вале муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар 9 моҳи соли 2014», ки таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев баргузор гардид,собит намуд, ки мутаассифона, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар 9 моҳи соли 2014» дар баъзе бахшҳо ва шаҳру навоҳӣ ҷавобгӯйи талабот нест.
Бисту чоруми октябри соли 2014 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар 9 моҳи соли 2014» баргузор гардид.
Ба муҳокимаи парламентӣ муовини якуми Сарвазири мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, муовинони раисони вилоятҳои Хатлону Суғд ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд.
Баъд аз тасдиқи рӯзнома муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев суханронӣ намуда, минҷумла гуфт, ки таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз иҷрои Буҷети давлатӣ вобастагии калон дорад.
Тавассути Буҷети давлатӣ фондҳои марказонидашуда ташкил карда шуда, хароҷоти самараноки онҳо ба ташаккули нишондиҳандаҳои муҳимтарини иқтисодӣ ва молиявии мамлакат, аз ҷумла ҳаҷми истеҳсолот, сармоягузориҳо, сатҳи бекорӣ, қурби асъор ва ғайраҳо таъсири худро мерасонад.
Сиёсати буҷет ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявии давлатӣ масъалаи муҳим буда, дар доираи Стратегияи ягонаи идоракунии молияи давлатӣ арзёбии натиҷаҳои истифодаи захираҳои буҷетӣ масъалаи афзалиятнок мебошад.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 зикр шудааст: «Пешбурди самараноки сиёсати молиявӣ тақозо менамояд, ки идоракунии устувори молияи давлатӣ, афзоиши даромадҳои буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет таъмин карда шавад».
Бояд зикр намуд, ки моддаи 60-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои Буҷети давлатиро ҳамчун салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва мутобиқи моддаи 37-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва дигар мақомоти давлатиро бо мақсади назорати иҷрои Буҷети давлатӣ мешунавад.
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат аз рӯи иҷрои Буҷети давлатӣ тавассути гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ амалӣ карда мешавад.
Бо дастрасии боби 8 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории муҳокимаи парламентиро «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар нуҳ моҳи соли 2014» мувофиқи мақсад мешуморем.
Дар муҳокимаи парламентии имрӯза паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода хоҳанд шуд ва боварӣ дорам, ки иштироки фаъолона ва мавқеи муайяни шумо дар ҳалли масъалаҳои иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2014 ва се моҳи минбаъдаи он таъсири мусбии худро хоҳад расонд, — гуфт дар фарҷоми суханронии ифтитоҳиаш Амиршо Миралиев.
Сипас, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов масъалаи мавриди баррасиро таври муфассал шарҳ дод.
Зикр шуд, ки бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар нуҳ моҳи соли 2014», сарфи назар аз вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон, ба вазорату идораҳои марбута муяссар гардид, ки фаъолияташонро дар доираи стратегияҳои рушд, барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил шаванд.
Дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбӣ арзёбӣ гардида, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба 31,6 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он 6,9 фоизро ташкил дод.
Афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъмин шуда, ҳиссаи истеҳсоли молҳо дар сохтори Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 33,9 фоиз, хизматрасонӣ 51,8 фоиз ва андозҳо 14,3 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра молияи давлатӣ зери назорати доимӣ қарор дошт ва ин омил имконият дод, ки иҷрои Буҷети давлатӣ ба 102,5 фоиз таъмин карда шавад.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 2,9 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби даромадҳои андозии дохилӣ бошад, 5,2 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки мутаносибан 104,8 ва 102,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳанд.
Қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ ба 105,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 2,6 миллиард сомонӣ ворид шудааст.
Дар давраи сипаригардида аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук 4221 ҳодисаҳои қонуншикании гумрукӣ ошкор карда шудааст.
Дар натиҷаи баррасии 4194 парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 3955 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, зиёда аз 7,0 миллион сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Маблағи молҳои мусодирагардида 33,2 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҳамзамон дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуд.
Дар ин давра аз тарафи мақомоти андоз, тибқи тартиби ғайрисудӣ, оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо 1826 қарор ба маблағи умумии 329,5 миллион сомонӣ қабул карда шуда, аз ҳисоби ин ва қарорҳои дар соли 2013 қабулгардида ба Буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 194,8 миллион сомонӣ ворид карда шуд.
Тибқи тартиби судии маҷбуран ситонидани бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо, 1027 аризаҳои даъвоӣ ба маблағи умумии 929,4 миллион сомонӣ мавриди баррасии судҳои иқтисодӣ ва умумӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, оид ба фоидаи буҷет рӯёнидани 424,7 миллион сомонӣ қарор қабул карда шуда, аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 29,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд.
Дар нуҳ моҳи соли 2014 нисбати фаъолияти 5864 шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, ба маблағи 448,0 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид, ки аз он 247,3 миллион сомониаш ба буҷет дохил карда шудааст. Инчунин аз ҳисоби маблағҳои дар солҳои 2011-2013 ошкоршуда, ки рӯёнида нашуда буданд, дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет 47,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Ҳамин тариқ, маблағҳои дар нуҳ моҳи соли 2014 аз ҳисоби корҳои назоратии мақомоти андоз дар маҷмӯъ ба буҷет воридшуда 294,8 миллион сомониро ташкил дод.
Дар баробари таъмини иҷрои нақшаи даромади буҷет дар ҳамаи сатҳҳо ҳоло ҳам камбудию норасоиҳои зиёд ҷой доранд. Дар натиҷа, на ҳамаи захираҳои мавҷудаи молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет пурра ворид карда шудаанд. Чунончӣ, дар натиҷаи таъмин накардани нақшаи се намуди андозҳо ба Буҷети давлатӣ 139,7 миллион сомонӣ ворид нагардид.
Бо сабаби аз уҳдаи иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ набаромадани шаҳрҳои Норак, Панҷакент, Истаравшан, Роғун ва Турсунзода, ноҳияҳои Қубодиён, Носири Хусрав, Данғара, Фархор, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Файзобод нақшаи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ таъмин нагардид.
Дар баробари ин, маблағҳои бақияпулиҳои андоз дар ҷумҳурӣ ҳоло ҳам зиёд буда, ба 1 сентябри соли 2014-ум 658,2 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Аз маблағи умумии бақияпулиҳои андоз ба корхонаҳои азими ҷумҳурӣ 50,3 фоиз, вилояти Хатлон 16,9 фоиз, вилояти Суғд 17,0 фоиз, шаҳри Душанбе 8,3 фоиз, ноҳияи Ҳисор 2,0 фоиз ва боқимонда ба дигар шаҳру ноҳияҳо рост меояд.
Аз маблағи умумии бақияи қарзи андоз ва пардохтҳои дигар, андоз аз арзиши иловашуда 275,4 миллион сомонӣ, андози иҷтимоӣ 122,4 миллион сомонӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 46,4 миллион сомонӣ, андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ 35,7 миллион сомонӣ ва андоз аз фоида 49,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра аз тарафи шахсони масъули мақомоти молия ва андоз дар ҷойҳо дар рафти иҷрои буҷет барои сифатнок иҷро намудани он аҳамияти ҷиддӣ дода нашудааст. Дар натиҷа, шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва Турсунзода, ноҳияҳои Ҳисор, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Нуробод нақшаи аз як то се намуди андозҳоро таъмин накарданд.
Сиёсати хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ дар доираи иҷрои воқеии даромадҳои буҷет ба роҳ монда шуда, барои маблағгузории музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҷубронпулиҳо, сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар зиёда аз 8,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Дар ин давра барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, бо дарназардошти хароҷоти хоҷагию манзилии коммуналӣ, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 5,4 млрд. сомонӣ равона гардид, ки ин зиёда аз 62,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати таъмини барномаҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва кадастри замин аз ҳисоби буҷет зиёда аз 65,0 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст.
Бояд зикр кард, ки дар давраи сипаригардида барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби дигар захираҳои буҷетӣ 216,6 млн. сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шудааст.
Дар ин давра аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ барои сари вақт ва пурра таъмин намудани нафақа ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40,0 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Маблағи умумии қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли 2014-ум 2,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, ба 21,2 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби аудити дохилии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санҷишҳо, ки хусусияти мавзӯӣ доштаанд, гузаронида шуда, ба маблағи 21,0 млн. сомонӣ камбудиҳо ошкор карда шуд. Аз ҷумла маблағҳое, ки аз як модда ба моддаи дигар истифода шудаанд, 368,4 ҳазор сомонӣ, қарзҳои дебиторие, ки муҳлати даъвояшон гузаштааст, 963,0 ҳазор сомонӣ, беасос пардохт намудани музди меҳнат 2,1 миллион сомонӣ, барзиёд пардохт намудани маблағҳои сафари хизматӣ 64,2 ҳазор сомонӣ, беасос пардохт намудани ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо 36,2 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Бо мақсади таъмини назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ, тибқи нақшаи санҷишҳои аудиторӣ, инчунин дар асоси дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2014 корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.
Дар ин давра дар Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 183 санҷишҳои аудиторӣ гузаронида шуда, ба маблағи 42,5 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд.
Дар рафти санҷишҳо 28,8 миллион сомонӣ барқарор карда шуд, ки он 67,7 фоизи зарари ошкоркардашударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии барқароршуда ба Буҷети давлатӣ зиёда аз 21,0 миллион сомонӣ ва ба корхонаву муассисаҳо 7,8 млн. сомонӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла санҷиши риояи тартиби хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2014 нишон дод, ки бар хилофи муқаррароти моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», дар давраи санҷишӣ бе гузаронидани озмуни харид ба ширкатҳои молтаъминкунанда ва хизматрасон 495,9 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст.
Санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва риояи расмиёти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ дар Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2014 нишон дод, ки дар баъзе ҳолатҳо, аз ҷониби масъулини Агентӣ ба озмун молтаъминкунандагон бе риояи талаботҳои муайянгардида роҳ дода шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур санҷиши нақшавии фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ гузаронида шуда, дар фаъолияти онҳо як қатор камбудию норасоиҳо ошкор карда шуд.
Аз рӯи муҳокимаи натиҷаи санҷишҳо 136 нафар шахсони масъул барои камбудиҳои содиркардаашон ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифта, шаш нафар аз вазифа сабукдӯш шуданд. Ҷиҳати чораҷӯйӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 43 маводи санҷиши аудиторӣ ба маблағи 17,2 миллион сомонӣ ирсол карда шудааст.
Бо мақсади таъмини хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар нуҳ моҳи соли 2014 корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд.
Дар ин давра дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бонкҳои давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 928 тафтишу санҷиш гузаронида шуда, ба маблағи 267,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд.
Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 167,0 миллион сомонӣ ё 62,5 фоизи зарари ошкоргардида барқарор карда шуд. Аз маблағи умумии барқароршуда ба Буҷети давлатӣ 90,7 миллион сомонӣ ва ба корхонаву муассисаҳои давлатӣ 76,3 миллион сомонӣ ворид карда шуд.
Инчунин ҷиҳати иҷрои муқаррароти банди 2-юми моддаи 28-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Агентӣ якҷоя бо кормандони мақомоти андоз дар рафти санҷишҳои фаъолияти андозсупории шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳолатҳои кам ҳисобӣ намудан ва рӯйпӯшкунии андозҳоро ба маблағи 139,5 миллион сомонӣ ошкор намуданд, ки аз он то давраи ҳисоботӣ 102,7 миллион сомонӣ рӯёнида, ба Буҷети давлатӣ барқарор карда шудааст.
Дар натиҷаи тафтишу санҷишҳо дар фаъолияти вазорату кумитаҳо ва сохторҳои тобеи онҳо як қатор камбудию норасоиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла камомад ва тасарруфи воситаҳои пулӣ ва молу маводи арзишнок ошкор карда шуданд.
Ба камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти молиявию хоҷагии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои назди Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик-Эйр»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода шудааст. Чунончӣ, тафтиш дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик-Эйр»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби камомади молу маводҳои арзишдор, изофанависӣ дар корҳои таъмири сохтмонӣ, кам ҳисоб намудан ва рӯйпӯш намудани андозҳо зарари молиявиро ба маблағи 717,5 ҳазор сомонӣ ошкор намуд. Камомад ва тасарруфи воситаҳои пулӣ дар фаъолияти молиявию хоҷагии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бошад, 1,8 миллион сомониро ташкил дод.
Дар ин давра санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар 14 марказ ва гурӯҳҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба анҷом расонида шуд. Муаяйн гардид, ки аз бемасъулиятии мутасаддиёни соҳа маблағҳои пешбинишуда бесамар истифода шуда, ба давлат 4 миллиону 725 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар 21 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории 523 идораву ташкилотҳои буҷетӣ амалӣ карда шуда, дар натиҷа дар нуҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зарари молиявӣ ба маблағи 7,7 миллион сомонӣ, дар шаш шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 10,9 миллион сомонӣ, дар 34 ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе 21,7 миллион сомонӣ, дар ду ноҳияҳои тобеи марказ 2,6 млн.сомонӣ ва дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ ошкор карда шуданд.
Натиҷаи тафтишу санҷишҳо дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо бо иштироки кормандони Агентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 777 нафар шахсони масъул барои камбудиҳои содиркардаашон ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифта, 31 нафар аз вазифаашон сабукдӯш шуданд.
Дар ин давра бо мақсади чораҷӯӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 432 маводи тафтишӣ ба маблағи умумии зарари молиявӣ 168,6 млн. сомонӣ ирсол карда шуд. Аз миқдори умумии маводи ирсолгардида нисбати 293 мавод баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шудааст. Ҳоло дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ 139 маводи тафтиши молиявӣ дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
Таҳлил ва рақамҳои овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2014 камбудию норасоиҳои зиёд ҷой доранд.
Бинобар ин, ба роҳбарони вазорату идораҳои марбута тавсия дода мешавад, ки оид ба ислоҳи камбудӣ ва норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои саривақтӣ андешида, иҷрои пурраи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии соли равонро таъмин намоянд, — таъкид намуд Сафаралӣ Раҷабов.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов дар заминаи таҳлили амиқу доманадор вазъи кунунӣ ва мушкилоти ин равандро бозгӯйӣ намуд.
Минҷумла зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани идоракунии самараноки молияи давлатӣ дар доираи афзалиятҳое, ки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон муайян намудаанд ва тавсияҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми муҳокимаи парламентии соли гузашта ироа шуда буд, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Бояд хотиррасон кард, ки дар муҳокимаи парламентӣ, ки 18 ноябри соли гузашта баргузор гардида буд, оид ба пурра ва барзиёд таъмин намудани иҷрои Буҷет, самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии соҳаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои давлатӣ, кам кардани бақияпулиҳои андоз, баланд бардоштани фаъолияти аудити дохилӣ ва назорат, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти молия тавсияҳо дода шуда буданд.
Барои амалӣ намудани ин тавсияҳо аз ҷониби Вазорати молия Нақшаи чорабиниҳо қабул гардида, ҷиҳати амалӣ намудани он чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Ислоҳот дар системаи молияи давлатӣ идома ёфта, ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва таъмини шаффофияти буҷет, оммафаҳм ва сода намудани тартиби пардохти андозҳо, баҳисобгирии пурраи манбаҳои андозбандӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои рӯйпӯшкунии андозҳо ва дар ин замина зиёд намудани даромади буҷет ва пурра маблағгузорӣ намудани чорабиниҳои дар он пешбинишуда корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла дар доираи амалӣ намудани ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ модернизатсияи системаи хазинадорӣ, ҷорӣ намудани шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва ба он пурра пайваст намудани тамоми мақомоти молияи ҷумҳурӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва системаи бонкӣ ба анҷом расонида шуд.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ айни ҳол зиёда аз 36 тавсияҳои методӣ ва дастурамалҳо таҳия ва қабул гардида, татбиқи онҳо дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва идоракунии молияи давлатӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар баробари ин, дар доираи амалӣ намудани Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ барои кормандони мақомоти молия ва ташкилотҳои буҷетӣ курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзии тахассусҳои системаи хазинадорӣ, буҷету андоз, муҳосибӣ, аудиторӣ ва хадамоти кадрӣ гузаронида шуда истодааст.
Сарфи назар аз вазъияти ноустувори сиёсию молиявӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла буҳрони сиёсӣ дар Украина, вазъияти ноустувори иқтисодӣ дар як қатор давлатҳои Аврупо, нооромиҳои сиёсӣ дар як қатор давлатҳои Шарқи Наздик ва ҷорӣ кардани як силсила таҳримҳои сиёсию иқтисодӣ нисбати Федератсияи Россия, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, рушди иқтисодиёт дар ҳамаи соҳаҳо таъмин гардида истодааст.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бо афзоиши реалии 6,9 фоиз ба 31,6 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра даромади пули аҳолӣ 15,5 миллиард сомониро ташкил намуда, музди миёнаи меҳнат ба 815 сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи августи соли гузашта 10,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Индекси нархҳои истеъмолӣ, яъне меъёри таваррум дар давраи ҳисоботӣ 5,7 фоизро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоиз зиёд мебошад.
Иҷрои ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ ба андозаи 102,5 фоиз, даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 102,6 фоиз ва даромади буҷетҳои маҳаллӣ ба андозаи 105,0 фоиз таъмин карда шуд, ки маблағи умумӣ зиёда аз 9,4 миллиард сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Сарфи назар аз таъмини иҷрои даромади буҷет дар ҳамаи сатҳҳо, ҳоло ҳам на ҳамаи захираҳои мавҷудаи молиявӣ ба буҷет пурра ворид карда шудаанд.
Дар натиҷа, нақшаи Буҷети давлатӣ аз рӯи се намуди андоз ба маблағи 139,7миллион сомонӣ, аз ҷумла андоз аз фурӯш 50,9 миллион сомонӣ, боҷи гумрукӣ 47,0 миллион сомонӣ ва андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ 41,8 миллион сомонӣ таъмин нагардид.
Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ноҳияи Ҳисор, шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи Вахш иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллиро таъмин карда натавонистанд, ки дар маҷмӯъ ба буҷет зиёда аз 40,0 миллион сомонӣ ворид нашуд.
Зикр намудан зарур аст, ки барои сари вақт пардохт намудани рухсатии меҳнатии омӯзгорон, музди меҳнат, пардохти андози иҷтимоӣ ва дигар моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот ба шаҳри Турсунзода 17,0 миллион сомонӣ ва ба ноҳияи Ҳисор 7,0 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шуд.
Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъалаи мазкур мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода шуда, ба мақомоти молия супориш ва ба мақомоти андозу гумрук тавсия дода шуд, ки ҷиҳати таъмини нақшаи қисми даромади Буҷети давлатӣ, баланд бардоштани интизоми молиявии субъектҳои хоҷагидор ва дар ин замина таъмин намудани уҳдадориҳои андозии онҳо дар назди Буҷети давлатӣ ва кам намудани бақияпулиҳои андоз чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Маблағгузорӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ба роҳ монда шуда, аз Буҷети давлатӣ ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 8,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, бо дарназардошти хароҷоти хоҷагии манзилию коммуналӣ, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ равона гардид, ки ин зиёда аз 62,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил дода, дар доираи он маблағгузории музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҳама намуди ҷубронпулиҳо ва кумакпулиҳо ба аҳолӣ таъмин карда шудааст.
Бояд зикр кард, ки маблағгузории ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани ҷумҳурӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ сари вақт таъмин шуда, ба ин мақсад 2,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 300,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Маблағгузории мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ низ дар доираи буҷети тасдиқшуда пурра таъмин гардидааст.
Барои сохтмони асосӣ ва таъмир аз Буҷети давлатӣ 991,1 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки дар доираи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 78 иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла 37 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, шаш беморхонаю марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, 12 марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишгоҳҳо сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз Буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ субвенсия ба маблағи 587,1 миллион сомонӣ, бо роҳи ҳисобии байниҳамдигарӣ 766,4 ҳазор сомонӣ ва қарзи имтиёзнок ба маблағи 24,0 миллион сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 612,0 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Ба ғайр аз ин, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ барои сари вақт ва пурра таъмин намудани нафақа ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 40,0 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар баробари ин, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди хароҷотҳои пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар захираҳои буҷетӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 379,0 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шудааст.
Идоракунии қарзҳои берунӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, дар доираи Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.
Қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 октябри соли 2014-ум 2,1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки ин ба 21,2 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар мебошад.
Хизматрасонии қарзи беруна ва қарзҳои кафолатноки ҳукуматӣ дар давраи ҳисоботӣ 103,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, аз он барои пардохти қарзи асосӣ 79,4 миллион доллари ИМА ва фоизи қарз 23,8 миллион доллари ИМА равона карда шудааст.
Бояд зикр кард, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барзиёдии даромади Буҷети давлатӣ нисбати хароҷоти он 609,0 миллион сомониро ташкил дода, ба 1,9 фоизи ММД баробар гардидааст.
Сабабҳои барзиёдии даромад нисбати хароҷот ин, пеш аз ҳама, дар доираи ҷадвали бо Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқашуда маблағгузорӣ гардидани Неругоҳи барқии обии «Роғун» мебошад. Барои он 802,9 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, тибқи ҷадвал бошад, 584,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Мутаассифона, дар сатҳи паст қарор доштани хароҷоти баъзе ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, пеш аз ҳама, бо сабаби аз ҷониби вазорату идораҳои соҳавӣ нодуруст пешниҳод намудани хароҷот мувофиқи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ, ба инобат нагирифтани Барномаҳои давлатии қабулшуда, сари вақт нагузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаҳои иншоот, пешниҳод нагардидани номгӯи иншооти сохташаванда, дар муҳлатҳои муқарраргардида омода нагардидани ҳуҷҷатҳои озмунӣ (тендерӣ), баланд нишон додани нархҳои харидории молу хизматрасонӣ, техникаю таҷҳизот нисбат ба нархҳои воқеӣ пайдо шудаанд.
Зикр кардан зарур аст, ки имрӯз барои таъмини пурраи маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишуда ягон монеа вуҷуд надорад. Дар Буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ захираҳои кофии молиявӣ мавҷуд аст.
Яке аз масъалаҳои муҳим ин таъмин ва назорати истифодабарии мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аудити дохилии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санҷишҳо гузаронида, ба маблағи умумии 21,0 миллион сомонӣ камбудиҳо ошкор карда шуданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 58 маводи санҷишӣ ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарор ирсол карда шудааст.
Бо мақсади таъмини татбиқи дурнамои дарозмуддати идоракунии устувории молиявӣ мо имрӯз механизми ташаккули захираҳои молиявиро, ки барои мақсади рушди иқтисодиёт ва дар оянда пешгирӣ намудани эҳтимолияти пайдо гардидани ҳолатҳои фавқулоддаи ғайричашмдошт дар иқтисодиёт равона гардиданд, амалӣ менамоем, — суханашро ҳусни анҷом бахшид Абдусалом Қурбонов.
Муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солиев низ оид ба масъалаи мавриди назар маълумот пешниҳод намуд.
Мавсуф гуфт, ки мақомоти андози ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки самаранокии кори худро боз ҳам афзун намуда, вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо оид ба таъмини пурраи нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар сатҳи хуб амалӣ намоянд.
Дар нуҳ моҳи соли 2014 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар ҳаҷми 102,4 фоиз таъмин гардид ва ба ҷойи 5067,4 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет (бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 5187,8 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 120,4 миллион сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2013 воқеан ҷамъоваригардида 981,5 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар нуҳ моҳи соли 2014 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 116,6 фоиз, вилояти Хатлон – 110,2 фоиз, вилояти Суғд – 104,1 фоиз ва шаҳри Душанбе – 102,1 фоиз таъмин карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ шаҳру ноҳияҳои зерин иҷрои Буҷети давлатиро, бо дарназардошти андози иҷтимоии ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ, таъмин карда натавонистанд:
- дар вилояти Хатлон: ноҳияҳои Вахш – 98,1 фоиз, Қубодиён – 96,8 фоиз, Фархор – 97,9 фоиз, Носири Хусрав – 96,9 фоиз ва Данғара – 98,1 фоиз;
- дар вилояти Суғд: шаҳрҳои Конибодом – 96,7 фоиз, Панҷакент – 92,8 фоиз, Истаравшан – 97,9 фоиз, ноҳияи Зафаробод – 97,7 фоиз;
- аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Роғун-91,6 фоиз, Турсунзода – 69,9 фоиз, ноҳияҳои Ҳисор – 83,9 фоиз ва Рӯдакӣ – 93,7 фоиз.
Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ бо сабабҳои гуногун андоз аз фурӯш (коркарди мол, фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия) дар ҳаҷми 50,9 фоиз ва андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 96,0 фоиз, таъмин карда шуд, ки дар натиҷа, ба буҷет 102,0 миллион сомонӣ ворид нагардид.
Омӯзиши омилҳои ба иҷрои нақшаи андоз аз фурӯши нахи пахта таъсиррасонанда нишон медиҳад, ки сабаби асосии таъмин нагардидани нишондиҳандаҳои нақшавӣ доир ба андоз аз фурӯши нахи пахта ба он вобаста аст, ки истеҳсоли пахта нисбат ба ҳаҷми дар маълумоти оморӣ нишондодашуда кам мебошад.
Тибқи нишондиҳандаҳо, дар соли 2014 воридоти андоз аз фурӯши нахи пахта, ки 118,4 миллион сомонӣ муқаррар гардидааст, аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли 392,8 ҳазор тонна пахта пешбинӣ шуда буд. Аммо, тибқи маълумоти дастрасгардида, ба корхонаҳои пахтатозакунӣ дар маҷмӯъ 287,2 ҳазор тонна пахта барои коркард ворид шудааст.
Нархи миёнаи нахи пахта дар моҳи августи соли ҷорӣ 1653 доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (1950 доллари ИМА) 297 доллари ИМА кам мебошад. Ҳамзамон дар ҳашт моҳи соли 2014 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,8 ҳазор тонна нахи пахта кам содирот шуд.
Яке аз омилҳои таъмин нагардидани нақшаи андоз аз фурӯши алюминийи аввалия ва андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба шумор меравад. Дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаи мазкур ҳаҷми истеҳсоли алюминий 81,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,2 ҳазор тонна кам мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ дар нуҳ моҳи соли 2014 дар ҳаҷми 96,0 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1039,4 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 997,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 41,9 миллион сомонӣ кам аст. Аммо дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 226,8 миллион сомонӣ ё худ 29,4 фоиз бештар мебошад.
Шаҳру ноҳияҳои зерин аз уҳдаи иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ баромада натавонистанд:
- дар вилояти Хатлон: шаҳру ноҳияҳои Норак – 91,2 фоиз, Қубодиён – 88,0 фоиз, Носири Хусрав – 86,9 фоиз, Данғара – 87,1 фоиз, Фархор – 91,2 фоиз;
- дар вилояти Суғд: шаҳрҳои Панҷакент – 79,4 фоиз, Истаравшан – 96,4 фоиз, ноҳияҳои Зафаробод – 90,2 фоиз, Бобоҷон Ғафуров – 98,6 фоиз;
- дар шаҳри Душанбе: ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ – 90,4 фоиз, Фирдавсӣ – 96,0 фоиз;
- шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Роғун -89,2 фоиз, Турсунзода – 83,7 фоиз, ноҳияҳои Ҳисор — 84,7 фоиз, Рӯдакӣ – 77,3 фоиз ва Файзобод – 92,4 фоиз.
Маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо дар таърихи 1 октябри соли 2014-ум 606,6 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 226,7 миллион сомонӣ кам гардидааст.
Қарзи нисбатан калони андоз ба ШСХК «Барқи Тоҷик» тааллуқ дошта, ба ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ 182,0 миллион сомониро ташкил намудааст ва ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии бақияпулиҳои андоз ба 27,7 фоиз баробар мебошад.
Дар асоси барномаи компютерии Системаи иттилоотии андоз «Пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ» бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон, инчунин сарфа намудани вақти онҳо, тартиби бе ташриф овардан ба мақомоти андоз тариқи электронӣ пешниҳод кардани эъломияҳои андоз ба роҳ монда шудааст ва айни замон зиёда аз 7700 андозсупоранда эъломияҳои худро ба нозироти андоз тариқи электронӣ пешниҳод намуда истодаанд.
Самти дигари афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз анҷом додани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар нуҳ моҳи соли 2014 дар қаламрави ҷумҳурӣ бо соҳибкорон зиёда аз 1300 семинар-машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Утоқи андозсупоранда» ташкил карда шудааст, ки бо истифода аз он андозсупорандагон метавонанд ҳолати ҳисоббаробаркунӣ бо Буҷети давлатиро назорат намуда, санади муқоисавӣ тартиб диҳанд.
Дар назар аст, ки дар оянда хизматрасонии электронӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон боз ҳам такмил дода мешавад.
Ба мақсади бо низоми муайян амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи андоз бо Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз» қабул гардидааст, ки татбиқи амалии он барои таъмини тараққиёти устувори минбаъдаи соҳа замина мегузорад.
Рушди истеҳсолот, зиёд гаштани ҷойҳои нави корӣ, мавриди амал қарор додани барномаҳои нави компютерӣ, ташкили дурусти кори мақомоти ҳудудии андоз, тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дигари давлатӣ имкон медиҳад, ки дар ҷамъбасти сол нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» пурра таъмин карда шавад, — гуфт дар фарҷоми суханрониаш Аюбҷон Солиев.
Вакилон дар робита ба масъалаи баррасишаванда ҳамчунин ахбороти муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Маҳмадовро шуниданд. Бино ба гуфти мавсуф:
- Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар нуҳ моҳи соли 2014 нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 2792,2 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар нуҳ моҳи соли равон Хадамот бо истифода аз имкониятҳои ташкилию идорӣ ва маъмурӣ, ба буҷет 2 миллиарду 943,6 миллион сомонӣ (бо дарназардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад) пардохтҳои гумрукӣ ворид намуд, ки афзоиши он 105,4 фоиз таъмин гардида, нисбат ба нақша 151,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Сарфи назар аз омилҳои таъсиррасон чораҳои амалигардида имконият фароҳам оварданд, ки пардохтҳои гумрукии дар нуҳ моҳи соли равон ситонидашуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 27 фоиз ё ба андозаи 621 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зиёд гардад.
Бояд зикр сохт, ки сарфи назар аз мушкилиҳо дар самти транзити мол ва сиёсати тарифии хизматрасониҳои роҳи оҳани баъзе кишварҳои ҳамҷавор нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар ҳамаи раёсатҳои минтақавӣ таъмин карда шуд.
Дар баробари таъмини нақшаи пардохтҳои гумрукӣ нақшаи ҳамаи намудҳои андоз низ, ғайр аз боҷи гумрукӣ, таъмин гардид.
Воридшавии пардохтҳои гумрукӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи сарчашмаҳои даромад чунин аст:
- нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 2303,0 миллион сомонӣ ё ба андозаи 108,1 фоиз иҷро шудааст. Ин нисбат ба нақша (нақша 2130,9 миллион сомонӣ) 172,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад;
- нақшаи боҷи гумрукӣ ба маблағи 393,9 миллион сомонӣ ё ба андозаи 89,3 фоиз иҷро шудааст. Ин нисбат ба нақша (нақша 440,9 миллион сомонӣ) 47 миллион сомонӣ кам мебошад;
- нақшаи андози аксизӣ ба маблағи 201,4 миллион сомонӣ ё ба андозаи 114,2 фоиз иҷро шудааст. Ин нисбат ба нақша (нақша 176,4 миллион сомонӣ) 25 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад;
- воридоти ғайриандозӣ. Ин намуди пардохти гумрукӣ ба маблағи 42 миллион сомонӣ ё ба андозаи 95,4 фоиз иҷро шудааст, ки нисбат ба нақша (нақша 44 миллион сомонӣ) 2 миллион сомонӣ кам мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ муназзамӣ ва устувории сиёсати иқтисодӣ, аз ҷумла сиёсати пулию қарзӣ ва андозию буҷетии кишвар мустақиман ба тиҷорати хориҷии кишвар таъсири мусбӣ расонид. Дар баробари маъмуригардонии гумрукии самаранок, маҳз татбиқи ҳамин чораҳо ва ҳамин гуна сиёсати иқтисодӣ имконият ва замина фароҳам оварданд, ки тиҷорати хориҷии кишвар афзоиш ёфта, асосҳои иловагии андозбандии савдои хориҷӣ ба вуҷуд оварда шаванд.
Мутобиқи маълумоти фаврӣ гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2014 ба 4,3 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 879 миллион доллари ИМА зиёд буда, дараҷаи афзоиши он 126 фоизро ташкил додааст. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 3,5 миллиард доллари ИМА ба воридот ва 772 миллион доллари ИМА ба содирот рост меояд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 воридот 915 миллион доллар зиёд гардида, содирот 36 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Ба давлатҳои хориҷи дур 2,4 миллиард доллари ИМА маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2013-ум 121 миллион доллар зиёд гардидааст.
Тиҷорат бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 1,9 миллиард доллари ИМА ё 44 фоизи гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2013-ум 370 миллион доллар зиёд гардидааст.
Гардиши тиҷорати хориҷӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 396 миллион доллар зиёд гардида, ба 1,7 миллиард доллар баробар гаштааст. Ҳиссаи ин давлатҳо дар ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 41 фоизро ташкил медиҳад.
Дар робита ба раванди афзоиши воридоти молҳо аз кишварҳои ИДМ ва ИИ ЕврАзЭС ва нисбати онҳо татбиқ гардидани низоми савдои озод, яъне дар савдои тарафайн наситонидани боҷҳои гумрукӣ, яке аз сабабҳои таъмин нагардидани нақшаи боҷи гумрукӣ мебошад. Бояд зикр сохт, ки боҷи гумрукӣ ҳамчун механизми батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва омили асосии ҳимоякунандаи молистеҳсолкунандаи ватанӣ, дар мавриди татбиқи низоми савдои озод таъсирбахш буда наметавонад. Зиёда аз ин, бо дарназардошти барҳам хӯрдани ИИ ЕврАзЭС ва амали Аҳднома дар бораи минтақаи савдои озод, вазни қиёсии боҷи гумрукӣ ва омили ҳимоявии он коҳиш меёбад. Дар вобастагӣ ба ин масъала, моро зарур аст, ки дар ин самт имконият ва захираҳои иловагии андозбандиро пайдо намоем.
Сарфи назар аз мушкилиҳои иқтисодӣ ва молиявии кунунӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар бо мақсади таъмини рушди истеҳсоли ватанӣ, имтиёзҳои андозиву гумрукиро муҳайё намудааст.
Мутобиқи омори гумрукӣ дар нуҳ моҳи соли 2014 маблағи умумии воридоти молҳое, ки дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ нисбати онҳо қисман ё пурра имтиёзҳо татбиқ гардидааст, 2,3 миллиард доллар ё 67,3 фоизи ҳаҷми умумии воридотро ташкил додааст.
Маблағи умумии пардохтҳои гумрукии озодгардида дар давраи ҳисоботӣ 1,5 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 235 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Дар робита ба ин масъала, бояд зикр сохт, ки рушди имкониятҳои содиротии кишвар ва истеҳсоли молҳои ватании рақобатпазир бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда давра ба давра таъмин гашта истодаанд, аммо самаранокии истифодаи имтиёзҳои амалкунанда то ҳол таъмин нагардидааст. Зарур аст, ки шакл, намуд ва миқдори имтиёзҳо такмил дода шуда, механизми татбиқи онҳо комилан тағйир дода шавад.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир як қатор омил ва равандҳои мусбии иқтисодии дигар низ зуҳур намуда, ба гардиши савдои беруна ва дар ниҳоят ба ситонидани пардохтҳои гумрукӣ таъсир мерасонанд.
Беш аз пеш афзоиш ёфтани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ҷумҳурӣ, мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва дар ҳамин асос зиёд гаштани истеҳсоли як қатор маҳсулоти ватанӣ, аз қабили семент, гӯшт ва тухми паранда, қолинҳо, матоъ ва маҳсулоти ҷӯробӣ, шарбат ва нӯшокиҳои гуногун, маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, молҳои саноати ресандагӣ ва бофандагӣ, маҳсулоти гандум ва орд, бомпӯшҳои оҳанӣ ва асбестӣ, рангҳои молиданӣ, шиша ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ба коҳиш ёфтани воридоти чунин намуди молҳо аз хориҷи кишвар сабаб шуд. Мавриди истифода қарор додани якчанд корхонаҳои сементбарорӣ дар кишвар имконият дод, талаботи солонаи семент, ки беш аз 1 миллион тоннаро ташкил медиҳад, то андозае қонеъ гардонида шавад. Дар натиҷа, дар нуҳ моҳи соли 2014 воридоти семент ба ҷумҳурӣ 360 ҳазор тонна коҳиш ёфта, аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ беш аз 60 миллион сомонӣ ворид нагардид.
Ин раванд асосҳои воқеии рушдро ба вуҷуд оварда, ҳамзамон тақозо менамояд, ки тартиб ва заминаҳои таносуби нақшабандии мақомоти фискалиро тағйир ва такмил диҳем.
Омили дигари таъсиррасони беруна ин тағйир додани сиёсати андозию гумрукии кишварҳои ҳамсоя буда, мустақиман ба тиҷорати хориҷии мо таъсир мерасонад. Дар маҷмӯъ, нисбатан паст будани меъёри андозҳои амалкунанда дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва сиёсати тарифии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба роҳи оҳан ба тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида, равандҳои номатлуби иқтисодиро зиёд гардонидааст.
Дар робита ба таъсири таҳримоти Ғарб ба иқтисодиёти Федератсияи Россия эҳтимолияти таъсири ғайримустақими манфӣ ба тиҷорати хориҷӣ ва умуман иқтисодиёти кишвар мавҷуд аст.
Дар давраи ҳисоботӣ Хадамоти гумрук аз ҳисоби назорат аз болои дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молҳои воридотӣ 9,2 миллион сомонӣ, аз ҳисоби пешгирии қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ 61,5 миллион сомонӣ, аз ҳисоби назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва санҷишҳо 15,4 миллион сомонӣ ва дар маҷмӯъ 86,1 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукиро ба буҷет ворид намуд.
Умуман, дар нуҳ моҳи соли 2014-ум 4221 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор карда шудааст. Аз онҳо 27 ҳолаташ ҷиноят, аз он ҷумла 14 ҳолат қочоқи маводи нашъаовар, се ҳолат қочоқи молҳои ниёзи мардум ва даҳ ҳолаташ дигар ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти гумрук мебошанд.
Дар натиҷаи баррасии 4194 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 3955 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, аз онҳо ба маблағи 7,1 млн. сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин ба маблағи 72710 сомонӣ молҳо мусодира гардидаанд.
Дар шароити имрӯзаи рушди мақомоти гумрук ва иқтисодиёти кишвар заминаҳои минбаъдаи баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ асосан дар самти содагардонии тиҷорати хориҷӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотии назорати гумрукӣ мавҷуданд.
Содагардонии расмиёти гумрукӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти гумрук ба шумор рафта, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқию иқтисодӣ ва молиявӣ ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро таҳким бахшида, бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда, самаранокии фаъолиятро таъмин хоҳад намуд, — хулоса намуд Нуриддин Маҳмадов.
Баъд аз шунидани ахбороти масъулин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Нозимов, Мақсуда Самадова, Умаралӣ Ҳисайнов, Зайниддин Сафаров, Сӯҳроб Шарипов, Низом Қосим, Шарофиддин Сироҷов, Абдураҳмон Хонов, Ҳабибулло Саъдуллоев, Нодира Турдиматова ва Шодӣ Шабдолов оид ба омилҳои дар сатҳи паст қарор доштани раванди барқароршавии маблағи зарарҳои ошкоршуда, маблағгузории соҳаи маориф, гардиши савдои хориҷӣ, кам маблағгузорӣ гардидани буҷетҳои маҳаллӣ, маҳдуд намудани ҳаққи болоии нафақа, пастшавии қурби асъори миллӣ, раванди таҳияи барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо, сабабҳои паст будани ҷамъоварии андози иҷтимоӣ аз ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ, қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи технология дар истеҳсолот ва музди миёнаи меҳнат савол дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мавриди баррасӣ андешаронӣ намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Ҳисориев минҷумла гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли молу маҳсулот, раванди хизматрасонӣ дар ҳамаи соҳаҳо пурра таъмин гардида, афзоиши он дар саноат — 5,6 фоиз, кишоварзӣ – 3,0 фоиз, гардиши моли чакана – 6,1 фоиз ва хизматрасониҳои пулӣ -2,5 фоизро ташкил намудааст.
Ҷиҳати таъмини барномаҳои соҳаи кишоварзӣ оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва кадастри замин аз ҳисоби буҷет зиёда аз 65,0 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2014 дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки мушкилоти асосии бахши хароҷоти ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ, пеш аз ҳама, ба сари вақт аз худ накардани маблағҳо, дар доираи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ пешниҳодгардида, нодуруст пешниҳод намудани хароҷотҳо мувофиқи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ, нодуруст пешниҳод намудани тарификатсияи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ ва ба инобат нагирифтани барномаҳои давлатии қабулшуда вобастагӣ дорад.
Таҳлилҳо ва нишондиҳандаҳои дар баромадҳо зикргардида аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки тайи солҳои охир дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии кишвар дастовардҳои назаррас рӯйи кор омадааст.
Дар ин замина суръат бахшидани ислоҳот, ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии шаҳрвандон мувофиқи мақсад аст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Қурбонов ба он назар аст, ки Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодии мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таҳким бахшидани бахши иҷтимоии Буҷети давлатӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъминоти нафақа ва дигар пардохтҳо афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати давлат мебошанд.
Мавсуф чунин пешниҳод намуд:
- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи қисми 7 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» зимни таҳияи буҷети миёнамуҳлат барои солҳои 2015-2017 масъалаи маблағгузории пардохти нафақаҳои иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ва кумакпулиҳо, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ ба нақша гирад;
- барои аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ намудани масъалаҳои шуғли аҳолӣ дар қисмати чорабиниҳое, ки ба низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ иртибот надоранд, барои солҳои 2015-2017 чораҳо андешад;
- Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани индексатсияи нафақа маълумотро оид ба пардохти воқеии андози иҷтимоӣ аз ҳисоби суғуртакунандагон (андозсупорандагон) ва қарзи бавуҷудомадаи онҳо дар солҳои 2007-2013 ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- ҷиҳати муайян намудани ҳисоботи дақиқ дар корхонаву ташкилотҳо бо ҷалби кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлилу санҷишҳо гузаронида, дар ҳолати муайян гардидани камбудиҳо барои бартараф намудани онҳо чораҳо андешад.
Дар музокираи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхон Сафаров зикр шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми қабулкунандаи қонун дар бораи Буҷети давлатӣ рафти иҷрои онро низ бояд назорат кунад.
Яке аз усулҳои назорат доир намудани муҳокимаҳои парламентист, зеро дар онҳо ҳама паҳлуҳои масъала ҳамаҷониба омӯхта, ба баррасии вакилон ва роҳбарони мақомоти марбута пешниҳод карда мешавад.
Мақсад, пеш аз ҳама, он аст, ки камбудиҳои ҷойдошта ошкор ва пеши роҳи онҳо гирифта шаванд.
Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки муҳокимаҳои парламентии то имрӯз доиршуда натиҷаҳои мусбат доданд.
Мутаассифона, на дар ҳама ташкилоту муассисаҳои дахлдор тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ пурра амалӣ карда мешаванд.
Ин аст, ки камбудиҳои ошкоргардида аз беаҳамиятӣ ва беназоратии шахсони масъул дубора такрор меёбанд ва ё тариқи дигар гӯем, онҳо тавсияҳои муҳокимаи парламентиро ба инобат намегиранд.
Бинобар ин, ба хотири хотима додан ба ин хунукназарӣ пешниҳод мекардам, ки нисбат ба шахсоне, ки камбудиҳои ошкоргардидаи худро баъд аз муҳокимаҳои парламентӣ на ин ки ислоҳ, балки аз сари нав такрор мекунанд, чораи дахлдор андешида шавад.
Пайваста ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳое ворид мегарданд, ки дар онҳо озод кардани ширкатҳои алоҳида аз боҷи гумрукӣ ва намудҳои алоҳидаи андоз барои иҷрои корҳои мушаххас (бештар сохтмони иншооти муҳим) ба миён гузошта мешавад. Чунин шартномаю созишномаҳо усулан қабл аз оғози кор бояд баррасӣ ва тасдиқ карда шаванд.
Вале роҳбарон ва мутасаддиёни вазорату идораҳои алоҳида онҳоро муддатҳо нигоҳ дошта, вақте барои тасдиқ пешниҳод менамоянд, ки ё корҳои мавриди назар аллакай анҷом ёфтаанд ё худ дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.
Ин кор ба манфиати кӣ аст? Воқеият ин аст, ки чунин ҳолат сарфи назар аз таъкидҳои пай дар паи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам такрор шуда истодааст.
Пешниҳод карданиам, ки ба чунин усули кор хотима дода шавад, зеро он ҳар гуна шубҳаро ба вуҷуд меорад, — гуфт дар фарҷом Амирхон Сафаров.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода зимни суханрониаш зикр кард, сарфи назар аз он ки хароҷоти соҳаи маориф аз Буҷети ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 94,0 фоиз (501,9 миллион сомонӣ), аз буҷети маҳаллӣ дар сатҳи 96 фоиз (1346 миллион сомонӣ) таъмин карда шудаанд, ба соҳа дар ин давра маблағҳои зиёде аз сарчашмаҳои дигар низ равона гардидаанд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ маблағҳои аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ азхудгардидаи соҳа 23,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дастгирии табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла соҳибкорон, баҳри пешрафти соҳа баръало эҳсос мегардад. Аз ин ҳисоб даҳҳо мактабҳои нав бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд. Имрӯз маориф дар кишвар ба соҳаи умумимиллӣ табдил ёфтааст ва минбаъд низ дастгирии ҳамагонро тақозо менамояд.
Мехостам диққати ҳозиринро ба омилҳои таъсиррасон ба молияи давлатӣ, аз қабили сатҳи таваррум, ки дар давраи ҳисоботӣ 5,7 фоиз мебошад, ҷалб намоям.
Ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ё ҷуброни ҳолатҳои бавуҷудомада тадбирҳои судманд меандешад. Яке аз чунин тадбирҳо боло бардоштани ҳаҷми маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ буд, ки зарурати онро вазъи имрӯза тақозо менамояд. Амалӣ намудани ин тадбир ҳарчанд дар соли ҷорӣ низ имконнопазир аст, вале пешниҳод менамоем, дар лоиҳаи Буҷети давлатии соли оянда он ба нақша гирифта шавад.
Мехоҳам зикр намоям, ки Ҳукумати кишвар бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳо Барномаҳо қабул менамояд, ки дар пешрафти ин маҳалҳо таъсир гузоранд, — афзуд мавсуф. Чунин як Барнома оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд барои солҳои 2008-2015 дар соли 2008 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад. Мутаассифона, маблағгузории ин Барнома ҷавобгӯйи талабот нест.
Хоҳиш менамоям, ки ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир кард, шавад,- хулоса намуд номбурда.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадшариф Нозимов низ доир ба масъалаи мавриди баррасӣ музокира намуд.
Гуфта шуд, ки самтҳои асосии сиёсати Буҷети давлатӣ барои таъмини нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии кишвар, суръат бахшидан ба ислоҳот дар раванди идораи босамари сиёсати молиявӣ тариқи амалӣ намудани механизми нави маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди устувори бозори молиявӣ, шароити мусоиди ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна равона карда шудааст. Дар ахборот зикр шуд, ки идоракунии молияи давлатӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, иҷрои Буҷети давлатӣ баробар ба 102,0 фоиз таъмин гардида, ба он 9,4 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Маблағи қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин 21,2 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаи беҳтарин дар солҳои охир буда, потенсиал ва имконияти хуби боз ҳам бештар истифода бурдани сармояи хориҷиро дар иқтисодиёти кишвар фароҳам овардааст.
Нишондиҳандаи дигаре, ки дар оянда барои ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ аҳамияти калон дорад, пурра истифода бурдани имкониятҳо барои истеҳсоли 600 ҳазор тонна алюминийи аввалия ва 800-900 ҳазор тонна пахта мебошад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ имкониятҳои воқеӣ барои зиёд намудани маҳсулоти номбаршуда мавҷуданд. Дар соли ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти оморӣ 287,2 ҳазор тонна пахта ва 81,3 ҳазор тонна алюминий истеҳсол карда шудааст, ки ин мутаносибан 32,0 ва 13,5 фоизи имкониятҳои ин соҳаҳоро дар бар мегирад.
Сарчашмаи дигари афзун гардидани қисми даромади Буҷети давлатӣ баланд бардоштани самаранокии заминҳои обёришаванда аст, ки дар миқёси кишвар 800 ҳазор гектарро дар бар мегирад.
Тибқи маълумоти мавҷуда, имрӯз дар кишвар 56 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд. Инчунин ҳамасола 15 ҳазор гектар заминҳои корам, аз ҷумла 11,8 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда аз истифода берун мемонанд.
Бояд зикр намоям, ки потенсиали соҳаи кишоварзии кишвар имконият дорад, ки 35-40 миллион аҳолиро ба маводи хӯрокворӣ таъмин намояд. Ба мо лозим аст, ки дар оянда дар асоси имкониятҳои дохилӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои барқарор ва такмили базаи моддӣ-техникӣ ва таъмини инфрасохтори соҳаи кишоварзӣ бештар маблағгузорӣ намоем.
Пешниҳод гардид, ки дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақомоти марбута ҷанбаҳои илмиву инноватсионии пешрафти ҳама соҳаҳоро ба назар гирифта, вобаста ба имкониятҳои воқеии соҳаҳо қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатиро таҳия намоянд.
Ҳамчунин мавсуф пешниҳод намуд, ки қабули қарордодҳои идоракунӣ дар тамоми сатҳҳо бояд дар сатҳи таҳлили судоварӣ ва масраф қабул карда шаванд. Бо ин мақсад бояд омори давлатӣ такмил дода, саҳеҳияти нишондиҳандаҳои он дуруст санҷида шаванд.
Дуюм, бозорҳо воқеан бояд озод бошанд.
Сеюм, дар соҳаҳои таъминкунандаи истиқлолияти миллӣ (комплекси агросаноатӣ, системаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, идораи захираҳои замин, об ва ҷангал) бояд тадбирҳои давлатии такмили ниҳодҳо ва механизмҳои таъмини корхонаҳо ба воситаҳои қарзӣ истифода бурда шавад.
Чорум, дар бахши рушди минтақавӣ (комплекси агросаноатӣ, саноати озуқаворӣ ва сабук, манзилу роҳ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, идораи манзилию коммуналӣ, коркарди партовҳо) истифода аз усули ҳавасмандсозӣ, таҳияи матритсаи стандартҳо ва тадбирҳои дастгирии давлатӣ мувофиқи мақсад мебошад, — муътақид аст номбурда.
Зимни музокираи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибидавлат Авзалшоева зикр шуд, ки рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2014 таъмин гардида, барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷомеа, ки яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, мусоидат намудааст.
Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳ соли равон афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар тамоми соҳаҳо ба назар расида, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши чакана, хизматрасонии пулакӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 афзоиш ёфтаанд. Ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар нуҳ моҳи соли равон ба 31,6 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 6,9 фоизро ташкил додааст.
Қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ иҷро гардида, ба буҷет нисбати нақшаи пешбинишуда 2,6 милиард сомонӣ зиёд ворид гардидааст.
Ҳарчанд ки даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар маҷмӯъ иҷро шуда бошад ҳам, вале шаҳру ноҳияҳои алоҳида уҳдадориҳои худро дар назди буҷет пурра таъмин карда натавонистанд.
Дар вилояти Хатлон панҷ шаҳру ноҳия, дар вилояти Суғд чор шаҳру ноҳия, дар шаҳри Душанбе ду ноҳия ва панҷ шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз уҳдаи иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ баромада натавонистанд.
Вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки оид ба таъмини истифодаи мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ ва то охири сол пурра иҷро гардидани буҷетҳои маҳаллӣ чораҳои зарурӣ андешанд, — таъкид намуд Б.Авзалшоева.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаралӣ Ҳисайнов низ оид ба масъалаи мавриди баррасӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки ахборот дарбаргирандаи фаъолияти тамоми соҳаҳои муҳими кишвар буданд. Аз ахборот бармеояд, ки иҷрои буҷет дар бахшҳо давоми нуҳ моҳи соли равон дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дар сатҳи маҳаллӣ барзиёд иҷро гардидаанд ва дар ин ҷода мушкилоти ҷиддие вуҷуд надорад. Ниҳодҳои марбута якҷоя масъулияти хешро ҷиҳати иҷрои Буҷети давлатӣ хуб анҷом додаанд. Мутаассифона, боз ҳам соҳаҳо ва ё ширкатҳою корхонаҳое ҳастанд, ки дурнамои хешро таври бояду шояд барномарезӣ накарданд. Ин сабаб шуд, ки маблағҳои камтар ба Буҷети давлатӣ ворид шаванд ва дар иҷрои Буҷет костагие ба вуҷуд ояд. Монанди андоз аз фурӯши нахи пахта, ки танҳо 51,9 фоиз иҷро гардидааст ва андоз аз фурӯши алюминий, ки танҳо 6,8 фоиз иҷро гардидаасту халос.
Ҳамчунин иҷро нагардидани нақшаи андоз аз фоида ва аз арзиши иловашуда низ аз ҷониби корхонаҳо ва ширкатҳои бузурги кишвар ба назар мерасад, амсоли КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ки маблағи 61,4 миллион сомонӣ ва ШСХК «Барқи Тоҷик» 91,1 миллион сомонӣ ва КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҳудуди 100 миллион сомонӣ андозро кам ворид кардаанд, ки ин иҷрои Буҷети давлатиро дар баъзе қисматҳояш ба мушкил мувоҷеҳ намудааст.
Аз ахборот бармеояд, ки кишвари мо ҳоло ҳам барои кишварҳои хориҷӣ ҳамчун бозори истеъмолӣ боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки ворид намудани тамоми таҷҳизоту технологияҳои истеҳсолӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод мебошад. Рушд накардани саноати ватанӣ ва дар бозорҳои кишвар ҷойи молҳои хориҷиро нагирифтани молҳои ватанӣ сабаб ва омилҳои худро дорад. Масъулини Ҳукумати кишварро зарур аст то он сабаб ва омилҳоро ташхис намоянд ва баҳри ислоҳи онҳо барномаи ҷиддиеро рӯи даст бигиранд ва ба ҳамин василаҳам саноати кишварро рушд бибахшанд ва ҳам бозори дохилии кишварро аз монополияи молҳои хориҷӣ наҷот бахшанд.
Пешниҳод дорам, ки расонидани ёрии тиббӣ барои шаҳрвандони кишвар дар ин муассисаҳо комилан ройгон гардонида шавад ва агар на, пас маблағҳои барои табобат аз аҳолӣ мегирифтаро ба танзим дароварда, ба ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ворид шавад ва ба ин васила вазорат ба худкифоӣ бирасад ва хароҷоти Буҷети кишвар ба ин вазорат сол ба сол кам карда шавад, — хулоса намуд номбурда.
Муҳокимаи парламентиро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҷамъбаст намуда, таври муфассал ва бо далелу арқоми асоснок масъалаи мавриди баррасиро бозгӯйӣ намуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки дар зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» таъмини хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, назорат ва иҷрои қатъии низоми молиявӣ аз тарафи масъули соҳаҳои дахлдор кӯшишу ғайрат ба харҷ дода шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, иҷрои Буҷети давлатӣ ва дар ин замина таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат корҳои назаррасеро анҷом додааст.
Чунончӣ, дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи маълумотҳои пешакӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбӣ арёбӣ гардида, ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бо афзоиши реалии 6,9 фоиз ба 31,6 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра идоракунии молияи давлатӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, иҷрои Буҷети давлатӣ ба андозаи 102,5 фоиз таъмин ва ба он зиёда аз 9,4 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 225,0 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 2,9 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки ин 104,8 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 621,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби даромадҳои андози дохилӣ бошад, ба буҷет 5,2 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин ба 102,4 фоизи нақша баробар буда, нисбати нақша 120,8 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 987,3 миллион сомонӣ зиёд аст.
Сарфи назар аз таъмини иҷрои даромади буҷет дар ҳамаи сатҳҳо, ҳоло ҳам дар ин самт як қатор камбудиҳо ҷой дошта, на ҳамаи захираҳои мавҷудаи молиявӣ ба буҷет пурра ворид карда шудаанд, ки дар натиҷа, Буҷети давлатӣ аз рӯи нақшаи се намуди андоз ба маблағи умумии 139,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла андоз аз фурӯш 50,9 миллион сомонӣ ё 50,5 фоиз, боҷи гумрукӣ 47,0 миллион сомонӣ ё 26,7 фоиз ва андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ 41,8 миллион сомонӣ ё 4,0 фоиз таъмин нагардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бонкҳои давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 928 тафтишу санҷишҳо гузаронида шуда, ба маблағи 267,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст. Аз ин рақам хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 13,6 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 59,3 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 70,7 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ 8,6 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 29,2 миллион сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 85,7 миллион сомониро ташкил мекунад.
Тафтишу санҷишҳои Агентӣ дар миқёси ҷумҳурӣ муайян намудааст, ки аз беназоратии баъзе аз роҳбарони вазорату кумитаҳо ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ 7,1 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ғайримақсаднок истифода бурда шуданд.
Хусусан камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик-Эйр»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуд. Санҷиши дурустии ба иҷораи лизингӣ гирифтани ҳавопаймоҳо муайян намуд, ки аз тарафи масъулини ҶСК «Тоҷик-Эйр»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи иҷораи лизингӣ риоя нагардида, бо роҳи барзиёд пардохт намудани арзиши ҳавопаймо ба маблағи 6 миллиону 411 ҳазор доллари ИМА ва аз ҳисоби Ҷамъият беасос ба маблағи 4 миллиону 350 ҳазор доллари ИМА барои таъмири ҳавопаймо ба давлат, дар маҷмӯъ ба маблағи 10,8 миллион доллари ИМА, баробар ба 44 миллиону 692 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст.
Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ тафтиши фаъолияти молиявии хоҷагидории Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва як қатор корхонаву муассисаҳои зертобеи он ба анҷом расонида шудааст, ки дар рафти он зарари молиявӣ ба маблағи умумии 33,5 миллион сомонӣ ошкор гардидааст.
Камбудию норасоиҳои ҷиддӣ инчунин дар рафти тафтиши фаъолияти сохторҳои зертобеи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, ки дар он ҳолатҳои камомад ва тасарруфи маблағу воситаҳои давлатӣ ошкор гардидааст.
Бо мақсади таъмини назорати давлатии молиявӣ оид ба истифодаи самараноки қарзи дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудааст, дар давраи ҳисоботӣ санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар 14 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ ва Буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда ба анҷом расонида шудааст. Дар рафти ин санҷишҳо муайян карда шудааст, ки аз бемасъулиятии мутасаддиёни соҳа маблағҳои пешбинигардида бесамар истифода гардида, аз ҳисоби хароҷотҳои ғайриқонунӣ 232,1 ҳазор сомонӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои иҷрошудаи сохтмонӣ 3 миллиону 901 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 189,8 ҳазор сомонӣ ва маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 62,8 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба давлат 4 миллиону 725 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст.
Айнан чунин камбудию норасоиҳоро Агентӣ дар рафти ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ низ ошкор намудааст, ки хеле ташвишовар аст.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар 21 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тафтиши маҷмӯии ташаккул ва иҷрои буҷети маҳаллӣ ба анҷом расонида шуд, ки дар рафти он фаъолияти 523 идораю ташкилотҳои буҷетӣ санҷида шуда, ба маблағи 44 миллиону 157 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ муайян карда шуд.
Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор мақомот ва ташкилоту муассисаҳои аз Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронидааст, ки дар рафти онҳо низ камбудию норасоиҳои ҷиддӣ ошкор карда шудаанд.
Масалан, дар ин давра санҷиши аудиторӣ «Оид ба баҳодиҳӣ ба фаъолияти молиявию хоҷагидории Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2013» анҷом дода шудааст, ки дар натиҷаи он дар маҷмӯъ, дар Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он зарари молиявӣ ба маблағи умумии 13656,1 ҳазор сомонӣ ошкор гардидааст, ки аз он хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 3627,3 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 98,0 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 6679,4 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 50,8 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 3200,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2012-2014 нишон дод, ки банақшагирии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ дар вазорат ва сохторҳои он дуруст ба роҳ монда нашуда, бо ин сабаб дар соли 2013 танҳо ба сметаи хароҷотии дастгоҳи марказии вазорат дар 33 ҳолат ба маблағи 165,7 ҳазор сомонӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст ва маблағгузории буҷетӣ 1849,2 ҳазор сомонӣ зиёд карда шудааст.
Ҳамчунин дар натиҷаи таҳлилу санҷишҳои анҷомдодаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ зарари молиявӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 154,4 ҳазор сомонӣ ва дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он ба маблағи 2968,1 ҳазор сомонӣ ошкор карда шудааст.
Худ қазоват кунед, ки агар дар Вазорати молия, Бонки миллӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин вазъ мавҷуд бошад, пас, онҳо, ки худ масъули таъмин ва назорати интизоми қатъии молиявии кишвар ба ҳисоб мераванд, аз дигарон чӣ талаб карда метавонанд?
Мо ҳар сол муҳокимаҳои парламентӣ доир намуда, ба мутасаддиёни соҳа тавсияҳои мушаххас пешниҳод мекунем, вале соли минбаъда айнан ҳамон масъалаҳои ҳалталаб боз аз нав ба миён меоянд.
Тавре медонед, мақсад аз пайваста доир намудани муҳокимаҳои парламентӣ таҳлилу баррасии ҳолати мавҷуда ва зимни он ошкор намудани камбудию норасоиҳо ва дар ниҳоят ҷустани тадбирҳои мушаххас оид ба бартараф кардани онҳо мебошад.
Ҳамин тариқ, таҳлили вазъи имрӯзаи даромаду хароҷоти маблағҳои буҷетӣ далолат ба он доранд, ки дар назди вазорату идораҳои марбута ҳалли вазифаҳои зерин аҳамияти аввалиндараҷа доранд:
- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои пурраву барзиёди нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида, маблағгузории саривақтии соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла дар навбати аввал пардохти музди меҳнат, нафақа, стипендия ва дигар уҳдадориҳои иҷтимоии давлатиро таъмин намуда, барои амалӣ гардидани барномаҳои давлатии соҳаҳои мазкур маблағҳои заруриро сафарбар намояд;
- ҳамчунин якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба беҳтар намудани фаъолияти марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии муштараки сармоягузорӣ ҷиҳати сари вақт ва пурра аз худ намудани захираҳои молиявии ҷалбгардида тадбирҳои иловагӣ андешад.
Мувофиқи маълумотҳо маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо дар таърихи 1 сентябри соли 2014-ум 658,2 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба андозаи 226,7 миллион сомонӣ кам гардидааст.
Қарзи нисбатан калони андоз ба ШСХК «Барқи Тоҷик» тааллуқ дошта, ба ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ 182,0 миллион сомониро ташкил намудааст ва ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии бақияпулиҳои андоз ба 27,7 фоиз баробар мебошад.
Аз роҳбарияти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» пурсида мешавад, ки чаро чунин ҳолат мавҷуд аст? Аз тарафи роҳбарияту Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ширкат дастгирию ғамхории зиёд зоҳир карда мешавад, вале вазъ ҳамон аст, ки ҳамон. Ҳар сол нисбати қарзҳои бақияи андоз дар муҳокимаҳои парламентӣ номи ШСХК «Барқи Тоҷик» зикр мешавад.
Ҳамчунин таъмини бақайдгирии пурра ва шаффофи тамоми объектҳои андозбандӣ ва объектҳои ба андозбандӣ алоқамандро, ки барои дарёфти манбаъҳои иловагии андоз хизмат мекунад, яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти андози кишвар мешуморем.
Имрӯзҳо рушди ҷомеаро бе татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои компютерӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Бинобар ин, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар мақомоти андоз тамоми шароитҳои мусоидро бояд фароҳам созад.
Маълум аст, ки шаҳрвандон ва соҳибкорон чӣ қадар бештар аз қонунгузории андоз, уҳдадориҳои андозӣ ва пеш аз ҳама ҳуқуқҳои худ огаҳӣ дошта бошанд, ҳамон қадар риояи қонунгузории ҷорӣ дуруст таъмин гардида, фаъолияти соҳибкории онҳо пешрафтатар ва самараноктар мегардад, ки танҳо дар ҳамин ҳолат Буҷети давлатӣ ғанитар хоҳад шуд.
Бинобар ин, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз анҷом додани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ ба ҳисоб рафта, ба ин қисмати фаъолият диққати бештар зоҳир кардан зарур аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз тарафи мақомоти гумруки кишвар низ дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст.
Чунончӣ, бо мақсади содагардонии расмиёти содиротию воридотӣ, андешидани чораҳои зарурӣ дар масъалаҳои барасмиятдарории саривақтию шаффоф ва аз байн бурдани монеаҳо дар тиҷорати хориҷӣ Системаи «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» амалӣ гардида истодааст.
Барномаи мазкур ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти содагардонӣ ва баланд бардоштани самаранокии расмиёти маъмурӣ дар тиҷорати хориҷӣ муайян намуда, ба амал баровардани онро бо роҳи ҷорӣ намудани системаи электронии коркард ва ирсоли иттилоот байни мақомоти манфиатдори давлатӣ ва субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар назар дорад.
Дар баробари системаи «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» ҷиҳати мутобиқ сохтани фаъолияти мақомоти назоратии дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ фаъолияткунанда ба шароити имрӯза ва таъмини содагардонии интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ ҷорӣ намудани принсипи «Истгоҳи ягона» иқдоми хуб аст, ки дар давлатҳои дунё ва баъзе кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавриди амал қарор дорад.
Ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назоратӣ мутобиқи принсипи «Истгоҳи ягона» имконият медиҳад, ки назорати молу воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар асоси технологияҳои нав, дар як вақт таври муштарак, содагардонидашуда, шаффоф ва самарабахш дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин анҷом дода шуда, барои рушди соҳибкорӣ заминаи боэътимод фароҳам оварад.
Гуфтан бамаврид аст, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти фаъолияти на чандон тӯлонии худ, аллакай худро ҳамчун ниҳоди муҳиму ҷиддии давлатӣ дар самти назорати қатъии интизоми молиявӣ ва сарфи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ нишон дода тавонист.
Маълумотҳои пешниҳодкардаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳлил ва хулосабарориҳо оид ба фаъолияти бисёр мақомот, ташкилоту муассисаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда заминаи далелҳои эътимоднок ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд минбаъд низ истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои давлатӣ, аз ҷумла даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетиро дар субъектҳои хоҷагидор таҳти назорат дошта бошад, — таъкид намуд дар фарҷоми суханрониаш Амиршо Миралиев.
Дар охир мутобиқи банди 277 боби 8 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти таклифу эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо зикр гардиданд, қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул шуданд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»