Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федертасияи Россия сол ба сол ривоҷу равнақ ёфта истодааст. Дар робита ба ин чанде пеш дар шаҳри Москва вохӯрии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст. Ин навбат сарварони ду давлат ба як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим имзо гузошта, ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориҳои хешро дар ҳама соҳаҳо боз ҳам ривоҷу равнақ бахшанд.
Вобаста ба ин мулоқот аз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков хоҳиш намудем, ки андешаҳояшонро иброз доранд.
-Даъвати Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин ва вохӯрии вай бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мо -вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун дигар мардуми пешқадами Тоҷикистон дер боз интизор будем. Мақсаду мароме, ки сарони ин ду давлат доранд, бо барномаи ҲКТ низ мувофиқ аст.
Бояд таъкид намуд, ки Федератсияи Россия баъди зиёда аз ҳазор соли бедавлатии миллати куҳанбунёди тоҷик баъд аз пошхӯрии давлатдории Сомониён, дар таҳкими давлатдории мо шуруъ аз замони Россияи подшоҳӣ то замони Ҳукумати Шӯравӣ, саҳми ниҳоят бузург гузоштааст. Муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии мо, ки аз ҳамон давра оғоз гардида буданд, дар замони соҳибистиқлолӣ густариш ёфтанд.
Дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин бисёр ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии мо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва фарҳанг ба тариқи мушаххас аниқ карда, Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегии рақами як расман эътироф шуд.
Агар аз лиҳози сиёсӣ таҳлил намоем, Россия имрӯз ҳамчун як омили кафолати таъмини амният дар Тоҷикистон ва минтақа ба василаи ҳузури пойгоҳи низомии ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ногуфта намонад, ки дар ҳайати пойгоҳи ҳарбии Федератсияи Россия беш аз 5000 нафар афсарону аскарони қаторӣ хизмат мекунанд, ки қисмати зиёди онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, тибқи қарордод (контракт) фаъолият карда истодаанд, бо ҷойи кору маоши арзанда таъмин мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳайати шахсии ин пойгоҳи низомӣ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз ва таъмини сохти конститутсионӣ дар баробари қувваҳои ҳукуматӣ, саҳми назаррас гузошта, бисёр иншооти бузурги кишвари моро аз харобшавӣ ва нобудшавӣ ҳифз намуд.
Дар яке аз чорабиниҳои байналмилалӣ, ки бо вакилони Луи ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (Парламент) Муҳаммад Сарвари Усмон ва Файзи Роуфӣ вохӯрӣ доштем, эшон таъкид намуданд, ки бурди роҳбарияти Тоҷикистон аз он иборат аст, ки на танҳо муносибати неки байнидавлатии худро бо Федератсияи Россия нигоҳ доштанд, балки онро густариш додаанд. Мо бошем, пас аз берун рафтани Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёда аз 25 сол мешавад, ки на ором ҳастему на иқтисодиёт рушд менамояд ва фикр мекунем, ки ин бадбахтии мост. Ҳоло мо омода ҳастем, ки ба ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дохил шавем.
Худи роҳбарияти Федератсияи Россия ҳам дарк намуд, ки барои таъмини амният ва бехатарӣ дар минтақа, бахусус кишварҳои ИДМ, ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсӣ бо Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. Воқеаҳои кишварҳои Араб ва Осиёи Марказӣ чунин заруратро бори дигар тасдиқ карданд.
Аз ин хотир, ба фикрам, Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин зарур шуморид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуда, ин муносибатҳоро тақвият бахшанд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар моҳҳои октябр- ноябр мо -вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодеро, ки аз ҷониби Президенти кишвар оид ба Созишномаи будубоши пойгоҳи низомии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон мешавад, пурра ҷонибдорӣ менамоем.
-Маълум, ки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ҳанӯз аз замони Россияи подшоҳӣ шуруъ шуда буд…
-Бале, муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия решаҳои хеле чуқур ва пурсамар доранд. Ҳанӯз аз давраи ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россияи подшоҳӣ ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Россия оғоз гардида, аввалин корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои оҳан ва кӯпрукҳо сохта, ба истифода дода шуда буданд.
Пас аз таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати СССР кишвари мо аз як гӯшаи қафомондаи аморати Бухоро ба кишвари аграрӣ ва саноатӣ табдил ёфт ва дар ин давра ҳазорҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, неругоҳҳои барқӣ, роҳу кӯпрукҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Садҳо ҳазор гектар заминҳо аз худ карда шуд, ки ба рушди иқтисодиёт заминаи боэътимод гузошт. Қариб, ки он замон истиқлолияти озуқаворӣ таъмин гардида буд. Бори аввал дар Тоҷикистон бештар аз 1 млн. тонна пахта истеҳсол намуданд. Тоҷикистон ба як кишвари агросаноатӣ табдил ёфт.
Дар доираи системаи ягонаи энергетикӣ нарасидани қувваи барқ ва маводи сӯхтро ҳис намекардем. Оид ба ҳамкориҳои байни Россия ва кишвари мо, доир ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи Шӯравӣ далелҳо ва рақамҳо хеле зиёданд ва таҳлили онҳо дар самти ҳамкориҳои стратегии мо асоси воқеӣ гузошта метавонад.
Маҳз ҳамин ҳолати воқеӣ буд, ки ин вохӯрӣ доир гардид. Ин вохӯрӣ барои густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба дар доираи ҳифзи манфиат ва эҳтироми баробарҳуқуқии тарафҳо иқдоми зарурӣ буд.
Қобили тазаккур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолӣ ва гузаштан ба сохти иқтисоди бозорӣ тавонист, ки риштаҳои кандашудаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратиро бо Федератсияи Россия то ҳадди имкон пайваст намояд.
Ҳол он ки аксарияти субъектҳои хоҷагидории Федератсияи Россия, ки шакли хоҷагидории моликияташон ба куллӣ тағйир ёфта буд, ҳаракат мекарданд, ки барои дарёфти даромади муфт манфиатҳои Тоҷикистонро сарфи назар намоянд ва захираҳои бойи энергетикию сарватҳои табииашро тасарруф кунанд. Бо ин мақсад онҳо «дӯстони мо»-ро хеле моҳирона истифода намуданд, зеро ки ба сардшавии муносибатҳои Тоҷикистону Россия ҳавасманд буданд.
Сарфи назар аз амалҳои нотавонбинона, ки ба хотири манфиатҳои хеш роҳандозӣ менамуданд ва муқобили густариши муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Россия буданд, ҷараёни интегратсионӣ, ки орзуи мардуми ҳар ду кишвар аст, бемайлон рушд ёфта истодааст.
Мувофиқи рақамҳои оморӣ имрӯз қариб як млн. нафар шаҳрвандони мо дар кишвари Федератсияи Россия кору фаъолият намуда истодаанд, ки ҳамасола зиёда аз 3,0 млрд. доллари амрикоӣ ба гардиши иқтисодиёти миллӣ дохил мекунанд. Сармояи мустақил бошад, қариб 1,5 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳоло зиёда аз 130 корхонаи муштараки Россияву Тоҷикистон фаъолият доранд, ки дар оянда даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо дар онҳо кору фаъолият хоҳанд кард. Ҳаҷми содиротии меваи тару хушк бошад, сол аз сол зиёд гардида истодааст. Айни замон зиёда аз 5000 нафар донишҷӯёни мо аз ҳисоби буҷети Россия таҳсил менамоянд.
Даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар замони шӯравӣ ва соҳибистиқлолӣ дар мақомоти давлатӣ кору фаъолият менамуданд, аз ҳисоби Федератсияи Россия бо нафақа таъмин шудаанд.
Агар ҳамаи инро бо маблағ ҳисоб намоем, шояд аз 6-7 млрд. доллари амрикоӣ зиёд шавад.
-Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар мулоқот бо В.В.Путин баррасӣ шуд, ин содироти маводи нафту газ ба Тоҷикистон мебошад. Дар ин хусус чӣ гуфтанӣ доред?
- Дар ҳақиқат, яке аз масъалаҳои печида ва мушкил дар муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ин қиматии маводи нафту газ мебошад. Аз рӯйи ҳисобҳои иқтисоддонҳо ҳоло вазни қиёсии арзиши маҳсулоти нафту газ дар муқоиса ба арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолу коркардшаванда, сохтмон ва кору хизматрасониҳо 30-40 фоизро ташкил медиҳад.
Барои мисол мо агар як мошин борро аз Душанбе ба вилояти Суғд, ВМКБ, минтақаи Кӯлобу Рашт ё баръакс аз он ҷо ба пойтахт интиқол диҳем, дар бисёр ҳолатҳо нархи боркашонӣ бинобар сабаби гаронии нархи маводи сӯхт аз нархи бор қимат мешавад. Албатта, он боиси зиёда аз ду баробар боло рафтани нархи маҳсулот дар бозорҳо мегардад ва вазнинӣ бар дӯши истеъмолкунандагон меафтад.
Аз ин рӯ, масъалаи интиқоли маводи нафту газ яке аз мавзуъҳои гуфтушунид байни сарони давлатҳо қарор гирифт ва ҳар ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки дар содироти маводи сӯхт доир ба нархи он ва ситонидани боҷҳо аз ҷониби ширкатҳои содиркунанда як қатор сабукиҳо дода мешавад.
Ногуфта намонад, ки тарафи Федератсияи Россия ҳавасмандии хешро дар бораи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯйӣ -иктишофии конҳои нафту газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки мо -вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабдолов Ш.Д., Талбаков И.И., Саъдуллоев Ҳ., Нозимов М. ва Қурбонов Б.Х. – муаллифони лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» лоиҳаи қонуни мазкурро такроран бо назардошти хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ таҳия намуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданием.
Боварии комил дорем, ки қабули қонуни мазкур ва санадҳои зерқонунии вобаста ба он метавонанд дар густариш ёфтани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, бахусус дар соҳаи ҷустуҷӯ, истихроҷ ва коркарди нафту газ бо дигар кишварҳо, аз ҷумла ба субъектҳои Федератсияи Россия таҳкурсии боэътимод гузоранд.
-Барои амалӣ шудани мақсаду маромҳо оид ба густариш ёфтани муносибатҳои сиёсию ҳарбӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ, ки аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бармеоянд, Парламенти кишвар чӣ корҳоро ба анҷом расонданист?
-Барои амалӣ шудани ин ҳадафҳо парламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия нақши муассир гузошта метавонанд. Ҳоло дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои тайёриро оид ба омӯзишу таҳлили қонунҳо, созишномаҳо ва дигар санадҳо вобаста ба масъалаҳои зикршуда анҷом дода истодаанд. Зарур аст, ки то оғози кори иҷлосияи навбатӣ маводҳои лозимӣ омода бошанд.
-Нигоҳи Шумо ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба ояндаи ҳамкориҳои сиёсию ҳарбӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии кишвари мо бо Россия?
- Назари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон некбинона аст. Густариш додани муносибатҳои сиёсию ҳарбӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистон дар доираи тезонидани ҷараёни интегратсионӣ бо кишварҳои ИДМ, ки меҳвари онро Федератсияи Россия ташкил менамояд, яке аз барномаҳои амалии ҳизби мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мебошад. Барои амалӣ намудани он мо метавонем бо ҳама ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамкории судманд дошта бошем. Ҳизби мо ояндаи Тоҷикистонро дар як Иттиҳоди бузурги сиёсию ҳарбӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва илмӣ бо нигоҳ доштани соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзӣ, баробарӣ, дӯстӣ, ҳифзи манфиатҳои байниҳамдигарӣ бо Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ИДМ мебинад.
Меарзад, ки ҳаҷми нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то пошхӯрии давлати шӯравӣ синнашон аз 18-сола боло буд, ба нафақаи шаҳрвандони Россия мувофиқ карда шавад. Чунки Россия меросхӯри давлати шӯравӣ аст ва дар иқтисодиёти замони шӯравӣ ҳиссаи онҳое, ки то соли 1991-1992 синнашон аз 18-сола боло буд, низ ҳаст.
-Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳиб Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»