Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова дар шаҳри Душанбе бо интихобкунандагонаш бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуд. Чунин мулоқоту суҳбатҳо бо устодону донишҷӯён дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, сокинони маҳаллаи Лучоби боло ва Лучоби поён, маҳаллаи Шараф, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25-уми ноҳияи Сино, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, сокинони маҳаллаи Шафтолузор, бо коллективи омӯзгорону хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11, сокинони маҳаллаи Сурхоб, кӯчаҳои Телман ва Заҳматободи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муассисаву идораҳо ва корхонаҳо доир шуд.
Марҳабо Ҷабборова интихобкунандагонашро бо мазмуну мароми Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуда, ба суол ва дархости онҳо ҷавобҳои қаноатбахш дод.
Саволу дархостҳои интихобкунандагон хеле зиёд буд. Махсусан, тақдири ояндаи фарзандон волидайнро бетараф намегузошт. Паст шудани сатҳи маънавиёт, аз арзишҳои миллӣ дур шудани ҷавондухтарон, бо ҷойи кор таъмин кардани ҷавонон, нарасидани муассисаҳои томактабӣ ва ба ин монанд масъалаҳо дар вохӯриҳо зиёд садо доданд.
Дар хотимаи мулоқотҳояш раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова хотиррасон мекард, ки чун вакили халқ, рӯзи қабулаш барои шаҳрвандону интихобкунандагон дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта муқаррар гардидааст. Сокинони маҳаллаҳои дар боло зикршуда метавонанд бо арзу дархосташон бо вакили интихобкардаашон дар алоқа бошанд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»