Вакил ва интихобкунанда

Мулоқоту вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон идома дорад

№110 (3256) 23.09.2014

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сайфулло Гиёев баъди вохӯриҳои дурӯзаи хеш бо интихобкунандагони ноҳияи Панҷ ба ноҳияи Фархор омада, дар толори кинотеатри марказии ноҳия  ба сокинони шаҳраки Фархор вохӯрӣ баргузор намуд.

С.Гиёев дар ҷараёни суҳбат бо интихобкунандагони худ аз қонунҳои қабулшуда, тағйироту иловаҳои ба онҳо воридгашта сухан ронда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ва «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»-ро тавзеҳ дод. Дар ин зимн мавсуф таъкид кард, ки қонун догма нест ва бо пешрафти ҷомеа метавонад ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ниёз пайдо кунад. Айни ҳол як қатор қонунҳо вобаста ба рушду нумӯи ҷомеа дар ҳоли омӯзиш қарор доранд. С. Гиёев дар баробари ин аз натиҷаҳои фаъолияти байнипарлумонии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳокимаи парлумонии баргузоршуда ба иштирокдорони вохӯрӣ маълумот пешниҳод кард. Аз ҷумла гуфт, ки дар ин давра масъалаҳои марбут ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ мавриди муҳокимаҳои парлумонӣ қарор дода шуданд.

Сипас, собиқадори соҳаҳои маорифу матбуот Абдулҳамид Маҷидзода ба ҳозирин рӯ оварда, чунин гуфт: «Мову шумо дар интихоби намояндаамон иштибоҳ накардем. Вакил бояд  нафаре бошад, ки мисли намояндаи мо дониши мукаммали ҳамаҷониба ва таҷрибаи хуби зиндагӣ дошта бошад, то ин ки зимни таҳияи лоиҳаи қонунҳо манфиатҳои ҳуқуқии моро ҳимоя карда тавонад. Ин сифатҳо мансуби вакили мост ва мо, интихобкунандагон тавассути садову симо, рӯзномаву маҷаллаҳо ва чунин вохӯриҳо ба фаъолияти намояндагии вакиламон хуб ошно ҳастем».

Дигар интихобкунандагон ҳам зимни баромадҳои худ фаъолияти намояндагии Сайфулло Гиёевро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ карданд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ«Садои мардум»

***

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Саидмуродов ва Саттор Холов мулоқоти нахустини худро аз ҳавзаҳои интихоботии Истаравшан № 23 ва  Ғончӣ №24  оғоз карданд.

Лутфулло Саидмуродов аз санаи 15 то 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар деҳоти «Ниҷонӣ», «Гули Сурх», «Қалъачаи Калон» бо интихобкунандагон мулоқот ороста, роҷеъ ба фаъолияти нимсолаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ки сарвариашро мавсуф ба уҳда дорад, доир ба таҳияи лоиҳаи қонунҳо, қонунҳои қабулгардида, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда иттилоъ дода, доир ба ҳалли таклифу дархостҳои пешниҳодкардаи онҳо дар тӯли панҷ сол ҳисобот пешниҳод кард.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»

***

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо интихобкунандагон идома дорад.

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар мулоқот Домуллоҷон Ҷабборов роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати иқтисодии кишвар, таҳия ва қабули қонунҳо,  тағйиру иловаҳо ба онҳо, нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум маълумот дод.

Интихобкунандагон аз фаъолияти вакил дар парламенти касбии мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамзамон мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдураҳим Солиев оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намуд.

Дар поёни мулоқот Домуллоҷон Ҷабборов ба саволҳои интихобкунандагон посух дод. Ҳамин гуна вохӯрӣ бо Домуллоҷон Ҷабборов дар Беморхонаи клиникии шаҳри Хуҷанд низ баргузор гашт.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмат Имомов ва Саиди Ёқубзод бошанд, бо интихобкунандагони хеш  аз ноҳияи Ашт вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин вохӯриҳо аз шаҳраки Шайдон ва деҳоти «Понғоз» зиёда аз 300 нафар интихобкунандагон ширкат варзиданд.

Вакилон зимни баромадҳояшон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои қабулгардида, ҳифзи арзишҳои миллӣ, раванди ободониву созандагӣ дар кишвар сухан гуфтанд.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»

***

18 сентябри соли 2014  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Амиршоева   дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Сарбанду Бохтари  вилояти Хатлон бо интихобкунандагони худ мулоқот доир намуд.

Саодат Амиршоева  зимни баромади хеш иброз дошт, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум мавриди баррасӣ, қабул ва тасдиқ қароргирифта, ба талаботи сифати қонунгузорӣ ҳаматарафа ҷавобгӯй мебошанд.

Мо дар фаъолияти қонунгузории худ ба масъалаҳои рушди соҳибкории хурду миёна, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии  мамлакат доир ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, инчунин бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг, кишоварзӣ, саноату сохтмон, масъалаҳои байналмилалӣ ва ғайра таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудем. Яъне, самтҳои аз ҷониби Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ  афзалиятнок эълоншуда бештар дар мадди назар гирифта шуд. Бояд гуфт, ки тамоми қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавриди қабул ва тасдиқ қароргирифта, бо дарназардошти хусусиёти иқтисодиёти ҷумҳурӣ, мониторинги рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таҳияву қабул гардидаанд.

Аз ҳама муҳимаш, мо фарҳанги қонунгузориро такмил додем ва ҷиҳати бештар густариш додани он заминаи мусоид фароҳам овардем.

Дар анҷоми мулоқот Саодат Амиршоева ба саволҳои сершумори интихобкунандагон посух гуфт.

***

22  сентябр  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Қурбонов дар ноҳияи Балҷувони  вилояти Хатлон бо интихобкунандагони худ мулоқот намуд.

Бег Қурбонов зимни баромади хеш иброз дошт, ки мо дар ҷараёни фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ҷиҳати баланд бардоштани моҳият ва сифати техникаи қонунгузорӣ чораҳои амалӣ андешидем, зеро дараҷаи мукаммалсозии лоиҳаҳо, осонфаҳмии санадҳои меъёрӣ ва батанзимдарории қонунгузорӣ аз риоя намудани техникаи қонунгузорӣ бисёр вобаста аст.

Таҷрибаи қонунгузорӣ шаҳодат медиҳад, ки  риоя нагардидани техникаи қонунгузорӣ ва қоидаҳои забони адабӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо дар матн мухолифатҳо, носаҳеҳиҳо ва нофаҳмиҳоро ба амал меоранд. Қонуне, ки дорои хатоиҳои зиёди қонунгузорӣ мебошад, ҳангоми мавриди амал қарор гирифтанаш низ мушкилоти муайянеро ба вуҷуд меорад.

Риояи ҳамаҷонибаи  техникаи қонунгузорӣ эҳтимолияти сар задани саҳву хатоиҳои гуногунро  аз байн мебарад. Мутаассифона, дар кишвари мо қоидаҳои муайянкунандаи техникаи қонунгузорӣ ҳанӯз ба таври пурра вуҷуд надоранд, ки албатта, ин ҳол ҳангоми таҳияи қонунҳо барои субъектҳои ташаббуси қонунгузор, гурӯҳҳои корӣ, хулосадиҳандагон  мушкилиҳои муайянеро ба бор меорад. Аз ин ҷост, ки мо дар ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба  масъалаи риояи талаботи техникаи қонунгузорӣ ва меъёри қоидаҳои забони адабӣ бештар рӯ овардем.

-Мехоҳам таъкид кунам, ки мо мактаби хоси қонунгузориву намояндагии тоҷикро на танҳо комил сохтем, балки онро барои ҷомеаи кишвар муаррифӣ намудем,- гуфт дар анҷоми мулоқот Бег Қурбонов.

***

19 сентябр вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Гулов   дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо интихобкунандагон мулоқот намуд.

Сафаралӣ Гулов зимни баромади хеш гуфт, ки дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне шиддат ёфтани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат масъалаи ҳифзу тақвияти дастовардҳо ва давлату давлатдории миллӣ аҳамияти хеле муҳим пайдо мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, иштирокчии фаъоли рӯйдодҳои муҳими минтақа ва байналмилалӣ, ташаббускори чорабиниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таърихӣ-фарҳангӣ ҳамеша ҷиҳати паст намудани шиддати авзои мураккаб, барқарор намудани сулҳу суботи кишварҳои минтақаву дунё саъю талош меварзад.

Сафаралӣ Гулов дар идомаи суҳбати хеш иброз намуд, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар фаъолияти худ ҳамчунин ба масъалаҳои муҳофизати дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллии тоҷикон, заминаи мусоид фароҳам овардан барои рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар тавассути қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ диққати махсус дод.

Сипас, Сафаралӣ Гулов ба саволҳои сершумори интихобкунандагон посух гуфт.

***

21 сентябр вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусаябшо Назриев дар ноҳияҳои Қумсангиру Панҷи вилояти Хатлон бо интихобкунандагони худ мулоқот намуд.

Мусаябшо Назриев зимни баромади хеш иброз намуд, ки дар давоми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дар самти таҳияву пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти пурсамар доштанд.

Яке аз самтҳое, ки бештар ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудем, ин аз байн бурдани мухолифати байни қонунҳо буд. Тавре огоҳӣ доред, ин масъала борҳо дар Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфта буд. Дар оянда низ дар ин самт корро идома хоҳем дод.

Дар ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳар як кумита тақрибан то 40 ҷаласа баргузор гардида, то 160 санад барои хулосадиҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масалан, танҳо ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва  ҳуқуқи инсон 30 лоиҳаи қонун барои таҳияву баррасӣ пешниҳод шуда буд. Аз ҷониби кумитаҳо барои беҳтар гардидани сифати қонунҳо то 1000 ва зиёда аз он таклифу пешниҳод манзур гардидааст, ки аксарияти онҳо дар ҷаласаҳои кумитаҳои масъул мавриди қабул қарор гирифта, ба лоиҳаҳои қонунҳо ворид карда шудаанд.

Албатта, тамоми қонунҳои дар ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум қабулкардаамон ҷиҳати рушду нумӯи бахшҳои алоҳидаи хоҷагии халқи кишвар нақши хос доранд, вале дар ин миён чанде аз қонунҳо дорои аҳамияти ниҳоят муҳим мебошанд.

Мусаябшо Назриев қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» таҳия ва қабул гардидаанд, шарҳ дода, ба саволҳои сершумори интихобкунандагон посух гуфт.

***

21 сентябр вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Садриддинов дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон бо интихобкунандагони худ мулоқот намуд.

Бадриддин Садриддинов гуфт, ки дар ҷараёни фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум 28 ҷаласа баргузор гардид, ки дар онҳо 181 қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди қабул ва тасдиқ қарор гирифтанд. Аз ҷумла ду қонуни конститутсионӣ, шаш тағйиру илова ба қонунҳои конститутсионӣ, 13 қонуни мукаммал, 69 тағйиру илова ба қонунҳо, 15 тағйиру илова ба кодексҳо, 31 созишнома, ду конвенсия, 35 қарор, як дурнамо, се шартнома, ду протокол ва як барнома қабул ва тасдиқ гардиданд.

Дар ин муддат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 50, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 73, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон 26 лоиҳаи қонун пешниҳод ва қабул шуд.

Бадриддин Садриддинов мазмуну моҳияти чанде аз ин қонунҳоро барои интихобкунандагон шарҳ дода, ба саволҳои эшон ҷавоб гуфт.

***

20 сентябр вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло  Саъдуллоев дар ноҳияи Ҷалолиддини Румии  вилояти Хатлон бо интихобкунандагони худ мулоқот доир намуд.

Ҳабибулло Саъдуллоев иброз дошт, ки Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ҳамчун рӯйдоди муҳим арзёбӣ мешаванд. Дар ин Паёмҳо дар баробари тарҳрезӣ гардидани самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, роҷеъ ба бахшу соҳаҳои гуногуни вазорату идораҳо, аз ҷумла роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияву супоришҳои судманду саривақтӣ пешниҳод карда мешавад.

Тавре огоҳӣ доред, 23 апрели соли 2014 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.

Дар Паём, аз ҷумла роҷеъ ба чанде аз қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагон, зарурати қабули қонунҳои муҳиму саривақтии дигар сухан рафт. Дар ин санади муҳим як силсила тавсияву супоришҳо пешниҳод гардидаанд, ки онҳо дар фаъолияти қонунгузории Маҷлиси намояндагон дар мадди аввал қарор хоҳанд гирифт. Хусусан дар Паём роҷеъ ба пешбурди самараноки сиёсати молиявӣ, идоракунии устувори молияи давлатӣ, афзоиши даромадҳои буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, иҷтимоиёт, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва бисёр бахшҳои дигар пешниҳодҳои муҳим манзур гардидаанд.

Дар Паём ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил додани кишварамон ҳарф зада, таъкид карда шуд, ки бо ин мақсад барномаҳои дахлдорро роҳандозӣ намоем. Албатта, ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф, қабл аз ҳама заминаи мусоиди ҳуқуқӣ тақозо карда мешавад, ки Маҷлиси намояндагон бояд дар ин самт фаъолияти ҳар чӣ муассиреро роҳандозӣ намояд.

Дар анҷоми мулоқот Ҳабибулло Саъдуллоев ба саволҳои сершумори интихобкунандагон посух дод.

***

20 сентябр вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Ҳисориев дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо интихобкунандагони худ мулоқот намуд.

Маҳмадамин Ҳисориев зимни баромади хеш иброз намуд, ки  пешрафти босуботи иқтисоди кишвар бояд дар асоси санадҳои барномавӣ, пеш аз ҳама, «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015», «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015» ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ таъмин карда шавад, ки иҷрои саривақтӣ ва самараноки онҳо таҳти назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Мақсад, яъне ҷавҳари ҳуҷҷатҳои барномавии зикршуда таъмини некуаҳволии мардуми кишвар мебошад.

Маҳмадамин Ҳисориев ҳамчунин  таъкид намуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи кишвар ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафҳои волои Давлату Ҳукумати кишвар саҳми муносиб хоҳад гузошт.

Маҳмадамин Ҳисориев афзуд, ки имсол дар кишварамон 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад. Конститутсия, ки дар шумори бузургтарин дастовардҳои Истиқлолияти давлатии кишвар қарор дорад, ҳамчун барномаи амали бунёди ҷомеаи навини демокративу дунявӣ, ҳуқуқбунёду ягона, санади сарнавиштсоз мардуми моро ба сӯйи рушду тараққӣ ва ҳамқадамӣ бо кишварҳои пешрафтаи дунё роҳнамоӣ мекунад.

Дар хотима Маҳмадамин Ҳисориев ба саволҳои сершумори интихобкунандагон посух гуфт.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон