуд, ки дар фурсати муносиб аз Ассамблеяи миллӣ ва Ҷумҳурии Исломии Покистон боздид намояд.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ