(идома аз шумораи №29 (3013)
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» сухан ба вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Нуриддин Саидович дода мешавад.
Нуриддин САИДОВ: — Муҳтарам Шукурҷон Зуҳурович, аъзои Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Иҷозат диҳед, аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи шуморо бо оғози соли нави аҷдодӣ табрик гуфта, ба шумо саломатӣ ва барори кор таманно намоям.
Маҳз таваҷҷуҳи шумо ба ин соҳаи афзалиятноки кишвар буд, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳа қабул гардида, ба низом ва рушди системаи маориф такони ҷиддӣ бахшида шуд.
Дар ин раванд ба вакилони арҷманд арзи сипос менамоям, чунки эшон дар омода кардани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» саҳми шоиста гузоштанд ва маҳз бо назардошти пешниҳодҳои муфиди онҳо муқаррароти асосии лоиҳаи муҳокимашаванда возеҳу равшан гардид.
Аз ин лиҳоз, мехоҳам аз номи мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон, бахусус ба Раёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ки дар такмили лоиҳаи қонуни мазкур саҳми худро гузоштанд, изҳори ташаккур намоям.
Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баҳри рушди он тамоми имконоти худро сарф намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Маҳз бо таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ҳиссаи хароҷоти соҳаи маориф нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ аз 3,5 фоизи соли 2005 ба 4,5 фоиз дар соли 2012 баробар шуд.
Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф, бо назардошти барномаҳои инвеститсионӣ ва маблағҳои махсус, дар соли 2012-ум 1607,9 миллион сомониро ташкил медод, ки нисбат ба соли 2011-ум 18 фоиз зиёд буд. Дар маҷмуъ, буҷети соҳаи маориф дар муддати панҷ соли охир зиёда аз 2,3 маротиба афзуд. Соли 2013 бошад, ба соҳаи маориф 2130,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Танҳо соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар кишварамон 248 иншооти соҳаи маориф барои 44 ҳазор ҷойи нишаст бо маблағи 320 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 1200 мактаби нав сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар ибтидои асри XXI ҳазорҳо манбаъҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба зеҳни инсонҳо таъсир расонида, бо роҳу усулҳои анъанавӣ таълиму тарбия намудани насли наврас қариб ғайриимкон гардидааст ва низоми маориф ба ислоҳоти ҷиддӣ ва ҳамарӯза, ки аз дастовардҳои инноватсионӣ асос ёфтааст, ниёз дорад.
Раванди ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, омода намудани санадҳои соҳавӣ, бартараф намудани мухолифат ва номувофиқатӣ дар қонунгузории ҷойдошта ва аз байн бурдани хусусиятҳои эъломиявии меъёрҳо, ба амал омадани тағйироту навгониҳои амиқ дар соҳаи маориф нишон медиҳад, ки танҳо тавассути ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонуни амалкунанда ба ҳадафҳои ниҳоии худ расидан имконпазир аст. Зеро ҳар як давраи инкишофи ҷомеа хусусиятҳои хоси рушди соҳаро муайян намуда, зарурати ислоҳотро ногузир мегардонад. Бинобар ин, зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» амри воқеӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки қонуни амалкунанда 17 майи соли 2004 таҳти №34 қабул гардида, 6 бобу 57 моддаро дар бар мегирад ва аз лиҳози мазмуну моҳияти худ самтҳои зиёди соҳаи маорифи ҷумҳуриро инъикос карда наметавонад.
Лоиҳаи муҳокимашавандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» фарогири 8 бобу 69 модда буда, холигиҳои қонуни амалкунандаро пурра менамояд.
Дар боби 1 «Муқаррароти умумӣ», моддаи якуми лоиҳаи қонун мафҳумҳои асосии соҳаи маориф шарҳу тавзеҳ ёфтаанд, ки назар ба ин моддаи қонуни амалкунанда 31 мафҳум зиёд аст. Аз ҷумла мафҳумҳои «бакалавриат», «кредити таълимӣ», «маблағгузории сарикасӣ», «магистратура», «муассисаи таълимии кӯдакони болаёқат», «машғулияти инфиродӣ», «низоми кредитии таҳсилот», «нострификатсия», «таълимгиранда», «таҳсилоти калонсолон», «тест», «экстернат» ва ғайраҳо тақозо ва талаботи замони муосиранд.
Ҳамчунин дар ин боб моддаҳо оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, мақсади қонун, кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил, забони таҳсил, стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ ҷой дода шудаанд. Дар моддаҳои ин боб банд ва сархатҳои нав илова гаштаанд. Масалан, дар моддаи 4 «Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф» сархатҳои баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат, раванди муттасили таҳсил, ҳавасмандгардонии маърифатнокии шахс ва инкишофи истеъдод, ҳамгиройи таҳсилот, илм, истеҳсолот ва ғайра илова шудаанд.
Дар моддаи 5 «Мақсади қонун» сархатҳои муҳайё намудани шароит барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ, фароҳам овардани заминаи устувори ахлоқ ва тарзи ҳаёти солим, мукаммал гардонидани зеҳн бо роҳи фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахс, тарбияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, пос доштани расму оин ва анъанаҳои миллӣ, тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, дарки муносибати огоҳонаи шахс ба ҳуқуқ ва вазифаҳои худ илова гаштаанд.
Дар моддаи 6 «Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ду банд илова гаштааст, ки дар онҳо давлат барои ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар тамоми зинаҳо кафолат медиҳад, инчунин ба шаҳрвандоне, ки муддати тӯлонӣ бо сабаби беморӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ рафта наметавонанд, дар хона ё муассисаҳои тандурустӣ ташкили таълими ройгонро кафолат медиҳад.
Дар боби дуюми лоиҳаи қонун, ки «Низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад, моддаҳои гуногун оид ба сохтори низоми маориф, муассисаи таълимӣ, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии он, инчунин оид ба талабот, рафту равиш ва ташкили раванди таҳсилот дар зинаҳои таҳсилот дар таҳрири нав бо иловаҳо дарҷ гардидаанд. Аз ҷумла дар моддаи 18 «Таҳсилоти ибтидоии касбӣ» оид ба таҳсилоти калонсолон банди алоҳида омадааст, ки барои дар муддати кӯтоҳ гирифтани касб ба шахсони аз таҳсил бо сабабҳои гуногун дурмонда шароит фароҳам меоварад. Инчунин барои пайвасти илм бо истеҳсолот дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати ташкил намудани паркҳои технологӣ замина муҳайё намудааст. Дар моддаи 21-уми ин боб «Таҳсилоти иловагӣ» барои пурра намудани вақти холигии наврасон, ташкили марказҳои гуногун заминаи қонунии мусоид барои фаъолият пешбинӣ менамояд. Дар марказҳои мазкур на танҳо бо мақсади амиқтар аз бар намудани дониш, балки азхудкунии касб, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ ва ихтисоси нав амалӣ карда мешавад. Дар моддаи 22 «Таҳсилоти махсус» меъёрҳои ҳуқуқӣ барои фароҳам овардани шароит ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд ва таҳсилоти фарогир оварда шудааст.
Бо мақсади амалӣ кардани ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон оид ба гирифтани таҳсилот, идоракунии соҳа, татбиқи сиёсати давлатӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи маориф дар лоиҳаи қонуни мазкур боби нав – боби 3 «Танзими давлатӣ дар соҳаи маориф» илова карда шудааст, ки аз 5 модда иборат аст. Ин боб ҳамчунин барои пешбурди фаъолияти муассисаҳои таълимӣ нигаронида шуда, сифати таҳсилотро назорат ва идора менамояд.
Моддаи 27 «Идоракунии сифати таҳсилот» сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маорифро амалӣ карда, низоми ягонаи миллии баҳогузорӣ ба сифати таҳсилотро муайян ва самаранокии онро таъмин менамояд.
Моддаи 28 «Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф» фаъолияти таълимии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро доир ба риояи иҷрои талаботи стандарти давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ пешбинӣ менамояд.
Дар моддаи 29 «Иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ» зикр гардидааст, ки дар соҳаи маориф ин фаъолият тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.
Инчунин дар моддаи 30 «Баҳогузорӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ» тартиби гузаронидани аттестатсия ва баҳогузорӣ, аккредитатсия ва бозхонд намудани шаҳодатномаи аккредитатсионӣ нишон дода шудааст.
Дар боби 4 «Идоракунии соҳаи маориф» механизми идоракунии соҳаи маориф аз тарафи мақомотҳо, салоҳият ва ваколати мақомотҳои ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф, дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи қонунгузории мамлакат дарҷ гардидаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар меҳвари соҳаи маориф омӯзгор қарор дорад ва то чӣ андоза муваффақ гардидан ба таъмини сифати таҳсилот ва баланд гаштани сатҳи саводи шогирдон маҳз аз дониш, малакаю маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад. Бори аввал дар лоиҳаи қонуни мазкур дар боби 5 мақоми омӯзгор ва масъалаҳои бахшида ба фаъолияти омӯзгорӣ дарҷ гардид ва мо бори дигар нишон доданием, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо мақоми махсуси худро дорад ва имтиёзҳои зиёде низ ба омӯзгорон пешбинӣ мешавад.
Ҳамин тавр, дар боби 5-уми лоиҳаи қонун, ки «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия. Мақоми омӯзгор» ном дорад, дар баробари муайян намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия, инчунин дар бораи стипендия ва пардохти пулӣ (моддаи 45) сухан меравад. Дар ин модда андоза ва тартиби стипендияҳое, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, дарҷ гардидаанд.
Инчунин ин боби лоиҳаи қонун, дар қисмати «Мақоми омӯзгор», (моддаи 47) «Мазмуни мақоми омӯзгор», вобаста ба хусусиятҳои касбӣ маҷмӯи омилҳои муайянкунандаи мақоми омӯзгорро дар ҷомеа дар бар мегирад.
Моддаи 49 «Усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ» бошад, муносибати маҷмӯӣ ба таълим ва тарбия, пайравӣ ба принсипҳои умумибашарии ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ, тарбияи таълимгирандагон дар руҳияи муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои миллӣ, муносибати эҷодӣ ба интихоби шакл ва усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ вобаста ба мақсаду вазифаҳои таълим ва дигар усулҳоро дар бар мегирад.
Дар моддаи 51 «Уҳдадориҳо ва масъулияти омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф» барои кормандони соҳаи омӯзгорӣ як қатор уҳдадориҳо ва барои иҷрои онҳо масъулиятҳо пешбинӣ гардидааст.
Дар моддаи 52 «Ҳимояи шаъну шарафи омӯзгор» зикр шудааст, ки шаъну шарафи омӯзгор вобаста ба мақоми касбиаш таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Аз иҷрои вазифаи касбӣ бе асосҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дур кардани омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф манъ аст. Инчунин ба фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираҳои касбӣ, тавассути шахсон ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи маориф дахолат карда мешавад ва ғайра.
Дар моддаи 53 «Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф», аз ҷумла омадааст: ба таъхир андохтани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ, бо тартиби муқарраргардида гирифтани рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани собиқаи корӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардидан бо доруворӣ ва табобати бепул ҳангоми беморӣ, дар навбати аввал таъмин гардидан бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзил ва ё беҳтар намудани шароити манзил бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қонунгузорӣ муқаррар намудани қарзҳои бефоиз ё имтиёзнок аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда ба омӯзгороне, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани иловапулӣ ба маоши омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомашон махсус фаъолият менамоянд ва ғайра.
Дар моддаи 54 «Таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф» зикр шудааст, ки андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ набояд аз андозаи музди меҳнат дар муассисаҳои давлатӣ кам бошад. Музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз андозаи меъёри кафолатдодаи давлат иборат буда, ба он иловапулиҳои ба музди меъёри муқарраргардида илова карда мешаванд. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи маблағи ҷудокардашуда метавонад мустақилона шаклу низоми пардохти музди меҳнат, меъёри иловагии музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, шаклҳои тафриқадодашудаи пардохти иловапулӣ ва мукофотпулиро истифода баранд. Ба музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар ноҳияҳо ва маҳалҳои шароити табиию иқлимӣ ва маишиашон номусоид кор мекунанд, коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадоранд, ки омӯзгорони дар деҳот зиндагикунандаро дар баробари аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ бо қитъаи замин ва молу мулки дигари тақсимшаванда мутобиқи меъёрҳои барои маҳал муқарраршуда таъмин намоянд. Инчунин давлат муҳайё кардани шароитро барои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Ҳамаи ин иловаҳои воридгашта нишонаи онанд, ки барои дастгирии ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон аз ҷониби давлат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Ин моддаҳо, аз як тараф, барои ҷалби омӯзгорони ботаҷриба ба соҳа бошад, аз тарафи дигар, саҳми онҳоро дар тарбияи насли нав дучанд мекунад, инчунин мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд мебардорад.
Боби 6-уми лоиҳаи қонуни мазкур «Фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар низоми маориф» ном дошта, механизми татбиқи фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар соҳаи маориф, ҳуқуқҳои молумулкии муассисаҳоро муайян менамояд. Бо мақсади тақвият бахшидан ба мустақилияти молиявии муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани маблағгузории меъёрӣ, ба роҳ мондани истифодаи самаранок ва шаффофи маблағҳои буҷетӣ дар ҳамаи моддаҳо тибқи талаботи замони муосир тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла моддаи 56 «Фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар соҳаи маориф», моддаи 60 «Ҷуброни зарари таҳсилоти бесифат» низ илова гардидаанд.
Боби 7-уми лоиҳаи қонун «Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф» бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ба таълимгирандагони ватанӣ дар хориҷи кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ шароит фароҳам меоварад.
Боби 8-уми лоиҳаи қонун «Муқаррароти хотимавӣ» аст, ки дар он риояи талаботи қонун ва тартиби мавриди амал қарор додани он дарҷ гардидааст.
Бояд таъкид кард, ки моддаву бандҳо ва сархатҳои нав, ки бо тақозои рушди бемайлони соҳаи маориф дар дохил ва хориҷи кишвар рӯйи кор омадаанд, дар пояи қонунгузорӣ самтҳои муҳими соҳаро фаро гирифтаанд. Ҳамзамон дар маҷмуъ лоиҳаи қонун вобаста ба талаботи имлои забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст ва ба ин хотир ба тамоми моддаҳо тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, ки бештар аз 50 дарсадро ташкил медиҳад.
Эътимод бар он дорам, ки аз ҷониби шумо қобили қабул дониста шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳким, тақвият, танзим ва рушди соҳаи маориф нақши муассир мегузорад.
Бинобар ин, аз шумо бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҷабборова Марҳабо Тӯхтасуновна дода мешавад.
Марҳабо ҶАББОРОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Рушди маориф, ки таърихан як рукни асосии фарҳанги миллати мо ба шумор меравад, ба шарофати сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафи стратегии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз самтҳои афзалиятноки он табдил ёфта, аз омилҳои муҳимтарини пешрафти ҷомеа мебошад.
Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯза яке аз мушкилоти ҳаётӣ ва глобалии асри XXI буда, ҳар яки моро водор месозад, ки ба он таваҷҷуҳи хос ва масъулияти баланд зоҳир намоем.
Беҳуда нест, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму технология маориф ҳамчун сарчашмаи бунёди пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа шинохта шуда, дар ҳалли масъалаҳои зиёди иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда дошта, ба яке аз омилҳои муассири таъминкунандаи некуаҳволии мардум мубаддал шудааст.
Ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони ҷаҳонишавӣ, баланд бардоштани донишу малакаи касбии онҳо ба низоми маориф вобаста мебошанд. Барои ҳамин ҳам имрӯз тақозои замон аст, ки бо мақсади таҳкими ислоҳот ва рушди соҳаи маориф қонуни нави маориф қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 4 июни соли 2012 таҳти рақами 1301 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.
Лоиҳаи қонун бо мақсади таҳкими раванди ислоҳот ва рушди соҳаи маориф, таъмини сифати матлуби таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониши таълимгирандагон, мутобиқати таҳсилот ба меъёрҳои давлатии таҳсилот ва ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар давоми қариб ҳашт моҳ мавриди баррасии ҳамаҷонибаи Маҷлиси намояндагон қарор дошт. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолона дар такмили лоиҳаи қонун иштирок карда, қабули онро дастгирӣ намуданд. Аз ҷониби онҳо пешниҳодҳои судманд бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани мухолифатҳои мавҷуда дар байни меъёрҳои ҷорӣ пешниҳод шуданд, ки аксарияташон қобили қабул дониста шуданд, ба сифати лоиҳаи қонун таъсири мусбат расониданд.
Дар асоси пешниҳодҳои ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 2012 баргузор гардид, бо ҷалби мутахассисони соҳа, ҳуқуқшиносон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки дар натиҷаи фаъолияти пурсамари он тағйиру иловаҳо қариб ба тамоми матни лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Ҳамагӣ ба лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби кумитаи масъул, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1050 пешниҳод ирсол гардид, ки миқдори зиёди онҳо дар такмили лоиҳа истифода шуданд. Бояд тазаккур дод, ки агар як қисми пешниҳодҳои қабулшуда меъёрҳои лоиҳаи қонунро пурра ва равшан сохта, онро ба қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва роҳҳои танзими қонун мутобиқ намуда бошанд, бахши дигари онҳо хусусияти таҳрирӣ, забонӣ, имлоӣ ва услубӣ доштанд.
Кумитаи масъул баъд аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи таклифу пешниҳодҳо дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ворид намудани тағйиру иловаҳоро зарур шуморид.
Дар маҷмуъ ба лоиҳаи қонун як боби нав (Боби 8. Муқаррароти хотимавӣ), як модда (Моддаи 37. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва дехот), 12 қисм ва зиёда аз 20 сархати нав илова карда шуд.
Ба моддаи 1 мафҳумҳои нав: донишҷӯ, зинаҳои таҳсилот, мақоми дахлдори давлатӣ, мактаби (синфи) камнуфус, низоми маориф, тарбиягиранда, таълимгиранда илова шуданд, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур ба шарҳ ниёз доранд.
Қисмҳои нави иловашуда ба моддаи 3, ки соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод мекунад, ба моддаи 8, ки барои такмили барномаҳои таълимӣ замина мегузорад, ба моддаи 11 оид ба аз қайди давлатӣ гузаштани муассисаи таълимии мақоми маҳаллидошта, ба моддаи 17 оид ба шакли таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ба моддаи 23 оид ба таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот, ба моддаи 24 оид ба имтиёзҳо барои хатмкунандагони дорои дипломи аъло, ба моддаи 29 оид ба назорати давлатии ҷорӣ, фосилавӣ ва нақшавӣ, ба моддаи 30 оид ба баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият ва аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ, ба моддаи 31 оид ба дахолати мақомоти идоракунии давлатӣ ба фаъолияти муассисаи таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба моддаи 46 оид ба уҳдадориҳои падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи фарзанд ва ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба моддаи 50 оид ба ҳуқуқҳои дигари омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст ва ба моддаи 60 оид ба ҳуқуқи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ дар хизматрасонии пулакии таълимиву тарбиявӣ мутааллиқанд.
Бо мақсади мукаммал намудани меъёрҳои лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав боб, моддаҳо, қисмҳо ва сархатҳо муттаҳид карда шуданд, аз ҷумла бобҳои 5 ва 6 дар якҷоягӣ «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия. Мақоми омӯзгор», моддаҳои 12 ва 13 дар якҷоягӣ «Тартиби бақайдгирӣ ва фаъолияти муассисаи таълимӣ», моддаҳои 51 ва 52 дар якҷоягӣ «Уҳдадориҳо ва масъулияти омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф», моддаҳои 56 ва 57 дар якҷоягӣ «Фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ» номида шуда, се қисми моддаи 15 вобаста ба вазифадории падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон низ ба ҳам муттаҳид карда шуданд.
Дар лоиҳаи қонун бо мақсади равшану возеҳ маънидод кардани матлаб номи 22 модда дар таҳрири нав истифода шуд. Дар мавридҳои дигар номи бобҳо ва моддаҳо иваз карда шуданд, аз ҷумла: Боби 1. Муқаррароти умумӣ, Боби 6. Фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар низоми маориф, Боби 7. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф, Моддаи 30. Баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои давлатӣ, Моддаи 33. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, Моддаи 34. Ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, Моддаи 59. Ҷуброни зарари аз таҳсилоти бесифат расонидашуда, Моддаи 62. Фондҳои соҳаи маориф, Моддаи 64. Ҳифзи саломатӣ ва ташкили хӯроки умумӣ дар соҳаи маориф ном гирифтанд.
Матни 39 моддаи лоиҳаи қонун мувофиқи меъёрҳои таълифи қонун дар таҳрири нав оварда шуд.
Вобаста ба баррасии лоиҳаи қонуни мазкур, ки аз тарафи гурӯҳи корӣ дар таҳрири нав пешниҳод гардид, ҷаласаи кумитаи масъул 1 феврали соли равон бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он иштироккунандагон баъд аз баррасии ҳаматарафа қабули онро ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, бо назардошти аҳамият ва зарурати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Шодӣ ШАБДОЛОВ: — Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор додем. Қонун таълиму тарбияи насли наврасро дар бар мегирад ва нисбати амалӣ гаштани он мо набояд бетараф бошем.
Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст. Вобаста ба тартиби мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур савол дорам. Яъне, қонуни амалкунанда баъди мавриди амал қарор гирифтани қонуни нав аз эътибор соқит дониста мешавад.
Баробари ба амал татбиқ гаштани қонуни нав талаботи моддӣ, молиявӣ ва таълимӣ ба миён гузошта мешаванд. Меъёр ва талаботи қонун дар муассисаҳои таълимӣ чӣ тавр татбиқ мегарданд?
Нуриддин САИДОВ: — Дар ин самт кор шуруъ шудааст. Мо ҳоло Консепсияи стандартҳои фанниро таҳия намудаем ва он ба забонҳои русӣ, англисӣ тарҷума шудааст. Онро бо Бонки Умумиҷаҳонӣ низ мувофиқа кардаем. Дар навбат таҳия намудани стандартҳои фаннӣ меистад. Барои он ки китоби таълимӣ мукаммал ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошад, навиштани стандарти фаннӣ ҳатмист.
Ҳоло барои навиштани китобҳои таълимӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил ёфтаанд. Муаллифони ин китобҳо низ муайян шудаанд. Вобаста ба ин нақша ва барномаҳои нави таълимӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ба қабул гаштани қонуни мукаммал дар соҳаи маориф вобастагӣ дорад.
Ашурбег РАСУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2011 зикр карда буданд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст ва тақозои замон аст, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста боло равад, ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва ба бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд ва таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав, ки мавриди баррасии вакилони муҳтарам қарор дорад, яке аз воситаҳои асосии ноил шудан ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, сатҳи дониши хонандагон, ҳифзи иҷтимоӣ ва маишии омӯзгорон мебошад.
Дар лоиҳаи қонун махсус пешбинӣ гардидани моддаҳои алоҳида дар бораи маблағгузории сарикасӣ ва оид ба мақоми омӯзгор қобили дастгирист, чунки ин иқдом боиси мустаҳкам гардидани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф, махсусан баланд бардоштани қадру қимати касби омӯзгорӣ, обруву эътибори омӯзгор дар ҷамъият мегардад.
Касби омӯзгорӣ касби пурифтихор ва ҳар як омӯзгор сазовори ҳурмату эҳтиром ва ҳама гуна ситоишу дастгирист.
Аксарияти омӯзгорон, сарфи назар аз пастиву баландии шароити зиндагӣ, касби худро дӯст медоранд ва ҳаёти худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаанд.
Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва дорои ахлоқи ҳамида, дониши мукаммали ҷавобгӯйи талаботи замон яке аз омилҳои бунёди ҷомеаи бофарҳангу давлати ободи аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта хоҳад буд.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ карда, барои қабули он овоз диҳед.
Нурулло ОҚИЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Масъалае, ки мавриди баррасӣ қарор дорад, хеле муҳим буда, ба бунёди заминаи ҳуқуқии маориф –соҳаи муҳимтарини ҳаёти ҷомеа бахшида шудааст. Баррасии лоиҳаи қонуни мазкур муддати муайянеро дар бар гирифт, ки бесабаб нест. Ба лоиҳаи қонун зиёда аз 1000 тағйироту иловаҳо ирсол гардиданд. Аз ин шумора беш аз 800-тоаш пешниҳодҳои кумитаи масъул мебошанд. Ин раванд корҳои зиёдеро, аз қабили таҳлили вазъи соҳа, омӯзишу шиносойӣ бо фаъолияти даҳҳо муассисаҳои таълимӣ, суҳбату вохӯриҳо бо аҳли маориф, чандин муҳокимарониҳо бо ҷалби мутахассисону коршиносон, баргузор намудани ду муҳокимаи парламентиро дар бар мегирад.
Ҳамчунин таҷрибаи қонунгузории мамолики гуногун омӯхта шуд. Бо дастури шумо, муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, имкон доштем бо таҷрибаи муваффақтарин мамлакат дар фазои пасошӯравӣ дар соҳаи маориф Ҷумҳурии Беларус аз наздик шинос шавем. Ин ҷумҳурӣ, алалхусус дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ хеле пеш рафтааст. Дар муқоиса бо Тоҷикистон, ки фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ 10 фоизро ташкил медиҳад, дар ҷумҳурии Белорус ин нишондод ба 93-95 фоиз баробар мебошад. Ин таҷрибаро, ки дар заминаи пойдории ҳуқуқи соҳаи маориф ба вуҷуд омадааст, чӣ бо роҳи ҷалби мутахассисони онҳо ва ё тариқи омӯзиши ҳаматарафаи он дар таҳияи санадҳои қонунгузориамон вобаста ба соҳаи маориф минбаъд истифода хоҳем кард. Зикр кардан бамаврид аст, ки соли сипаригашта Вазорати маорифи ҷумҳурӣ таҷрибаи хуби дар заминаи мавҷудаи муассисаҳои таълимӣ ташкил намудани таҳсилоти томактабиро дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ба роҳ монд, ки вазъиятро дар ин самт беҳтар намуд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва баъдан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» имкон медиҳад, ки бо роҳи ташкили таълиму тарбияи томактабӣ дар заминаи ҳама гуна муассисаҳои таълимӣ ва таъсиси синф ё гурӯҳҳои томактабӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ вазъи соҳаи томактабӣ куллан беҳтар гардад. Таҳлилҳои мо якҷоя бо мутахассисон муайян намуданд, ки дар пояи заминаҳои ҳуқуқи бамиёнмеомадаи соҳа бо роҳи ташкили шаклҳои гуногуни камхарҷи муассисаҳои томактабӣ имкони дар ду соли минбаъда то ба 25-30 фоиз боло бардоштани фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фароҳам хоҳад омад, ки хеле муҳим ва муфид мебошад.
Баробари мавриди амал қарор гирифтани Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мо аз гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, яъне таҳсилоти 12-сола, ки қонуни амалкунанда муқаррар намудааст, даст мекашем. Ин амал дар натиҷаи омӯзиши доманадори масъала, ки Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон гузаронд ва баъдан дар муҳокимаи васеи парламентӣ баррасӣ шуда, тавсияҳои дахлдор қабул гардиданд, ҷараён хоҳад гирифт. Бинобар мушкилоти молиявӣ муҳлати гузариш тамдид мегардад. Мехостам нигарониҳоро оид ба андешае, ки бо қабули қонуни нав мо аз воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ низ даст мекашем, беасос хонам. Воридшавӣ ба ин фазо танҳо тағйири низоми таҳсилот нест. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 10 то 14 солро дар бар мегирад. Низоми 12-солаи таҳсилоти умумӣ низоми самараноки маъмулиест, ки дар сурати пайдо гаштани имкониятҳо, пеш аз ҳама, заминаҳои молиявӣ, ногузир аст, ки ба он бояд баргардем.
Қабули қонуни мазкур, баръакс омилҳои дигари асоси воридшавиамонро ба фазои ягонаи таҳсилот ва илм таъмин менамояд. Мисол, моддаи 8 қисми 9 қонуни мазкур муайян менамояд, ки дар муассисаҳои таълимӣ метавонад ба тариқи озмоиш барномаҳои таълимии давлатҳои пешрафта истифода шаванд, ё моддаи 7 дар назар дорад, ки таълими забонҳои хориҷӣ чун воситаи аз бар намудани мероси илмию фарҳангии башарият ва дастовардҳои илму технологияи муосир ба роҳ монда мешавад.
Муқаррароти моддаи 20 қисми 2, моддаи 23 қисми 4 дар назар доранд, ки муассисаи таълимӣ ва илмие, ки заминаҳои илмӣ доранд, метавонанд аспирантура ва докторантура таъсис дода, аз рӯйи натиҷаи корҳои тахассусӣ –рисолаҳои илмӣ, маҷмуи корҳои илмӣ, дипломи номзади илм, дипломи доктори илм, доктори фалсафа (PhD) ва доктор аз рӯйи ихтисос диҳанд.
Мо ҳамчунин «Конвенсия дар бораи эътирофи тахассусҳои мансуб ба таҳсилоти олӣ дар минтақаи Аврупо»-ро эътироф намудаем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт чанд қарорҳои дахлдор қабул кардааст. Дар маҷмуъ ин санадҳо имкон хоҳанд дод, ки мо дар доираи талаботи байналмилалӣ дастовардҳои илмиамонро баррасӣ намоем.
Қабули қонун ҳамчунин дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ ба фаъолияти иқтисодии хориҷии муассисаҳои таълимӣ ва умуман соҳаи маориф роҳи васеъ мекушояд. Қонуни мазкур рушди соҳаи маорифро, бо назардошти стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, яке аз принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ муқаррар менамояд, ки ҷамъбасти андешаҳо дар ин бахш мебошад.
Бо қабули як санади қонунгузорӣ, бешубҳа, тамоми паҳлуҳои ҳуқуқи пешрафтаи соҳаи маорифро дар бар гирифтан аз имкон берун аст ва он дар сурати амал кардан ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ниёз хоҳад дошт. Лек, ба андешаи мо, муҳим аст зикр намоем: қабули ин санад имрӯз як омили воқеӣ, зарурӣ ва саривақтӣ мебошад, ки ислоҳоти соҳаи маорифро тақвият хоҳад бахшид. Қабули қонунҳое, ки дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи адабиёти таълимӣ» қарор доранд ва такмили қонунҳои дигари соҳа заминаи ҳуқуқии тавонои рушди соҳаи маорифро ба миён хоҳад овард. Дар марҳилаи минбаъда зарур мешуморем, ки «Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», яъне санади маҷмуии пурра инъикоскунандаи заминаи ҳуқуқии соҳаи маориф омода карда шавад.
Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.
Абдураҳмон ХОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Вобаста ба таҳаввулоти ҷиддӣ дар соҳаи маориф дар роҳи ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ ва зарурати омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва берунӣ омода шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки мавриди муҳокима қарор дорад, саривақтӣ мебошад.
Воқеан ҳам раванди инкишофи ҷомеа тақозо менамояд, ки дар соҳаи маориф, тадбирҳо пайи ҳам рӯйи кор оварда шаванд.
Раванди ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла ҷорӣ намудани шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, ки тайи ду сол шумораи онҳо аз 700 адад гузаштааст, гузаштан ба маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат барои тайёр кардани кадрҳои коргарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, гузаштан ба низоми ҷаҳонии кредитии таҳсилот ва бо ин роҳ ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонии ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибтахассуси ба рақобати бозори меҳнат тобовар барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ тақозо менамояд, ки санадҳои соҳавии дархӯри талаботи замони муосир таҳия ва омода карда шаванд. Зеро ҳар як давраи инкишофи ҷомеа хусусиятҳои хоси рушди соҳаро муайян намуда, зарурати ислоҳотро ногузир мегардонад.
Бинобар ин, зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» амри воқеӣ гардид. Дар лоиҳаи қонуни мазкур бори аввал мақому мартабаи омӯзгор, уҳдадориҳо ва масъулияти кормандони соҳаи омӯзгорӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ба таври мушаххас дарҷ гардидаанд.
Лоиҳаи қонуни мазкур дастгирии таълимгирандагони болаёқатро пешбинӣ намуда, хароҷоти таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ва маъюбонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ кафолат медиҳад.
Ҷанбаи иҷтимоии қонуни мазкур аз он иборат аст, ки имтиёзҳои хубу мусоидро барои омӯзгор, бахусус барои омӯзгорони ҷавон муқаррар намудааст.
Мавриди зикр аст, ки қонуни мавриди амал қарордошта аз лиҳози мазмуну моҳияти худ самтҳои зиёди соҳаи маорифи ҷумҳуриро инъикос карда наметавонад.
Бояд таъкид кард, ки моддаву бандҳо ва сархатҳои наве, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шудаанд, бо тақозои рушди бемайлони соҳаи маориф таҳия гардида, дар пояи қонунгузорӣ самтҳои муҳими соҳаро фаро гирифтаанд. Ҳамзамон тамоми моддаҳои қонун мутобиқ ба талаботи имлои забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба тамоми моддаҳо тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд, ки дар маҷмуъ бештар аз 50 дарсадро ташкил медиҳанд.
Итминон дорам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» баъди қабул шуданаш дар таҳким, тақвият, танзим ва рушди соҳаи маориф нақши муассир мегузорад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло аз шумо, вакилони арҷманд, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед ва ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Маҳмадшариф ҲАҚДОДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.
Бояд зикр намоем, ки лоиҳаи қонуни мазкур, бо назардошти имкониятҳои воқеии иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмию технологӣ ва рушди ояндаи кишвар, дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия гардидааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар он мазмуни дигар қонунҳои соҳавӣ ба эътибор гирифта шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар заминаи принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, ки аз баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат сарчашма мегирад, принсипҳои дастрасии умум ба зинаҳои гуногуни таҳсилот бо бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, ҳамгиройии таҳсилот, илм ва истеҳсолот таҳия шудааст.
Принсипи муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист мазмуни ягона дошта, дар ташаккули шахс дар раванди таҳсилот нақши асосӣ мебозад.
Бо назардошти аҳамият ва моҳияти лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.
Саттор ХОЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» пешниҳод мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2013 лоиҳаи қонуни зикршуда барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонун бо мақсади иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) ва «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ», ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июни соли 2011 таҳти №2/107 тасдиқ гардидааст, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Ҷоизи зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 2004 аъзо ва яке аз муассисони Гурӯҳи Авроосиё мебошад, ки ин ташкилот мақомоти минтақавии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) буда, фаъолияти худро ба ҳамоҳангкунии байни низомҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона намудааст.
Солҳои 2007-2008 зимни баҳогузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин соҳа аз ҷониби мутахассисони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор, бинобар сабаби дар он давра мавҷуд набудани қонуни соҳавӣ ва мутобиқ набудани баъзе санадҳои қонунгузорӣ ба талаботу тавсияҳои ФАТФ аз рӯйи хулосаи мутахассисон бо қарори Гурӯҳи Авроосиё Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти реҷаи «қатъӣ» қарор дода шудааст.
Мутобиқи тартиби коргузории ин ташкилот, кишвари дар реҷаи «қатъӣ» қарордошта оид ба мутобиқ намудани қонуну санадҳои хеш ба тавсияҳои ФАТФ дар ҳар як ҷаласаи Гурӯҳи Авроосиё (соле ду маротиба) бояд ҳисобот оид ба пешравӣ пешниҳод намояд.
Лоиҳаи қонуни мазкур, бо дарназардошти пешниҳоди мутахассисони ФАТФ омода гаштааст ва қабули он барои тақвияти низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои соҳавӣ аз рӯйи Нақшаи чорабиниҳо нигаронида шуда, ба Тоҷикистон имконияти хуби баланд кардани баҳогузории худро аз реҷаи «қатъӣ» ба реҷаи «муқаррарӣ» муҳайё хоҳад намуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро ҷонибдорӣ карда, хулосаҳои худро пешниҳод намуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро дар таърихи 26 феврали соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод.
Кумитаи масъул, бо назардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа, ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро ҷонибдорӣ кунед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.
Саттор ХОЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» пешниҳод карда мешавад, ки он бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро ҷонибдорӣ карда, доир ба он хулосаҳои худро пешниҳод намуданд.
Масъалаи зикргардида дар таърихи 26 феврали соли 2013 дар ҷаласаи васеъи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ муҳокима гардид.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»-ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Масъалаи охирини рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳбари Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳақдодов М.М.» низ баррасӣ гашта, вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ