Суҳбати Шукурҷон Зуҳуров бо Леонид Кожара

№132 (3117) 17.10.2013

1

Шонздаҳуми октябри  соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  раиси амалкунандаи Созмони Амният ва  Ҳамкорӣ дар Аврупо  (САҲА), вазири корҳои хориҷии Украина Кожара Леонид Александровичро ба ҳузур пазируфт.

Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат Шукурҷон Зуҳуров раиси амалкунандаи Созмони Амният ва  Ҳамкорӣ дар Аврупо, вазири корҳои хориҷии Украина Кожара Леонид Александровичро пазиройӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти кишвар ва ҳамкориҳо бо ин созмони бонуфуз суҳбат намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст аз равобити дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Украина суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Украина дар шумори нахустинҳо Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, равобити дипломатӣ барқарор намуд. Ҳамкориҳои миёни кишварҳоямон дар бисёр бахшҳо, хусусан дар соҳаи энергетика қобили таваҷҷуҳ мебошад. Сафарҳои чандинкаратаи сарварони ҳар ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, ҷалби сармоягузорони украинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, хусусан оид ба истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, истеҳсол ва коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ нақши муҳим доштанд. Аз соли 1992 то кунун миёни Тоҷикистону Украина зиёда аз 80 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст. Ҳоло дар кишвари мо чандин корхонаҳои муштарак фаъолият менамоянд. Ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, фарҳангиву башардӯстӣ, байнипарламентӣ ва ғайра дар сатҳи қаноатбахш идома доранд. Дар оянда низ Украина метавонад ба хотири густариши ин ҳамкориҳо сармоягузориро ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду миёна, корхонаҳои коркарди мева ва дигар соҳаҳо тақвият бахшад.

- Дар Тоҷикистон ба Украина ва мардуми он таваҷҷуҳи хоса доранд. Моро решаҳои таърихиву фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд, -изҳор намуд Ш.Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба робитаҳои миёни Тоҷикистон ва САҲА дахл намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки кӯмакҳо ва ҳамкориҳои ин созмони бонуфуз дар Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз гардида, соли 1994 миссияи вай ба фаъолият шуруъ кард, ки он соли 2008 Бюрои САҲА дар Тоҷикистон ном гирифт.

Дар тамоми ин муддат мо дасти ҳамкориҳои САҲА-ро эҳсос менамудем. Ҷойи қаноатмандист, ки ҳамкориҳои Бюро дар кишвари мо сол то сол рушду нумуъ меёбад.  Дар тайи ин солҳо Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар бахши бунёди ҷомеаи демократӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар кишвари мо тамоми принсипҳои марбут ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун, озодии дин ва озодии сухан риоя ва иҷро карда мешаванд. Доир ба бахшҳои мазкур дар Маҷлиси намояндагон як силсила қонунҳо қабул гардида, тамоми санадҳои байналмилалӣ ба тасвиб расидаанд.

Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар бораи зарурати дар оянда низ расонидани кӯмакҳои САҲА ба ҷумҳурии мо оид ба таҳкими сарҳадҳо бо Афғонистон, тоза намудани баъзе минтақаҳои сарҳадӣ аз минаҳо, масъалаҳои экологӣ ва мавзуъҳои дигар суҳбат намуд.

Раиси амалкунандаи Созмони Амният ва  Ҳамкорӣ дар Аврупо, вазири корҳои хориҷии Украина Кожара Леонид Александрович аз пазиройии Раиси Маҷлиси намояндагон, инчунин аз зебоии шаҳри Душанбе ва рӯйгармии сокинони он изҳори хушӣ намуда, роҷеъ ба нақшаи ояндаи ҳамкориҳои САҲА бо Тоҷикистон суҳбат намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки интихоботи президентии  Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва ба таври демокративу шаффоф баргузор хоҳад гардид. Воқеан дар ин интихобот тақрибан 700 нозир аз созмонҳои гуногуни бонуфузи дунё иштирок хоҳанд кард. Дар суҳбат инчунин дар бораи ҳамкориҳои оянда дар бахшҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, башардӯстӣ, демократикунонии ҷомеа, ба сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна, бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон  ва дигар масъалаҳо изҳори назар кард.

Бо боварӣ изҳор гардид, ки дар оянда ин ҳамкориҳо боз ҳам тавсеа хоҳанд ёфт.

Кожара Леонид Александрович ба масъалаҳои миёни Тоҷикистону Украина дахл карда гуфт, ки соли оянда Рӯзҳои Тоҷикистон дар Украина баргузор хоҳад шуд ва ба ин муносибат дар кишвараш корҳои омодагирӣ шуруъ шудаанд. Ҳамчунин соли оянда 200-солагии зодрӯзи шоири маъруфи Украина Тарас Шевченко ҷашн гирифта хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик ин адиби украинро хуб медонанд ва дар Душанбе ба номаш кӯчае низ номгузорӣ гардидааст.

Дар суҳбат Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон В.О.Никитюк иштирок дошт.

Котиботи  роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон