Ҳаштуми январи соли 2014 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии сохтори хусусӣ
3. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе».
РАИСИКУНАНДА: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимов Нусратулло Файзуллоевич дода мешавад.
Нусратулло САЛИМОВ: — Муҳтарам Раёсат, вакилони халқ ва ҳозирини гиромиқадр!
Вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мехоҳам зикр намоям, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тарафдори дар амал ҷорӣ намудани суғуртаи тиббӣ – ҳамчун як манбаи иловагии маблағгузории соҳа мебошад. Аммо, бо назардошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, баъзе сабабҳое мавҷуданд, ки моро водор месозанд муваққатан татбиқи қонуни мазкурро тамдид намоем.
Барои оғози татбиқи қонуни мазкур то ҳол аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд, аз он ҷумла лоиҳаҳои «Низомномаи Фонди суғуртаи тиббӣ», «Барномаи заминавии суғуртаи ҳатмии тиббӣ», «Тартиб ва андозаи суғуртаи тиббӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳо таҳия шудаанд.
Ҳуҷҷатҳои номбурда барои мувофиқа ба вазорату идораҳои алоқаманд ирсол шуда, мақомоти дахлдор аз сабаби ба қадри зарурӣ набудани маблағгузорӣ, татбиқи суғуртаи тиббиро ғайриимкон шуморида, боз тамдиди муҳлати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро то соли 2017 пешниҳод намудаанд.
Аз ҷумла, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки дар баробари ҷорӣ намудани суғуртаи тиббӣ зарурияти ташкили сохтори идоравӣ, муайян ва ҷудо намудани воҳидҳои корӣ, масъалаи маблағгузории иловагӣ низ пайдо мегардад. Бинобар ин, масъалаи мазкур ҳаматарафа мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ҷорӣ намудани он дар сатҳи ҷумҳурӣ то соли 2017 тамдид карда шавад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштааст, ки дар сохтори маблағҳои андози иҷтимоӣ ва дар андозаи саҳмҳои суғуртавӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ маблағҳо барои суғуртаи тиббӣ пешбинӣ нагардидаанд.
Инчунин Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи қонуни мазкур, бо назардошти айни ҳол набудани маблағҳои лозимӣ, зарур мешуморад, ки муҳлати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то соли 2017 тамдид карда шавад.
Дар баробари ин, бо назардошти муҳимияти масъалаи зикршуда, бо хоҳиши мо аз ҷониби мушовирони байналмилалии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ омӯзиш ва таҳлил гузаронида шуд. Тибқи тавсияҳои онҳо, шарти асосии амалисозии суғуртаи ҳатмии тиббӣ ин ҷамъоварии маблағҳо мебошад. Зикр кардан лозим аст, ки аз соли 2005 то ҳол мо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала ба мувофиқа наомадаем. Ғайр аз ин, шаклҳои нави пардохти хизматрасониҳои тиббӣ, яъне маблағгузории сарикасӣ ва аз рӯйи ҳар як ҳолати табобат, роҳи ҳалли худро пурра наёфтааст.
Инчунин хароҷоти давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ дар кишвари мо 6,9 фоизро ташкил медиҳад, ки тибқи тавсияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бояд на кам аз даҳ фоиз бошад. Аз собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Эстония ва Ҷумҳурии Молдова айни ҳол суғуртаи ҳатмии тиббӣ амалӣ гардида истодааст, ки нишондиҳандаи мазкур дар онҳо мутаносибан 10,4 фоиз, 12,2 фоиз ва 13,3 фоиз мебошад.
Дар баробари ин, маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон 4,2 фоиз, Ҷумҳурии Молдова 5,6 фоиз ва Ҷумҳурии Эстония 5,9 фоизро ташкил медиҳад. Ҳол он ки дар ҷумҳуриҳои номбаршуда аз Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба як нафар аҳолӣ мутаносибан 1290, 3424 ва 23024 доллари амрикоӣ рост меояд. Дар ҷумҳурии мо ин нишондод 951 доллари амрикоиро ташкил менамояд. Буҷети соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,2 фоиз аз Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад, ки аз он 80-90 фоизаш музди меҳнати кормандон мебошад ва барои ҳама дигар хароҷот, алалхусус барои доруворӣ, маблағ ниҳоят ночиз мебошад.
То ҳол барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди сирояти ВНМО/БПНМ, сил, вараҷа ва чорабиниҳои эмтаъминкунӣ 85 фоиз аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалӣ ва 15 фоиз аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.
Тибқи талаботи моддаи 6-уми қонуни мазкур, суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар доираи андози иҷтимоӣ бояд амалӣ гардад. Ҳол он ки маблағҳои фонди ҳифзи иҷтимоӣ аз рӯйи иттилооти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳатто барои пардохти нафақа ва ҷубронпулиҳо нокифоя мебошад.
Дар баробари ин, таъсис додани Фонди суғуртаи тиббӣ ва филиалҳои он дар вилоятҳо, яъне ба истиснои бино ва воситаҳои асосӣ, танҳо барои фаъолияти мунтазами сохтори он дар як сол бештар аз 2,9 млн.сомонӣ маблағ лозим мебошад.
Тибқи ҳисобҳои молиявӣ, барои татбиқи Барномаи заминавии суғуртаи ҳатмии тиббӣ 530,6 млн.сомонӣ лозим аст, ҳол он ки бо ин мақсад аз Буҷети давлатӣ танҳо 53,5 млн.сомонӣ ҷудо мегардад. Ҳамин тавр амалӣ кардани суғуртаи ҳатмии тиббӣ ғайр аз иншоотҳо ва воситаҳои асосӣ дар умум иловатан ҷудо намудани 480 млн.сомониро талаб менамояд.
Нисбати ворид кардани суғуртаи ҳатмии тиббӣ як омили муҳим низ ҷой дорад, ки монеа эҷод мекунад, ин ҳам набудани мутахассисони пуртаҷриба аст. Ворид кардани суғуртаи ҳатмии тиббӣ ин як ислоҳоти навоварона дар соҳаи тандурустӣ буда, бе мавҷудияти он чунин неруи кадрӣ ғайриимкон аст.
Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дастгирӣ намоед.
РАИСИКУНАНДА: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хонов Абдураҳмон дода мешавад.
Абдураҳмон ХОНОВ: — Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гашта, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2013 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.
Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуданд.
Ҳаждаҳуми декабри соли 2013 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИСИКУНАНДА: — Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии сохтори хусусӣ сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аламхони Қодириён дода мешавад.
Наимӣ Аламхони Қодириён: — Муҳтарам Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» пешниҳод гардидааст.
Дар асоси ваколатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2012 Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» 8 июни соли 2012 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст.
Барои татбиқи ин лоиҳа 10,0 млн.доллари амрикоӣ аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷудо гардидааст.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2012 оғоз ёфта, то соли 2016 идома хоҳад ёфт.
Мақсади асоси лоиҳа ин баланд намудани рақобатнокии бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи бартараф намудани монеаҳо ва соддагардонии расмиёти маъмурӣ вобаста ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ буда, он чорабиниҳои махсусро дар бар мегирад:
• Соддагардонии ҷараёни бақайдгирии корхонаҳо ва раванди гирифтани иҷозатнома барои сохтмон;
• Такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва беҳтар намудани заминаҳо ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ;
• Мусоидат ба рушди саноати коркарди кӯҳӣ таъмин карда мешавад.
Ин лоиҳа аз қисматҳои зерин иборат аст:
Қисмати 1-ум ин таҳкими (беҳтарсозии) муҳити соҳибкорӣ аз 3 зерқисмат иборат мебошад:
• Ба итмомрасонии таъсиси «Равзанаи ягона» оид ба бақайдгирии корхонаҳо (соҳибкорон) дар реҷаи мустақим. Дар доираи чорабиниҳои дар зерқисмати мазкур пешбинигардида тавассути беҳтаргардонии системаи кунунии бақайдгирии корхонаҳо, бо роҳи ҷорӣ намудани принсипи «Равзанаи ягона» бо имконияти дастрасӣ ба шабакаи Интернет дар реҷаи мустақим, ҷорӣ намудани низоми рақами мушаххаси корхонаҳо (соҳибкорон), ислоҳоти сохторӣ ва меъёрии ҳуқуқии ба раванди бақайдгирии корхонаҳо мусоидаткунанда, низоми бақайдгирии корхонаҳо (соҳибкорон) тариқи Интернет, ҷараёни оғози фаъолияти соҳибкорӣ (таъсиси корхонаҳо), инчунин расонидани кӯмаки техникӣ ва дастгирии иттилоотӣ осон гардонида мешавад.
• Беҳтар намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба додани иҷозатнома барои сохтмон ва таъсиси «Равзанаи ягона» ҷиҳати баррасии иҷозатномаҳо барои сохтмон ва санҷиши онҳо.
Минтақаи пилотӣ (озмоишӣ) дар доираи татбиқи зерқисмати мазкур шаҳри Душанбе интихоб гардидааст.
• Беҳтар намудани низоми молиявии пешбинигардида тавассути таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба Шартномаҳои бо истифодаи гарав, ҳалли қарзҳо ва низоми технологияи иттилоотӣ, таҷдиди инфрасохтори низоми пардохтӣ, танзими фаъолияти бонкӣ ва назорати бонкӣ тавассути расонидани кӯмаки техникӣ ва дастгирии иттилоотӣ.
Бояд зикр намуд, ки таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба Шартномаҳои бо истифодаи гарав, ҳалли қарзҳо ва низоми технологияи иттилоотӣ бо роҳи мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарав» бо дигар қонунҳо, таҷдиди низоми бақайдгирии ҳуқуқҳои гаравӣ ба амволи манқул ва тақвияти иқтидори истифодабарандагони Низоми феҳристи гарави амволи манқул тавассути кӯмаки техникӣ, омӯзиш ва дастгирии технологияи информатсионӣ амалӣ карда мешавад.
Таҷдиди инфрасохтори низоми пардохтӣ тавассути ҷорӣ намудани системаи (автоматӣ)-и интиқол бо мақсади аз ҷониби низоми бонкӣ таъмин намудани идоракунии самараноки пардохтпазирӣ, таъсиси модули воситаҳои молиявӣ оид ба амалиётҳои байнибонкӣ ва таҳкими санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи низоми миллии пардохтҳо ба анҷом расонида мешавад.
Тақвияти танзими фаъолияти бонкӣ ва назорати бонкӣ тавассути шарҳ ва таҷдиди назари санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва азнавкунии низоми технологияи иттилоотии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Қисмати 2-юм ин мусоидат ба рушди соҳаи саноати коркарди кӯҳӣ (саноати истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок) буда, беҳсозии муҳити соҳибкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок тавассути дастгирӣ дар таҳияи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҷдиди вазифаҳои низоми ҷустуҷӯи геологӣ ва расонидани кӯмаки техникӣ ба ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати рушди саноати истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок таъмин карда мешавад.
Қисмати 3-юм идоракунии лоиҳа мебошад.
Дар доираи чорабиниҳои дар қисмати мазкур пешбинигардида дастгирии фаъолияти Маркази идораи лоиҳа, ки бунёди низоми мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳаро дар бар мегирад, таъмин карда мешавад.
Тибқи механизми татбиқи лоиҳа, ки дар замимаи 2-юми Созишнома дарҷ гардидааст, бо мақсади идоракунии лоиҳа дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази идораи лоиҳа таъсис шудааст.
Дар маҷмӯъ, татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди соҳаи бахши хусусии кишвар нақши муҳим мебозад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ дохил гардида, он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонида шудааст.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.
РАИСИКУНАНДА: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.
Сафаралӣ ГУЛОВ:- Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии сохтори хусусӣ 8 июни соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2014 таҳти №2214 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи мазкур яке аз ҳадафҳои барномавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои бартараф намудани монеаи асосии рушди сохтори хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ тавассути соддагардонии ҷараёни бақайдгирии корхонаҳо ва гирифтани иҷозатнома барои сохтмон, беҳтар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, заминаи асосӣ ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва мусоидат ба рушди саноати кӯҳкорӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки масъалаи рақобатпазирии сохтори хусусӣ мунтазам аз ҷониби интихобкунандагон мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Лоиҳаи мазкур аз таҳкими муҳити соҳибкорӣ, ба анҷом расонидани бунёди «Равзанаи ягона»-и интернетии бақайдагирии соҳибкорон, осон гардонидани ҷараёни оғози фаъолияти соҳибкорӣ тавассути расонидани кӯмаки техникӣ ва дастгирӣ ҷиҳати рушди технологияи иттилоотӣ, ҷорӣ намудани принсипи «Равзанаи ягона»-и бақайдгирӣ, истифодаи низоми рақами ягонаи мушаххаси соҳибкорон, ислоҳоти институтсионалӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади мусоидат барои бақайдгирии соҳибкорон тавассути шабакаи Интернет, осон гардонидани ҷараёни пешниҳоди дархост барои гирифтани иҷозатнома, ба роҳ мондани принсипи «Равзанаи ягона» тавассути расонидани кӯмаки техникӣ ва дастгирии рушди технологияи иттилоотӣ иборат мебошад.
Инчунин беҳтар намудани инфрасохтори молиявӣ, расонидани кӯмаки техникӣ ва технологияи иттилоотӣ, таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба аҳдҳо бо истифодаи гарав ва ҳалли қарзҳо, таҳкими низоми бақайдгирии гарави ҳуқуқ ба амволи манқул аз ҳадафҳои ин лоиҳа аст.
Таҷдиди инфрасохтори низоми пардохт тавассути ҷорӣ намудани системаи автоматикунонидаи интиқоли маблағ бо мақсади он ки низоми бонкӣ тавонад пардохтпазириро бештар самаранок идора намояд, беҳтар намудани системаи танзим ва назорати бонкӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба назорати бонкӣ, мусоидат ба рушди саноатии истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, барои беҳтар намудани муҳити мусоидаткунанда ба соҳибкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок низ аз ҷумлаи мақсадҳои асосии лоиҳа мебошад.
Фаъолияти Гурӯҳи идоракунии лоиҳа, аз ҷумла таъсиси низоми мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳа, аз қабили ҳадафҳои марказии Созишнома мебошад.
Арзиши умумии лоиҳа 10,00 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ҳамчун грант аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷудо карда мешавад.
Гирандаи грант Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентии иҷроияи он Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
3 январи соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Созишнома мавриди баррасӣ қарор ёфта, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии сохтори хусусиро ҷонибдорӣ намуда, баррасии онро дар Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
РАИСИКУНАНДА: — Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аламхони Қодириён дода мешавад.
Наимӣ Аламхони Қодириён: — Муҳтарам Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи баланд бардоштани некуаҳволии мардуми кишвар зикр гардидааст.
Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ва таъмини пурраи аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар ин самт барномаҳо ва лоиҳаҳои зиёд амалӣ гардида, сол то сол таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ беҳтар мешавад.
Бо ин мақсад, айни замон якҷо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ нуҳ лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи умумии 620, 1 млн. сомонӣ, аз ҷумла 422,5 млн. сомонӣ ҳамчун грант, 176,0 млн. сомонӣ ҳамчун қарз ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- 21,6 млн. сомонӣ татбиқ шуда истодаанд.
Имрӯз низ ба муҳокимаи шумо, муҳтарам вакилон, Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи мазкур ин идомаи Лоиҳаи якуми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» мебошад, ки аз соли 2002 то соли 2012 ба маблағи умумии 24,5 млн. доллари амрикоӣ амалӣ шудааст.
Бояд зикр намуд, ки Созишномаи грантии мазкур дар асоси ваколатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2011 аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар шаҳри Душанбе имзо шуда, лоиҳаи мазкур ба Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ ворид гардидааст.
Лоиҳаи мазкур барои иқтисодиёти кишварамон аҳамияти муҳим дошта, барои татбиқ намудани он 19,0 млн. доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 16,0 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун грант ва аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 3,0 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2011 оғоз ёфта, то соли 2015 идома хоҳад ёфт.
Мақсади асосии ин лоиҳа сохтмон, таъмир ва барқарорсозии иншоотҳои обтаъминкунии шаҳри Душанбе баҳри беҳгардонии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» мебошад, ки ин ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳтаргардонии сифат ва безараргардонии оби нӯшокӣ ва сари вақт таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе бо оби нӯшокӣ мусоидат менамояд. Мақсади лоиҳаи мазкур тавассути идораи ҳисоби харҷи об бо насб намудани 76500 обҳисобкунаки ҳуҷравӣ, беҳтаргардонии сифати об бо сохтмони филтрҳои зудамали регӣ дар истгоҳи обтозакунии худҷорӣ, устуворгардонии сохторӣ ва зиёд гардонидани иқтидори КВД «Обу корези Душанбе» ба даст оварда мешаванд.
Лоиҳаи мазкур аз қисматҳои зерин иборат мебошад:
1.Идораи ҳисоби харҷи об ва талабот- 6,6 млн. доллари амрикоӣ
2.Беҳгардонии сифати об -6,9 млн. доллари амрикоӣ
3.Устуворгардонии сохторӣ ва зиёд гардонидани иқтидори корхона – 4,2 млн. доллари амрикоӣ
4.Дастгирии татбиқгардонии лоиҳа -1,3 млн. доллари амрикоӣ.
Дар маҷмӯъ бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур баланд бардоштани бехатарӣ ва эътимоднокии таъминоти оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолии он таъмин мешавад.
Аз ин лиҳоз, муҳтарам вакилон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.
РАИСИКУНАНДА: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Талбаков Исмоил Иброҳимович дода мешавад.
Исмоил ТАЛБАКОВ:- Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» ҳанӯз 13 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2013 таҳти №12.2/1-150, мутобиқи моддаи 9- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2013 таҳти №2206 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади Созишномаи мазкур ин сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳои обтаъминкунии шаҳри Душанбе баҳри беҳтар намудани фаъолияти корхона ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҷиҳати обтаъминкунӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.
Арзиши умумии лоиҳа 19,00 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 16,00 млн. доллари ИМА ин саҳми Бонки Умумиҷаҳонӣ (ҳачмун грант) ва 3,00 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Қисмати аввали лоиҳа 12 октябри соли 2011 оғоз ёфта буд ва то соли 2013-ум 2,025 млн. доллари ИМА ё худ 10,65 фоизи он аз худ карда шудааст. Аз маблағи аз худ кардашуда 1,591 млн. доллари ИМА аз ҳисоби грантҳои ҷудошуда ва 0,434 млн. доллари ИМА аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.
Қисматҳои аввали лоиҳа аз харидорӣ намудану насб кардани ҳисобкунакҳои ҳуҷравӣ ва ултрасадоӣ, инчунин ҷорӣ намудани системаи ахбороти географӣ иборат мебошад.
Қисмати дуюми лоиҳа барои харидорӣ намудани экскаваторҳо, тоза кардани шабакаҳои обрасон ва обанборҳо, тарҳрезӣ ва сохтмони истгоҳи филтратсионии зудамал дар пойгоҳи обтаъминкунии худҷорӣ, тарҳрезӣ ва сохтмони истгоҳи насосӣ, ду ҳавзи оби тоза дар пойгоҳи обтаъминкунии фишорӣ, харидории таҷҳизоти лабораторӣ, гузаронидани тадқиқот доир ба тезонидани раванди коагулятсия (дурдасозӣ) ва такшонкунӣ дар пойгаҳи обтақсимкунии худҷорӣ бахшида шудааст.
Қисматҳои 3 ва 4-уми лоиҳа барои харидорӣ намудани барномаи муҳосибӣ, системаи идоракунии муштариён, барномаи омӯзиши кор бо ҷомеа ва тадқиқоти зилзиласанҷии пойгоҳи обтайёркунии худҷорӣ ҷудо шудааст.
Хусусияти фарқкунандаи лоиҳа аз он иборат мебошад, ки барои иҷрои Созишномаи мазкур бо 14 ширкату корхонаҳо қарордод ба имзо расонида шудааст, ки аксари онҳо ширкату корхонаҳои ватанӣ буда, дар онҳо зиёда аз ҳазор нафар коргарон ба кор ҷалб карда мешаванд.
Иҷрои Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» дар амалӣ шудани барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани обтаъминкунии аҳолии шаҳри Душанбе таҳдоби воқеӣ хоҳад гузошт, ки он ҷавобгӯйи дархосту таклифҳои интихобкунандагон низ мебошад.
Дар шаҳри Душанбе сохтмони зиёди дорои хусусияти истеҳсолию тиҷоратӣ, манзилию иҷтимоӣ, маъмурӣ ва соҳаҳои маорифу тандурустӣ босуръат идома дорад, ки ниёз бо обтаъминкунӣ доранд.
26 декабри соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ҷавобгӯй мебошад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро дастгирӣ намоед ва барои тасдиқи он розигӣ диҳед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ҷаласаро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҷамъбаст намуд.
Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ