Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Қонунгузорӣ чораҳо оид ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро пурзӯр мегардонад

№153-154 (3299-3300) 26.12.2014

DSC_01411

24 декабри соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷабҳа байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

2. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя

6. Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд (ҳамчун маъмури Барномаи «Фаел Хайр») вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашти «Фаел Хайр» барои харидорӣ ва истифода намудани клиникаҳои сайёр дар деҳот дар доираи Барномаи «Фаел Хайр» оид ба таъсиси клиникаҳои сайёр дар баъзе давлатҳо ва ҷомеаи мусулмонӣ

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷабҳа байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.

УМАРЗОДА Икром Ислом: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷабҳа байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи зикршуда 26 марти соли 2014 дар шаҳри Кобул ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Аҳамияти қабули Созишномаи мазкур, пеш аз ҳама, дар пешгирӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳо, ҳамкории мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо дар мубориза бар зидди терроризм дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроти он, аз ҷумла маблағгузории терроризм, ҷиноятҳои муташаккилона, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, силоҳи оташфишон, одамрабоӣ ва хариду фурӯши одамон, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо мебошад.

Созишнома аз муқаддима, 12 модда иборат буда, дар муқаддима мақсад ва мароми ба имзо расидани Созишнома баён шудааст.

Дар моддаи 1-уми Созишнома риояи қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тарафҳо муқаррар гардидааст.

Дар моддаҳои 2 ва 3 ҳамкории Тарафҳо дар заминаҳои дахлдор ва табодули иттилооту таҷриба, аз ҷумла дар робита бо шаҳрвандони ду кишвар, ки бо гуноҳи даст задан ба ҷиноятҳо дар кишвари муқобил таъқиб, дастгир ва ё маҳкум ва зиндонӣ шудаанд ва ё пас аз содир кардани ҷиноят дар кишвари худ ба кишвари Тарафи дигар фирор намудаанд, муқаррар карда шудааст.

Дар моддаҳои 4, 5 ва 6 ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи мазкур дар асоси дархости Тарафи манфиатдор доир ба расонидани кумак ё ин ки бо ташаббуси Тарафе, ки эҳтимоли чунин кумак барои дигар Тараф аҳамият дорад, пурра ё қисман иҷро гардидани дархост ва муҳлати иҷрои он зикр карда шудаанд.

Моддаҳои 7, 8 ва 9-уми Созишномаи мазкур риояи баъзе масъалаҳоро  аз ҷониби Тарафҳо дар бораи таъмини махфияти маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки аз дигар Тараф қабул намудааст, уҳдадориҳои вобаста ба хароҷоте, ки дар рафти иҷрои ҳамин Созишнома ба вуҷуд меоянд, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ гузаронидани вохӯриҳои корӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои таҳким ва баланд бардоштани сифати ҳамкорӣ, ҳалли ихтилофоти байни Тарафҳо ҳангоми тафсир ё татбиқи Созишномаи зикршуда муқаррар намудаанд.

Мутобиқи моддаи 10-уми Созишномаи мазкур Тарафҳо метавонанд намояндагии худро дар назди вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кушоянд.

Моддаҳои 11 ва 12-уми Созишномаи мазкур дахолат накардан ба ҳуқуқ ва уҳдадории Тарафҳоро, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалии давлатҳои Тарафҳо бармеоянд, муқаррар намуда, ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Созишнома, муҳлати эътибор пайдо намудани он, муҳлат ва тартиби қатъи амали онро муайян ва пешбинӣ мекунад.

Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷабҳа байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.

Саттор ХОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ! 

Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷабҳа байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 26 марти соли 2014, ки дар шаҳри Кобул ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2014 № 2707 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишнома барои рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ равона карда шудааст.

Тибқи Созишнома, Тарафҳо дар пешгирӣ ва кушодани ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ва муташаккил, ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллӣ, терроризм, хариду фурӯши одамон, мубориза бо қочоқи осори ҳунарӣ ва меросҳои фарҳангӣ, қочоқи аслиҳа, муҳимот ва маводи тарканда, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин аз рӯи самтҳои дигаре, ки дар Созишнома пешбинӣ гардидаанд, ҳамкорӣ менамоянд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулоса онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 17 декабри соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Созишномаи мазкур аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷабҳа байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дода мешавад.

Қодири ҚОСИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!

Тӯли солҳои охир бо кӯшиш ва заҳматҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни хориҷӣ рушд ёфта, ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар сол аз сол зиёд гардида истодааст.

Дар ин раванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мустаҳкам кардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Аз ҷумла дар рафти сафари давлатии Сарвари давлат ба Шоҳигарии Баҳрайн, 28 майи соли ҷорӣ, дар шаҳри Манома Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расидааст.

Созишномаи мазкур принсипҳои асосии ҳуқуқиро вобаста ба танзими фаъолияти сармоягузорӣ муқаррар менамояд, ки ин дар маҷмӯъ, баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ду кишвар равона шудааст.

Мувофиқи муқаррароти Созишномаи мазкур, ҳар яке аз Тарафҳои аҳдкунанда бояд сармоягузорони Тарафи дигари аҳдкунандаро барои сармоягузорӣ кардан дар қаламрави худ ҳавасманд гардонад ва бояд сармоягузориҳоеро иҷозат диҳанд, ки ба қонуну қоидаҳои худ мувофиқ бошад. Бо дархости яке Тарафҳои аҳдкунанда маълумот оид ба қонунҳо, қоидаҳо, қарорҳо, амалияи маъмурӣ, расмиёт ва ё сиёсати пешгирифтаи Тарафи дигари аҳдкунанда бояд таъмин карда шавад.

Тарафҳои аҳдкунанда уҳдадор мешаванд, ки чораҳои беасос ва тафовутнокро нисбати идоракунӣ, нигоҳдорӣ, истифода, соҳиб шудан ва тақсимоти сармоягузориҳои Тарафи дигари аҳдкунанда қабул накунанд. Инчунин  муқаррароти Созишномаи мазкур интиқоли озоди маблағҳои сармоягузорони як Тарафи аҳдкунандаро аз қаламрави Тарафи дигари аҳдкунанда бояд кафолат ва муҳофизат намояд.

Тибқи Созишномаи мазкур, ҳар як Тарафи аҳдкунанда дар қаламрави Тарафи дигари аҳдкунанда аз низоми миллӣ ва низоми бештар мусоид бояд истифода баранд ва ин низомҳо имтиёзҳоеро, ки як Тарафи аҳдкунанда ба сармоягузорони давлати сеюм дар асоси иштирок ё иттифоқ дар минтақаи озоди иқтисодӣ, иттиҳоди гумрукӣ, бозори умумӣ ё дигар шакли ташкилоти иқтисодӣ –минтақавӣ пешниҳод менамояд, дар бар намегирад. Ҳамчунин ин низомҳо ба масъалаҳои андозбандӣ татбиқ намегарданд.

Муқаррароти Созишномаи мазкур бо санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Муҳлати амали Созишномаи мазкур даҳ солро дар бар мегирад.

Бинобар ин, баҳри таъмини фазои муносиби ҳуқуқӣ дар муносибатҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Баҳрайн, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ»-ро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашӯрбег Раҳматуллоевич дода мешавад.

Ашӯрбег РАСУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ки 28 майи соли 2014 дар шаҳри Манома ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2014 № 2708 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади Созишномаи мазкур тақвият бахшидан ба муносибатҳои шартномавӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Баҳрайн мебошад. Созишнома принсипҳои асосии ҳуқуқиро вобаста ба танзим намудани фаъолияти сармоягузорӣ муқаррар менамояд, ки ин дар маҷмӯъ баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ду кишвар равона карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 17 декабри соли 2014 дар ҷаласаи васеи Кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Санади мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориро ҷонибдорӣ намуда, баррасии онро дар ҷаласаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад.

Аз ин хотир, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андозбандӣ — пурра фаро гирифтани андозсупорандагон, аз ҷумла беҳтар ба роҳ мондани андозбандии истифодабарандагони захираҳои табиӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ нисбат ба шахсоне, ки дар ин самт ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд, ба васеъ намудани манбаъҳои андозбандӣ, такмил додани маъмурикунонии андоз ва дастгирии соҳибкорӣ таҳия карда шудааст.

Ҳамзамон лоиҳаи қонуни мазкур оид ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба андозбандӣ, аз ҷумла оид ба андозбандии фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон, андозбандии дивидендҳо, даромадҳо аз фурӯши ҳиссаи иштирок, субсидияҳои муассисаҳои фарҳангӣ, объектҳои махсусан муҳим, объектҳои ғайриманқул равона карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 тағйиру илова дар назар дошта шудааст.

Дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои зерин ноил шудан мумкин аст:

- таъмини шаффофияти ба андозбандӣ ҷалб намудани Бонки миллии Тоҷикистон (моддаҳои 109, 110, 156 ва 158);

- пешгирӣ намудани саркашӣ аз андозсупорӣ ва додани маълумот оид ба минтақаҳои оффшорӣ (моддаҳои 17, 23 ва 126);

- пешбинӣ намудани сабукиҳо, аз ҷумла осон намудани расмиёти пардохти андозҳо ба буҷет, барои аз ҳисоби фоизҳо (пеня) озод намудани маблағи андозҳои тамдидкардашуда, барои пардохти қарзҳои андозии қаблӣ (моддаҳои 67, 70, 71 ва 72);

- аз пардохти андоз аз даромад озод намудани Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 104) — (тибқи қонунгузории буҷет солҳои 2013-2014 кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» аз пардохти андоз аз даромад озод буданд);

- бо мақсади дастгирии молиявии муассисаҳои давлатӣ (соҳаи фарҳанг) аз манбаи андоз аз фоида ва андози низоми содакардашуда баровардани кумакҳои аз буҷет додашаванда (субсидия) — (моддаҳои 107 ва 294);

- аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани объектҳои махсусан муҳим (моддаҳои 169 ва 312);

- бо мақсади баланд будани даромаднокии ширкатҳои алоқаи мобилӣ баланд намудани меъёри андоз ба ҳамин ширкатҳо (моддаи 200);

- бо мақсади он ки воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаи ҳарбии махсус аз буҷет маблағгузорӣ карда мешавад, онҳо аз пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт озод мешаванд (моддаи 267);

- аз ҳисоби ҳиссаи андозҳои молумулкӣ, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, зиёд намудани воридоти умумии андозҳои маҳаллӣ (шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб) — (моддаи 279).

Мақсади пешниҳод гардидани чунин тағйирот аз он иборат мебошад, ки нисбат ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ сатҳи даромаднокӣ аз истифодаи объектҳои ғайриманқул дар ин шаҳрҳо бамаротиб зиёд мебошад.

Ҳангоми дар шакли пешниҳодшуда қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур бисёр муқаррароти амалкунанда сода гардида, ба ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет шароит муҳайё мегардад.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014 № 2698 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур асосан барои ҷорӣ намудани сабукиҳои иловагӣ, байни ҳамдигар мутобиқсозии муқаррароти Кодекси андоз, пурзӯр намудани назорати андоз дар самтҳои алоҳида ва дарёфти манбаъҳои иловагии андоз баҳри иҷрои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 равона карда шудааст.

Аз ҷумла тибқи тағйирот ба моддаи 67-уми Кодекси андоз (қисми 3-юми лоиҳа) уҳдадории андозсупоранда оид ба пардохти маблағҳои андоз мувофиқи тақсимоти дар қонунгузории буҷетӣ пешбинишуда бекор карда шуда, вазифа оид ба тақсими маблағҳои ба буҷет воридшаванда ба зиммаи мақомоти хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта  мешавад.

Ҳангоми тамдид намудани бақияи қарзи андози андозсупоранда (ба муҳлати дигар гузаронидани пардохти он) тибқи моддаи 70-уми Кодекси андоз айни ҳол пардохти иловагӣ (фоизҳо) ба андозаи 29,2 фоиз дар як сол ҳисоб карда мешавад. Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда ва тағйир додани моддаи 70-уми Кодекси андоз (қисми 4-уми лоиҳа) фоизҳо нисбат ба бақияи қарзи андозии тамдидкардашуда ҳисоб карда намешавад.

Ҳамчунин бо тағйир додани моддаи 71-уми Кодекси андоз (қисми 5-уми лоиҳа) ҳаҷми фоизҳои нисбат ба маблағҳои андозии сари вақт пардохтанашуда ҳисобшаванда кам карда мешавад. Мувофиқи тағйирот, дар навбати аввал маблағҳои қарзи андоз, дар навбати дуюм ва сеюм маблағҳои фоизҳо ва ҷаримаҳо ситонида мешаванд. Ҳамин тавр, тартиби мазкур зиёдшавии маблағҳои фоизиро маҳдуд месозад.

Мувофиқи тағйирот ба моддаҳои 107 ва 294-уми Кодекси андоз (қисмҳои 9 ва 24-уми лоиҳа) маблағҳое, ки барои дастгирии (субсидияҳои) муассисаҳои давлатии фарҳангии худмаблағгузор (сирк, театрҳо, рӯзномаҳо ва ғайра) аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дода мешаванд, то 1 январи соли 2018 бо андози фоида (андози низоми содакардашуда) андозбандӣ карда намешаванд. Даромадҳои худии онҳо аз фаъолияти пулакии асосӣ тибқи тартиби муқарраркардашуда таҳти андозбандӣ қарор мегиранд.

Мувофиқи тағйирот ба банди 11 моддаи 104-уми Кодекси андоз (қисми 8-уми лоиҳа) даромади кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» аз андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод карда шуда, аз нуқтаи назари андозбандӣ онҳо ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баробар карда мешаванд.

Бо тағйирот ба моддаҳои 169 ва 312 –уми Кодекси андоз (қисмҳои 15 ва 25-уми лоиҳа) воридоти молҳо барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар объектҳои махсусан муҳим, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ба истифода додани онҳо аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.

Тибқи супориши Сарвари давлат ҳангоми вохӯрӣ бо соҳибкорон тағйироти ба моддаи 181-уми Кодекси андоз (қисми 17-уми лоиҳа) пешниҳодшуда барои муассисаҳои таълимӣ бар ивази меъёри стандартии 18-фоизаи андоз аз арзиши иловашуда ба меъёри пасткардашудаи 5-фоиза пешбинӣ карда шудааст.

Бо мақсади ташкил намудани заминаи қонунӣ барои давра ба давра пардохт намудани бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандагони захираҳои табиӣ тағйирот ба моддаи 225-уми Кодекси андоз (қисми 19-уми лоиҳа) пешниҳод шудааст, ки тартиби амалии пардохти онро метавонад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд. Айни замон супорандагони бонуси обунавӣ 50 фоизи маблағи онро дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ -пас аз гирифтани иҷозатнома, 50 фоизи боқимондаро дар муҳлати 30 рӯз — пас аз санаи эътибор пайдо намудани қарордод бояд пардохт намоянд. Бо тағйироти мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо менамояд, ки барои маблағҳои калони бонуси обунавӣ тартиби сабуктар пешбинӣ намояд.

Озодкунии воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаи махсуси ба ҳисоб гузошташуда аз пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт дар тағйироти ба моддаи 267-уми Кодекси андоз (қисми 20-уми лоиҳа) воридшуда пешбинӣ гардидааст.

Дар моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пардохти қисми фоидаи тавозунии он ба Буҷети давлатӣ пешбинӣ шуда, муҳлат ва тартиби пардохти мазкур аниқ нашуда буд. Вобаста ба ин, барои дар шакли андоз аз фоида ба танзим даровардани пардохти мазкур тағйирот ба моддаҳои 109, 110, 156 ва 158-уми Кодекси андоз (қисмҳои 10, 11, 13 ва 14-уми лоиҳа) пешбинӣ карда шудааст.

Бо мақсади пурзӯр намудани назорати андоз, пеш аз ҳама, нисбат ба корхонаҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, тағйирот ба моддаҳои 17, 23 ва 126 –уми Кодекси андоз (қисмҳои 1, 2 ва 12-уми лоиҳа) таҳия шудаанд.

Вобаста ба ин муқаррар карда мешавад, ки агар дар давоми шаш моҳи тақвимӣ, пас аз соли ҳисоботӣ, самтҳои истифодабарии фоидаи софи корхонаҳо муайян карда нашавад, барои мақсадҳои андозбандӣ фоидаи мазкур байни саҳмдорон (иштирокчиён) тақсимшуда ҳисобида мешавад.

Агар фоидаи соф тибқи қарори иштирокчиён (саҳмдорон) барои рушди корхона истифода шавад, дар ин ҳолат уҳдадориҳои иловагии андоз ба вуҷуд намеоянд. Агар фоидаи соф байни иштирокчиён (саҳмдорон) тақсим карда шавад, уҳдадориҳои иловагӣ доир ба пардохти андоз аз дивидендҳо ба вуҷуд меоянд.

Мафҳуми «минтақаҳои оффшорӣ» муайян карда шуда, нисбат ба корхонаҳое, ки бо чунин минтақаҳои оффшорӣ алоқаманд мебошанд (худи корхона дорои ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшорӣ мебошад ё амалиёт (аҳд) бо корхонаи дар минтақаи оффшорӣ бақайдгирифташуда анҷом дода бошад), чораҳои иловагии назоратӣ вобаста ба таҳлили нархҳои фурӯши маҳсулоти корхона (тибқи моддаи 23-юми Кодекси андоз) ва маҳдудкунии имтиёзҳо аз андозбандии дивидендҳо (тибқи моддаи 126-уми Кодекси андоз) пешбинӣ шудааст.

Тибқи тағйирот ба моддаи 72 –юми Кодекси андоз (қисми 6-уми лоиҳа), огоҳиномаҳои мақомоти андоз, ки ба қарздорон дар муҳлати даҳ рӯз (огоҳиномаи аввал) ва баъд дар муҳлати 30 рӯз (огоҳиномаи дуюм) ирсол карда мешуд, бо назардошти таҷрибаи ситонидани қарзи андоз тибқи лоиҳаи мазкур ба як огоҳинома, ки дар муҳлати 20 рӯз ирсол мегардад, иваз карда мешавад.

Ин ба мақомоти андоз имкон медиҳад, ки гузашти 40 рӯзро интизор нашуда, нисбат ба андозсупорандае, ки маблағ барои пардохти қарзи андоз дар давоми даҳ рӯз надорад, то бегона кардани молумулки қарздор уҳдадориҳои онро дар назди буҷет бо тариқи судӣ (аз ҷумла бо роҳи муфлис эълон намудани он) ё ғайрисудӣ таъмин намоянд.

Бо назардошти супорише, ки дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014) дарҷ шудааст, доир ба содироти пилла ҳамчун ашёи хом ҷорӣ намудани боҷи содиротӣ ва қабули қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурате ба миён омадааст, ки муқаррароти Кодекси андоз такмил дода шавад.

Бинобар ин, тағйироти дахлдор ба моддаҳои 169 ва 172 Кодекси андоз (қисмҳои 15 ва 16-уми лоиҳа) пешбинӣ шуда, барои содироти пилла бар ивази меъёри сифрии (0 фоиз) андоз аз арзиши иловашуда озодкунӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар лоиҳаи баррасишаванда тадбирҳо доир ба васеъ намудани манбаъҳои андозбандӣ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи қисми 8-уми лоиҳа ба андозбандӣ ҷалб намудани даромади шахсони воқеӣ аз фурӯш, гузашт намудан ва шаклҳои дигари бегона кардани молу мулки ғайриманқул, саҳмияҳо ё ҳиссаҳои иштирок дар корхонаҳо пешбинӣ шудааст (моддаи 104-уми Кодекси андоз). Ин имконият медиҳад, ки тартиби андозбандии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳамдигар наздик карда шавад.

Бо тағйирот ба моддаи 200-уми Кодекси андоз (қисми 18-уми лоиҳа) барои амалӣ намудани хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ҳамчун соҳаи сердаромад баланд намудани меъёри андози аксиз пешбинӣ шуда, иваз намудани меъёри мазкур аз се фоиз то панҷ фоиз пешниҳод гардидааст.

Мутобиқи тағйироти моддаи 279-уми Кодекси андоз (қисми 22-юми лоиҳа) бо назардошти нисбатан баланд будани даромаднокии субъектҳои соҳибкории шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб барои онҳо меъёри баландтари андоз аз объектҳои ғайриманқул пешбинӣ шудааст. Ин дигаркуниҳо уҳдадориҳои андозии шахсони воқеиро тағйир намедиҳад. Амали мазкур соҳибкоронро ҳавасманд менамояд, ки дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ фаъолияти соҳибкорӣ анҷом диҳанд.

Дар лоиҳа инчунин тағйироти мутобиқкунӣ пешбинӣ шудааст (қисмҳои 7, 21 ва 23-юми лоиҳа).

Бо тағйироти моддаи 89-уми Кодекси андоз маълумоте, ки андозсупоранда нисбат ба натиҷаҳои санҷиши аудитории худ бояд ба мақомоти андоз пешниҳод намояд, маҳдуд мегардад.

Тағйироти моддаи 273-юми Кодекси андоз асосҳоро барои баҳси байни супорандагони андози замин ва мақомоти андоз кам намуда, андозаи меъёри истифодашавандаро аниқ менамояд (дар қисми 4 моддаи 273 барои масоҳати замини зиёда аз Кодекси замин бадастомада меъёри дукарата пешбинӣ шудааст).

Тағйирот ба моддаи 292-юми Кодекси андоз барои ба ҳамдигар мутобиқ намудани низомҳои андозбандӣ пешбинӣ шудааст (бо андози низоми содакардашуда андозбандӣ накардани шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти кишоварзӣ анҷом медиҳанд, имкон медиҳад).

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, 22 таклифу дархост пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 17 декабри соли 2014 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намоядагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа, аз таклифу дархостҳои воридшуда 21-тоаш қабул ва 1-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд, ки онро боз ҳам мукаммалтар гардониданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш дорад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст.

Ҳадаф аз таҳия ва қабули қонуни мазкур мутобиқ намудани қонунгузории гумрук ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки баъзе муқаррароти ҳамин қонун ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошад. Аз ҷумла моддаҳои 378-382 (Тағйири муҳлати пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз), 393 (Фоизҳо), 396 (Баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд ситонидашуда) ва моддаи 345 (Озодкунии молҳои алоҳида аз пардохти боҷҳои гумрукӣ) Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тартиби батаъхиргузорӣ, фоизҳо ва объектҳои махсусан муҳим алоқаманд мебошанд, ба танзим медарорад.

Қабули қонуни мазкур барои шаффофияти воридоти мол ба объектҳои махсусан муҳим ва батаъхиргузории андозҳо ва фоизҳо шароит муҳайё менамояд.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014 таҳти № 2699 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани Кодекси гумрук ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, пешниҳод карда мешавад, ки ба моддаҳои 345 ва 381- уми Кодекси гумрук, ки ба тартиби батаъхиргузорӣ, фоизҳо ва объектҳои махсусан муҳим алоқаманд мебошанд, тағйирот ворид карда шавад.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон се таклиф пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 12 декабри соли 2014 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намоядагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он таклифҳои воридшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Дар бораи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя» пешниҳод шудааст.

Ҳадафи асосии қабули Конвенсияи мазкур ин бунёд намудани асоси ҳуқуқӣ ва ташаккул додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соҳаи андозбандӣ мебошад.

Иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки шароити мусоид барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аҳдкунанда, аз ҷумла ба танзим даровардани низоми андозбандии даромад ва моликият танҳо дар яке аз давлатҳои аҳдкунанда, тавассути бартараф намудани андозситонии дукарата фароҳам оварда шавад. Тақвият бахшидан ба амалӣ гардонидани Конвенсияи мазкур имконият медиҳад, ки эҳтимолияти ҷалби сармоягузориҳои мутақобила дар байни давлатҳои аҳдкунанда мунтазам афзоиш ёбад.

Қобили тазаккур аст, ки масъалаи андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат ва сармояи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, бартараф намудани баҳсҳо, инчунин табодули иттилоотӣ байни мақомоти салоҳиятдор дар ҳамин Конвенсия ба танзим дароварда мешаванд.

Муқаррароти Конвенсияи зикргардида дар доираи принсипҳои қонунгузории байналмилалӣ дар соҳаи андоз омода карда шудааст ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ» ҷавобгӯй мебошад.

Дар ҳолати ҳозир набудани конвенсияҳои шабеҳ мухолифат байни қонунгузории андози ҳар ду давлатҳо ба вуҷуд меояд, ки ин ба камшавии ворид гардидани андозҳо ба буҷет мерасонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давлатҳое, ки Конвенсия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата вуҷуд дорад, сармоягузории хориҷӣ дар ин давлатҳо тамоюли зиёдшавӣ доранд.

Ҳамзамон хотирнишон менамоем, ки робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар соҳаи иқтисодиёт сол то сол мустаҳкам гардида истодааст. Дар солҳои 2013-2014 гардиши умумии савдои хориҷӣ бо ин кишвар 559,2 ҳазор доллари ИМА, аз ҷумла содирот 515,8 ҳазор доллари ИМА ва воридот 43,4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бояд зикр кард, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин Конвенсия (Созишнома) бо 28 давлати дунё то имрӯз баста шудааст, ки онҳо аз тарафи шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирӣ ва қабул гардидаанд.

Мувофиқи тартиботи дохилидавлатӣ Конвенсияи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, баъдан дар рафти сафари расмии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ санаи 13 майи соли 2014 дар шаҳри Ар-Риёз ба имзо расонида шудааст.

Аз ин лиҳоз, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки  лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Кенҷаева Мунаввара Ҳодиевна дода мешавад.

Мунаввара КЕНҶАЕВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, ки 13 майи соли 2014 дар шаҳри Ар-Риёз ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2014 № 2710 Конвенсияи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади Конвенсияи мазкур бартараф намудани андозбандии дукарата аз даромад ва афзун гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад.

Эътибор пайдо кардани Конвенсия имконият медиҳад, ки андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат ва сармояи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, резидентҳо дар ҳар ду давлатҳо ба танзим дароварда шавад, ки ин ба инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ, таъсисёбии корхонаҳои нав оид ба коркарди ашёи хом мусоидат хоҳад намуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Конвенсияи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 17 декабри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Конвенсияи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Конвенсия байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармояро бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш  дорад, ки Конвенсияи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Конвенсияи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд (ҳамчун маъмури Барномаи «Фаел Хайр») вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашти «Фаел Хайр» барои харидорӣ ва истифода намудани клиникаҳои сайёр дар деҳот дар доираи Барномаи «Фаел Хайр» оид ба таъсиси клиникаҳои сайёр дар баъзе давлатҳо ва ҷомеаи мусулмонӣ сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд (ҳамчун маъмури Барномаи «Фаел Хайр») вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашти «Фаел Хайр» барои харидорӣ ва истифода намудани клиникаҳои сайёр дар деҳот дар доираи Барномаи «Фаел Хайр» оид ба таъсиси клиникаҳои сайёр дар баъзе давлатҳо ва ҷомеаи мусулмонӣ пешниҳод карда мешавад.

Созишномаи грантӣ тибқи ваколатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 октябри соли 2014 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Бонки Исломии Рушд президенти Бонки Исломии Рушд ба имзо расонида шуд.

Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур панҷ солро дар бар мегирад.

Мақомоти татбиқкунандаи лоиҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.

Яке аз афзалиятҳои стратегии давлат, ки дар марҳилаи кунунӣ барои татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои миллӣ нақши муҳим дорад, ин дастрасӣ, сифат ва самаранокии маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолии тамоми қаламрави кишвар мебошад.

Таъмин намудани пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти давлат ва ҷомеа, таъмини рушди устувору босуботи миллӣ бидуни тараққӣ додани соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ғайриимкон мебошад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур анҷом додани корҳои зерин дар назар дошта шудааст:

-ташкили панҷ клиникаи сайёри бисёрсоҳавии минтақавӣ, ки бо таҷҳизоти тавлидкунандаи қувваи барқ аз энергияи офтоб муҷаҳҳазонида шудаанд;

-ташкили як клиникаи сайёри бисёрсоҳавӣ барои расонидани хизматрасониҳои аввалияи тиббию санитарӣ дар манотиқи марказии кишвар ва кумаки маъмурӣ, дастурию методӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ;

-баргузории маҷмӯи давраҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кадрии кормандони соҳа;

-бо маводи доруворӣ ва лавозимоти масрафшавандаи тиббӣ таъмин намудани шаҳрвандон, ки мубталои бемориҳои музмин мебошанд;

-фаъолияти самараноки клиникаҳои сайёри бисёрсоҳавӣ, яъне мунтазам сафарбар намудани мутахассисони варзидаи соҳа ва таҷҳизоти муосири тиббӣ ба манотиқи дурдасти кишвар таъмин мегардад.

Лоиҳаи мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ татбиқ карда мешавад.

Тибқи Созишномаи мазкур маблағҳои грантӣ то ба расмият даромадани Созишномаи грантӣ амалӣ карда намешаванд.

Бинобар ин, Созишномаи мазкур барои тасдиқ ба шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод гардидааст.

Аз ин лиҳоз, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи грантии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд (ҳамчун маъмури Барномаи «Фаел Хайр») вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашти «Фаел Хайр» барои харидорӣ ва истифода намудани клиникаҳои сайёр дар деҳот дар доираи Барномаи «Фаел Хайр» оид ба таъсиси клиникаҳои сайёр дар баъзе давлатҳо ва ҷомеаи мусулмонӣ 27 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2014 № 2709 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади Созишнома ин баланд бардоштани дастрасӣ, сифат ва самаранокии маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолии минтақаҳои дурдасти кишвар ва алалхусус ба қисматҳои осебпазири он мебошад.

Муҳлати амалигардонии лоиҳа дар давоми солҳои 2014-2019 дар назар дошта шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 17 декабри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд (ҳамчун маъмури Барномаи «Фаел Хайр»)  вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашти «Фаел Хайр» барои харидорӣ ва истифода намудани клиникаҳои сайёр дар деҳот дар доираи Барномаи «Фаел Хайр» оид ба таъсиси клиникаҳои сайёр дар баъзе давлатҳо ва ҷомеаи мусулмониро бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш  менамояд, ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Маҳмадсаид Борон дода мешавад.

САИДЗОДА Маҳмадсаид Борон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади паст гардонидани сатҳи садаманокӣ, баланд бардоштан масъулияти падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда дар таълиму тарбияи фарзанд ва баланд бардоштани интизоми ронандагони воситаҳои нақлиёт ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бо зиёд гардидани миқдори парки автомобилӣ ҳолати бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мамлакатамон хусусияти буҳрониро гирифтааст. Муносибати беҳурматонаи ронандагон ба қоидаҳои ҳаракат, набудани маданияти ҳуқуқии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо, ки махсусан дар идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ифода меёбад, боиси ташвиш ва изтироби ҷомеа гардидааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 17 фоизи садамаҳои нақлиётӣ, ки ба қайд гирифта шудаанд, бо сабабҳои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ сар задаанд.

Оқибати садамаҳои нақлиётӣ бо сабабҳои қайдшуда аз ҳисоби умумифавтидагон 19,7 фоиз ва захмбардоштагон 18,3 фоизро ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии садамаҳои нақлиётӣ қариб панҷ фоизашро ноболиғон содир намудаанд, ки дар натиҷа 11 нафар ҳалок ва 23 нафар захм бардоштаанд. Боиси ташвиш аст, ки садаманокӣ аз тарафи ноболиғон рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Бояд зикр намуд, ки дар баробари зиёдшавии садамаҳои нақлиётӣ ҳолатҳои аз ҷойи ҳодисаи нақлиётӣ ғайб задани ронандагон низ рӯ ба зиёдшавӣ ниҳодааст.

Дар давоми соли 2013 ва нимсолаи аввали соли 2014 зиёда аз 80 ҳолати ғайб задани ронандагон аз ҷойи ҳодисаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Омӯзиш ва таҳқиқотҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки яке аз шароиту сабабҳои мусоидаткунандаи ғайб задани ронандагон аз ҷойи садамаи нақлиётӣ, ин идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди бегона ва қалбакӣ гардидааст, ки ошкор намудани ин қабил ҷиноятҳо душвор ва дар баъзан ҳолатҳо муайян намудани ҷинояткорон ғайриимкон мегардад.

Бо назардошти он ки яке аз воситаҳои пешгирии садаманокӣ, ин ошкор ва пешгирӣ кардани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ мебошад, Вазорати корҳои дохилӣ баҳри пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани интизоми нақлиётӣ мунтазам чорабиниҳо ба нақша гирифта, амалӣ шудани онҳоро таъмин менамояд. Дар соли 2013 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 1 млн. 474 ҳазору 660 қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст, ки 14 ҳазору 435 адади онро идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 50 ҳазору 663 далели идора намудани воситаҳои нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 1 ҳазору 133 далели идора намудани воситаҳои нақлиёт бо рақамҳои бегона ва қалбакӣ ва 13 ҳазору 822 далели итоат накардан ба талаботи корманди милитсия оид ба манъи воситаҳои нақлиёт ташкил менамояд, ки дар муқоиса ба давраи соли 2012 ва нимсолаи аввали соли сипаришуда 2,8 фоиз зиёд мебошад.

Бояд зикр кард, ки нисбати гунаҳгорон чораҳои маъмурӣ дар доираи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуда, шумораи муайяни оқибатҳои нохуш, бахусус садамаҳо, фавтидан ва ҷароҳат гирифтани одамон пешгирӣ гардидаанд, зеро дар таркиби ҳар як қоидавайронкунӣ, чунин оқибатҳо аз эҳтимол дур нест.

Мутаассифона, амалия шаҳодат медиҳад, ки чораҳои маъмурии андешидашуда нисбати гунаҳгорон дар доираи санксияҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар нокифоя буданашон, натиҷаҳои дилхоҳро надода истодаанд ва таъсирнокии онҳо ба баланд бардоштани интизоми нақлиётӣ, пешгирӣ намудани садаманокӣ ҷавобгӯйи вазъ намебошанд ва самаранокии фаъолияти мақомотро дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ халалдор менамоянд.

Ин аст, ки садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ дар давраҳои болозикр мутобиқан 8,2 фоиз ва 10,7 фоиз афзудааст.

Вақтҳои охир қоидавайронкуниҳои мазкур хусусан дар маркази шаҳрҳо рӯйдоди муқаррарӣ гардидааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонун ба моддаҳои 313, 329, 333, 336, 337 ва 342 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди бегона ва ё қалбакӣ, иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси зарар мегардад, идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва ё ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта идоракунии воситаи нақлиётро медиҳад, ҳамин кирдор агар дар ҳолати мастӣ содир гардад, инчунин ба идора кардани воситаҳои нақлиёт роҳ додани ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ мебошанд ё шахсоне, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надоранд, тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ва пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ зарурияти вазъи бамиёномада ва талаботи замон мебошанд.

Қабули қонуни баррасишаванда ба манфиати ҷомеа буда, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва баланд бардоштани интизоми нақлиётӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Тӯрахон Давлатович дода мешавад.

Тӯрахон САМАДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур натиҷаи муттаҳид кардани ду лоиҳаи ба Маҷлиси намояндагон   бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида мебошад. Як лоиҳа бо мақсади пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои рекламаи навъҳои алоҳидаи молҳо, лоиҳаи дигар ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳо оид ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар ва дигар субъектони масъул дар таълиму тарбияи фарзанд ва пурзӯр намудани  назорат аз болои риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор  таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ҳаминро зикр кардан зарур аст, ки тағйироти ба моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар қатори падару модар ҷавобгарии маъмурии  дигар субъектони ба таълиму тарбияи кӯдак масъулро мушаххас намуда, санксияи ин намуди ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баландтар кардааст.

Лоиҳаи қонун ҳамчунин санксияҳои нави ҷавобгарии маъмуриро  барои риоя ё иҷро накардани қоидаҳо ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарӣ аз сӯхтор муқаррар менамояд.

Мувофиқи тағйироти ба моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» аз 26 декабри соли 2011 воридшуда рекламаи ғизои кӯдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), маккаку пистонак манъ карда шуда буд. Ба кафолати амалӣ гардидани ин меъёр лоиҳаи қонун ба моддаи 550-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти зарурӣ ворид карданро пешбинӣ менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои мазкурро омӯхта, онҳоро дастгирӣ ва ҷиҳати мукаммал намудан 28 таклифу пешниҳод ирсол карданд.

Дар асоси банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳо дар як лоиҳаи ягона муттаҳид карда шуданд. Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул ҳамаи 28 таклифу пешниҳод пурра ё қисман ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо хоҳиш дорем, ки онро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёратшо Саъдулло дода мешавад.

Зиёратшо САЪДУЛЛО: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани салоҳияти мақомоти дахлдор дар баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия ва пешниҳод шудааст, манзур мегардад.

Мувофиқи тағйироти ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ба моддаи 333 қисми 3 илова мешавад, ки он ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштааст, пешбинӣ мекунад. Санксияи моддаи мазкур ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиётро низ муайян кардааст. Мувофиқи талаботи моддаи 93-юми Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳое, ки мувофиқи онҳо маҳрум намудани шахс аз ҳуқуқи махсус имконнопазир аст, аз тарафи судҳо бояд баррасӣ карда шаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2697 аз 8 декабри соли 2014 барои омода намудани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон барои такмил ёфтани он аз ҷониби онҳо 10 таклифи хусусияти техникӣ ва имлоидошта пешниҳод гардид.

Кумитаи масъул рӯзи 16 декабри соли 2014 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, таклифҳои пешниҳодгардидаро баррасӣ намуда, онҳоро дар мувофиқа бо иштирокчиёни ҷаласа қобили қабул донист.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич дода мешавад.

Маҳмадалӣ ВАТАНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳавасманд намудани шаҳрвандон барои даст кашидани онҳо аз иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар давлатҳои хориҷи кишвар бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, ба моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эзоҳ илова карда мешавад, ки мувофиқи он шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2695 аз 8 декабри соли 2014 барои омода намудани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон барои такмил ёфтани он аз ҷониби онҳо шаш таклифи хусусияти техникӣ ва имлоидошта пешниҳод гардид.

Кумитаи масъул рӯзи 16 декабри соли 2014 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, таклифҳои пешниҳодгардидаро баррасӣ намуда, онҳоро дар мувофиқа бо иштирокчиёни ҷаласа қобили қабул донист.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ.