22 августи соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.Ф.Поповро ба ҳузур пазируфт.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров Ю.Ф.Поповро бо хоҳиши ӯ ба муносибати ба анҷом расидани муҳлати сафириаш дар Ҷумҳурии мо пазиройӣ намуда, дар бораи муносибатҳои миёни Тоҷикистону Россия, инчунин саҳми сафир дар тақвият ва рушду нумуи ин муносибот суҳбат орост. Вай, аз ҷумла изҳор дошт, ки имрӯз равобити миёни Тоҷикистону Россия дар бахшҳои гуногун дар ҳоли рушду нумӯ мебошад. Сафарҳои чандинкаратаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқотҳояш бо Президенти Федератсияи Россия, хусусан сафари ба наздикӣ анҷомдодааш ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити дуҷониба нақши муҳим бар ҷой овард.
Миёни Тоҷикистону Россия 230 санади байнидавлатӣ, байнимуассисавӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расид, ки асоси шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳои тарафайнро ташкил медиҳанд. Имрӯз муносибатҳои мо ба таври хуб ба роҳ монда шудааст. Мо Россияро на танҳо шарики стратегӣ, балки ҳамчун кишвари дӯст мешиносем. Муносиботи мо решаҳои амиқи таърихӣ дошта, ҳанӯз дар замони сохти шӯравӣ устувор гашта буданд. Мо ёриву дастгирии халқи русро ҳамеша эҳсос менамудем. Лозим ба ёдоварист, ки шартномаи сулҳи миёни тоҷикон бо cаъю талоши тарафи Россия дар шаҳри Москва ба имзо расида буд.
Имрӯз шумораи зиёди ҳамватанони мо дар Россия кору зиндагӣ мекунанд. Мо ин мавзуи муҳимро дар қонунгузориамон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳем. Масъалаи забондонӣ, касбомӯзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамеша дар мадди назари мо мебошанд.
Хидматҳои Шумо ҳамчун сафир ҷиҳати таҳким ёфтани муносибатҳои миёни кишварҳоямон хеле калон аст. Ба Шумо самимона изҳори миннатдорӣ намуда, бароятон саломатӣ ва дар фаъолияти минбаъдаатон барори кор таманно менамоям,- изҳор дошт Шукурҷон Зуҳуров.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.Ф.Попов аз пазиройии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори сипос намуда, аз сатҳи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи миёни Тоҷикистону Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ намуд.
- Ман барои наздик шудани муносибатҳои миёни кишварҳоямон тамоми саъю талошамро ба харҷ додам. Аммо ҳанӯз дар ин бахш корҳои зиёд дар пешанд. Умедворам, ки сафири нав корро дар ин самт идома хоҳад дод.
Дар муддати сафириам Тоҷикистон ва мардуми онро дӯст доштам. Дар оянда низ дар куҷое, ки бошам, ҷиҳати боз ҳам густариш ёфтани равобити миёни кишварҳоямон талош хоҳам кард, -изҳор намуд сафир.
Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон