Суҳбати Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Қазоқистон

№124 (3425) 16.09.2015

3Дар ҷараёни ин мулоқот муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шукурҷон Зуҳуров, аз ҷумла иброз дошт, ки дӯстии халқҳои тоҷику қазоқ даҳсолаҳо боз идома дорад. Имрӯз Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд. То ба имрӯз миёни Тоҷикистону Қазоқистон  санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ ба имзо расидааст, ки ҳамкориҳои миёни ҳар ду кишвар дар доираи онҳо ба роҳ монда шудааст. Сандуқи сармоягузории ҳар ду кишвар таъсис дода шудааст, ки барои омода сохтани фазои иқтисодии мамлакатҳоямон корҳои мушаххасро ба сомон расонидаанд.

- Нақши парлумонҳои мо дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои якдигар хеле муҳим ва назаррас мебошад, — таъкид кард Раиси Маҷлиси намояндагон ва афзуд: -Аз ин рӯ, мо бояд ҳар чӣ бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоямонро тақвият бахшем. Мавсуф фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистонро қадами бисёр муҳим ҷиҳати тақвият ёфтани робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариши дигар соҳаҳои ҳар ду мамлакат арзёбӣ намуд.

Истифода аз таҷрибаи қонунофарии ду кишвар аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев  буд. Таъкид гардид, ки парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар тӯли 24 соли истиқлолият таҷрибаи зиёд андӯхтаанд ва истифода аз ин таҷрибаҳо ба нафъи ҳамдигар мебошад.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз саҳми давлат ва парлумони Тоҷикистон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат сухан ронда, иброз дошт, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо парлумони кишвар робитаи қавӣ доранд ва ҳамин ҳамкориҳои судманд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегии худ сол аз сол наздиктар мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нахуст  Шукурҷон Зуҳуровро ба муносибати Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуданаш самимона муборакбод гуфта, барои вай дар ин мақоми пурмасъулият барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназир орзу намуд.   Нурсултон Назарбоев изҳори боварӣ кард, ки ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Қазоқистон беш аз пеш тақвият меёбад.

Президенти Қазоқистон шомил шудани намояндагони  шаш ҳизби сиёсиро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи таҳкими раванди демократия дар ҷумҳурӣ арзёбӣ кард ва афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузашти  24 сол аз рӯзи эълони истиқлолияти худ марҳала ба марҳала низоми демократиро дар кишвар рушд бахшида истодааст.

Нурсултон Назарбоев  ҳамчунин  изҳор дошт, ки кишвараш Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дӯстони асосӣ ва муҳимтарин шарики худ дар минтақа медонад ва барои таҳкими муносибот бо ин кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки бо Қазоқистон дӯстии самимию холисона дорад ва мо ба қадри ин дӯстӣ мерасем.

Мавсуф соҳиби обрӯ ва нуфузи баланд шудани Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ натиҷа ва самараи талошҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард ва иброз дошт, ки бешубҳа, дар ин самт саҳми вакилони мақоми олии қонунгузори Тоҷикистон низ ҳаст.

Дар маҷмӯъ, ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ ва зарурати густариши ҳар чӣ бештари робитаҳоро таъкид карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ,  раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ,  Холиқзода Абдураҳим, вакили Маҷлиси намояндагон Баҳром Абдуалимов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Назирмад Ализода иштирок доштанд.

 

Муҳаммадато  СУЛТОНОВ

котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон