Чанде қабл дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Парлумони Аврупо -вакили Парламенти Аврупо Анри Вебер ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидие Леруа баргузор гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки Анри Вебер 24 – уми июни соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Ӯ доктори илми фалсафа ва илмҳои сиёсӣ буда, дар Ҳукумати Франсия вазифаҳои масъулро бар уҳда доштааст. Дар Парлумони Аврупо аз соли 2004 инҷониб фаъолият дорад.
Зимни вохӯрӣ Анри Вебер нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодгоҳаш мебошад, бо самимият сухан ронд. Баъдан ба ҳамкорӣ ва робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳ намуда, тақвият ва рушди минбаъдаи онро муҳим арзёбӣ намуд.
Раиси гурӯҳи ҳамкорӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти Аврупо Галия Рабиева низ аз тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ зикр намуд ва таъкид кард, ки барои густариши минбаъда тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Атрофи масъалаҳои мавриди баррасӣ қарордошта раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфулло Саидмуродов ва раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов андешаҳои худро баён намуданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ