Дар арафаи иди касбии энергетикҳо (22 декабр) хабарнигорамон бо мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Гулрухсор Пирова суҳбат орост.
- Солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетика чӣ қадар иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифтанд?
- Дар робита ба талаботи замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи татбиқи 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои рушди соҳаи энергетика, ҷалби сармояи хориҷӣ ва мустақим, ки барои истеҳсолу интиқоли барқ, таҷдид ва сохтмони иншооти хурду бузурги муҳими соҳа нигаронида шудааст, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави истеҳсолиро мавриди истифода қарор дод.
Ҳоло дар мамлакат 265 НБО-и хурд бо тавоноии аз 5 то 2500 кВт.соат ба истифода дода шуда, сохтмони 13 НБО-и хурд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ идома дорад. Ба ғайр аз ин, асосноккунӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳо барои лоиҳаҳои сохтмони НБО-ҳои «Нуробод-1», «Нуробод-2», «Фондарё», «Айнӣ», «Себзор», «Санобод», Неругоҳи барқи ҳароратии «Фон-Яғноб» ва ғайра идома доранд.
Тибқи барномаи дарозмуҳлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2009-2020, 189 НБО-и хурд бояд сохта шавад, ки тавоноии умумии онҳо ба 103,6 мВт баробар мебошад.
- Вобаста ба таҷдиди неругоҳҳо чӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд?
- Таҷдиди НБО-и «Норак» бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ, асосноккунии техникию иқтисодии неругоҳ ва бехатарии сарбанди он аз ҷониби Ширкати «Tranctebel Engineering»-и Ҷумҳурии Франсия таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод шудааст. Ҳамчунин, марҳилаи аввали ташхиси седиментатсияи обанбори «Норак» бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби Ширкати «HR Wallingford»-и Британияи Кабир ба анҷом расида, корҳо дар марҳилаи дуюми он оғоз гардидааст.
Барои таҷдиди НБО-и «Қайроққум» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд чор созишномаи қарзию грантӣ ба имзо расидааст. Марҳилаи аввали лоиҳа иваз намудани ду агрегат, таҷдиди сарбанди бетонӣ, иваз намудани таҷҳизоти механикию барқиро дар бар мегирад. Ба ин восита, ҳам бехатарии сарбанд таъмин мегардад ва ҳам иқтидори НБО 16 мВт меафзояд. Айни замон дар доираи лоиҳаи мазкур чорабиниҳо доир ба интихоби ширкати мушовир идома доранд.
Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» чорумин иншооти калони энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки ҳанӯз солҳои 2010-2012 агрегати №4-и он пурра иваз шуд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа иқтидори неругоҳ ба 252 мегаватт расид, ки ин боиси таъминоти беҳтари аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ гардид.
Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Варзоб» аз ҷониби Ширкати «NHPC»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон ба анҷом расида, иқтидори он 2,3 мВт зиёд гардид.
- Соҳаи энергетика на танҳо истеҳсол, балки ба неруи гармӣ ё ҳаракатдиҳанда табдил додану ба истифодабаранда интиқол доданро низ дар бар мегирад. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода шуданд?
- Дар замони истиқлолият сохтмону таҷдиди марказҳои барқу гармидиҳӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва миёнашиддат, зеристгоҳҳои барқӣ амалӣ шуданд.
Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» қаблан бо иқтидори 100 мВт мавриди истифода қарор гирифт. Чанде пеш иқтидори он ба 400 мВт расонида шуд.
Солҳои 2011-2014 сохтмони хатҳои интиқоли барқи 220 кВ-и Хуҷанд-Айнӣ, Қайроққум-Ашт, Геран-Румӣ, барқарорсозии зеристгоҳи Регар – 500 кВ ва Бойғозӣ – 220 кВ, сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва НБО-и «Сангтӯда — 1» пешбинӣ гардида буд. Моҳи ноябри соли 2011 ХИБ -220 кВ «Хуҷанд-Айнӣ» ба истифода дода шуд. Сохтмони ХИБ — 220 кВ «Қайроққум-Ашт» ва «Геран-Румӣ» дар доираи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли барқ» аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Рушди Осиё пурра ба анҷом расид. Барқарорсозии зеристгоҳи барқии «Регар»-500 кВ, ки аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки «ЭксИмБонк»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, гранти Бонки Рушди Осиё, қарз ва гранти Бонки Олмонии таҷдид ва рушд (KFW) ва ҳиссаи ШСХК «Барқи Тоҷик» пешбинӣ анҷом ёфт.
Инчунин, барқарорсозии зеристгоҳи барқии 220 кВ «Бойғозӣ» дар доираи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли барқ» аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Рушди Осиё тариқи насбу васл ва санҷиши таҷҳизоти асосӣ ва занҷирҳои дуюмӣ дар чашмакҳои барқии Сарбанд, Ёвон, Лолазор, Ҷангал ва системаи тахтасимҳои бахши сексионӣ ба анҷом расид. Дар Блоки 4-уми НБО-и «Бойғозӣ» таҷзия ва насбу васли таҷҳизоти барқӣ, корҳои санҷишӣ ва батанзимдарорӣ ба итмом расида, дар ДТК-220 кВ-и неругоҳи мазкур хобондани ноқилҳои назоратӣ, корҳои санҷишӣ ва батанзимдарории таҷҳизоти барқӣ идома доранд.
Доир ба татбиқи лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маблағҳо аз Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой идома доранд.
Илова бар ин, дар ин давра «Сохтмони зеристгоҳи барқии 220 кВ «Шаҳринав», зеристгоҳи барқии 110 кВ «Хонақо», хати интиқоли барқи дузанҷираи 110 «Шаҳринав-Хонақо», «Сохтмони зеристгоҳи барқии 110 кВ Ваҳдат», васеъсозии зеристгоҳҳои 220 кВ Қайроққум ва Ашт ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқии нави 220кВ Геран-1, васеъсозии зеристгоҳи барқии 220 кВ «Румӣ» ва таҷдиди зеристгоҳи барқии 220 кВ «Қайроққум» бомаром ҷараён мегиранд. Инчунин, аз оғози соли 2016 сохтмони хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Қайроққум-Суғд» ва «Айнӣ — Рӯдакӣ» аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Рушди Осиё ва оғози корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқии 220 кВ «Равшан» давом доранд.
- Барои пешрафти ҳар як соҳа мавҷуд будани заминаи қонунгузорӣ хеле муҳим аст. Бо мақсади фароҳам намудани заминаи ҳуқуқии соҳа кадом қонунҳо қабул шудаанд?
- Дар ин самт Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия»-ро қабул намудааст.
Парлумони касбии Тоҷикистон кӯшиш намуда истодааст, ки заминаи ҳуқуқии муфидро барои рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим таъмин намуда, фаъолиятро барои боз ҳам беҳтар намудани кор дар соҳа пурзӯр намояд.
Бояд қайд кард, ки таҳкими раванди амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти гидроэнергетика, таҳкими қонунгузорӣ ва иҷрои дигар корҳои назаррас дар ин ҷода, бемуболиға аз кӯшишу ғайрат ва сиёсати дурбинонаю адолатпарвари Сарвари давлатамон , Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Он рӯз дур нест, ки халқи ватандӯсту баору номуси тоҷик пурра аз бунбасти энергетикӣ баромада, дар фазои комилан иҷтимоии диёри арҷмандамон зиндагӣ хоҳанд кард.
Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»