Якуми марти соли 2013 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Комиссия Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи таъини интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 баррасӣ гардид.
Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 Рустам Латипов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таъин гардидааст.
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2013 ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латипов пеш аз муҳлат қатъ гардонида шуд.
Бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 13 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 ба рӯзи якшанбе, 5 майи соли 2013 таъин гардид.
Ҳамчунин нақшаи тақвими чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 тасдиқ шуд.
Аъзам МӮСОЕВ,
«Садои мардум»