Муносибатҳои Тоҷикистону Молдова густариш меёбанд

№137 (3283) 20.11.2014

DSC_15061

18 ноябри соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрей Галбурро ба ҳузур пазируфт.

Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрей Галбурро ба муносибати ба ин вазифа таъин шуданаш табрик гуфта, зикр кард, ки халқи мо ба Молдова ва мардуми он таваҷҷуҳи хоса дорад. Молдова ҳанӯз 26 январи соли 1993 бо Тоҷикистон муносиботи дипломатӣ барқарор намуда буд. Равобити мо дар доираи фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва созмонҳои байналмилалӣ ба таври қаноатбахш ҷараён дорад ва бояд гуфт, ки дар доираи ин созмонҳо нуқтаи назари ҳар ду кишвар бо ҳамдигар наздик ва мувофиқ мебошад. Хусусан дар масъалаи тақвияти амнияти фазои кишварҳои ИДМ, густариши муносиботи ҳамаҷонибаи ин кишварҳо мо назари яксон дорем. То ин замон миёни кишварҳои мо тақрибан 14 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Моҳи ноябри соли 2002 сафари Президенти Ҷумҳурии Молдова ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омада буд, ки дар доираи он якчанд санади муҳим ба имзо расид. Миёни ҳар ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ фаъолият менамояд, ки самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаро ба танзим медарорад. Аммо бояд гуфт, ки муносибатҳои миёни кишварҳоямон сатҳи аз ин ҳам баландтареро тақозо менамоянд. Тоҷикистон ва Молдова ҳар ду кишварҳои асосан аграрӣ ба шумор мераванд ва дар ин замина метавонанд ҳамкориҳои ҳар чӣ бештареро роҳандозӣ намоянд.

-Мо умедворем, ки бо таъин шудани шумо, ҳамчун нахустин сафир муносибатҳову ҳамкориҳо дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла иқтисодиву фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо ба таври фаъол амалӣ хоҳад шуд, -изҳор намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Мавсуф ҳамчунин дар бораи фаъолият ва сохтори Маҷлиси намояндагон, роҳандозӣ намудани равобити байнипарламентӣ миёни ҳар ду кишвар изҳори назар намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрей Галбур аз пазироии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, гуфт, ки тамоми саъю талошашро ҷиҳати барқарор намудан ва густариш додани муносибатҳои дуҷониба ба харҷ хоҳад дод.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон