Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Си Сзинпин

№107 (3253) 16.09.2014

DSC_0394

Сенздаҳуми сентябри соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Сзинпин ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров Си Сзинпин ва ҳайати ҳамроҳонашро хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки кишварҳои моро муносибатҳои анъанавии дӯстона, ки аз қаъри таърих сарчашма мегиранд, ба ҳам мепайвандад. Ҳамчун ҳамсоя мо бо хушнудии том аз дастовардҳои беназири Хитой дар роҳи расидан ба пешравӣ ва шукуфоӣ ва ҳамчунин нуфузи баланди ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ истиқбол мекунем.

Дар роҳандозии муносибатҳои байналмилалӣ Хитой ҳамеша усулҳои баробарӣ, адолатнокӣ, эҳтироми тарафайн ва дӯстиро риоя мекунад. Мо ин ҳамаро дар партави рушди муносибатҳои ҳамҷаворӣ миёни кишварҳоямон хуб эҳсос менамоем.

Аз рӯзҳои нахусти соҳибистиқлолии кишвари мо Хитой ба таҳкими робитаҳои чандинасраи дӯстона ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун кӯшиш ба харҷ медиҳад ва Маҷлиси намояндагон доимо аз ин сиёсат пуштибонӣ мекунад.

Робитаҳои мо гувоҳи барҷастаи намунаи рушди муносибатҳои байнидавлатӣ буда, тамоми самтҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ ва ғайраро фаро мегиранд.

Мо аз иштироки Хитой дар амалисозии лоиҳаҳои тақдирсози зербиноӣ дар Тоҷикистон миннатдорем. Ин, бешубҳа, кумаки арзандаест дар бунёди низоми ягонаи энергетикӣ, сохтмони роҳҳои мошингарди муосир ва нақбҳо, яъне дар ҳалли вазифаҳои ҳаётан муҳим барои кишвари мо ҷиҳати таъмини амнияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ.

Вохӯриҳои мунтазами Шумо бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сафарҳои мутақобила дар сатҳи олӣ аз ҷумлаи омилҳои калидие мебошанд, ки барои ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат мекунанд.

Роҳандозии муносибатҳои стратегӣ миёни Хитой ва Тоҷикистон дар соли гузашта ва имзои асноди нав дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

Шукурҷон Зуҳуров инчунин изҳор дошт, ки қабули барномаи нави ҳамкории Тоҷикистон ва Хитой барои солҳои 2015-2020, ташаббусҳои дуҷониба баҳри сохтмони лӯлаи интиқоли газ, роҳҳои оҳан ва мошингард, иқдомоти пешбинишуда оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, маориф, сайёҳӣ, амният ва мудофиаро мо бо як рӯҳбаландии зиёд пазируфтем.

Мутмаинам, ки қарордодҳои нав барои фаъолияти муштараки минбаъда баҳри некуаҳволии мардумони кишварҳоямон асоси қавие хоҳанд шуд.

Дар ин робита тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ низ зарур  аст ва гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории ҳар ду ҷонибро мебояд дар ин самт кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд. Қобили зикр аст, ки дар мулоқоти имрӯза аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси умумихитойии намояндагони мардумӣ ҳузур доранд.

Ҳамкории байнидавлатӣ дастгирии мақомоти қонунгузорро низ дар назар дорад ва парлумонҳои кишварҳои мо дар таҳкими заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ ва дар қисмати мусоидат ба иҷрои қарордоду созишномаҳои баимзорасида метавонанд бештар фаъолона ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Барои ҳамкориҳои мутақобила дар арсаи байналмилалӣ низ имконоти зиёд вуҷуд дорад.

- Ман,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров,-комилан мутмаинам, ки сафари кунунии Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис, дар таърих ҳамчун сафари дорои муҳтавои ғанӣ хотирмон боқӣ мемонад ва аз рӯйи натиҷаҳои он ҳамкориҳо миёни кишварҳои мо барои некуаҳволии мардум густариши  бештар пайдо мекунанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис, солимӣ ва дастовардҳои навин ва ба мардуми Ҷумҳурии Халқии Хитой  хушиву беҳбудӣ ва шукуфоӣ таманно мекунам, — гуфт дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Сзинпин низ ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Тоҷикистонро асос ва таҳкурсии равобит дар дигар самтҳо арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки муносиботи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Хитой бояд нисбат ба марҳилаи кунунӣ бештар ривоҷу равнақ ёбад.

Ҷаноби Си Сзинпин дар маҷмӯъ аз сатҳи муносиботи кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон инкишоф додани ин гуна ҳамкориҳоро дар тамоми соҳаҳо таъкид кард.

Ҳамчунин дар мулоқот зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ миёни ду кишвар дар асоси принсипҳои ҳамзистии осоишта пойдор буда, ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар босуръат тараққӣ меёбанд. Робитаҳои ду кишвар бештар дар бахши иқтисодӣ марҳилаи рӯ ба рушдро касб кардааст ва сохтмони иншооти бузургу миёна бо сармоягузории Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Сзинпин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро даъват намуд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дидан намоянд.

Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин муовини якум ва муовинони  Раиси Маҷлиси намояндагон  Амиршо Миралиев, Назира Ғаффорова, Мирганд Шабозов,  раисони  кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Амирқул Азимов, Сафаралӣ Раҷабов,  вакилони Маҷлиси намояндагон  Галия Рабиева, Суҳроб Шарипов, Шодӣ Шабдолов иштирок доштанд.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ