Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров, аз ҳавзаи интихоботии Восеъ № 39, рӯзи 16-уми сентябр ба ноҳияи Восеъ омада, дар интернати хонандагони болаёқати деҳаи Кадучии деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов бо омӯзгорони мактабҳои деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар интихобкунандагон мулоқот орост.
Вакил зимни суҳбат бо интихобкунандагон аз хусуси фаъолияташ ба сифати раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, таъкид намуд, ки Маҷлиси намояндагон дар тӯли шаш моҳи охир қонунҳои зиёди ба замон мутобиқро таҳия ва қабул кардааст.
- Дар ин давра, вобаста ба шароиту талаботи рӯз, ба як қатор қонунҳо тағйироту иловаҳо низ ворид карда шуданд. Бо ҷаҳду талоши пайвастаи вакилон, мухолифати миёни баъзе қонунҳои амалкунанда ислоҳ гардиданд, — таъкид намуд З.Сафаров.
- Ҳамчунин, — гуфт вакили Маҷлиси намояндагон З.Сафаров, — дар шаш моҳи охир ба унвони ман аз ҷониби интихобкунандагон якчанд аризаву дархост ворид гардид, ки ду адади он мансуб ба сокинони деҳаи Кадучии деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов мебошанд. Интихобкунандагони ин деҳа дар дархостномаҳои хеш хоҳиш намудаанд, ки барои азнавсозии беморхонаи деҳа ва бунёди кӯпруки дарёи Сурхоб мусоидат намоям. Баҳри иҷрои ин ду дархост то ба қадри имкон талош намудам. Ҳоло як қатор ҳуҷҷатҳо барои ташхис омода шудаанд. Дар сурати бунёди ин кӯпрук, ки орзуи деринаи сокинони ду соҳили дарё, яъне сокинони деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ва ба номи М.Вайсов мебошад, роҳи автомобилгарди Темурмалик -Кӯлоб 40 километр кӯтоҳ мешавад. Бунёди ин кӯпрук аз нигоҳи иқтисодӣ хеле манфиатовар аст.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»
***
Тибқи нақшаи кории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сентябри соли равон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид.
Чунончӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғаффорова бо сокинони деҳоти «Зарзамин»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-и ноҳия мулоқоти хотирмон ба анҷом расонида, ба интихобкунандагон аз фаъолияти парламенти касбии мамлакат, қонунҳои қабулгардида ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар солҳои охир ҳарф зад.
Дар фарҷоми мулоқот интихобкунандагон якчанд арзу дархости худро ба Назира Ғаффорова, аз ҷумла бобати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Дар рӯзи нахустини сафари кории вакилон ба вилоят дар ҳашт шаҳру ноҳияҳои он – Конибодом, Панҷакент, Б. Ғафуров, Ғончӣ, Спитамен, Истаравшан, Айнӣ ва Мастчоҳ вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуданд.
Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти «Патар»-и шаҳри Конибодом мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудов бо 80 нафар интихобкунандагон доир гардид.
Интихобкунандагон аз фаъолияти вакилон дар парламенти касбии мамлакат изҳори ризоият намуда, аз вакили худ оид ба ҳалли масъалаҳои таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ, ба истифода супоридани кӯдакистони Ҷамъияти саҳомии «Ҳабиб»-и шаҳр таклифу дархостҳо намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шакарбек Самадов бо зиёда аз 150 нафар сокинони деҳотҳои «Фароб» ва «Моғиён»-и шаҳри Панҷакент мулоқот намуда, арзу дархостҳои онҳоро шунид. Интихобкунандагон бобати мавҷуд набудани таълимгоҳи муосир дар деҳаи Фароб ва таъмирталаб будани роҳҳои деҳаи Моғиён ба вакил арз намуданд.
Мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саттор Холов низ бо интихобкунандагон дар ноҳияи Ғончӣ хеле судманд доир гардид. Саттор Холов бо беш аз 350 нафар сокинони деҳаҳои Басманда, Қалъаи Дӯст, Равот, Овчӣ, Угуки ноҳия мулоқот намуда, ба саволҳои эшон ҷавобҳои муфассал дод. Интихобкунандагон ба вакил оид ба ҳалли масъалаҳои таъминоти оби полезӣ ва бо қувваи барқи доимӣ таъмин намудани муассисаҳои иҷтимоӣ дархост пешниҳод намуданд.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»