20 ноябри соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григулеро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Таваҷҷуҳи асосӣ дар мулоқоти мазкур ба масъалаҳои тақвияти ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо зоҳир карда шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ташрифи ин меҳмони олиқадрро ба мамлакати мо заминаи бисёр мусоид барои рушди муносиботи гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо арзёбӣ намуд.
- Албатта, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — сафарҳои алоҳидаи намояндагони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои муҳими дохиливу минтақавӣ анҷом шудаанд, аммо шахсан бо шумо маротибаи аввал аст, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ менамоем.
Шукурҷон Зуҳуров сатҳи муносиботи байни Маҷлиси намояндагон ва Парлумони Иттиҳоди Аврупоро дар маҷмӯъ нек арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, институтҳои демократии ҷаҳонӣ, сарфи назар аз дастовардҳои қаблӣ, муносибати ҷиддитар ва назари фарохтарро тақозо дорад. Мо бояд иқтидори бузурги ин созмонҳоро ба эътибор гирифта, низоми самараноки ҳамкорию ҳамёриро ба роҳ монем.
- Мо медонем, ки Парлумони Иттиҳоди Аврупо ҳамчун ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ саҳми арзанда дорад,- гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон ва афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти комил аз кумак ва мусоидати Парлумони Иттиҳоди Аврупо дар ҳамаи бахшҳо бархӯрдор шудааст ва ин кумакҳо то имрӯз идома доранд, ки эътимоди тарафҳоро барои таҳкими ҳамкориҳо боз ҳам бештар менамояд.
Татбиқи бомуваффақияти Барномаи «Дастури аврупоӣ дар самти демократия ва ҳуқуқи инсон» ва «Рӯзҳои Аврупо дар Тоҷикистон»-ро бояд махсус қайд кард. Дар ин қатор аз эълон доштани моратория барои ҳукми қатл, механизми ҳуқуқии пешгирии шиканҷа, таъмини баробарии гендерӣ, вохӯриҳои мунтазам дар ҳошияи ҳуқуқи инсон метавон ёдовар шуд.
Тоҷикистон имкони амалӣ дорад, ки сатҳи баланди ҳамкориро бо кишварҳои алоҳидаи Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун воҳиди хос ва бонуфузи муносибатҳои байналмилалӣ таъмин намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти сафари худ ба давлатҳои Аврупо моҳи октябри соли 2004 дар Брюссел Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро ба имзо расонид, ки саҳифаи нави ҳамкориро дар таърихи ҷумҳурӣ боз намуд. Созишномаи мазкур аз ҷониби Парламенти Иттиҳоди Аврупо ба тасвиб расида, ба ҳукми амал даромад. Бо назардошти ба ҳукми амал даромадани Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Комиссияи байниидоравӣ ташкил шуд. Ҷаласаи якуми Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Иттиходи Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар рафти он доираи васеи масъалаҳои ҳамкории тарафайн дар соҳаи иқтисодиёт ва энергетика мавриди муҳокима қарор гирифт.
Боиси хушнудӣ аст, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо дар доираи Созишнома ва санадҳои баимзорасида равобити худро ба роҳ мондаанд ва ин муносибот бо гузашти рӯзҳову солҳо беш аз пеш таҳким меёбанд.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин изҳор дошт, ки Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни фаъолияти худ ҳамеша талош менамояд, ки қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯйи сатҳи байналмилалиро таҳия ва қабул намояд. Дар ин замина, хушбахтона, вакилони Маҷлиси намояндагон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд.
Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле иброз дошт, ки Парлумони Иттиҳоди Аврупо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақа шарики боэътимоди худ медонад ва дар заминаи масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ аз мавқеи ин кишвар пуштибонӣ хоҳад кард.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин самтҳои тақвияти ҳамкориҳо байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо, вазъи Афғонистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима шуданд.
Дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Галия Рабиева низ иштирок дошт.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир А.ИСОЕВ