РАВОБИТИ ГУРӮҲҲОИ ДӮСТИИ ПАРЛУМОНӢ ҚАВИТАР МЕГАРДАНД

№68 (3548) 26.05.2016

24 майи соли 2016 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Каром оглу Гасанов мулоқот намуд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар ҳама соҳа вуҷуд дорад ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош мекунад ин раванд густариш ёбад.

Ҳилолбӣ Қурбонзода ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки фаъолият доштани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ду кишвар заминаи хуберо барои таҳкими ин муносибот ба вуҷуд овардааст. Боздиди ҳайатҳои парлумонии ду кишвар низ барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалидош­та кумак хоҳад кард.

Дар навбати худ, Аббосалӣ Каром оглу Гасанов изҳор дошт, ки ӯ ба мардум ва миллати тоҷик назари нек дорад ва ба ҳайси сафир аз тамоми имкони худ барои таҳкими ҳамкориҳо истифода хоҳад кард.

Дар мулоқот аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд.

Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон