Суҳбати гирди миз дар Маҷлиси намояндагон

№72 (4812) 07.06.2024

DSC_8165Дар мавзуи «Муттаҳид намудани кӯшишҳои муштарак баҳри бунёди ҷомеаи дорои арзишҳои сарнавишти ягонаи инсоният» шашуми июни соли 2024 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонҳои Тоҷикистону Чин, раисони фраксияҳои ҳизбӣ, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, маориф ва илм, кишоварзӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Маркази Конфутсий иштирок доштанд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ изҳор дошт, ки Чин ва кишварҳои Осиёи Марказиро сарнавишти муштарак мепайвандад ва Тоҷикистону Чин ҳамеша ҳамсояҳои хуб, шарикони боэътимод ва бародар мебошанд.

- Дӯстӣ ва ҳамкориҳои мамлакатҳои мо решаҳои амиқ доранд. Онҳоро заминаҳои таърихӣ, анъанаҳое, ки дар муносибатҳои халқҳои мо дар давоми чандин аср инкишоф ёфтаанд ва мавқеи географии мамлакатҳои мо муайян намудаанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин тайи даҳ соли охир робитаи байни давлатҳо ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид.

 Мулоқоту гуфтушуниди сатҳи баланд гувоҳи он аст, ки роҳбарони кишварҳои мо омодаанд таҳкими шарикии стратегиро низ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай идома диҳанд, — зикр кард номбурда.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Рустам Латифзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзси Шумин ва намояндагони дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшонро баён карданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»