Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Тағйиру иловаҳо қонунҳои амалкунандаро такмил медиҳанд

№65 (3050) 01.06.2013

DSC_1970

29 майи соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба Кодекси  мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шуруъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ширинов Абдуҷаббор дода мешавад.

2Абдуҷаббор ШИРИНОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, муҳтарам вакилони мардумӣ, ҳозирини гиромӣ!

Иҷозат диҳед доир ба лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда мухтасар маълумот диҳам.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 2004 аъзо ва яке аз муассисони Гурӯҳи ЕврОсиё мебошад, ки он чун ташкилоти минтақавии Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) фаъолият менамояд.

Мақсади он ҳамоҳангкунии низомҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар мамлакатҳо мебошад. Дар соли 2007 зимни баҳогузории фаъолияти ин гуна низом дар кишвар аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор, бинобар сабаби дар он давра вуҷуд надоштани қонуни  соҳавӣ ва мутобиқ набудани қонунгузорӣ ба талаботи ФАТФ, бо қарори Гурӯҳи ЕврОсиё Тоҷикистон таҳти реҷаи мониторинги «қатъӣ» қарор ёфт.

Барои ислоҳи ин вазъият «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ» омода карда шуд, ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июни соли 2011 таҳти №2/107 тасдиқ гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои бандҳои 1.4, 1.7, 1.8, 2.1 ва 3.2 ин Нақша таҳия шуда, бо назардошти пешниҳоди ФАТФ ва талаботи созишномаҳои байналмилалӣ, омода гаштааст. Мақсади ин санадҳо ҷиноят эътироф намудани он амалҳое мебошад, ки аз рӯйи меъёрҳои имрӯзаи байналмилалӣ ҳамчун ҷиноят қабул шудаанд, лекин қаблан аз назари қонунгузории ватанӣ ба эътибор гирифта намешуданд.

Лоиҳаи қонуни номбурда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.

Қабул ва татбиқи он маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудов Насрулло Раҳматҷонович дода мешавад.

DSC_2076Насрулло МАҲМУДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1840 аз 29 апрели соли 2013) пешниҳод шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 2004 узв ва яке аз муассисони Гурӯҳи ЕврОсиё мебошад, ки ин ташкилот мақомоти минтақавии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) буда, фаъолияти худро ба ҳамоҳангкунии байни низомҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона намудааст.

Бо пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур, моддаи 57 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мусодираи молу мулкро танзим менамояд, дар таҳрири нави зерин ифода карда шудааст: «Мусодираи молу мулк ин дар асоси ҳукми айбдоркунанда маҷбуран ба таври ройгон гирифтан ва ба моликияти давлат гузаронидани молу мулк мебошад». Дар баробари мафҳум дар ин модда барои кадом ҷиноятҳо ва бо кадом тартиб татбиқ шудани мусодираи молу мулк дақиқ муайян карда шудааст.

Қаблан бошад, мусодираи молу мулк ҳамчун ҷазои иловагӣ, дар санксияҳои моддаҳои гуногуни қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд.

Лоиҳа дар мутобиқат ба талаботи моддаи 5 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф шудаанд, таҳия шудааст ва ҳангоми ҳалли масъалаи мусодираи молу мулк, дар навбати аввал бояд масъалаи талофӣ гардидани зарари ба соҳиби қонунӣ расонида, ҳал карда шавад.

Дар ҳолате ки шахси гунаҳгор молу мулки дигарро, ки ба он ситониш метавонад татбиқ гардад, надошта бошад, он гоҳ зарари ба соҳиби қонунӣ расонида аз арзиши молу мулки мусодирашаванда талофӣ гардида, қисми боқимонда ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмилёбии он дар маҷмуъ 27 пешниҳод манзур намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 23 майи соли 2013 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ғафорова, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Х.Мирзоев ва инчунин намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, пешниҳоди манзуршударо баррасӣ намуда, аз онҳо 20- тоашро қобили қабул ва қисман қобили қабул дониста, 7-тои дигарашро қабул накарданд.

Ҳамзамон лоиҳаи қонуни мазкур, бо назардошти пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буд, такмил дода шудааст.

Пешниҳодҳои қабулшуда дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда, он такмил дода шуд.

Аз ҷумла:

1. Ба моддаи 1 лоиҳаи қонун қисми нав ворид карда, қисми 5 моддаи 48 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода гардид ва бинобар дар моддаи алоҳида пешбинӣ гардидан, муқаррарот вобаста ба мусодираи молу мулк аз ин модда хориҷ карда шуд.

2. Қисми 2 моддаи 1 лоиҳаи қонун, ки мафҳум ва тартиби мусодираи молу мулкро ба танзим медарорад, бо иштироки ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба такмили Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва таҳлили амиқ қарор гирифта, бо назардошти талаботи ФАТФ ба банди а) қисми мазкур, яъне ба моддаи 57 Кодекс, 24 моддаи Қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда шуданд, ки ҳангоми содир кардани онҳо мусодираи молу мулк татбиқ карда мешавад.

3. Ба лоиҳа қисми нав ворид карда шуда, бо он ба қисми 1 моддаи 1792 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти хусусияти меъёрӣ ворид карда, диспозитсияи модда мукаммал гардонида шуд.

4. Ҳамзамон ба қисми 5 моддаи 1 лоиҳа, яъне ба эзоҳи моддаи 262 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандҳои 8) ва 9) илова гардида, дар онҳо мафҳуми ҷиноятҳои асосӣ пешбинӣ карда, тартиби ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан барои ҷиноятҳои вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мушаххас муайян карда шудааст.

5. Инчунин ба лоиҳа қисми 6 ворид ва бо он мутобиқати қисмҳои умумӣ ва махсуси Кодекси ҷиноятӣ таъмин шуд.

Тағйиру иловаҳои пешбинишуда Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи мусодираи молу мулк мушаххасан такмил дода, аз ҷумла онро ба талаботи санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, мутобиқ мегардонад.

Муҳтарам Раис, дар интиҳои маърӯза эҳтиромона хоҳишмандам, ки дар қисми 5- уми лоиҳа аз эзоҳи 9 калимаҳои    «банди а)  қисми 1 моддаи 57» хориҷ карда шавад, зеро дар қисми мазкури лоиҳа ҳамаи ҷиноятҳои асосӣ, яъне ҷиноятҳое, ки пеш аз қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда  содир гардида, дар натиҷаи онҳо даромадҳо ба даст оварда шудаанд, зикр карда нашудаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.

РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ширинов Абдуҷаббор дода мешавад.

Абдуҷаббор ШИРИНОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам вакилони мардумӣ, ҳозирини гиромӣ!

Мақсад аз қабули лоиҳаи қонуни мазкур иҷрои бандҳои 1.7, 5.3 ва 7 Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ буда, доир ба масъалаҳои алоқаманд ба андоз, таъсис додани Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба амалӣ намунаи меъёрҳои муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм мебошад ва он бо назардошти пешниҳоди ФАТФ ва талаботи созишномаҳои байналмилалӣ омода гаштааст.

Лоиҳаи қонуни номбурда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Қабул ва татбиқи он маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудов Насрулло Раҳматҷонович дода мешавад.

Насрулло МАҲМУДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1841 аз 29 апрели соли 2013) пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур низ бо мақсади иҷрои тавсияҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) ва иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ», ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июни соли 2011 таҳти №2/107 тасдиқ гардидааст, таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Лоиҳаи Қонун барои омӯзиш ва омода намудани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онҳоро пурра дастгирӣ намуданд ва ҷиҳати такмилёбии он дар маҷмуъ 20 таклиф пешниҳод гардид.

Кумитаи масъул рӯзи 23 майи соли 2013 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ғафорова, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, инчунин намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, пешниҳодҳои манзуршударро баррасӣ намуда, ҳамаи онҳоро пурра ва ё қисман қобили қабул донистанд.

Пешниҳодҳои қабулшуда дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ -Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Х.Мирзоев ба лоиҳаи қонун ворид ва лоиҳа такмил дода шуд.

Аз ҷумла:

1. Бо назардошти такмил додани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз мавриди муҳокима қарор дошт, моддаи 1-уми лоиҳа такмил дода, аз он қисмҳои 1 ва 2 хориҷ карда шуданд.

2. Дар қисми 3- юми лоиҳа банди 6 комилан такмил дода, банди 6-уми амалкунанда банди 7 ҳисобида шуд.

3. Лоиҳа аз лиҳози техникаи қонунгузорӣ такмил дода, ҳамзамон меъёрҳои он ба талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикитсон мутобиқ гардонида шуд.

Тағйиру иловаҳои пешбинишуда моддаҳои 5 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» — ро, ки чораҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва инчунин номгуйи мақомоти танзим ва назорати давлатиро дар ин самт  пешбинӣ менамояд, такмил медиҳад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ширинов Абдуҷаббор дода мешавад.

Абдуҷаббор ШИРИНОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам вакилони мардумӣ, ҳозирини гиромӣ!

Мақсад аз қабули лоиҳаи қонуни мазкур иҷрои банди 5- уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ доир ба масъалаҳои якҷоя бо мақомоти ваколатдор гузаронидани санҷиши фаъолияти нотариалӣ дар самти шустани пул ва хабар додани ҳама гуна аҳд ва амалиётҳои шубҳанок ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мебошад.

Лоиҳаи қонуни номбурда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад. Хоҳиш менамоям, онро дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Тӯрахон Давлатович дода мешавад.

DSC_2099Тӯрахон САМАДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 29 апрели соли ҷорӣ таҳти №1842 лоиҳаи қонун барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала таҳия шудааст.

Кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаро омӯхта, онро дастгирӣ намуданд ва барои такмили он 11 таклиф пешниҳод карданд. Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонун муҳокима гардида, даҳ таклиф дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба он ворид карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаро дастгирӣ намуда, онро ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. Хоҳишмандам онро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудов Насрулло Раҳматҷонович дода мешавад.

Насрулло МАҲМУДОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Зувайдов ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон У.А.Давлатов ҷиҳати аз байн бурдани ихтилофот ва такмили меъёрҳои моддаи 124 Кодекси мазкур вобаста ба тартиби судии баррасии шикоят аз қарори прокурорро ба танзим медарорад, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Бо пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1695 аз 28 январи соли 2013 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ба кумитаи масъул 29 пешниҳод карданд.

Мавриди зикр аст, ки қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пешбинӣ мекард: «Ба қарори судя, ки мутобиқи талаботи қоидаҳои ҳамин модда бароварда шудааст, шикоят ё эътироз оварда намешавад. Бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2012 меъёри мазкур, яъне қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ дониста шудаст.

Минбаъд ба қарори судя оид ба ин масъала  эътироз ё шикоят овардан мумкин мешавад.

Кумитаи масъул рӯзи 23 майи соли 2013 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ғафорова, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Х.Мирзоев ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаро бо розигии субъекти ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода, аз моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо қисми 5- ро хориҷ намуда, дигар қисмҳои моддаи мазкур бетағйир монда, қисми 6 қисми 5 ҳисобида шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» сухан ба муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Холмаҳмад дода мешавад.

DSC_2114Холмаҳмад НАЗАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Мутобиқи он қисми дуюми моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» бо мақсади мутобиқ гардонидан ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хориҷ карда мешавад.

Мутобиқи ин тағйироти ба қонуни амалкунанда воридшуда, минбаъд ваколати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани сардухтурони давлатии санитарии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ба уҳдаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоят, шаҳру ноҳия вогузор карда мешавад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисориев Маҳмадамин Исматович дода мешавад.

DSC_2122Маҳмадамин ҲИСОРИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2013 таҳти №1852 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Дар натиҷаи баррасӣ аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пурра дастгирӣ ёфт.

16 майи соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи мазкур бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҳаматарафа қарор дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти шахсони мансабдори Хадамоти назорати давлатии  санитарию эпидемиологӣ ҳангоми ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва мутобиқ намудани он бо санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 27 майи соли 2013 оид ба танзим даровардан ва мутобиқ намудани моддаи 48 қонуни амалкунанда ва фаҳмотар гардидани он ба лоиҳаи қонун аз ҷониби кумитаи масъул  се пешниҳод ворид гардида, қабул карда шуд ва бо мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ моддаи 48 дар таҳрири зайл ифода карда шуд:

«Моддаи 48. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Ба зиммаи сардори Раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ уҳдадории муовини сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.».

Минбаъд барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани сардухтурони давлатии санитарии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ розигии сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурият надорад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин   лоиҳаи қонуни мазкурро барои баррасӣ ба шумо- вакилони гиромиқадр, пешниҳод карда, дастгирии онро эҳтиромона хоҳишманд аст.

DSC_2141Сӯҳроб ШАРИПОВ: -Ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бештар кадрҳои болаёқату касбӣ пешбарӣ шаванд, зеро дар аксар ҳолат ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба мушкилот мувоҷеҳ мегарданд, вале аз ҷониби ин хадамот вокунише  нишон дода намешавад. Кормандони ин сохторро лозим аст, ки робитаро бо мақомоти ҳамтои худ дар хориҷа, бахусус Федератсияи Россия, пурзӯр намоянд. Нисбати муносибати нодуруст ва эродҳои беасоси кормандони он сохторҳо ҷавоби қотеъона ва саривақтӣ дода тавонанд, то пеши роҳи ҳар гуна овозаю баромадҳои ғаразнок дар воситаҳои ахбори оммаи ин давлатҳо гирифта шавад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шабдолов Шодӣ Давлатович дода мешавад.

7Шодӣ ШАБДОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Асоев таҳия ва пешниҳод шудааст. Мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2012 таҳти №1623 барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» соли 2000 қабул гардида буд. Дар ин муддат зарурат пеш омад, ки ба қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

Аз ҷониби мо -вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳа оид ба таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» пешниҳод шуда, ҳоло матни он бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мувофиқа қарор дорад.

Лоиҳаи қонуне, ки аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Асоев пешниҳод гардидааст, низ баёнгари зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» мебошад.

Бинобар ин, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, дигар кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро, ки аз ҷониби муҳтарам Х.Асоев пешниҳод шудааст, асосан ҷонибдорӣ намуданд.

Аз ҷониби кумитаҳо, комиссияҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили матни лоиҳаи қонуни мазкур 47 тағйирот пешниҳод гардид, ки аксарияти онҳо дар ҷаласаи васеи кумитаи мазкур 17 майи соли 2013 ҷонибдорӣ ёфтанд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия лоиҳаи қонуни мазкурро барои баррасӣ пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони арҷманд, ҷонибдории онро эҳтиромона хоҳишманд аст.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, Қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Катаев Амир Ҳабибович дода мешавад.

DSC_2160Амир КАТАЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2013 таҳти №1854 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни зикргардида бо мақсади ба дигар санадҳои қонунгузорӣ мувофиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», инчунин ба танзим даровардани тартиб ва асосҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони идора ва корхонаҳои соҳаи нақлиёт ва роҳдорӣ дар маҳалҳо омода ва пешниҳод шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» пурра ҷонибдорӣ намуданд. Татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 17 майи соли 2013 баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ,

Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум».

 Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ