(Идома аз шумораи 123)
РАИС: Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азимов Амирқул Насимович дода мешавад.
Амирқул АЗИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ, ки хусусияти умумиро касб намудаанд, ба он оварда расонид, ки ягон давлат бе ҳамгиройии фаъол бо низоми байнидавлативу байналмилалӣ вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз ҷанбаи глобалӣ дар ҳамаи корҳои инсонӣ вуҷуд дорад. Давлатҳо маҷбуранд бо ҳам на танҳо масъалаҳои байналмилалӣ, балки вазифаҳоеро низ ҳал кунанд, ки дирӯз масъалаҳои сирф дохилии давлат буд. Доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятӣ аз сарҳади давлатҳо убур карда истодаанд ва танзими онҳо танҳо бо роҳи ҳамгиройии давлатҳо имконпазир аст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ хатарҳое баҳри давлати миллӣ, ки онҳо қазиябор ҳастанд, зиёд мешаванд. Тезутунд ва фаъол шудани муносибатҳои гуногун ба фаъол шудани гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ҷинояткори байналмилалии муташаккил, терроризм, экстремизм оварда мерасонад, ки ҳалли ин қазияро танҳо метавон дар асоси пурзӯр намудани ҳамгиройии хеле фаъоли ҳарбӣ-техникии давлатҳои шарик ҷиҳати таъмини суботу амнияти давлативу минтақавӣ таъмин сохт.
Мо дар марҳилае умр ба сар мебарем, ки дар он масъалаҳои ҳарбӣ ва геополитикӣ калидӣ ҳастанд. Дар ин шароит таъмини амният ва суботи давлативу минтақавӣ ба сифати вазифаҳои афзалиятноки давлатӣ шинохта шудааст. Мусаллам аст, ки кишварҳои сайёра дар шароити муосир амнияти минтақавиро дар ҳамгиройии созанда ва ҳамшарикии боэътимод таъмин месозанд. Шоистаи тазаккур аст, ки танҳо дар ҳамгиройӣ метавон сатҳ ва сифати таъмини амнияти минтақавиро боло бурд ва ҳамкориҳои густурдаи низомӣ дар ҷабҳаҳои гуногун ин худ тақозои шароити феълии сиёсати воқеӣ мебошад. Дар ҳамин раванд, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2013 таҳти №2030 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳо ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Гуфтан бамаврид аст, ки ҳамкорӣ ва ҳамгиройии байни Тоҷикистон ва Россия таърихи бисёрасра дошта, дар тӯли ин муддати тӯлонӣ Россия ба яке аз дӯстон ва иттифоқчиёни Тоҷикистон мубаддал гаштааст. Ҳамкориҳои ҳарбии байни кишварҳои мо дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ яке аз ҷанбаҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Бастани ин Созишнома худ инъикоскунандаи чунин ҳамкорӣ ва ҳамгиройии бардавоми байни давлатҳои мо маҳсуб ёфта, ба манфиатҳои кишварҳоямон ва дигар давлатҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.
Созишномаи зикршуда 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо мақсади манфиатҳои ҳаётан муҳими таъмини амнияти миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тарафҳо бо қайди аҳамияти Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 25 майи соли 1993, дар асоси муқаррароти Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ аз 25 майи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992, бо эътирофи он ки воқеъ будани пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯйи мақсадҳои нигаҳдории сулҳу субот дар минтақа буда, ба манфиатҳои стратегии дарозмуддати ҳар ду давлат хизмат мекунад, хусусияти мудофиавӣ дорад ва бар зидди дигар давлатҳо равона нагардидааст, ба имзо расонида шудааст.
Созишнома аз муқаддима, 22 модда иборат буда, дар муқаддима мақсад ва мароми ба имзо расидани Созишнома баён шудааст.
Дар моддаи 1-уми Созишнома ҳама истилоҳоти дар ҳуҷҷати мазкур истифодагардида шарҳ дода шудааст, аз ҷумла зери истилоҳи қисмҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Россия – ҷузъу томҳо, қисмҳои ҳарбӣ, зерқисмҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар дастаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсия Россия бо аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус, захираҳои зарурии воситаҳои моддӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд ва ба ҳайати пойгоҳи ҳарбии Россия дохил мешаванд, фаҳмида мешавад.
Дар моддаи 2-юми Созишнома мақоми ваколатдори тарафҳо муайян карда шудааст, ки тибқи ҳамин модда мақоми ваколатдор аз Тарафи Тоҷикистон — Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдор аз Тарафи Россия — Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия мебошанд.
Дар моддаи 3-юми Созишнома таъиноти пойгоҳи ҳарбии Россия муайян шудааст, аз ҷумла пойгоҳи ҳарбии Россия дар давраи будубошаш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро ҳимоя мекунад, якҷоя бо Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия, дигар қӯшунҳо, дастаҳои ҳарбӣ, мақомоти тарафҳои Тоҷикистон ва Россия амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд ва барои ноил шудан ба мақсадҳои мазкур Тарафи Россия барои таъмини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аслиҳаи ҳозиразамон ва мувофиқ, техникаи ҳарбӣ ва махсус мусоидат мекунад.
Мувофиқи моддаи 4-уми Созишнома истифодаи қисмҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Россия дар асоси Аҳднома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992, Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 25 майи соли 1993 ва мутобиқи қонунгузории ҳар ду Тараф амалӣ мегардад.
Дар моддаи 5-уми Созишнома зикр гардидааст, ки мавзеъҳои ҷойгиршавии пойгоҳи ҳарбии Россия ва тағйирёбии минбаъдаи онҳо дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба иншооти ғайриманқул, миқдор ва сарҳади қитъаҳои замине, ки барои пойгоҳи ҳарбии Россия ҷудо карда мешаванд ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 муайян карда мешавад.
Муносибатҳои амволӣ, боркашонӣ, ҳаракати киштиҳои ҳавоии Россия, сарулибос, бо худ гирифтан ва истифодаи силоҳ, бақайдгирӣ, ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ва ҳаракати онҳо дар моддаҳои 6-10 Созишнома муқаррар карда шудаанд ва интиқоли борҳои хатарнок ва гурӯҳӣ бошанд, тибқи Созишнома дар бораи интиқоли байнидавлатии борҳои хатарнок ва гурӯҳӣ аз 23 декабри соли 1993 амалӣ карда мешавад.
Масъалаҳо вобаста ба уҳдадориҳои ҳамдигарии Тарафҳо, амнияти экологӣ, вазъи ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ба таҳсил, муносибатҳои меҳнатӣ, иддао ва даъвоҳо, таъминот, робита ва табодули иттилоот, пудратчиён ва комиссияи созиш дар моддаҳои 11 – 20 қайд гардидааст. Мувофиқи муқаррароти моддаи 20 барои ҳалли масъалаҳои баҳсноке, ки вобаста ба тафсир ё татбиқи муқаррароти Созишномаи мазкур ба вуҷуд меоянд, Комиссияи созиш таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он ҳар яке аз Тарафҳо намояндагони худро ба миқдори баробар таъин мекунад.
Агар Комиссияи созиш масъалаи барои баррасии он додашударо ҳал карда натавонад, Тарафҳо Комиссияи байниҳукуматиро таъсис медиҳанд.
Дар моддаи 21-уми Созишнома зикр гардидааст, ки Созишномаи мазкур бар зидди давлатҳои сеюм равона нашудааст. Пойгоҳи ҳарбии Россия наметавонад ба дигар мақсадҳо, ба ҷузъ мақсадҳое, ки Созишнома пешнибӣ намудааст, истифода карда шавад.
Моддаи охирони Созишнома, яъне моддаи 22 муҳлати амал ном дошта, дар он зикр шудааст, ки Созишномаи мазкур ба муҳлати 49 сол баста мешавад ва ба муҳлати амали Созишнома давраи будубоши Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ аз 25 майи соли 1993 ҳамроҳ карда мешавад. Созишномаи мазкур, тибқи созиши ҳамдигарии Тарафҳо, метавонад пеш аз муҳлат қатъ карда шавад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, доир ба он хулоса пешниҳод карданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 25 сентябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод ва он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намоед.
Маҳмадалӣ ВАТАНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Дар ҷаҳони муосир ташкил намудани пойгоҳҳои низомӣ берун аз ҳудуди кишвар як амали маъмулист. Давлатҳо ва созмонҳои ҳарбӣ ҳатто дар қитъаҳои дигар низ чунин пойгоҳҳо таъсис медиҳанд.
Муайян намудани мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Тоҷикистон дар шароити имрӯза яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад, зеро набудани танзими ҳуқуқӣ метавонад боиси ҳар гуна каҷфаҳмиҳо гардад. Агар мо дар бораи зарурати тасдиқи ин Созишнома ҳарф занем, бояд онро бо нуқтаҳои худи Созишнома асоснок намоем. Дар пешгуфтори Созишнома мақсади он нишон дода шудааст, ки аз ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими таъмини амнияти миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии тарафҳо, нигоҳдории сулҳу субот дар минтақа иборат буда, ба манфиати стратегии дарозмуддати ҳар ду тараф хизмат мекунад.
Дар моддаи 3 таъиноти ин пойгоҳ нишон дода шудааст, ки мувофиқи он таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи асосӣ мебошад. Инчунин дар моддаи 4 пешбинӣ гардидааст, ки дар давраи тезутундшавии тадриҷӣ ё якбораю ногаҳонии вазъияти ҳарбию сиёсӣ дар минтақа ва таҳдид бар зидди мустақилият ва соҳибихтиёрӣ, аз он ҷумла таҷовуз алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ягон давлат ё гурӯҳи давлатҳо, ташкилотҳои террористӣ ё гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи сохтор ва қӯшунҳои ҳарбии Россия дар асоси қарори муштараки сарфармондеҳони Қувваҳои Мусаллаҳи Тарафҳо тибқи қонунгузориашон сурат мегирад.
Созишнома ҳайати шахсии пойгоҳи ҳарбии Россия, аъзои оилаи онҳоро вазифадор мекунад, ки соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром намуда, Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд ва ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат накунанд.
Созишнома тамоми паҳлуҳои фаъолияти пойгоҳи низомиро дар Тоҷикистон дар бар гирифта, аз ҷумла ҷавобгариро барои вайрон намудани талаботи экологӣ, интиқоли борҳои хатарнок, ҳаракати киштиҳои ҳавоӣ ба танзим даровардааст, ки ин масъала бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад.
Ҳарчанд Созишнома дахлнопазирии молумулк, манзили истиқоматӣ ва ҳайати шахсии пойгоҳи низомиро кафолат дода бошад ҳам, ин маънои онро надорад, ки онҳо масъулияте надоранд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро аз ҷавобгарӣ, тибқи қонунҳои Федератсияи Россия, озод намекунад.
Ба ғайр аз ин, нисбати зараре, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳайати шахсии ин пойгоҳ ё дар натиҷаи амалиёти он расонида шудааст, он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Дар маҷмуъ, Созишномаи мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ аст. Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Муҳиддин КАБИРОВ: — Масъалаи хеле муҳим имрӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Воқеияти феълӣ ин аст, ки таҳдиду хатарҳо дар минтақа вуҷуд доранд, бо он имконияте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, эҳтимол амнияти худро мустақил ҳифз карда натавонад.
Агар манфиатҳои давлатии мо талаб намояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудудаш пойгоҳи низомии яке аз кишварҳои дӯстро ҷой диҳад, беҳтарин интихоб Федератсияи Россия хоҳад буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд амнияташро худаш ҳимоя намояд, аммо дар ҳолати зарурат Федератсияи Россия интихоби беҳтарини ҳамкорӣ дониста мешавад.
Ҳангоми таҳия ва қабули чунин ҳуҷҷатҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим ба шаффофияти он бояд аҳамияти бештар дода шавад.
Мардум бояд моҳият ва муҳим будани қабули чунин ҳуҷҷатҳои ба тақдири давлату миллат вобастаро донанд.
Тасвиби Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ мекунам.
Суҳроб ШАРИПОВ: — Қабули ин Созишнома ба манфиатҳои давлатӣ ва миллии мо ҷавобгӯй аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона давлате буд, ки аз мероси Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ бенасиб монда буд.
Бо мушкилот артиши миллии худро ташкил додем. Имрӯз он ба тақвияти бештаре ниёз дорад. Ба тасвиб расидани Созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо техника ва дигар лавозимоти муосири ҳарбӣ таъмин гардида, василаи сулҳу субот ва амнияти кишварамон шаванд.
Махфират ХИДИРОВА: -Ба тасвиб расидани Созишномаи мазкур ба густариши минбаъдаи робитаҳои ҳар ду давлат дар бисёр бахшҳо шароит фароҳам меорад. Ҳузури пойгоҳи низомии Федератсияи Россия омили суботу оромӣ ва амнияти минтақа ба ҳисоб меравад. Бисёр масъалаҳои мушкил бо тасвиби ин Созишнома ҳалли худро ёфтанд.
Аз вакилон хоҳиш дорам, ки ба ҷонибдории он овоз диҳанд.
Исмоил ТАЛБАКОВ: -Будубоши пойгоҳи низомии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси воқеӣ дорад. Маҳз тавассути неруҳои низомии Федератсияи Россия мутобиқи Созишномаи байнидавлатӣ дар солҳои нооромӣ объектҳои ҳаётан муҳим ҳифз гардиданд.
Ҳузури пойгоҳи низомии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд боиси шубҳа гардад. Мо — вакилон бояд моҳият ва аҳамияти Созишномаи мазкурро ба мардум ҳамаҷониба фаҳмонем. Бинобар он, тасдиқи Созишномаро муҳим ҳисоб мекунам.
Шодӣ ШАБДОЛОВ: -Мо бояд донем, ки дар масири кадом ҳудуд амнияти геополитикии худро муайян намоем. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар ҷаҳон эътироф шудааст ва манфиатҳои миллии худро бояд ҳимоя карда тавонад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккул ёфтан қарор доранд.
Дар ин раванд тасдиқи Созишномаи мазкур ба аҳамияти калон молик аст. Ин манфиати геополитикии на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, балки тамоми давлатҳои аъзои ИДМ дониста мешавад, аз ин рӯ онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем.
Дар бораи ба тасвиб расидани Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.
Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» пешниҳод гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои беҳдошти саломатии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, воридоти таҷҳизоту технологияҳои муосир, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин вазифаву супоришҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.
Аз ҷумла бо мақсади ба масофаи наздик пайваст гардонидани минтақаи роҳи оҳани Душанбе бо минтақаи Қӯрғонтеппа ва ихтисор намудани масофаи гузаштан аз ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва кам гардонидани хароҷоти нақлиётӣ КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои пайваст намудани ин минтақаҳо сохтмони хатти нави роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат- Ёвонро оғоз намуда буд.
Барои пӯшонидани хароҷоти харидории маводҳои қисми болоии роҳ ҷиҳати сохтмону азнавсозии фосилаҳои роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон, азнавсозии фосилаҳои Роҳатӣ-Ваҳдат-Элок ва Қӯрғонтеппа – Вахш – Ёвон) бо дарназардошти андозҳо маблағи тақрибан 723,1 млн.сомонӣ зарур мебошад.
Дар ҳолати қабули лоиҳаи Қонуни мазкур Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ба маблағи умумии 153,3 млн. сомонӣ озод карда мешавад ва корхонаи мазкур тасмим гирифтааст, ки ин маблағро пурра барои сохтмону азнавсозии хатҳои роҳи оҳан ва харидорӣ намудани маводҳои қисми болоии роҳ равона намояд.
Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида, аз 17 ноябри соли 2011 инҷониб дар қитъаи Хатлонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бинобар сабаби вайроншавии кӯпрук дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаракати поездҳо қатъ гардидааст.
Вазъи бамиёномадаро ба инобат гирифта, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки муваққатан то ба кор даромадани минтақаи Хатлонии Роҳи оҳани Тоҷикистон корхонаҳои минтақаи мазкур (пойгоҳи вагонҳои боркаши шаҳри Сарбанд, қитъаи Қӯрғонтепагии роҳ, истгоҳҳои роҳи оҳани Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Қурбоншаҳид, Олимтой, Данғара, Сангтӯда, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Бӯрёбоф, Қубодиён, Шаҳритус, Ҳошадӣ, пойгоҳи гардиши локомотивии Қӯрғонтеппа, қитъаи Хатлонии алоқа ва мухобирот, қитъаи Хатлонии барқрасонӣ, қитъаи Хатлонии КВ «Мусофирбарӣ» -қисми фаъолияти онҳо, ки бевосита ба хизматрасонии минтақаи роҳи оҳан тааллуқ доранд, аз пардохти андози замин, андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо то барқарор намудани фаъолияти минтақаи роҳи оҳани дар вилояти Хатлон ҷойгирбуда озод карда шаванд.
Ҳамзамон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Қолинҳои Суғд» тасмим гирифта шудааст, ки дар асоси қарордод, бо мақсади иваз намудани таҷҳизоти куҳна бо таҷҳизоти ҳозиразамон, баланд бардоштани сифати маҳсулот аз Ҷумҳурии Белгия дастгоҳи бофандагии муосир ба маблағи 956500 евро (5,9 млн. сомонӣ) ворид намояд.
Дар ҳолати ворид ва васлу насб намудани дастгоҳи мазкур корхона имконият дорад, ки сифати маҳсулотро беҳтар намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти солонаро аз 450 ҳазор м2 то ба 1200 м2 расонад ва зиёда аз 20 ҷойи кории нав ташкил намуда, иловатан ба буҷет то 3 млн. сомонӣ маблағҳои андозӣ пардохт намояд.
Вобаста ба ин, ҳангоми додани имтиёзҳои иловагии андозӣ маблағи озодшавӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ҳамагӣ 1,44 млн. сомонӣ, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 1,14 млн. сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 0,3 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.
Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2013 таҳти № 1972 лоиҳаи Қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз молумулки ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз фоида ва боҷи гумрукӣ озод кардани Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонун озод намудани пардохти андозҳо ва боҷи гумрукиро ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои иҷрои корҳои сохтмонӣ (аз ҷумла сохтмони нақбу пулҳо ва корҳои лоиҳакашию кофтуковӣ) ва воридоти молу маводҳои сохтмонии хатти нави роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ва қисми фаъолияти корхонаҳои дар минтақаи Хатлон ҷойгирбудаи ин корхона, ки бевосита ба хизматрасонии минтақаи роҳи оҳан тааллуқ доранд, пешбинӣ намудааст.
Инчунин лоиҳаи қонун озод намудани пардохтҳои андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукиро барои дастгоҳҳои бофандагии воридшаванда барои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Қолинҳои Суғд» пешбинӣ намудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ду таклиф пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 28 августи соли 2013 лоиҳаи Қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифҳои пешниҳодгардида қабул ва ба лоиҳаи Қонуни мазкур ворид карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.
Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» пешниҳод гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади мусоидат ба раванди ҷалбӣ ҳар чӣ бештари сармояи хориҷӣ ва дар ин замина ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои муосир, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.
Аз ҷумла ҶДММ «Дон Ғарам» баҳри азнавтаҷҳизонии технологияи истеҳсолӣ бо ҷалби сармояи ширкатҳои хориҷӣ тасмим гирифтааст, ки тибқи шартнома аз Ҷумҳурии Туркия осиёби ордбарорӣ бо иқтидори истеҳсоли 100-120 тонна орд ба маблағи 600,0 ҳазор доллари ИМА ва аз Ҷумҳурии Исломии Эрон анбори нигоҳдории 6000 тонна ғалла ба маблағи 340 ҳазор доллари ИМА баробари 4,5 млн.сомониро ворид намояд.
Дар ҳолати ворид ва васлу насб намудани дастгоҳҳои мазкур корхона метавонад истеҳсоли маҳсулоти ордиро зиёд намуда, зиёда аз 60 ҷойи кории нав ташкил намояд ва иловатан ба буҷет то 2-3 млн. сомонӣ маблағҳои андозӣ пардохт намояд.
Ҳангоми додани имтиёзҳои иловагии андозӣ маблағи озодшавӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ҳамагӣ 1,07 млн. сомонӣ, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 845,7 ҳазор сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 223,7 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи бозори истеъмолии ҷумҳурӣ бо маснуоти металлӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ аз ҷониби ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷикию хитойӣ» дар ноҳияи Ҳисор сохта, ба истифода додани комбинати металлургӣ бо иқтидори ибтидоии истеҳсоли 150,0 ҳазор тонна маҳсулоти металли сиёҳ дар як сол ва дар оянда то ба 400,0 ҳазор тонна расонидани он, инчунин таъсиси 500 ҷойи корӣ бо ворид намудани хатти технологии истеҳсолӣ, таҷҳизот, техника, маводи сохтмонӣ ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.
Вобаста ба ин, ҳангоми воридоти техника, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо барои эҳтиёҷоти сохтмони комбинати металлургӣ маблағи имтиёзҳои иловагии андозӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ҳамагӣ 21,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 16,8 млн. сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 4,5 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» тасмим гирифтааст, ки дар асоси шартнома бо Ширкати «Эра»-и Ҷумҳурии Чехия аз 31 июли соли 2012 ва дар мувофиқа бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи назоратии зиёдмавқеъро, ки аз таҷҳизоту дастгоҳҳои радиолокатсиониву радионавигатсионии муосир иборат аст, ба маблағи 2,12 млн. доллари ИМА ворид ва насб намояд.
Ҳангоми додани имтиёзҳои иловагии андозӣ маблағи озодшавӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ҳамагӣ 2,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 1,9 млн. сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 0,5 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Маблағи умумии имтиёзҳои андозии пешниҳодшаванда барои воридоти таҷҳизоти мазкур 24,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз пардохтҳои гумрукӣ – 5,2 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда – 19,6 млн. сомониро ташкил менамояд.
Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.
Шарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2013 таҳти № 2026 лоиҳаи Қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти дастгоҳ ва таҷҳизоти ордбарорию анборҳои гандум барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Дон Ғарам», техника ва таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ, инчунин маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, барои эҳтиёҷоти сохтмони заводи металлургии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Комбинати металлургии тоҷикию хитойӣ» ва таҷҳизоти муосири электронии назорати фазои ҳавоӣ (системаи мултилатератсӣ) барои эҳтиёҷоти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ки номгуй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, пешниҳод карда шудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, се таклиф пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 25 сентябри соли 2013 лоиҳаи Қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва таклифҳои пешниҳодгардида ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ