Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Тағйиру иловаҳо ба кодекс ва қонунҳои амалкунанда амри воқеист

№148 (3133) 23.11.2013

DSC_1551

20 ноябри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум доир гардид.

Доир ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок».

РАИС: - Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич дода мешавад.

Маҳмадалӣ ВАТАНОВМаҳмадалӣ ВАТАНОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи  Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ гардонидани муқаррароти он ба қонунгузории амалкунанда ва бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдошта бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Худоёров   таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Мувофиқи моддаи 9 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва  сиёсӣ ҳар як инсон ҳуқуқ ба озодӣ  ва дахлнопазирии шахсӣ дорад, ҳеҷ кас наметавонад худсарона ба ҳабс гирифта шавад, ҳеҷ кас набояд аз озодӣ, ғайр аз асосҳо ва мутобиқи расмиёте, ки тавассути қонун муқаррар карда шудаанд,  маҳрум карда шавад.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябри соли 2009  қабул  ва  аз 1 апрели соли 2010 мавриди амал қарор дода шуда, мувофиқи моддаи  35- уми он  танҳо суд ҳуқуқ дорад  барои шахсро ҳабс кардан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан ва ё муҳлати онро дароз намудан, барои азназаргузаронии манзил, дар сурати розӣ набудани шахсони маскуни он , барои кофтукови  манзил, ба ҳабси молу мулк, ба гӯш ва сабт  кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо, инчунин дар дигар мавридҳои пешбининамудаи ҳамин модда иҷозат диҳад.

Мутобиқи  қисми 2 моддаи  9 ҳамин Кодекс муқаррароти мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки дар дигар қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд, бояд ба муқаррароти  Кодекси  мазкур мутобиқ бошанд. Аммо дар санадҳои қонунгузории амалкунанда то ҳол ваколати додани иҷозат (санксия) аз ҷониби прокурор оид ба ин ё он масъалаҳои марбут  ба маҳдуд  намудани ҳуқуқу озодии  инсон ва шаҳрванд боқӣ мондаанд. Маҳз бо ҳамин мақсад лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур таҳия гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи  Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1938 аз 24 июни  соли 2013 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳамзамон барои такмил додани он аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ  таклиф  пешниҳод  гардид.

Кумитаи масъул рӯзи 22 октябри соли 2013 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А.Ғафорова, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, ҳамаи таклифҳои пешниҳодгардидаро қобили қабул донист.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳа аз нав таҳия гардид. Лоиҳаи такмилёфтаи қонуни конститутсионии мазкур бо субъекти ҳуқуқи  ташаббуси қонунгузорӣ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор  мувофиқа карда шудааст.

Қабули қонуни конститутсионии мазкур аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи  иловагиро  талаб  наменамояд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» сухан ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорова Гулчеҳра Турсуновна дода мешавад.

Гулчеҳра БОЗОРОВАГулчеҳра БОЗОРОВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Тайи солҳои охир ҳамкории судманди вазорату идораҳо бо парлумони  кишвар хеле тақвият ёфта, боиси таҳия ва қабули он санаду меъёрҳои ҳуқуқие гардидааст, ки дар пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.

Дар ҳамин  раванд лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» озод намудани Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷ- Чайна 2013» аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид намудани техника, таҷҳизоти технологӣ ва қисмҳои такмилии онҳо, ки  маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳад ва масолеҳи сохтмонӣ барои сохтмони корхонаи сементбарорӣ дар шаҳри Ваҳдат мебошад.

Бояд зикр намуд, ки арзиши лоиҳавии корхонаи мазкур 20 млн. доллари ИМА буда, иқтидори истеҳсолии он 600 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки дар ин раванд ба маблағи зиёда аз 9,8 млн. доллари ИМА воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти гуногун аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад.

Муҳлати сохтмони корхонаи сементбарорӣ даҳ моҳро ташкил менамояд ва сохта ба истифода додани он имкон медиҳад, ки талаботи дохилӣ ба семент беҳтар қонеъ гардонида шуда, ҳамзамон зиёда аз 250 ҷойи кори нав таъсис дода шавад.

Илова бар ин, ба хазинаи давлатӣ маблағҳои иловагӣ аз пардохти андозҳои дохилӣ ворид мегардад. Мувофиқи дурнамои нақшаи истеҳсолӣ ҳангоми бо иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаи мазкур имкон дорад, ки ба маблағи умумии 360 млн. сомонӣ семент истеҳсол карда шавад, ки аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ ба маблағи 55 млн. сомонӣ танҳо андоз аз арзиши иловашуда ворид мегардад.

Дар асоси ин гуфтаҳо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: -Оид ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашӯрбег Раҳматуллоевич дода мешавад.

Ашӯрбег РАСУЛОВАшӯрбег РАСУЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон  ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2013 таҳти № 2120 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса  ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур техника, таҷҳизоти технологӣ ва қисмҳои такмилии онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳад ва масолеҳ барои сохтмони корхонаи сементбарорӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷ-Чайна 2013» воридшаванда, ки номгуй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Корхонаи сементбарории сохташаванда бо иқтидори 600 ҳазор тонна семент дар як сол бо арзиши лоиҳавии 20 миллион доллари ИМА аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой бунёд мегардад.

Баъди бо иқтидори пурра фаъолият намудан корхонаи мазкур имконият дорад 250 ҷойи корӣ таъсис диҳад ва ба маблағи 360 млн. сомонӣ семент дар як сол истеҳсол намуда, ба Буҷети давлатӣ 55,0 млн.сомонӣ танҳо андоз аз арзиши иловашуда ворид намояд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда, 12 таклиф пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита, ки  15 ноябри соли 2013 баргузор гардид, лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифҳои пешниҳодгардида қабул шуда, ба лоиҳаи қонун ворид гардиданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни  пешниҳодгардида овоз диҳед.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала кӣ савол ё таклифу пешниҳод дорад?

кабировМуҳиддин КАБИРОВ: -Лоиҳаи қонуни мазкур қобили қабул мебошад, вале масъала дигар аст. Қаблан ҳам бо қабули тағйиру илова ба қонуни мазкур ҳангоми ворид кардани амвол, таҷҳизот, масолеҳи сохтмонӣ ташкилоту корхонаҳо аз андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод мешуданд. Ба баъзе корхонаҳо, мисли меҳмонхонаҳои панҷситорадор соли панҷум аст, ки мо дар буҷет ба онҳо имтиёзҳо медиҳем, аммо сохтмонаш ҳанӯз идома дорад. Корхонаҳо муддати ду-се сол сохта, мавриди истифода қарор дода мешаванд, аммо муҳлати сохтани чунин меҳмонхонаҳо кашол меёбад.

Чаро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корхонаю ташкилот, ки имтиёз гирифтаанд, мавриди санҷиш қарор намегиранд?

Маълум, ки додани имтиёз дар доираи қонун сурат мегирад, вале бояд як механизми бисёр шаффоф мавҷуд бошад, ки дар ҳолати ба ин меъёрҳои қонун мутобиқат доштан корхона, ташкилот ё соҳибкор ба гирифтани имтиёз ҳуқуқ пайдо мекунад.

Хоҳишмандам, ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар дода шавад.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала ман супориш дода будам ва он ҳоло мавриди омӯзиш қарор дорад. Ҳангоми банақшагирии муҳокимаҳои парлумонӣ фаъолияти тамоми он корхонаҳое, ки аз андоз озод гардидаанд, таҳлил ва баррасӣ мешаванд.

Дар бораи он механизмҳое, ки шаффофиятро метавонанд таъмин кунанд, шумо –вакилон метавонад таклифу дархостҳои худро пешниҳод намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Тӯрахон Давлатович дода мешавад.

Тўрахон САМАДОВТӯрахон САМАДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мушаххас намудани муқаррароти моддаи 550 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулият барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама, риоя накардани муҳлати нигоҳдории маводҳои рекламавӣ  таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи дигари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчунин бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 14 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2012 таҳти №5 оид ба бартараф намудани такроршавии функсияҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ  таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаҳо бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буданд.

Мутобиқи банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ду лоиҳа ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» якҷоя карда шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мазкурро омӯхта, ҷиҳати мукаммал намудани он 13 таклифу пешниҳод ирсол намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул  бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуда, ҳамаи таклифу пешниҳодҳо пурра ё қисман дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ҷонибдорӣ намуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Хоҳишмандам, онро дастгирӣ кунед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич дода мешавад.

Маҳмадалӣ ВАТАНОВ: — Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ватанов, Н.Маҳмудов ва С.Гиёев бо мақсади такмили меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  амалӣ намудани барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бартараф кардани мухолифати меъёрҳои Кодекси мазкур бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 11 моддаи Кодекси зикргардида пешниҳод карда шудааст.

Ҳамзамон, лоиҳаи қонуни номбурда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Гиёев ҷиҳати иҷрои қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2013 оид ба таъмин кардани мутобиқати меъёрҳои қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан таҳти №1954 аз 24 июни соли 2013 ва таҳти №2071 аз 14 октябри соли 2013 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Бо назардошти тааллуқ доштани тағйиру иловаҳо ба як қонун (яъне ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо дастрасии банди 301)-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳо якҷоя карда шуданд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода, онро ҷонибдорӣ ва ҳамзамон ҷиҳати такмили он ба кумитаи масъул дар маҷмӯъ 38 пешниҳод манзур намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 12 ноябри соли 2013 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Х.Мирзоев ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаро бо розигии субъекти ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода, аз 38 пешниҳод 35- тои онро қобили қабул ва қисман қабул донист. Се пешниҳод қабул нашуд.

Бо пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои дахлдор пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, минбаъд нусхаи ҳукм пеш аз ба тарафҳо супорида шудан бояд ба таври дахлдор тасдиқ карда шаванд. Нусхаи ҳукм дар баробари маҳкумшуда, ҷабрдида ба айбдоркунандаи давлатӣ низ супорида мешавад. Барои прокуророни шаҳру ноҳияҳо барои омӯзиши асоснокии қарорҳои судӣ талаб карда гирифтани парвандаҳои ҷиноятӣ, ки бо онҳо ҳукми суд ба қувваи қонунӣ дароварда шудааст, имконият пайдо мешавад. Масъалаи аз нав сар кардани пешбурд аз рӯйи парвандаҳо, аз рӯйи ҳукм ва қарори судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба танзим дароварда шудааст. Ҳамзамон бо ворид намудани тағйирот ба қисми 2 моддаи 63 шикоят кардан ва эътироз овардан аз таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум, ки дар рафти мурофиаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ нисбати судшаванда бароварда шудааст, имконпазир гашта, ин меъёр ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст. Инчунин, бо қабули қонуни мазкур меъёрҳои он моддаҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд, бо меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мегардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд», сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Исматуллоев Дилшод дода мешавад.

Дилшод  ИСМАТУЛЛОЕВДилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: - Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мувофиқи моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни мазкур санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд, бинобар сабаби моҳияти худро гум кардан, аз эътибор соқит дониста мешаванд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2114 аз 11 ноябри соли 2013 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд», мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, барои такмил додани лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби кумитаи масъул 12 таклиф, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ як таклиф ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се таклиф пешниҳод гардид, ки ҳамаи онҳо пурра қобили қабул дониста, ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 12 ноябри соли 2013 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ  ҷаласаи васеъ гузаронид, ки иштирокчиёни он лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд», ба Конститутсияи (Сар-қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин рӯ, аз  шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд», ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳа қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шабдолов Шодӣ Давлатович дода мешавад.

ШабдоловШодӣ ШАБДОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур таъмини бехатарии истифодаи ат-траксионҳо мебошад.

Шумораи аттраксионҳо воқеан хеле зиёд гардидааст ва дар бисёр маврид кӯдакон ва наврасон аз онҳо истифода мебаранд. Ҳангоми истифодабарии аттраксионҳо таъмини бехатарии онҳо зарур аст ва ворид гардидани илова ба қонуни мазкур инро пешбинӣ менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ кунед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум».

 Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ