Якуми октябри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
РАИС: — Ассалому алайкум, вакилони Маҷлиси намояндагон! Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред!
Дар толор 59 нафар вакилон ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)
Сухани ифтитоҳии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров:
- Вакилони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави бунёдкориву созандагӣ, фазои орому сулҳу суботи кишвар ва арафаи рӯйдоди муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз менамояд.
Дар ҷараёни иҷлосияҳои гузаштаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, хусусан Иҷлосияи чорум, дар бахшҳои намояндагиву қонунгузорӣ ва байнипарламентӣ муносибатҳо ва паҳлуҳои тозаи эҷодӣ рӯйи кор омаданд. Симои ин рукни ҳокимияти давлатӣ ҳамчун мақоми олии намояндагиву қонунгузорӣ дар марҳилаи навини рушди ҷомеаи кишвар баръало зоҳир гардид.
Парламентаризми тоҷик, сарфи назар аз собиқаи на чандон тӯлонӣ доштанаш, барои фароҳамсозии фазои ягонаи ҳуқуқии кишвар саҳми муносиб гузошта, ҷиҳати ба таври воқеӣ иҷро намудани рисолати таърихии худ қадамҳои устувор мегузорад. Маҷлиси намояндагон ҳамчун палатаи доимоамалкунандаю касбӣ, шохаи ҳокимияти қонунгузор ва намояндагӣ тавонист дар ҷомеа соҳиби мавқеи сазовор гардида, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакат саҳми муносиб гузорад.
Тавре барои аҳли ҷомеаи кишвар маълум аст, парламенти тоҷик марҳила ба марҳила таҷрибаи қонунгузории худро сайқал дода, низоми мукаммали ҳуқуқиеро ташкил намудааст, ки он ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалист. Маҳз тавассути чунин низоми ҳуқуқӣ мо имконият пайдо намудем, ки ба фазои иқтисоди ҷаҳонӣ озодона ворид гардида, ба ин васила рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатамонро таъмин намоем.
Барои мо лозим аст, ки дар давоми фаъолияти Иҷлосияи панҷум барои дар сатҳи боз ҳам баланди корӣ идома додани дастовардҳои иҷлосияҳои гузашта, хусусан Иҷлосияи чорум, пайгирона саъю талош намуда, Иҷлосияи панҷумро ҳамчун Иҷлосияи камолот ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон амалӣ созем.
Дар ҷараёни фаъолияти кориамон мо ёриву дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша эҳсос менамоем, ки таъмини шароити моддию техникии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, бо дарназардошти дастовардҳои асри иттилоот ва технологияи муосир, таҷҳизонидани утоқҳои корӣ ва толори ҷаласаҳо бо воситаҳои навтарини технологӣ дар ҳамин шуморанд.
Ҷавобан ба ҳамаи ин дастгириҳои Сарвари давлат моро зарур аст, ки фаъолияти худро бештар самаранок гардонида, дар иҷрои ваколатҳои вакилиамон муносибати софдилона дошта бошем. Зеро, тавре огоҳӣ доред, мансаби вакилӣ мансаби интихобӣ буда, сазовор гаштан ба эътимоди мардум ифтихору шарафи бузург ба шумор меравад. Интихобкунандаи имрӯз имконияти воқеии таҳлили ҳаматарафаи фаъолияти вакили худро дорад. Бояд дар хотир дошт, ки то анҷоми ваколатҳои мо муддати зиёде боқӣ намондааст ва фаъолияти худро бояд тавре ба роҳ монем, ки аз он ба таври қаноатбахш натиҷагирӣ карда тавонем.
Дар ҷараёни фаъолияти Иҷлосияи панҷум моро корҳои зиёде дар пешанд. Таҳлили гузоришҳои шумо, ки аз натиҷаи мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон бармеоянд, нишон медиҳад, ки имрӯз талаботи ҷомеа ба такмили қонунгузории мавҷуда дар соҳаҳои гуногун, аз он ҷумла андоз, муҳоҷират, нафақа ва ҳифзи иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ, соҳибкорӣ ва ғайра ба миён омадааст. Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки ҳар як дархостро ҳаматарафа баррасӣ намуда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда саҳми босазо гузорем.
Масъалаи дигаре, ки бояд дар ин давра мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирад, масъалаи тавзеҳи қонунҳои қабулшуда аз ҷониби вакилон мебошад. Моро зарур аст, ки ба ин самти фаъолияти худ низ диққати ҷиддӣ диҳем, зеро тавассути амалӣ намудани он мо метавонем ҷиҳати тарбияи маърифати ҳуқуқии ҷомеа саҳми босазо дошта бошем.
Вакилони арҷманд!
Тавре маълум аст, ваколатҳои бахши намояндагии вакилон низ хеле муҳим ва пурмасъулият мебошанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки робитаи худро бо интихобкунандагон боз ҳам зичтар намуда, дар баррасӣ ва ҳалли муроҷиатҳои онҳо муносибати ҷиддӣ дошта бошем. Дар суханронии худ ҳангоми ҷамъбасти Иҷлосияи чорум вобаста ба ин мавзуъ мо масъалагузорӣ карда будем. Моро зарур аст, ки қабл аз ҳама мониторинги ҳалли мусбии дархостҳои вакилиро ҷорӣ намоем. Дуюм, таҷрибаи баргузории мулоқотҳои миёнадавриро тақвият бахшида, кӯшиш намоем, ки самаранокии бештареро ба даст оварем ва сеюм, бо дарназардошти такмили заминаи моддию техникӣ ва дастрасӣ ба технологияҳои нави иттилоотӣ минбаъд аз расонаҳои электронии худ баҳри густариши фаъолияти намояндагӣ васеътар истифода барем.
Ҳамкасбони гиромӣ!
Бояд зикр кард, ки фаъолияти вакилӣ бисёрҷанба буда, аз ҷумла масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки ҳалли онҳо ҳамкории мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд. Ҳамчун яке аз бахшҳои ин фаъолият мо тавонистаем баргузории муҳокимаҳои парламентиро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намоем, ки дар ҷараёни чунин баррасиҳо имконияти муҳокимаи ошкорои масъалаҳои гуногун бештар фароҳам гардид. Аз ин рӯ, дар ҷараёни Иҷлосияи панҷум низ моро зарур аст, ки ба интихоби мавзуъҳои муҳим таваҷҷуҳи махсус дода, мавзуъҳоеро баррасӣ намоем, ки аҳли ҷомеа ҳалли мусбии онҳоро аз мо интизор аст.
Бо дарназардошти вазифаҳои зикргардида, ки ҳадафи аслии онҳо беҳбуд бахшидани зиндагии мардум ва таъмини пешрафти ҷомеа мебошад, кори Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро оғоз бахшида, ба ҳамаи шумо тансиҳатию хонаободӣ ва барору комёбиҳо таманно дорам.
Саломату сарбаланд бошед!
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Котиботи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори зерин пешниҳод карда мешавад:
Дар бораи интихоб намудани ҳайати Котиботи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум
Мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
Котиботи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:
Раиси Котибот:
Ҷабборова Марҳабо Тӯхтасуновна - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2.
Аъзои Котибот:
Эсанқулов Эшбурӣ Турахонович - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ;
Кенжаева Мунавара Ҳодиевна- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.
Оид ба лоиҳаи Қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.
Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандам, оид ба лоиҳаи Қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.
Вакилони муҳтарам!
Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро дар ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум интихоб намоем.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори зерин пешниҳод карда мешавад:
Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон дар ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум
Мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
Барои баҳисобгирии овозҳои вакилон дар ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:
Раиси Комиссия:
Расулов Ашӯрбег Раҳматуллоевич — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.
Аъзои Комиссия:
Саматова Мақсуда Абдуғафуровна- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16;
Садриддинов Бадриддин Талбакович- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён №31.
Оид ба лоиҳаи қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.
Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандам, оид ба лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.
Вакилони муҳтарам!
Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 247 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум гурӯҳи назоратии системаи электронии овоздиҳиро интихоб намоем.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори зерин пешниҳод карда мешавад:
Дар бораи интихоб намудани гурӯҳи назоратии системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум
Мутобиқи банди 247 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
Барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум гурӯҳи назоратии системаи электронии овоздиҳӣ дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:
Роҳбари гурӯҳ:
Маҳмадалиев Амирбек Темурович — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Бохтар №27.
Аъзои гурӯҳ:
Муқумова Сабоҳат Аминовна - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Шаҳринав № 6;
Исматуллоев Дилшод Абдуғафорович — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.
Оид ба лоиҳаи қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.
Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандам, оид ба лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.
Аз вакилоне, ки ба ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо, Котибот ва гурӯҳи назоратии системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш мекунам ба иҷрои вазифаҳояшон шуруъ намоянд.
Вакилони муҳтарам!
Ба мо лозим аст, ки дар асоси банди 137 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби инъикоси кори Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро дар воситаҳои ахбори омма муайян намоем.
Оид ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, вакил аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22 Салимзода Олим дода мешавад. Марҳамат.
Олим Салимзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳамкасбони гиромӣ!
Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» пешниҳод мегардад.
1. Рафти кори Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба таври фишурда пахш карда шавад.
2. Маводи кори Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» чоп карда шавад.
3. Маводи кори Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.
Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандам, оид ба лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.
Вакилони муҳтарам!
Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи Қарор дар дасти шумост.
Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.
Оид ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарор қабул шуд:
1.Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия
2.Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
3.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»
4.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шуруъ менамоем.
Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия сухан ба сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев Сафиалло Азизуллоевич дода мешавад.
Сафиалло ДЕВОНАЕВ: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!
Пеш аз ҳама мехостам миннатдории самимии худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Шумо муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ва ба тамоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ, кӯмак ва мусоидат дар самти муҳоҷират баён намоям.
Бояд зикр намуд, ки дар асоси Ёддошти тафоҳум оид ба иқдомҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 октябри соли 2012 ба имзо расида буд, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва тамдиди муҳлати бақайдгирии шаҳрвандон лоиҳаи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, санаи 8 феврали соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расонида шуд.
Тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур тамдиди муҳлати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бе гузоштан дар қайди мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ба муҳлати 15 рӯз муқаррар карда мешавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хонов Абдураҳмон дода мешавад.
Абдураҳмон ХОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ба тасвиб расонидани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россияро яке аз муваффақиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши сиёсати хориҷии он метавон маънидод кард. Ин руйдод аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар бо қаноатмандӣ пазируфта шудааст. Андешарониҳои як зумра намояндагони соҳаҳои касбу кори гуногун зимни мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо мардум, ки нимаи дуюми моҳи сипаришуда ба вуқуъ пайваст, вобаста ба ин масъала исботи ин гуфтаҳост.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар 15 марти соли равон таъкид намуданд: «Вусъат додани муносибатҳо бо Федератсияи Россия дар асоси баробар, мутақобилан судманд ва шарикии стратегӣ дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангию иттилоотӣ, илму маориф ва самтҳои дигар ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Тоҷикистон буда, омили муҳими таъмини сулҳу суботи минтақавӣ мебошад. Дар оянда низ робитаҳоро дар тамоми бахшҳои ҳамкорӣ таҳким хоҳем бахшид».
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия, ки 8 феврали соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2013 таҳти №1987 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.
Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро дастгирӣ намуданд.
27 августи соли 2013 Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.
РАИС: — Доир ба ин масъала кӣ савол ё хоҳиши баромад кардан дорад?
Муҳиддин КАБИРОВ: — Ин Созишнома хеле муҳим аст, бовар дорам, ки он дастгирӣ меёбад. Тамдиди будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз 3 ба 15 шабонарӯз боиси қаноатмандист. Оё имкон набуд, ки муҳлати будубоши шаҳрвандони мо дар Федератсияи Россия аз ин бештар бошад? Зеро дигар давлатҳои аъзои ИДМ барои шаҳрвандони худ тавонистанд муҳлати зиёдеро муқаррар намоянд.
Дар ин масъала кадом ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд таъсир расонанд?
Сафиалло ДЕВОНАЕВ: — Ин масъаларо мо ба миён гузошта будем. Пешниҳод аз ҷониби мо 90 рӯз ё як моҳ буд. Байни давлатҳои иттиҳоди гумрукӣ (Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Беларус) ин муҳлат як моҳ муқаррар шудааст. Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон узви иттиҳоди гумрукӣ нест, муҳлати будубоши шаҳрвандони мо дар Федератсияи Россия 15 рӯз муқаррар шудааст.
Суҳроб ШАРИПОВ: - Оё давоми гуфтушунидҳои расмӣ ҷиҳати пешгирӣ ва хотима гузоштани туҳмату таҳдиди муҳоҷирони тоҷик аз тариқи воситаҳои ахбори оммаи Федератсияи Россия масъалагузорӣ шуда буд? Зеро воситаҳои ахбори оммаи давлатии Федератсияи Россия низ дар бисёр маврид нисбати муҳоҷирони меҳнатии мо ғайриобъективона баҳо медиҳанд.
Сафиалло ДЕВОНАЕВ: — Воқеан ҳам оид ба муҳоҷирони меҳнатии мо дар Федератсияи Россия мушкилиҳо зиёд мебошанд. Пеш аз ҳама зарур аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар худи ҷумҳурӣ соҳиби касбукор ва маълумот гарданд. Инчунин донистани забони русӣ зарур ва муҳим мебошад.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия то ҳадди имкон дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони мо кӯмак мерасонад.
Шодӣ ШАБДОЛОВ: - Дар Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия ва дигар мақомоти давлатӣ теъдоди сиёсатмадороне пайдо шудаанд, ки мехоҳанд низоми раводидро ҷорӣ намоянд. Ин тартиб ба муҳоҷири меҳнатии мо мушкилоти зиёдеро ба бор меорад.
Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ҷавононро дар дохили ҷумҳурӣ соҳиби ихтисос гардонем. Аз назари мо фиристодани муҳоҷирони меҳнатӣ ба низом дароварда мешуд беҳтар мебуд. Аниқ бояд муайян кард, ки онҳо ба кадом шаҳр ё минтақаи Федератсияи Россия сафар карданианд ва ба кадом касбу кор машғул мешаванд.
Дар ин хусус бояд Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷорӣ гаштани низоми раводид роҳ додан даркор нест.
Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Ба тасвиб расидани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Ба ин восита бисёр мушкилот вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба таври мусбӣ ҳал хоҳад шуд.
Хоҳишмандам доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур овоз диҳед.
Ҳабибулло САЪДУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор гирифта, пурра ҷонибдорӣ карда шуд.
Имзои Созишномаи мазкур иқдоми муҳим дар самти ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия бобати танзими равандҳои муҳоҷират ба ҳисоб рафта, нишони таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тадбирҳои беҳдошти шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.
Воқеан, шаҳрвандони мо, ки бо муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия мераванд, ба мушкилоти рӯзҳои аввал, махсусан вобаста ба қайди расмӣ гирифтан, дучор мешаванд.
Аз суҳбату мулоқотҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ, оилаҳои онҳо чунин пешниҳод иброз мешуданд, ки муҳлати будубоши бе бақайдгирӣ зиёд карда шавад. Аз зиёдшавии муҳлати бақайдгирӣ то 15 рӯз ҳолати шаҳрвандони мо ба ҳар ҳол сабуктар мешавад.
Инчунин шаҳрвандон, тоҷирон, сайёҳон, ки аксарияташон ба Россия ба сафари хизматӣ, табобат ва ғайра ба муҳлати то 15 рӯз мераванд, аз рӯйи қоидаҳои нав бартарияти зиёдро эҳсос хоҳанд кард.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро дастгирӣ намоед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
РАИС: - Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллоев Шералӣ дода мешавад.
Шералӣ ХАЙРУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Созишномаи мазкур 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Созишномаро 7 майи соли 2013 аз тарафи Федератсияи Россия ба тасвиб (ратификатсия) расонидааст.
Мақомоти ваколатдори Тарафҳо оид ба татбиқи талаботи ин Созишнома вазоратҳои мудофиаро муайян кардаанд.
Мутаносибан Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти дохилидавлатиро доир ба омода ва мувофиқа намудани лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасвиби Созишномаи мазкур гузаронидааст.
Созишномаи пешниҳодгардида аз 22 модда иборат буда, муайян менамояд, ки будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсадҳои нигаҳдории сулҳу субот дар минтақа ҷавобгӯй буда, ба манфиатҳои стратегии дарозмуддати ҳар ду давлат хизмат карда, хусусияти мудофиавӣ дорад ва ба муқобили дигар давлатҳо равона нагардидааст. Мутобиқи моддаи 3-юми Созишномаи мазкур пойгоҳи ҳарбии Россия дар давраи будубошаш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳимоя намуда, якҷоя бо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо дигар қӯшунҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва мақомоти Тарафҳои Тоҷикистон ва Россия амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тамоми хатарҳои мавҷуда ва эҳтимолӣ таъмин менамояд. Нисбат ба Аҳдномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақом ва шартҳои ҷойгиршавии пойгоҳи ҳарбии Федератсияи Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 1999, моддаи 4-уми Созишнома пешбинӣ менамояд, ки дар давраи мунтазам ё якуякбора (ногаҳон) тезутундшавии вазъияти ҳарбию сиёсӣ дар минтақа ва хатар бар зидди мустақилият ва соҳибихтиёрӣ, аз он ҷумла таҷовуз бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ягон давлат (гурӯҳи давлатҳо), ташкилотҳои террористӣ ё гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи сохтори ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Россия ва қӯшунҳои ҳарбии Тарафи Россия, ки ба ҳайати он шомил намебошанд, дар асоси қарори муштараки сарфармондеҳони олии қувваҳои мусаллаҳи Тарафҳо, мутобиқи қонунгузориашон, сурат мегирад.
Мутобиқи моддаи 22 Созишнома ба муҳлати 49 сол баста мешавад, муҳлати он ба таври автоматӣ ба панҷ соли минбаъда дароз карда мешавад, агар ҳеҷ яке аз Тарафҳо на дертар аз як сол то тамом шудани давраи аввал ё давраи минбаъдаи муҳлати он ба Тарафи дигар бо мақсади қатъ кардани амали он огоҳиномаи хаттӣ нафиристонад. Ба муҳлати амали Созишномаи мазкур то соли 2042 давраи будубоши ҷузъу томҳои ҳарбии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Созишномаи байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ аз 25 майи соли 1993 дохил мешавад.
Муҳлати мазкур ба уҳдадориҳои Тарафи Россия дар бобати мусоидат барои таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аслиҳаи якҷояи ҳозиразамон, техникаи ҳарбӣ ва махсус, инчунин расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ вобастагӣ дорад.
Барои иҷрои уҳдадориҳои мазкур байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия Меморандум аз 5 октябри соли 2012 ба имзо расидааст, ки мутобиқи он аз ҷониби мақомоти ваколатдори Тарафҳо Барномаи модернизатсияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар он муҳлати амали Созишномаи мазкур низ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Тарафи Россия таҷҳизонидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо намудҳои техникаҳои муосири зиреҳпӯш ва авиатсионӣ, комплексҳои артиллерӣ ва зенитӣ-ракетӣ, техникаҳои автомобилӣ ва махсус, техникаҳои алоқа ва муҳандисӣ, яроқу аслиҳа пас аз тасдиқи Созишномаи мазкур дар ҳаҷми боз ҳам калонтар амалӣ менамояд. Ҳалли масъалаҳои зикргардида имконият медиҳад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мобилӣ гардида, дар якҷоягӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия ба тамоми таҳдидҳои мавҷуда ва эҳтимолӣ ба амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ба минтақа муқобилият нишон дода тавонад.
Моҳияти масъалаи мазкурро зикр намуда, бояд ба эътибор гирифт, ки азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистону Россия барои гузаронидани сиёсати муштараки мудофиавӣ, банақшагирии сифатнок имконият дода, мавқеи ҳарбӣ-сиёсии худро дар минтақа пурзӯр ва мустаҳкам намоянд.
Ба ғайр аз ин, масъалаҳои якҷоя тайёр намудани кадрҳо ва мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли муайян ва аниқ гирифт. Шартҳои таҳсили ройгон, ки солҳои охир дар сатҳи байниидоравӣ вуҷуд доштанд, мутобиқи қонунгузории Тарафҳо мустаҳкам карда мешаванд. Омӯзиши кадрҳои ҳарбии Тоҷикистон бошад, ба таври ройгон дар муассисаҳои ҳарбӣ-таълимии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия ва тавассути мукаммалгардонии системаи таълим ва тайёрии ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ мегарданд.
Будубоши ройгони пойгоҳи ҳарбии Россия дар баробари таҳвили навъҳои аслиҳаи ҳозиразамон, техникаи ҳарбӣ ва махсус барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати амалкунанда, инчунин бо дарназардошти инкишофи (ба 30 сол) дурнамои онҳо (аз он ҷумла афзоиш), барои ҳалли як қатор масъалаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна, воридоти бебоҷи маҳсулоти нафтӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ имконият медиҳад.
Дар асоси гуфтаҳои боло, хоҳиш менамоям, ки пешниҳоди моро оид ба тасвиб (ратификатсия)-и Созишномаи мазкур дастгирӣ намоед.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам Мӯсоев, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ
(Идома дар шумораи оянда)