30 майи соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»
2.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид».
РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» сухан ба муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Юсуфиён Ҷамшед дода мешавад.
Юсуфиён ҶАМШЕД:- Муҳтарам Раис, Раёсат, муҳтарам вакилони мардумӣ, ҳозирини гиромӣ!
Иҷозат диҳед доир ба муҳтавои қонуни мазкур маълумоти мухтасар диҳам.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Гурӯҳи ЕврОсиё мебошад, ки он яке аз ташкилотҳои минтақавии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) буда, фаъолияти худро ба ҳамоҳангкунии низомҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона намудааст.
Аз соли 2007 зимни баҳогузории низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳаи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкориро бо ФАТФ оғоз намудааст.
Ин «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ» тайёр карда шуд, ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июни соли 2011 таҳти №2/107 тасдиқ гардид.
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 5- уми ин Нақша таҳия шуда, бо дарназардошти пешниҳоди ФАТФ ва талаботи созишномаҳои байналмилалӣ омода гаштааст.
Талаботи тавсияи 23- юми ФАТФ ба он равона шудааст, ки ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ уҳдадор карда мешаванд, дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиётҳои шубҳанок, ки дар натиҷаи фаъолияти аудиторӣ ошкор шудаанд, ба мақомоти ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар диҳанд. Қабули ин лоиҳаи қонун имконият медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузории худро беҳтар гардонида, имконияти аз реҷаи мониторинги «қатъӣ» ба муқаррарӣ гузаштанро муҳайё намояд.
Лоиҳаи қонуни номбурда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигар мухолифат надорад. Қабул ва татбиқи он маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад.
Хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.
Сафаралӣ ГУЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2014 таҳти №2401 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ), «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ» аз 11 июни соли 2011 таҳти №2/107 ва иҷрои банди 4.1 Нақшаи чорабиниҳо доир ба Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012- 2015, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 таҳти №97 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.
Инчунин доир ба хабар додани ҳама гуна аҳд ва амалиётҳои шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки дар натиҷаи гузаронидани фаъолияти аудиторӣ ошкор мешаванд ва оид ба амалӣ намудани меъёрҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз узвият ба Гурӯҳи ЕврОсиёгии татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул қонуни соҳавиро қабул карда, ҳамзамон як қатор санадҳои қонунгузориро ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намуд.
Лоиҳаи қонуни зикргардида низ бо ҳамин мақсад ва бо дарназардошти стандартҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул омода гардида, қабули он ба тақвияти низоми муқовимат ба софкории пул ва мубориза бо маблағгузории терроризм нигаронида шудааст.
Лоиҳаи қонунро ҳама кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон баҳри такмили он 12 таклифу пешниҳод намуданд.
22 майи соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳама кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикргардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа аз 12 таклифу пешниҳодҳои воридшуда 10-тоаш қабул ва 2- тояш қисман қабул шуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» сухан ба муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимов Грез Ҷурахонович дода мешавад.
Грез ҚОСИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» манзур карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади боз ҳам ташаккул додани низоми хизмати давлатӣ, татбиқи талаботи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, аз байн бурдани баъзе номуайяниҳо дар қонунгузории хизмати давлатӣ таҳия шудааст.
Дар лоиҳаи қонун ба 10 модда тағйиру илова ворид карда шуда, як моддаи нави 171 пешбинӣ мешавад.
Аз ҷумла сабаби аз сархати шашуми моддаи 1 хориҷ намудани калимаҳои «хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ» он аст, ки ба хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи низом хизмати давлатии шаҳрвандӣ, хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизмати давлатии ҳарбӣ дохил шуда, он ба сиёсӣ ва маъмурӣ тақсимбандӣ намешавад. Хизмати давлатӣ аз мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ ва мувофиқан аз хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ иборат аст.
Моддаи 71 дар таҳрири нав таҳияи кодексҳои одоби соҳавиро пешбинӣ менамояд, ки аз банди 60 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 тасдиқ карда шудааст, бармеояд ва мақсад таҳкими интизоми хизматӣ ва пешгирии коррупсия мебошад.
Иловаи пешниҳодшуда ба моддаи 11-уми лоиҳаи қонун талаботи тахассусиро нисбат ба нозирони мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот муқаррар менамояд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки баъзан роҳбарони мақомоти давлатӣ дар асоси қисми 4 моддаи 13-уми қонуни амалкунанда, яъне «Шаҳрванд ба хизмати давлатӣ дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ қабул мегардад…» шаҳрвандонро ба кор қабул намуда, моддаҳои дигари дахлдори қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз қонун бармеомадаро сарфи назар мекунанд. Бо мақсади аз байн бурдани номуайянӣ қисми 4-уми моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда мешавад:
«Шаҳрванд ба хизмати давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур қабул карда шуда, бо ӯ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста мешавад, ки намунаи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».
Инчунин дар лоиҳаи қонун илова намудани моддаи нав 171 «Санҷиши махсус дар хизмати давлатӣ» пешбинӣ карда шудааст, ки ҳадаф иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон аст.
Санҷиши махсус танҳо дар он сурат гузаронида мешавад, ки агар хизматчии давлатӣ дар эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкиаш маълумоти бардурӯғ додааст ва он ошкор шуда бошад. Санҷиши махсус аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронида мешавад.
Ба қисми 1 моддаи 32 низ ба хотири баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва дар робита татбиқ намудани муҷозоти интизомӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ, роҳ додан ба бархӯрди манфиатҳо ҳангоми адои хизмати давлатӣ ва ё дигар кирдорҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки дорои аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноят намебошанд, илова пешниҳод мешавад.
Тағйироти ба моддаҳои 39 ва 41 воридшуда барои мутобиқ намудани меъёрҳои амалкунанда ба қонунгузории меҳнат ва нафақа пешбинӣ шудааст.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи шуморо ба соҳаи хизмати давлатӣ пайваста эҳсос менамояд. Мо хуб медонем, ки дар татбиқи сиёсати давлатии хизмати давлатӣ, такмили ин низоми барои идоракунии давлатӣ хеле муҳим, ки бо дастгирии ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон рушд меёбад, саҳми ҳамаи шумо арзанда аст.
Аз шумо дастгирии лоиҳаи қонунро эҳтиромона хоҳиш дорам.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Самадов Шакарбек Додхоевич дода мешавад.
Шакарбек САМАДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2378 аз 25 апрели соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, бо мақсади такмили он як катор таклифҳо пешниҳод намуданд.
Кумитаи масъул санаи 22 майи соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикршуда ва таклифи воридгаштаро мавриди баррасӣ қарор дода, аз 18 таклифҳи пешниҳодшуда 13-тоашро пурра ва 3-тоаш қисман қабул карда, 2-тои онро қобили қабул наҳисобид.
Ҳамзамон боиси зикр аст, ки бо мақсади бартараф намудани мухолифати дохилии моддаҳои қонуни амалкунанда ба лоиҳаи қонун қисмҳои 5 ва 6 (оид ба моддаҳои 13 ва 15) илова карда шуданд. Талаботи дар ин қисмҳо ифодагардида ба сархати якуми қисми 1-уми лоиҳа ва қисми 2 вобаста мебошанд, яъне дар қисмҳои зикргардида хориҷ намудани калимаҳои «хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ» пешбинӣ карда шудааст.
Инчунин дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров баъзе эродҳо баён гардид, ки дар асоси онҳо ба лоиҳа якчанд тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, аз ҷумла:
1. Дар қисми 3-и лоиҳа, ё дар қисми 1-и моддаи нави 71 мафҳуми «Одоби хизматчии давлатӣ» шарҳ дода шудааст, аз ин рӯ қисми аввал – қисми шарҳдиҳандаи ҳамин сархат ба қисми 1 ҳамчун сархати сеюм илова карда шуд, яъне ба моддаи 1-и қонун сархати шонздаҳум бо мафҳуми «Одоби хизматчии давлатӣ» илова гардида, қисми боқимондаи сархат бошад, ҳамчун қисми 1-и моддаи 71 дар таҳрири нав ифода карда шуд.
2. Бинобар такрор ёфтани меъёрҳои сархати 2-и қисми 3-и лоиҳа дар қисми 8 (9-и пештара)-и лоиҳаи баррасишаванда сархати 2-и қисми 3 низ хориҷ карда шуд.
3. Қисми 8-и лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида низ хориҷ карда шуд, зеро талаботи дар он иброзгардида дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода гардидааст.
Ҳамаи таклифҳои зикргардида дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ворид шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ гардидани меъёрҳои он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёратшо Саъдулло дода мешавад.
Зиёратшо САЪДУЛЛО: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо мақсади муқаррар намудани иди касбии кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мувофиқи моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни мазкур дар сархати бисту сеюми моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати бисту сеюм бо мазмуни зайл «Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология-25 май» илова карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Танҳо аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният чор таклифи хусусияти техникидошта пешниҳод гардид, ки онҳо мавриди қабул дониста шуданд.
Кумитаи масъул 21 майи соли 2014 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронид, ки ширкаткунандагони он лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуданд.
Лоиҳаи фавқуззикр ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ