4 октябри соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулодда ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Коикеро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот аз ҷараёни ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, бахусус сармоягузории тарафи Япония дар ҷумҳурии мо, инчунин ҳамкориҳои парламентӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар сурат гирифт.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумат ва мардуми Япония дар шахси Сафири ин кишвар Такаюки Коике ҷиҳати кӯмак ва мусоидати ҳамаҷониба дар рушди иқтисоди мамлакат, хусусан дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дастгирии ҳамаҷонибааш дар амалисозии барномаҳои гуногун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипосу қадрдонӣ кард.
- Дар кишвари мо мардуми Японияро ҳамчун мардуми заҳматкашу меҳнатқарин, софдилу покният ва озодаву шарофатманд медонанду эҳтиром доранд, — изҳор дошт Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иброз намуд, ки Ҳукумати Япония дар шумори нахустинҳо истиқлолияти давлатии моро ба расмият шинохт ва нисбати кишвари мо назари некбинона дорад. Президенти Чумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба ба ин кишвари ба мо дӯст сафари корӣ дошт, ки ин сафарҳо дар китоби муносиботи дуҷонибаи миёни кишварҳоямон саҳифаи наверо боз намуданд. Дар соли равон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши равобити иқтисодиву бозоргонӣ бо дигар кишварҳои дунё, аз ҷумла бо Япония шароити мусоид фароҳам меоварад. Бояд зикр кард, ки Парламенти мо ҷиҳати ворид шудан ба ин созмони бонуфузуи байналмилалӣ бо қабули зиёда аз сад қонун заминаи мусоид фароҳам овард.
Итминон дорам, ки бо оғози кори шумо, ҳамчун Сафир, равобити гуногуни миёни кишварҳоямон боз ҳам густариш хоҳад ёфт. Қобили тазаккур аст, ки дар солҳои ҳамкории миёни кишварҳоямон зиёда аз 273 лоиҳаи гуногуни иҷтимоӣ амалӣ гардида, барои рушди соҳаҳои мухталиф саҳми муносиб гузоштаанд. Ҳамчунин 25 созишномаи байниҳукуматӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳо ва кӯмакҳои грантии гуногун ба имзо расидаанд, ки ҷиҳати ҳамкориҳои миёни ду кишвар ҳар чӣ бештар мусоидат менамоянд. Амалисозии чунин лоиҳаҳо дар ҳамсоякишвари мо -Афғонистон низ аз тариқи ҳудудҳои Тоҷикистон хеле мусоид хоҳад буд, зеро мо бо ин кишвар тақрибан 1500 км сарҳадҳои умумӣ дошта, соҳиби забон ва таъриху фарҳанги ягона мебошем.
Имрӯз имкони он вуҷуд дорад, ки ҷониби Япония бо мо дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои хубе дошта бошад. Тақрибан 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил мекунанд, ки зери онҳо ганҷҳои фаровон – маъданҳои гуногун нуҳуфтаанд. Ин ганҷҳо кошифони худро интизоранд, ки мутахассисони японӣ низ метавонанд дар шумори онҳо бошанд. Дар бисёр рӯду дарёҳои мо имкони бунёди даҳҳо неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ вуҷуд дорад, ки сармоягузорони хориҷӣ метавонанд дар ин бахш низ фаъолият дошта бошанд. Мо аз барномаҳои бозомӯзие, ки ширкати «Ҷайка»-и Япония барои мутахассисони тоҷик таъсис додааст, хеле миннатпазирем, зеро чунин бозомӯзӣ аз ҳар гуна кӯмаку дастгирии пулӣ арзишмандтар аст. Умедворем, ки тарафи Япония чунин барномаҳоро дар оянда низ идома хоҳад дод.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҷрибаи чандинсолаи парламенти Япония ва имкони фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония дар ин замина таъкид намуда, иброз дошт, ки парламентҳои ҳар ду ҷонибро лозим аст барои рушди ояндаи муносибатҳояшон заминаи боз ҳам мусоидтареро фароҳам оваранд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Япония дар Чумҳурии Тоҷикистон Такаюки Коике аз пазиройии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати боз ҳам хубтар амалӣ намудани муносибатҳои соҳаҳои гуногуни миёни Тоҷикистону Япония саъю талош хоҳад намуд. Ӯ низ ҷонибдории худро ҷиҳати ҳамкориҳои бештари парламентии миёни ҳар ду кишвар иброз намуда, гуфт, ки акнун фурсати он расидааст, ки ҳайатҳои парламентӣ аз кишварҳои ҳамдигар дидан намоянд.
Дар мулоқот ҳамчунин кордори Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хироюки Имахаши ва котиби дуюми Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёшиширо Хорие иштирок доштанд.
Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон