26 майи соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров иштирокчиёни Ҷаласаи сайёри Шӯрои координатсионии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар назди Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро ба ҳузур пазируфт.
Шукурҷон Зуҳуров, қабл аз ҳама, меҳмононро барои ба сарзамини офтобии Тоҷикистон ташриф оварданашон хайра мақдам гуфта, ба онҳо барори кор таманно намуд. Мавсуф дар идомаи суҳбат масъалаҳои мавриди баррасии ҷаласаи навбатиро дар шароити ихтилофоту муқовиматҳои ҷаҳони имрӯза хеле муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои якҷоя, такмили механизми ин ҳамкориҳо дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад.
Зикр гардид, ки нақши СААД дар таъмини амният ва оромии минтақаҳои зери масъулияташ хеле бузург аст. Ҳамкориҳои доимӣ дар доираи фаъолияти созмони мазкур имкон медиҳанд, ки муносибатҳои байнипарламентӣ, робитаҳои байнидавлатии ҳарбӣ — сиёсӣ миёни давлатҳои аъзои созмон ба дараҷаи сифатан нав рушд ёфта, ба ташкили воқеии системаи амнияти коллективӣ мусоидат намояд. Дар робита ба ин қабули санадҳои намунавии (моделии) қонунгузорӣ ҳамчун заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқии СААД метавонанд хизмат кунанд.
-Мувофиқати назарҳои давлатҳои иштирокчии СААД ба таҳаввулоти ҷаҳон, ташвишҳои умумӣ вобаста ба таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии амниятӣ имкон медиҳанд, ки зидди хатарҳои бамиёномада чораҳои муштараки якҷоя андешида шаванд,- гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.
Аз ҷониби меҳмонон раиси Шӯрои координатсионӣ, раиси Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус оид ба амнияти миллӣ В. В. Гайдукевич ба сухан баромада, аз пазироии гарму самимиашон дар кишвари тоҷикон изҳори сипос намуд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»,