Шарҳи мутахассис

Такмили низоми сохтори судӣ

№134-135 (3280-3281) 15.11.2014

Дар ҷараёни ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ зарурати қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқие ба вуҷуд меоянд, ки ба тақвият бахшидани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, содагардонии пешбурди парвандаҳо мусоидат мекунанд.  Аз ҷумла қабули Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин хотир буд. Дар робита ба ин, хабарнигорамон бо узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович мусоҳиба доир намуд.

- Феълан чандин Кодекс мавриди амал қарор дорад, ки пешбурди парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, аз ҷумла ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи муқаррароти онҳо сурат мегирад. Чӣ зарурат ба миён омад, ки Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардад?

- Айни замон дар низоми қонунгузории кишварамон чор санади қонунгузории мурофиавӣ, аниқтараш чор Кодекс ҷиҳати баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амал менамоянд. Мақсад аз қабули Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият бахшидан ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамзамон амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 ироа намуда буданд ва иҷрои талаботи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» иборат мебошад.

Таври алоҳида қабул гардидани қонунҳои моддӣ, мурофиавӣ барои сода ва шаффоф баррасӣ намудани парванда, гузаронидани тафтишоти судӣ аҳамият доранд. Бинобар ин, қисми мурофиавӣ аз Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда, дар заминаи он Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Илова бар ин, дар раванди ислоҳоти судии мамлакат дар низоми сохтори судӣ Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ ташкил карда шуд, ки бо мақсади дурусту одилона ва ба таври мукаммал ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарурати қабули Кодекси номбурда пеш омад.

- Вазифаҳои Кодекси мазкур аз чӣ иборатанд ва дар кадом ҳолат муқаррароти он мавриди баррасӣ ва татбиқ қарор мегиранд?

- Дар боби I, ки «Муқаррароти умумӣ»ном дорад, амали Кодекси мазкур дар макону замон, мафҳумҳои асосӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода шудааст. Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 2 Кодекси зикргардида вазифаҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз  муқаррар кардани тартиби барасмиятдарорӣ ва пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии ҷамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарар дидаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда, таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парвандаҳо аз ҷониби суд ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), риояи меъёрҳо ва кафолати ҳимояи манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиа ва шахсони дигар, муқаррар кардани тартиби иҷрои қарорҳо оид ба татбиқи ҷазои маъмурӣ ва санадҳо оид ба татбиқи чораҳои таъминкунандаи пешбурди чунин парвандаҳо ва ғайра иборатанд.

Меъёрҳои зикргардида барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини баррасии одилонаи парвандаҳо аз ҷониби суд ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) равона карда шудааст.

- Татбиқи Кодекси мазкур аз ҷониби кадом мақомот ва сохторҳои қудратӣ иҷро мегардад?

- Амалишавии меъёрҳои Кодекси зикршуда аз ҷониби суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)- мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки мутобиқи Кодекси мазкур парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро пешбурд ва баррасӣ менамоянд, ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла муқаррароти он аз ҷониби мақомоти судӣ, прокуратура, шахсони мансабдори вазорату идораҳо, мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра, ки баррасии чунин парвандаҳо дар тобеияти онҳо қарор доранд (моддаҳои 89-90 Кодекси мазкур), амалӣ мегардад.

- Нисбати шахсе, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, чӣ гуна ҳуқуқу уҳдадориҳо пешбинӣ гардидааст?

- Тибқи муқаррароти моддаи 26 Кодекси мазкур, шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, дорои як қатор ҳуқуқу уҳдадориҳо мебошад. Чунончӣ, ӯ ҳуқуқ дорад бо ҳамаи маводи парванда шинос шавад, баёнот диҳад, далелҳо оварад, дархост ва раддия изҳор намояд, аз ёрии ҳуқуқии ҳимоятгар истифода барад, бо забони модариаш сухан кунад, ҳангоми надонистани забони пешбурди парванда аз хизмати тарҷумон истифода барад, аз болои қарори қабулшуда шикоят намояд ва ғайра.

Инчунин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳузури шахсе баррасӣ мегардад, ки нисбат ба ӯ парванда пеш бурда мешавад. Ҳамзамон дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ метавонад, ки дар ғоибии ин шахс низ баррасӣ ва пешбурди парванда ба амал бароварда шавад.

- Кодекси мазкур амалӣ гардидани кадом навъи муҷозотро пешбинӣ мекунад? Оё тариқи маҷбуран овардан ё мусодираи молумулки шахсро муқаррар намудааст?

- Бале, суоли матраҳшаванда бисёр бамаврид аст, зеро тибқи муқаррароти меъёрҳои конститутсионӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд, аммо дар ҳолатҳои алоҳида бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигарон, амнияти ҷомеа ва пойдории давлат мумкин аст дар доираи қонунгузорӣ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳдуд карда шавад. Бо ин мақсад дар соҳаи қонунгузории судии мурофиаи маъмурӣ институти алоҳида бо номи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба номгӯйи онҳо овардани шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дастгирии маъмурӣ, маҷбуран овардан, азназаргузаронии шахсӣ ва воситаи нақлиёт, киштиҳои хурдҳаҷми обӣ, ҳуҷҷатҳо, бино ва молу мулк, гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо, дур намудан аз идора кардани воситаи нақлиёт ё киштиҳои хурдҳаҷми обӣ, ҳабси мол, воситаи нақлиёт, дигар молу мулк ва ғайра дохил мешаванд.

Тартиби маҷбуран овардани шахси воқеӣ ва ё намояндаи шахси ҳуқуқие, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, дар моддаи 65 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст. Гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо бо тартиби пешбининамудаи моддаи 69 Кодекси мазкур амалӣ мегардад.

Арзиши молу мулки гирифташуда дар асоси нархҳои танзимшавандаи давлатӣ муайян карда мешавад. Дар дигар ҳолатҳо арзиши чунин молҳо мувофиқи арзиши бозории онҳо сурат мегирад. Хулосаи коршиносро дар чунин мавридҳо низ ба инобат мегиранд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»