Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№127 (3428) 23.09.2015

DSC_0092

21 сентябри соли 2015 бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар мавзеи Сучони ноҳияи Шуғнони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 82 оилаи аз офати табиӣ зарардида калиди хонаҳои замонавиро супорид.

 Хонаҳои истиқоматии мазкур, ки дар муддати ду моҳ, яъне, пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд сохта шудаанд, ҳар кадом аз се ва чор ҳуҷраи барҳаво иборат мебошад. Масоҳати умумии шаҳраки бунёдшуда дар ин мавзеъ 22 гектарро ташкил медиҳад.

Шаҳрак дорои нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла бунгоҳи тиббӣ, мағозаи хӯрокворӣ, ҳаммом ва дигар инфрасохтори  зарурӣ мебошад. Манзилҳои зист, ки аз номи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи маҳаллаи Барсем туҳфа гардиданд, бо мебел, яхдон, қолинҳо, мошинаи ҷомашӯйӣ, телевизор, кӯрпаю курпача ва дигар ашёи зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки хонаҳои навсохташуда бо риояи расму русум ва оини мардуми ин минтақаи дурдасти мамлакат мувофиқ бунёд гардидаанд.

Дар ҷамъомади тантанавие, ки ба ин муносибат ороста шуд,  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин иброз дошт:

-Қабл аз ҳама, онҳоеро, ки имрӯз соҳиби хонаҳои хушсохти замонавӣ  гардиданд, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона табрик мегӯям.

DSC_0146

Баъдан, бо ифтихор зикр бояд кард, ки ҳам сохтмони роҳ ва ҳам сохтмони хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони аз офати табиӣ зарардида  пеш аз муҳлати муқарраргардида  ва бо сифати хуб ба анҷом расонида шуд. Дар амалӣ гардидани ин корҳои хайр саҳми сохторҳои давлатии кишварамон, аз ҷумла Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Шуғнон, ширкати «Помирэнерҷи», Раёсати нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят — «Бадахшонроҳ», Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», як қатор ширкатҳои ватанию хориҷӣ шоистаи таҳсинанд. Ман аз номи худам ва аз номи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи онҳо, бахусус ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилоят  Шодихон Ҷамшед, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, фаъолони вилоят, ки шабу рӯз дар паҳлуи мардуми зарардида буданд ва ҷиҳати амалӣ гаштани супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулияти баланд нишон доданд, изҳори сипос менамоям.

Ҳамзамон Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин масъалаи бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии шаҳракро ҳал намоянд.

Аслан, хонаи бадахшониро, ки дар он чӯбкорӣ зиёд аст, дар муддати на камтар аз як сол месозанд.

Вале, ин ҷо, ки  бинокорон бо масолеҳи сохтмонӣ пурра таъмин буданд, аз худ корнамоӣ нишон дода, 82 манзили истиқоматиро дар давоми ду моҳ сохтанд ва  қабл аз оғози сардиҳо ба истифода доданд, ки шоистаи таҳсин аст. Ин фидокорӣ ҳамзамон аз масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Дар баробари кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии аҳолии зарардида ҳамчунин аз тамоми гӯшаву канори мамлакати азизамон иқдомҳои наҷибу башардӯстона сурат гирифтанд, ки бешубҳа, аз файзи истиқлолияту ваҳдати миллати тоҷик аст. Чунончӣ, 100 нафар фарзандони оилаҳои аз офати табиӣ зарардида ба вилояти Суғд ба истироҳатгоҳҳои тобистона ва таҳсил фиристода шуданд.  Онҳо то ба истифода додани бинои аввали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 240 нафар дар як баст, ки сохтмонаш, тавре мушоҳида мекунем, аллакай оғоз гардидааст,он ҷо аз ғамхории мардуми вилояти Суғд бархӯрдор хоҳанд буд.

бо вуҷуди ин ҳамдиливу ватандӯстиву дастовардҳо, ҳодисаҳои нангини чанд рӯз пеши кишвар  нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи мо, мутаассифона, ҳанӯз афроде  ҳастанд, ки ба хотири манфиатҳои муғризонаи худ суботи кишвари азизамонро халалдор кардан мехоҳанд.  Аз тарафи дигар, дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ мо шоҳиди қудрати азими давлат ва бедории воқеии миллат гаштем.

Дар фарҷоми суханронии худ, бо истифода аз фурсати муносиб барои кишварамон  сулҳу суботу шукуфоӣ ва ба  ҳамаи ҳозирин тандурустиву хушбахтиву хонаободӣ таманно менамоям.

Ҳамчунин дар назди ҷамъомадагон директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон  Шавкат Ғоибназаров, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22-и ҳамин ноҳия Гулнисо Назармамадова, собиқадори меҳнат Саидаббос Саидорисов, хонандагони синфи 10-и литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Фаёз Алимамадов ва Асиламоҳ Назирова суханронӣ намуда, шукргузорӣ  аз он карданд, ки дар чунин мамлакати орому осуда таҳти сарварии хирадмандона ва падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар мебаранд.

Ҳамзамон онҳо таъкид карданд, ки ин ҳама дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ваҳдати миллӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ ва якдиливу якдигарфаҳмии сокинони мамлакат сарчашма мегирад.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон