Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Такмили қонунгузорӣ ба рушд ва беҳбуди соҳаҳои хоҷагии халқ имкони бештар медиҳад

№133 (3118) 19.10.2013

DSC_1430

17 октябри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул гардид:

1. Дар бораи Мактуб-созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак тавассути рушди алоқаи нақлиётӣ»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ».

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»

7. Дар хусуси Конвенсияи 144 Созмони байналмилалии меҳнат «Оид ба машваратҳои сеҷониба барои мусоидат ҷиҳати татбиқи меъёрҳои байналмилалии меҳнат»

8. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар иштироки қӯшунҳои мусаллаҳи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шуруъ менамоем. Дар бораи Мактуб-созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак тавассути рушди алоқаи нақлиётӣ» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.

DSC_0293Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Мактуб – созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани саломатии модару кӯдак тавассути рушди алоқаи нақлиётӣ» пешниҳод гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ки онро дар сиёсати давлат Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян намудааст, тамоми чораҳои заруриро андешида, онҳоро дар амал татбиқ намуда истодааст.

Яке аз соҳаҳои муҳими афзалиятнок ин рушди соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, аз ҷумла таҷдиду сохтмони роҳу нақбҳо ва пулҳо мебошад, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳойӣ намудани ҷумҳуриро таъмин менамояд.

Дар ҷумҳурӣ дар соҳаи нақлиёт даҳ лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ дар ҳаҷми зиёда аз 1,1 млрд.доллари амрикоӣ ё ин ки 5,2 млрд.сомонӣ амалӣ шуда истодаанд.

Танҳо дар давоми соли 2013 ба иқтисодиёти кишвар 1,6 млрд.сомонӣ маблағҳои грантию қарзӣ ҷалб гардидаанд, ки аз он 950,0 млн.сомонӣ ё 60,0 фоизашон барои рушд ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард равона карда шудааст, аз ҷумла 474,0 млн.сомонӣ маблағҳои қарзӣ ва 476,0 млн.сомонӣ маблағҳои грантӣ мебошанд.

Яке аз лоиҳаҳои барои иқтисодиёти кишварамон аҳамияти муҳимдошта ин лоиҳаи «Беҳтар намудани саломатии модару кӯдак тавассути рушди алоқаи нақлиётӣ» мебошад.

Созишномаи грантӣ дар бораи маблағгузории лоиҳаи «Беҳтар намудани саломатии модару кӯдак тавассути рушди алоқаи нақлиётӣ» 9 апрели соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ба имзо расонида шудааст.

Мувофиқи ҳисобҳо барои татбиқи ин лоиҳа 2,9 млн. доллари амрикоӣ ҷалб карда мешавад, ки 2,5 млн.доллари он аз ҳисоби Фонди японӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамчун грант, 47 ҳазор доллари дигараш аз ҳисоби ҷомеаҳо ва 386 ҳазор доллари боқимонда саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад ва аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Мақсади лоиҳа, ки беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак дар панҷ деҳоти дурдасти ноҳияи Рашт мебошад, тавассути барқарорсозии роҳҳо ва беҳтар намудани алоқаи нақлиётӣ сурат мегирад. Зеро дар ин ҷо хизматрасониҳои тиббӣ дар сатҳи паст қарор доранд ва донишҳои бурдани тарзи дурусти ҳаёти солим низ маҳдуданд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2013 оғоз гардида, соли 2016 бояд ба анҷом расонида шавад.

Қисмҳои асосии лоиҳа инҳоянд:

-барқарорсозии пули 66-метра аз болои дарёи Сорбоғ ва таъмири 18 км роҳе, ки деҳоти «Навобод», «Оби Меҳнат», «Тагоба», «Боқӣ Раҳимзода» ва «Нусратулло Махсум»-ро бо ҳам мепайвандад;

-баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси 90 фоизи коргарони соҳаи тиб дар минтақаи мазкур дар соҳаи акушерӣ (момодоягӣ) ва нигоҳубини тифли навзод ва интеграл ёфтани бемориҳои кӯдакона;

-беморхонаи деҳа дар Навобод бо таҷҳизоти ёрии таъҷилӣ таҷҳизонида мешавад (75 фоизи дархости ёрии таъҷилӣ дар беморхонаҳои деҳа аз нав ба беморхонаи марказӣ равона мешаванд);

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Кенҷаева Мунаввара Ҳодиевна дода мешавад.

DSC_1423Мунаввара КЕНҶАЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мактуб-созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар  намудани саломатии модар ва кӯдак тавассути рушди алоқаи нақлиётӣ», ки 9 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 23 сентябри соли 2013 таҳти № 2010 Мактуб-созишномаи мазкурро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Мақсади Мактуб-созишномаи мазкур беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак дар панҷ деҳоти ноҳияи Рашт мебошад, ки дар онҳо хизматрасониҳои тиббӣ дар сатҳи паст қарор доранд. Қисматҳои асосии лоиҳа:

- барқарорсозии пули 66 -метра аз болои дарёи Сорбоғ ва таъмири 18 км роҳи деҳа, ки деҳоти «Навобод», «Оби Меҳнат», «Тагоба», «Боқӣ Раҳимзода» ва «Нусратулло Махсум»-ро бо ҳам мепайвандад;

- баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси 90 фоизи коргарони соҳаи тиб дар минтақаи мазкур дар соҳаи акушерӣ (момодоягӣ) ва нигоҳубини тифли навзод ва интеграл ёфтани бемориҳои кӯдакона.

Татбиқи Мактуб — созишномаи мазкур соли 2013 оғоз ёфта ва соли 2016 бояд ба анҷом расонида шавад. Маблағи умумии он 2, 933 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Мактуб-созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намудаанд.

Рӯзи 25 сентябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мактуб- созишномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Мактуб-созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Мактуб-созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи  «Беҳтар  намудани саломатии модар ва кӯдак тавассути рушди алоқаи нақлиётӣ»-ро, бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш  менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Вобаста ба қабули Мактуб-созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.

Руҳулло ҲАКИМОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст, ки он ҷиҳати иҷрои банди 25 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2013 таҳти №226 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

Ҳамзамон лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ ва соҳибкорони хориҷӣ, ки ба ҷумҳурӣ техникаи таъиноти кишоварзӣ ва маснуоти такмилии онҳо, ки маҷмуи ягонаи технологияро ташкил медиҳанд, ворид менамоянд ва аз пардохтҳои андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд, ба андозбандӣ ҷалб намудани дигар объектҳои муҳим (ба истиснои объектҳои махсусан муҳими давлатӣ), аз пардохтҳои гумрукӣ озод намудани воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳо, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиадошта, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо таҳия карда шудааст.

Аксарияти тағйиру иловаҳое, ки дар қонуни мазкур дарҷ карда шудаанд (ба истиснои банди 11, ки дар он масъалаҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани техникаи таъиноти кишоварзӣ ва техникаи ҳарбӣ, агрегатҳо, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиадошта), хусусияти таҳрирӣ дошта, онҳо бо мақсади содда ва оммафаҳм намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.

Қабули қонуни мазкур имконият медиҳад, ки нофаҳмиҳо ҳангоми аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҷҳизот ва техникаи дар боло нишондодашуда аз байн бурда шавад ва имконият медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, барои ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет аз ҳисоби андозҳои дохилӣ манбаъҳои иловагӣ ба вуҷуд оянд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВСафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирин!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2013 таҳти № 2028 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур асосан мақсадҳои мутобиқкунӣ дошта, барои кам кардани баҳсҳои андозсупорандагон бо мақомоти андоз ва гумрук, сабуктар намудани тартиби ҳисобкунии андозҳо ва ба инобат гирифтани имтиёзҳои муқарраркардашуда равона гардидааст.

Аз ҷумла, тибқи тағйирот ба моддаи 29 ҳангоми қатъ кардани фаъолияти соҳибкорӣ танҳо соҳибкорони инфиродии дар асоси шартнома фаъолияткунанда таҳти санҷиш қарор дода мешаванд.

Ҳангоми ҳисоб намудани маблағи патент коэффитсиентҳои минтақавӣ ба инобат гирифта шуда, аз патентчӣ ягон намуди ҳисоботи андоз талаб карда намешавад ва маблағи даҳкаратаи патент дар ҳолати иҷро нагардидани шартҳои муқарраршуда ситонида намешавад.

Илова бар ин, воридоти техника ва дигар таҷҳизоти ҳарбӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мегардад, тартиби ҳисоб намудани андоз аз объектҳои ғайриманқул аниқ ва фаҳмо гардида, андозбандии шахсоне, ки бо бизнеси бозӣ машғул мебошанд, фаҳмотар гардонида шудааст (вобаста ба меъёр ва объектҳои андозбандӣ муайян карда мешавад).

Барои ба танзим даровардани имтиёзҳои объектҳои махсусан муҳим, бо дарназардошти манфиатҳои давлатӣ дар лоиҳаи қонуни мазкур додани имтиёзҳо танҳо ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Инчунин дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида муқаррарот доир ба ҳамдигар мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси андоз ва матни тоҷикию русии он (қисмҳои 3,5,6,7,8,10,16,26,27,31) пешниҳод карда шудааст.

Қабули лоиҳаи қонуни зикргардида тартиби андозбандиро устувор намуда, хароҷоти иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, 55 таклифу дархост пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 8 октябри соли 2013 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намоядагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа аз таклифу дархостҳои воридшуда 52-тоаш қабул, 1-тоаш қисман қабул ва 2-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шуданд, ки онро боз ҳам мукаммалтар гардониданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.

Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад, ки онҳо тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, таҳия карда шудааст.

Лоиҳаи қонун бо мақсади ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ ва соҳибкорони хориҷӣ, ки ба ҷумҳурӣ техникаи таъиноти кишоварзӣ ва маснуоти такмилии онҳоро ворид менамоянд ва аз пардохтҳои андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд, ба андозбандӣ ҷалб намудани дигар объектҳои муҳим (ба истиснои объектҳои махсусан муҳими давлатӣ), аз пардохтҳои гумрукӣ озод намудани воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳо, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиадошта, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо таҳия карда шудааст.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашӯрбег Раҳматуллоевич дода мешавад.

Ашӯрбег РАСУЛОВАшӯрбег РАСУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон  ва ҳозирони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2013 таҳти № 2029 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷро намудани чорабиниҳое, ки дар ҷаласаи 11 Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ пешниҳод шуда буданд ва инчунин ҷиҳати иҷрои банди 24 Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2013 таҳти №5 марбут ба озод намудани воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавидошта, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо ҷиҳати таъмини Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, 18 таклиф пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 3 октябри соли 2013 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифҳои пешниҳодгардида қабул ва ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни  пешниҳодгардида овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Менглиев Рустам Шомуродович дода мешавад.

DSC_0950Рустам МЕНГЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 14 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2012 таҳти №5 оид ба бартараф намудани такроршавии функсияҳо дар фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Муайян карда шуд, ки тибқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» воситаҳои нақлиёт бояд сертификате дошта бошанд, ки он ба талаботи бехатарӣ, меъёрҳои тиббию санитарӣ, меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва экология, стандартҳои байналмилалӣ ва давлатӣ, шартҳои техникӣ мувофиқ ва бояд тибқи тартиботи қонунӣ аз қайд гузашта бошанд. Дар асоси моддаи мазкур воситаҳои нақлиёт бояд ҳам сертификат дошта бошанд ва ҳам аз муоинаи техникӣ гузаранд.

Бо мақсади бартараф намудани ҳолати такроршавии санҷиши воситаҳои нақлиёт сертификатсиякунонии воситаҳои нақлиёт бояд аз байн бурда шавад. Дар ин асос лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» таҳия ва моддаи 19 қонуни мазкур дар таҳрири нав пешниҳод карда шуд. Дар сурати қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур минбаъд мутобиқи меъёри нави моддаи 19 танҳо муоинаи ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёт гузаронида мешаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо мухолифат намекунад.

Қабули қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳишмандем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт»-ро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Салимов Абдуҷалол дода мешавад.

DSC_1451Абдуҷалол САЛИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2013 таҳти №2024 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Ҷиҳати такмили лоиҳа аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд пешниҳод ворид гардид, ки онҳо дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа ворид карда шудаанд 1 октябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ карда шуд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт»-ро, бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабул шудани қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Менглиев Рустам Шомуродович дода мешавад.

Рустам МЕНГЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Ҷиҳати иҷрои банди 14 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2012 таҳти №5 оид ба бартараф намудани такроршавии функсияҳо дар фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур таҳия гардидааст.

Дар қисми ҳафтуми моддаи 44-уми қонуни мазкур мақомотҳои давлатие, ки бояд ҳангоми маҳдудкунӣ ва ё манъ кардани ҳаракат дар роҳ огоҳ карда шаванд, пурра нишон дода нашудааст. Яъне, ба таври дақиқ мақоми давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ пешбинӣ нашудааст.

Бинобар ин, бо мақсади бартараф намудани чунин камбудиҳо ба қисми ҳафтуми моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» тағйирот ворид карда шуда, дар он мақоми давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ба таври дақиқ нишон дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо мухолифат намекунад.

Қабули қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳишмандем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Салимов Абдуҷалол дода мешавад.

Абдуҷалол САЛИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2013 таҳти №2023 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Барои такмили лоиҳаи қонуни мазкур аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд пешниҳод ворид гардид, ки онҳо дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 1 октябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» сухан ба муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирова Саида Бобоевна дода мешавад.

DSC_1483Саида ҶОБИРОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Дар аксарияти давлатҳо баҳодиҳии мунтазами берунаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз рӯйи стандартҳо, механизмҳои мустақили бо санадҳои меъёрӣ танзимшаванда ташкил карда мешаванд. Ҳамаи онҳо барои таъмини сифат ва беҳтар гаштани хизматрасонии тиббӣ пешбинӣ шудаанд. Яке аз механизмҳои баҳодиҳии берунаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ин аккредитатсияи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.

Мувофиқи Низомномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 таҳти №603 тасдиқ шудааст, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ташкили системаи аккредитатсиякунонии муассиса, корхона ва ташкилотҳои системаи тандурустиро ба роҳ монад. Татбиқи меъёри мазкур дар системаи тандурустӣ ба  аккредитатсиякунонии муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ, муассисаҳои тиббӣ (аз ҷумла муассисаҳои табобатию пешгирӣ, осоишгоҳҳо, ороишӣ, озмоишгоҳҳо), муассисаҳои фармасевтӣ, озмоишгоҳҳое, ки самти фаъолияти онҳо бо тадқиқоти санитарию гигиенӣ ва микробиологӣ алоқаманд мебошад, равона гардидааст.

Мувофиқи «Стратегияи миллии солимгардонии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 таҳти №368 тасдиқ шудааст, гузаронидани аккредитатсияи муассисаҳои табобатию пешгирӣ ба зиммаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ вогузор карда шудааст. Ҳамчунин муқаррароти Низомномаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2013 таҳти №776 тасдиқ карда шудааст, барои амалӣ намудани фаъолияти аккредитатсиякунии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ Хадамотро ваколатдор менамояд.

Ворид намудани системаи аккредитатсияи муассисаҳои табобатию пешгирӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои иловагиро талаб наменамояд. Раванди аккретитатсияи муассисаҳои табобатию пешгириро Хадамот мувофиқи талаботҳои байналмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои худи муассисаҳо тибқи тартиби муайяншуда амалӣ менамояд.

Таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки маҳз амалӣ нагардидани аккредитатсиякунонӣ дар самти фаъолияти тиббӣ ба он оварда расонидааст, ки аксарияти муассисаҳои тиббӣ аз талаботи меъёрҳои стандартии соҳавӣ бархӯрдор намебошанд. Ин ҳолат бевосита ба баланд гаштани сифати хизматрасонии тиббӣ, таъмини бехатарии кӯмаки тиббӣ, фароҳам овардани рақобати солим дар соҳа, дар сатҳи байналмилалӣ пайдо намудани нуфуз ва эътибори муассисаҳои тиббӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Аз нигоҳи мо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» заминаи ҳуқуқиро барои ташкил намудани системаи аккредитатсиякунонии муассисаҳои соҳаи тандурустии ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯйро фароҳам оварда, ҳамзамон барои беҳтар гаштани баҳодиҳии сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, мусоидат менамояд.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Маҳмадалиев Амирбек Темурович дода мешавад.

Амирбек МАҲМАДАЛИЕВАмирбек МАҲМАДАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2013 таҳти №2025 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур баҳри такмили низоми идоракунии муассисаҳои тандурустӣ бо роҳи гузаронидани аккредитатсияи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи давлатии тандурустӣ, ба истиснои озмоишгоҳҳо ва мақомоти сертификатсиякунонии соҳаи баҳодиҳии мутобиқат, бо ин васила баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъмини бехатарии кӯмаки тиббӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуданд.

26 сентябри соли 2013 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, хамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутобиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти хулосаҳои пазируфтаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»-ро ба баррасии Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ

(Идома дар шумораи оянда)