Ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ аз 14 то 18 апрели соли 2015 ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом доданд.
Ба ҳайати парламентӣ раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанов, Олим Салимзода, Лутфия Раҷабова, Ҳилолбӣ Қурбонзода ва вакилон Анвар Тағоймуродов, Мирзодавлат Сабуров шомил буданд.
Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Раиси Шӯрои Федералии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко дар ҷаласаи ҳайатҳои парламентӣ ба ҳамкасбони худ барои баргузории чорабинии «Эстафетаи хотира» арзи сипос намуд. Мавсуф зикр кард, ки иштирокчиёни ин ҳамоиш – собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз дастгирӣ ва ғамхории парламентҳои давлатҳои аъзои ИДМ қаноатманд мебошанд.
Ҳамчунин дар ин ҷо масъалаҳои ҷаласаи 42-юми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, натиҷаи иштироки нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонӣ дар маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аъзои Шӯро ахборотро оид ба рафти омодагӣ ва иштироки нозирон дар интихоботи пеш аз муҳлати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 26 апрели соли ҷорӣ муайян шудааст, шуниданд.
Ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо доир ба омодагиҳо ба Конгресси ҳаштуми байналмилалии экологии Нева, Форуми занони АврОсиё низ илова карда шуд.
Дар ин ҷаласа Алексей Сергеев якдилона Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ интихоб шуд. Дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонӣ, комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот, захираҳои табиӣ ва экологӣ, сиёсати аграрӣ, сайёҳӣ ва варзиш ҳайати парламентии мо иштирок ва фикру андешаҳои хешро иброз намуданд.
Ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии АБП ва дигар чорабиниҳо иштироки фаъол доштанд. Чунончӣ, ҷаласаи Комиссияи доимии АБП давлатҳои аъзои ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов баргузор гардид. Иштирокчиёни ҷаласа ва коршиносон лоиҳаи чанд қонуни намунавӣ (моделӣ), аз ҷумла «Оид ба ҳуқуқҳои молӣ», «Оид ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ», «Дар бораи бақайдгирии ташкилотҳои ғайритиҷоратии байналмилалӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо», «Дар бораи тафтишоти парламентӣ», «Дар бораи моликияти давлатӣ» ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба илм ва фарҳанг низ як қатор лоиҳаи қонунҳои намунавии соҳавӣ баррасӣ шуданд. Дар муҳокимаи ин масъалаҳо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова иштирок намуд.
Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ давоми фаъолияти чандсолаи худ собит сохт, ки мавҷудияти ин ниҳод барои ҳамкориҳои судманди ИДМ зарурат дорад.
Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли он барои танзими қонунҳо ва ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти пурсамар дорад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»