15 апрели соли 2014 ҳайати парламентии Тоҷикистон, ки ба он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон шомил буданд, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо ва Осиё, ҷаласаи Ассамблеяи Байнипарламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Форуми байналмилалӣ «Дурнамои иқтисодии Аврупо ва Осиё» ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар карданд.
Зимни сафар дар назар аст, ки Шукурҷон Зуҳуров дар назди иштирокчиёни Форуми байналмилалӣ «Дурнамои иқтисодии Аврупо ва Осиё», ки дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Санкт –Петербург баргузор мегардад ва дар ҷаласаи Ассамблеяи Байнипарламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ суханронӣ менамояд.
Ҳамчунин раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Давлатов, Амирқул Азимов, Олимҷон Салимзода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон Давлаталӣ Давлатзода, вакилон Исмоил Талбаков, Саодат Амиршоева, Мунавара Кенҷаева ва Суҳроб Шарипов, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, Иброҳими Абдуллозода, А. Азизов дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентӣ роҷеъ ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё ва комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, сиёсати хориҷӣ иштирок ва баромад менамоянд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон