Бисту ҳафтуми ноябри соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими муносибот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, саноат, фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехияро ба кишвари мо омили муҳим ва тақвиятбахши ҳамкориҳои Душанбе ва Прага дар ҳамаи арсаҳо маънидод кард ва изҳори бовар намуд, ки сафари расмии Милош Земан ба Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи робитаҳои ду кишвари дӯст такони тоза мебахшад.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Чехия дар чаҳорчӯбаи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва техникӣ асос ёфта, раванди рӯ ба инкишофро касб кардааст. Ин равобит дар рӯҳияи боварии байниҳамдигарӣ чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар сатҳи бисёрҷониба сурат мегирад, ки барои ҳар ду тараф манфиатбахш мебошад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иброз намуд, ки қонунгузории мо шароити мусоид ва фазои муносибро барои пешбурди фаъолияти соҳибкорон ва сармоягузорон фароҳам овардааст ва соҳибкорону сармоягузорони Чехия метавонанд аз ин имконот истифода баранд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистону Чехия изҳори назар намуда, хостори таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ байни парлумонҳои ҳар ду кишвар шуда, ҳамзамон таъкид кард, ки мо бояд аз фурсатҳои бисёр хуби фароҳамомада барои тақвияти ин равобит талоши бештар намоем. Мавриди истифода қарор гирифтани таҷрибаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Чехия дар бахши таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ аз тарафи аъзои парлумонҳои ҳар ду кишвар барои қабули қонуну санадҳои аз лиҳози сифат ва муҳтаво олӣ мусоидат хоҳад кард. Бинобар ин, ба роҳ мондани сафар ва боздидҳои ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистону Чехия аз мамлакатҳои якдигар барои амалӣ шудани ин ҳадаф кумак хоҳад кард.
Шукурҷон Зуҳуров бо таваҷҷуҳ ба таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар бахшҳои илму техника таъкид намуд, ки мутахассисони соҳаи техника ва технологияи чехӣ бо ворид кардани навовариҳо дар ин соҳа дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми вижаеро касб кардаанд, бахусус техникаҳои муосири чехӣ, ки барои кор дар иншооти бузург ва стратегӣ мавриди истифода қарор мегиранд, дар ҷаҳон муштариёни зиёд доранд ва бо таваҷҷуҳ ба он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти гуногуни хурду бузург бомаром идома доранд, истифодаи чунин техникаҳо дар ин гуна иншоот барои анҷоми ҳар чӣ зудтари корҳо ба нафъи кишвари мо хоҳад буд.
Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан натоиҷи сафари расмии худ ба Тоҷикистонро самарабахш арзёбӣ намуда, таъмини чунин фазои ҳамкорӣ байни ду кишварро самараи заҳмати мардумони Тоҷикистону Чехия маънидод кард.
Мавсуф таъмини сулҳу субот дар кишвари моро дастоварди ниҳоят нодир дар таърихи башарият дониста, таъкид кард, ки ба даст омадани истиқлолияти комил барои миллати тоҷик шарафи бузург аст.
Президенти Ҷумҳурии Чехия изҳор дошт, ки кишвараш ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик таваҷҷуҳи махсус дорад ва ҳамеша омода аст, ки дар ҳама шароит паҳлуи бародарони тоҷики хеш қарор дошта, барои рушд ва густариши тамоми соҳаҳои ин кишвари дӯст мусоидат намояд.
Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан бо ишора ба мулоқоташ бо ҳамтои тоҷики худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натоиҷи ин мулоқотро ниҳоят пурсамар арзёбӣ карда, бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарики муҳими худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ эълон кард.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Саиди Ёқубзод, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон Давлаталӣ Давлатзода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад, вакилони Мачлиси намояндагон Галия Рабиева, Насрулло Маҳмудов ва Саттор Холов иштирок намуданд.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ