Муносибатҳои оилавӣ дар доираи қонун таҳким меёбанд

№27 (3012) 05.03.2013

Аз фаъолияти вакили Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

DSC_0481

Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум 11 нафар зан вакил интихоб шудааст. Онҳо дар парлумони касбӣ иштироки фаъолона дошта, дар таҳияи лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Суҳбати хабарнигорамон бо узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сабоҳат Муқумова доир ба фаъолияти ӯ дар мақомоти қонунгузорӣ сурат гирифт.

-Сабоҳат Аминовна, шумо ҳамчун ҳуқуқшинос, узви кумитае мебошед, ки масъалаҳои оилавиро фаро мегирад. Мехоҳам суҳбатро аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намоем. Ворид шудани тағйиру иловаҳоро ба Кодекси мазкур шарҳ медодед, зеро дар қонунгузории оилавӣ муносибат ва талаботи нав пешбинӣ шудааст.

-Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 1998 қабул гардида, ба он то имрӯз якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид шудааст. Кодекси мазкур ба зарурати таҳкими оила, бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳама аъзои оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос ёфтааст.

Мутобиқи меъёрҳои моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад ва ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст. Дар асоси талаботи моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо он ақди никоҳе дар Тоҷикистон эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад, ба истиснои он ақди никоҳҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то 19 декабри соли 1929 мувофиқи расму оини динӣ ба ҷо оварда шудаанд. Яъне, тибқи меъёрҳои қисми 3 моддаи 10 Кодекси мазкур, ақди никоҳҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то 19 декабри соли 1929 мувофиқи расму оини динӣ ба ҷо оварда шудаанд, бо ақди никоҳҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудаанд, баробар мебошанд.

Бо мақсади иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 апрели соли 2010) бо мақсади омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ ва баланд бардоштани масъулияти онҳо дар пойдор мондани оила 21 июли соли 2010 ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дахлдор ворид гардид, ки тибқи меъёрҳои моддаи 13 Кодекси мазкур аз 1 январи соли 2011 инҷониб синни никоҳӣ аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар шудааст. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳиро ба муҳлати на бештар аз як сол кам намуда, аз синни 17- солагӣ муқаррар намояд.

Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боби махсус ба ҷиноятҳо ба муқобили оила ва ноболиғон пешбинӣ шудааст, ки ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оиларо дар бар мегирад. Аз ҷумла мутобиқи талаботи моддаҳои 168, 169 ва 170 Кодекси мазкур ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳӣ нарасида аз ҷониби падару модар ё шахсоне, ки духтар таҳти васояти онҳост ё шахсоне, ки ӯ тобеи онҳо мебошад, ҳамчунин далолат ё мусоидат кардан барои ба шавҳар додан, бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Бастани созиши никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳ нарасидааст, инчунин бастани ақди никоҳ бо чунин шахс бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Яке аз шартҳои зарурӣ барои ақди никоҳ ин розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо мебошад.

Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, барои ақди никоҳ шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:

- истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;

- бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ.

Дар асоси моддаҳои 40 ва 42 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳдномаи никоҳ созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молумулкӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд. Аҳдномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.

Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад.

Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳдномаи мазкур мегардад.

Дар асоси аҳдномаи никоҳ зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки низоми моликияти муштараки ба молумулки умумӣ муқаррарнамудаи қонунро (моддаи 34 Кодекси мазкур) тағйир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми молумулки дар давоми ақди никоҳ ҷамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он ё худ ҳама гуна низоми молумулки умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд.

Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд: муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк; уҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон; бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон; нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд.

-Вобаста ба таъмини иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» доир ба тариқи пардохти алимент ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид шудааст. Минбаъд супурдани алимент чӣ гуна сурат мегирад? Аз нигоҳи шумо боз ҳалли кадом мушкилоти оилавӣ дар мадди аввал меистанд?

-Мутобиқи талаботи моддаи 34 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Ҷиҳати иҷрои меъёри мазкур Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаҳои 80, 88 ва 116 уҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар барои таъминоти фарзандони ноболиғ, уҳдадории фарзандони болиғро барои нигоҳубини падару модар ва масъулияти онҳоро барои сари вақт напардохтани алимент пешбинӣ намудааст.

Тибқи талаботи меъёрҳои моддаҳои мазкур, падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро падару модар мустақилона муайян менамоянд. Падару модар ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ дар хусуси пардохти алимент созишнома банданд.

Агар волидон фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар, тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ, ситонида мешавад.

Набудани созишномаи падару модар дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ба суд пешниҳод накардани даъво, мақоми васоят ва парасторӣ ҳақ дорад нисбат ба падару модар (яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад.

Фарзандони болиғи қобили меҳнат уҳдадоранд, ки падару модари ғайри қобили меҳнати ба кӯмак муҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд. Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои падару модари ғайри қобили меҳнати муҳтоҷ, аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ба тартиби судӣ алимент ситонида мешавад.

Андозаи алименте, ки ҳар моҳ аз ҳар фарзанд бо тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд, бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо, бо маблағи устувор муайян мегардад.

Бо талаби ҷавобгар суд ҳангоми муайян намудани андозаи алимент ҳамаи фарзандони болиғи қобили меҳнати падар ё модари мазкурро, сарфи назар аз он ки талабот нисбати ҳамаи фарзандон ё танҳо ба як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод гардидааст, бояд ба ҳисоб гирад.

Фарзандон аз уҳдадориҳои таъмини падару модари ғайри қобили меҳнати муҳтоҷи худ озод буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки падару модар пештар аз иҷрои вазифаҳои падарию модарии худ саркашӣ мекарданд. Фарзандон аз пардохти алимент ба падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидаанд, озод карда мешаванд.

Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки уҳдадор аст тибқи созишномаи пардохт алимент супорад, шахси гунаҳгор мувофиқи тартиби пешбининамудаи ҳамин созишнома ҷавобгар мебошад.

Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки тибқи ҳалномаи суд бояд алимент супорад, шахси гунаҳгор ба алиментгиранда аз маблағи напардохтаи он барои ҳар рӯзи гузаронидашуда дар ҳаҷми 0,1 фоиз ҷаримаи аҳдшиканӣ месупорад.

Алиментгиранда инчунин ҳуқуқ дорад аз гунаҳгоре, ки ба пардохти алимент уҳдадор аст, барои сари вақт напардохтани алимент тамоми зарареро, ки вобаста ба сари вақт анҷом надодани уҳдадориҳои пардохти алимент дар қисми ҷаримаи аҳдшиканӣ расонида шудааст, ситонад.

Мутаассифона, ҳастанд ҳолатҳое, ки падару модар бадқасдона, яъне бе сабабҳои узрнок, бештар аз се моҳ аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ нарасидааст, саркашӣ менамоянд. Инчунин фарзандон бе сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ қарори судро оид ба пардохти маблағ ҷиҳати таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат ё эҳтиёҷманди ёрии моддӣ иҷро намекунанд. Моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони мазкур барои ин кирдорҳо бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст.

Қарздорӣ оид ба ҳама уҳдадориҳои алиментӣ аз молумулки қарздор ситонида мешавад, ғайр аз молумулке, ки тибқи қонун ба он нигаронидани ситониш манъ аст. Дар ҳолати аз рӯи алимент ба вуқуъ омадани қарздорӣ дар натиҷаи саркашии қарздор аз пардохти онҳо маблағи қарздорӣ, тибқи талаботи моддаи 116 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаримаи аҳдшиканӣ ҳисоб карда мешавад.

Дар амалия ҳолатҳое низ ҳастанд, ки ҷойи истиқомати қарздор ва макони молумулки ӯ номаълум мебошад. Тибқи талаботи моддаҳои 28, 421 ва 70 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», аз рӯи парвандаҳо оид ба ситонидани алимент дар асоси аризаи иҷрочии суд ё ситонанда суди маҳали иҷрои ҳуҷҷати иҷро метавонад кофтукови қарздорро ба воситаи мақомоти корҳои дохилӣ эълон намояд. Кофтуков дар маҳали иҷрои ҳуҷҷати иҷро ё охирин маҳали истиқомати маълуми (маҳали ҷойгиршавии) қарздор ё маҳали ҷойгиршавии молумулки вай, инчунин дар маҳали истиқомати (маҳали ҷойгиршавии) ситонанда эълон карда мешавад.

Ҳангоми бе сабаби узрнок аз ҷониби қарздор ба иҷро нарасонидани талаботи ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст, иҷрочии суд дар асоси аризаи ситонанда ва ё бо ташаббуси худ дар хусуси маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамояд.

Қарор оид ба маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарздор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳоҷират, назорати сарҳадӣ ва мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.

Ба назари ман, устувории оила ва таълиму тарбияи фарзанд дар муносибатҳои оилавӣ бояд дар мадди аввал бошад, зеро дар оилаи солим фарзандони солим ба воя мерасанд.

Вақтҳои охир дар ин самт аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва мақомоти дахлдори давлатӣ кори зиёд ба сомон расонида мешавад.

Мо, вакилон, низ бештар кӯшиш менамоем, ки зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагони худ оид ба ин масъалаҳо мулоқотҳо доир намуда, мазмуну муҳтавои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳем.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дар ин замина ворид гардидани тағйиру иловаҳои дахлдор ба якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, пеш аз ҳама ба баланд бардоштани масъулияти падару модар, мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст.

Ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки бо сабаби ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани падару модар ё муддати тӯлонӣ дур аз оила будан фарзандон аз нигоҳубини онҳо дур мемонанд. Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои қонунии кӯдакон ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2011 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст. Тибқи ин меъёр, ба Кодекси мазкур моддаи нав, яъне моддаи 1521 дохил шудааст. Мувофиқи он, васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ (зиёда аз 3 моҳ) ғоибанд ё дар таълиму тарбияи хешу ақрабояшон қарор доранду онҳо дорои ҳуҷҷати дахлдор нестанд, аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ таъин карда мешавад.

Мақомоти васояту парасторӣ шароити таъминот ва таълиму тарбияи кӯдакони мазкурро назорат мекунанд ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ин кӯдакон ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.

-Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ низ танзим ва такмили қонунгузориро тақозо менамояд. Дар ин самт аъзои Кумита чӣ тадбирҳо андешиданианд? Шумо аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ чӣ гуна истифода мебаред?

-Албатта, раванди қонунгузорӣ хеле масъулияти баландро тақозо менамояд ва бо дигар гардидани муносибатҳои ҷамъиятӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон зарурати қабули қонунҳои нав ва такмили қонунҳои амалкунанда ба миён меоянд.

Бо ҳамин мақсад вакилони Кумитаи мо соли ҷорӣ таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ёрии тибби равонӣ», «Дар бораи кӯмакҳои иҷтимоии унвонӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ва «Дар бораи фаъолияти репродуктивӣ» дар назар доранд.

Тибқи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як вакил ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад ва ман бо истифода аз ин ҳуқуқ то имрӯз 10 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраро таҳия ва пешниҳод намудам.

Инчунин аз ҷониби ман 12 лоиҳаи қонунҳои бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида мукаммал гардонида, ба баррасии Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва ҳамаи онҳо қобили қабул дониста шудаанд.

-Дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти шумо парлумон чӣ нақше метавонад дошта бошад?

-Тӯли 13 соли фаъолияти худ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич доштам ва таҷрибаи дар ин давра андӯхтаам ба ман имкон медиҳад, ки фаъолияти вакилии худро бе ягон мушкилӣ амалӣ намоям.

Албатта, ҳар як вакил кӯшиш менамояд, ки на танҳо дар самти қонунэҷодкунию робитаҳои байнипарлумонӣ, балки дар фаъолияти намояндагии худ низ фаъол бошад. Муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон ва мақомоти дахлдорро сари вақт ҳал намуда, ба онҳо кӯмак расонад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии интихобкунандагонаш зимни вохӯриҳо дар ҳавзаи интихоботӣ ба онҳо мазмуну муҳтавои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмонад.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни амалӣ намудани фаъолияти конститутсионии худ ҷиҳати пиёда намудани ормонҳои халқи Тоҷикистон ва баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оромию осоиштагии ҷомеа, қавӣ намудани муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо мамолики ҷаҳон, аз ҷумла дар фаъолияти мо, вакилон низ нақши муҳим мебозад.

-Ташаккур.

Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум»