14 марти соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Тавре огоҳӣ доред, 10 марти соли 2014 қалби ходими намоёни ҳизбиву давлатӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, яке аз шахсиятҳои шинохтаи кишварамон, инсони фозилу хирадманд Қарақулов Амир Бӯриевич аз тапидан бозмонд. Марҳум ҳамчун инсони хоксор ва покдилу самимӣ дар байни ҳамкорон сазовори обрӯ ва иззату эҳтиром буд. Ҳамчун вакили мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар барои босифат таҳияву қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо камоли масъулият ва донишу таҷрибаи ғанӣ доимо саъю талош мекард.
Ёди нек ва хотираи дурахшони Амир Бӯриевич дар дили дӯстон, ҳамкорон ва онҳое, ки ӯро медонистанд, ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Хоҳиш менамоям, барои поси хотири Қарақулов Амир Бӯриевич лаҳзае хомӯшӣ ихтиёр кунед.
РАИС:- Вакилони муҳтарам!
Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи ҷаласаро тасдиқ намоем. Доир ба он чӣ таклиф доред? Ба овоз монда шавад?
Доир ба рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»
2.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»
3.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ».
РАИС: - Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дода мешавад.
Қодири ҚОСИМ:- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Фаъолияти соҳибкорӣ яке аз омилҳои асосии рушди босуботи иқтисодиёти давлатҳои мутараққӣ арзёбӣ мегардад. Бахусус соҳибкории хурд ва миёна, беҳтар намудани фазои он, таъсиси ҷойҳои нави корӣ яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти ҷумҳурӣ буда, вобаста ба он як қатор ислоҳоти назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 майи соли 2002 №46, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул ва ислоҳоти иқтисодӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва дигар қонунҳо заминаҳои ҳуқуқии навро дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ фароҳам оварданд.
Ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тариқи принсипи «Равзанаи ягона», ташаккули низоми иҷозатдиҳӣ, амалӣ намудани механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва муколамаи он роҳандозӣ гардида, татбиқи босамари барномаҳои қабулгардида бомаром идома дорад.
Таъсиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, қабул гардидани «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020» тақозо менамоянд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», бо дарназардошти талаботи муосир, дар таҳрири нав қабул карда шавад.
Қобили зикр аст, ки ин нукот аз ҷониби Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012 низ қайд гардид.
Дар ин асос, бо мақсади беҳтар кардани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, дар баробари амалӣ намудани ислоҳоти муайянгардида, ҷиҳати мутобиқ намудани заминаи ҳуқуқии дастгирии давлатии соҳибкорӣ ба талаботи муосир, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо иштироки бахши хусусӣ таҳия ва пешниҳод карда шуд.
Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур аз такмили қонунгузорӣ барои дастгирии воқеии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ҷиҳати рушди босуботи соҳибкорӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои он бо қонунгузории мавҷуда мебошад.
Дар лоиҳаи қонун муносибатҳои муосири дастгирии соҳибкорӣ пешбинӣ шуда, мафҳумҳои нав, ба монанди «бизнес –инкубаторҳо», «иттиҳодияҳои субъектҳои соҳибкорӣ», «мақоми ваколатдори давлатӣ», «минтақаи саноатӣ», «шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» ва «фонди дастгирии соҳибкорӣ» истифода шудаанд, ки ба беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ, таъмини бештари ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо аз тарафи давлат мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон дар лоиҳаи қонун нисбат ба қонуни амалкунанда як қатор афзалиятҳо пешбинӣ гардидааст. Фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои таъсис додани бизнес -инкубаторҳо, таъсис додани Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ, муайян намудани ҳаҷми маблағҳои Буҷети давлатӣ барои татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳибкорӣ, муайян намудани ҳаҷми маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои татбиқи барномаҳои ҳудудии дастгирии соҳибкорӣ ва дигар ҳолатҳо афзалияти асосӣ дар самти ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ мебошанд, ки дар натиҷа субъектҳои соҳибкорӣ барои беҳтар кардани фаъолият саҳмгузор мешаванд.
Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи қонуни мазкур пурра ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ки Тоҷикистон узви он эътироф гардидааст, мутобиқ мебошад.
Аз ин рӯ, аз вакилони арҷманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Талбаков Исмоил Иброҳимович дода мешавад.
Исмоил ТАЛБАКОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Дар баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 №5 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, қарор дорад.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2014 №2225 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Ба лоиҳаи қонуни мазкур ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи мусбат дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.
Шуъбаҳои ҳуқуқ, тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул мутаносибан хулосаҳои экспертизаи ҳуқуқӣ ва тарҷумавию таҳрирӣ пешниҳод намуданд.
Зарурати таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» аз талаботи вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 зикр ёфта буданд, бармеоянд. Мавриди зикр аст, ки аз соли 2002 то инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» амал мекунад.
Дар давоми қариб 12 соли охир, ки марҳилаи нави муносибатҳои истеҳсолӣ, гузаштан ба шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар иқтисодиёти кишвар ва дигаргуниҳои куллие, ки вобаста ба воридшавии Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳони муосир рӯйи кор омаданд, зарурати қабули қонуни нав ба миён омад. Зарурати дигаре, ки таҳияи лоиҳаи қонуни мазкурро ба миён овард, аз мутобиқсозии меъёрҳои фаъолият дар соҳаи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ бо дигар қонунҳои амалкунандаи соҳаи андозбандӣ, гумрук, бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, низоми иҷозатдиҳӣ ва ғайраҳо, ки таи солҳои охир қабул шуда, ба рушди соҳибкории кишвар шароити мусоид фароҳам оварданд, иборат мебошад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» аз 4 боб ва 27 модда иборат буд.
Боби 1 ва моддаҳои 1 то 10 масъалаҳои муқаррароти умумӣ, мафҳумҳои асосӣ, қонунгузорӣ, шаклҳо, принсипҳои асосӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ, субъектҳо, бақайдгирӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо, ҳифзи сирри тиҷоратӣ ва санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро ба танзим медарорад.
Масъалаҳои ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдор ва мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шӯроҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, бизнес- инкубаторҳо, самтҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи молиявӣ ва қабули барномаҳо дар боби 2, моддаҳои 11 то 20 танзими худро ёфтаанд.
Боби 3, моддаҳои 21 ва 22 барои танзими кафолатҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқии моликият ва кафолат аз дахолати беасос ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бахшида шудааст.
Муқарраротро оид ба ҳалли баҳсҳо, ҷавобгариро барои иҷрои қонуни мазкур, тартиби мавриди амал қарор додани он ва беэътибор донистани қонуни амалкунандаро боби 4, моддаҳои 23 то 27 муайян мекунад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия дар ҷараёни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур ҳамаи 108 таклифу пешниҳоди кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои ҳуқуқ, тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, мутахассисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод. Аз 108 таклифу пешниҳод 68- тои он қабул, 21- тои он қисман қабул ва ба лоиҳаи қонун ворид карда шуд.
Боиси тазаккур аст, ки кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, шуъбаҳои ҳуқуқ, тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур хеле фаъол буданд, ки қариб 90 фоизи таклифу пешниҳод аз ҷониби онҳо буд ва аксарияти онҳо дар мувофиқа бо субъект ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои ҳимоя ва дастгирии давлатии субъектҳои давлатӣ, шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ мушаххас карда шуд.
Аз лоиҳаи қонун мафҳумҳои «патент», «шаҳодатнома» ва «минтақаҳои саноатӣ» бинобар сабаби дар Кодекси андоз мавҷуд буданашон хориҷ карда шуданд.
Ба лоиҳаи қонун мафҳуми «Бизнес- инкубатор» дар таҳрири зайл ворид карда шуд:
«Бизнес- инкубатор- шахси ҳуқуқие, ки соҳибкории нав таъсисёфтаро дар ҳама марҳилаҳои фаъолияти он дастгирӣ менамояд».
Қисми 2 моддаи 4 бинобар ба моддаи 14 ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дахл доштанаш ҳамчун қисми 2 гузаронида шуд. Инчунин ба моддаи 14 ибораи «рейтинги» илова карда шуд. Чунки шароити мусоид фароҳам овардан барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ яке аз ваколатҳои асосии мақоми ваколатдор ба ҳисоб рафта, дар ҷараёни ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва грантдиҳандагон барои рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва афзоиши иқтисоди миллӣ мақоми хеле муҳимро мебозад.
Қисми 2 моддаи 15 ба қисмҳои 2 ва 3 ҷудо карда шуда, дар таҳрири зайл қабул гардид:
«2. Тартиби интихоби аъзои Шӯро тибқи Низомномаи Шӯро муайян карда мешавад.
3.Низомнома ва ҳайати Шӯро аз ҷониби Раиси Шӯро тасдиқ карда мешавад.».
Ба моддаи 17 сархати нави 4 дар таҳрири зайл илова карда шуд: «- муайян намудани ҳаҷми маблағҳо аз буҷети маҳаллӣ барои татбиқи барномаҳои ҳудудии рушди соҳибкорӣ:».
Ин имконият медиҳад, ки дар оянда аз буҷетҳои маҳаллӣ барои татбиқи барномаҳои ҳудудии рушди соҳибкорӣ маблағҳо ҷудо карда шавад.
Моддаҳои 21 ва 22 бинобар сабаби ҳаммаъно буданашон муттаҳид карда, дар таҳрири зайл қабул шуд:
«Моддаи 22. Кафолати давлатии ҳимояи ҳуқуқии моликияти субъекти соҳибкорӣ».
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2014 № 2280 беш аз 50 таклифу пешниҳод баён гардида буд. Бинобар ин, лоиҳаи қонун барои такмили иловагӣ пас гардонида шуд. Вобаста ба он ҷаласаи иловагии кумитаи масъул доир гардид, ки аксарияти таклифу пешниҳодҳои баёнгардида маъқул дониста шуда, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни номбурда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, бо дарназардошти қарори маҷлиси васеи кумитаи масъул аз 6 феврали соли 2014 ва хулосаи иловагӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»- ро иборат аз 26 модда ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоянд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИС:- Вобаста ба ин масъала чӣ гуна таклиф, савол ё пешниҳод доред?
Муҳиддин КАБИРӢ: -Ҳама гуна қонуне, ки барои рушди соҳибкорӣ ва ҳимояи давлатии он равона шудааст, қобили дастгирист. Аммо як савол дорам. Соли гузашта Тоҷикистон дар рейтинги озодии соҳибкорӣ, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳия шуда буд, байни 180 кишвар ҷойи 143-юмро ишғол кард. Дар муқоиса ба соли қаблӣ ду зина поён омад. Аз рӯйи се нишондод — сабти номи корхонаҳо ва эҳтимоли муфлис эълон шудан, низоми бақайдгирӣ ва ҳимояи сармоя ақибравӣ ба мушоҳида расид.
Сабаби чунин ақибравӣ дар чист? Дар ҳолате ки доир ба ҳимояи сармоягузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.
Омори соли гузашта нишон дод, ки нисбати солҳои пеш соҳибкорон бештар фаъолияти худро қатъ кардаанд, ширкатҳо баста шудаанд. Ин тамоюл имрӯз низ идома дорад.
Қодири ҚОСИМ: — Дар самти рушди дастгирии давлатии соҳибкорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёдеро амалӣ мекунад. Аз ҷумла «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд.
Воқеан ҳам аз рӯйи рейтинги гузаронидани Бонки Умумиҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2009 ва 2010 натиҷаҳои беҳтарро ноил гашта буд. Солҳои 2012 ва 2013 нисбати се нишондиҳандае, ки пешбурди тиҷоратро муайян мекард, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида натавонистем.
Дар ин самт тадбирҳо амалӣ мегарданд. Дар назди Кумитаи мо маркази дастгирии бахши хусусӣ ташкил шудааст. Инчунин гурӯҳи кории байниидоравии вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ таъсис ёфтааст, ки фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ҳамкорӣ дорем. Соли гузашта ба 26 субъекти соҳибкорӣ беш аз 28 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок додем. Имсол 30 млн.сомонӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пешбинӣ шудааст.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович баромад кардан мехоҳад.
Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, заминаи боэътимоди таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол, ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва Буҷети давлат ба ҳисоб меравад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даҳ соли охир баҳри рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Қабули «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» аз санадҳои қабулшудае мебошанд, ки барои таҳкими рушди соҳибкорӣ равона шудаанд.
Инчунин ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани моратория ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ», воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, содагардонии раванди бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, кам намудани номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, тавассути низоми электронӣ ба расмият даровардани иҷозатдиҳӣ, имтиёзи пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ барои ворид намудани таҷҳизоту технологияи муосир ба корхонаҳои истеҳсолӣ, тавассути бонкҳо ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва аз соли 2005 амалӣ намудани Барномаи махсуси қарздиҳии хурд барои рушди минтақаҳои кӯҳистон низ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки роҳбарияти давлат барои дастгирии бевоситаи соҳибкорӣ анҷом додааст.
Омилҳои қайдшуда ва натиҷаи мониторинги доимии раванди иқтисоди ҷаҳонӣ, омӯзиши таъсири он ба иқтисодиёти кишвар замина фароҳам оварданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия намуда, ба баррасии мову шумо пешниҳод намояд.
Лоиҳаи қонуни мазкур назар ба қонуни амалкунанда аз ҷиҳати ҳадаф ва муҳтаво мукаммал мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур меъёрҳои нави зерин ворид карда шудаанд:
- мафҳумҳои асосӣ пурра оварда шуда, принсипҳои асосии ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ возеҳ нишон дода шудаанд;
-намудҳои субъектҳои соҳибкорӣ аниқ, ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои субъектҳои соҳибкорӣ васеъ оварда, шарҳ дода шудаанд. Аз ҷумла ҳуқуқи иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
-шаклҳои ҳимояву дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва роҳҳои ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо пурра нишон дода шудаанд;
- салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ, инчунин ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дақиқ нишон дода шудаанд;
-вазифаҳои бизнес-инкубаторҳо, мақоми Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ пурра дарҷ гардидаанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бизнес-инкубаторҳо яке аз омилҳои самараноки дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ ба шумор мераванд;
- самтҳои асосии дастгирии давлатии соҳибкорӣ, махсусан дастгирии молиявии соҳибкорӣ аз ҳисоби Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ равшан дарҷ гардидаанд;
-кафолати давлатии ҳимояи ҳуқуқии моликияти субъекти соҳибкорӣ ва кафолат аз дахолат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ таъмин карда шудааст.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, таҷриба собит менамояд, ки ҳоло ҳам дар самти пешбурди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мушкилиҳо вуҷуд доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 оиди афзоиши маблағгузории соҳибкорӣ, алалхусус дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ва занони соҳибкор, бартараф намудани монеаҳои маъмуриву сунъӣ, кам намудани шумораи мақомоти назоративу санҷишҳо, ҳар чӣ сода гардонидани низоми андозбандӣ ва кам кардани шумораи андозҳо, рафъ намудани ҳодисаҳои коррупсионӣ, кам кардани шумораи иҷозатдиҳӣ дуруст қайд карда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода буданд.
Боварӣ дорам, ки қабули қонуни мазкур корро дар самти ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ бештар ҷоннок намуда, барои расидан ба ҳадафҳоямон ва рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон, заминаи хуби ҳуқуқӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.
Саттор ХОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Қонунэҷодкунӣ яке аз омилҳои муҳими ташаккули давлат гардида, дар баробари ин ба шакли асосии фаъолияти давлат табдил меёбад. Инкишофи давлат ин дар айни замон ҷараёни такмили қонунгузорӣ буда, қабули ҳар як қонуни нав нишонаи пешрафти илмиву маънавӣ ва фарҳангиву сиёсии ҷомеа мебошад. Боиси тазаккур аст, ки маҳз аз рӯйи сифати қонун дар бораи сатҳи инкишофи ин ё он давлат, маданият ва шуури ҳуқуқии аъзои он баҳо додан мумкин аст.
Воқеан, ҳар як давлат, хусусан давлате, ки рӯ ба инкишоф дорад, доимо дар ҳолати тағйироти куллӣ қарор дорад ва ҷомеаи мо аз ин истисно нест. Муносибатҳои ҷамъиятӣ низ мудом дар инкишоф мебошанд ва бинобар ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин муносибатҳо бояд такмил дода шаванд.
Ҷоизи зикр аст, ки дар кишвар муносибатҳо вобаста ба ҳифзи сирри давлатӣ ва фаъолияти мақомоту ташкилотҳои дахлдор доир ба он танзими ҳуқуқии худро дар ду санади меъёрии ҳуқуқӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» аз соли 2002 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз соли 2003 ёфтаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» муносибатҳоеро ба танзим медарорад, ки ҷузъи таркибии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ба ҳисоб рафта, предмети танзими ҳуқуқии онҳо як масъала мебошад. Бо вуҷуди ин, масъалаҳои марбут ба ҳифзи сирри давлатӣ дар қонунҳои номбурда ба таври дахлдор ва ҳамаҷониба танзим нашудаанд ва аз ин сабаб зарурати дар як қонун муттаҳид намудани ин масъала пайдо шуд.
Бо дарки амиқи масъала лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Расулзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Миралиев, Н.Ғафорова, А.Азимов, С.Холов ва А.Иномов дар асос ва мутобиқи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2014 №1715 лоиҳаи қонуни зикршуда барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифзи сирри давлатиро муайян намуда, дар тафовут аз санадҳои қонунгузории зикргардида як қатор навгониҳо дорад, аз ҷумла, дар боби 1 мафҳумҳои асосӣ пурра гардонида шуда, шаш маҳфуми нав, аз қабили мафҳумҳои «махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо», «ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ», «ғайримахфигардонии маълумот», «ифшо намудани сирри давлатӣ», «гум кардани сирри давлатӣ», «мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қонуни истифодашаванда ворид ва шарҳ дода шуда, дар моддаҳои 3 ва 4 дар таҳрири нав ҳуқуқи моликият ба сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ оварда шудаанд.
Яке аз фарқият ва ҷузъиёти бартаридоштаи лоиҳаи қонуни мазкур аз санадҳои қонунгузории амалкунанда дар самти мазкур он мебошад, ки салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ба таври мушаххас дар боби 2-юм нишон дода шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки масъалаи зикршуда танҳо дар як моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» мавриди танзим қарор гирифта, он фарогири пурраи талабот вобаста ба ҳифзи сирри давлатӣ намебошад.
Боби 3-юми лоиҳаи қонун маълумотҳои ба сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуббударо дар ҳамаи соҳаҳо пешбинӣ намудааст, ки ин масъала дар бобҳои 2-юми ҳар ду қонунҳои амалкунанда такроран бар хилофи талаботи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ҷавобгӯй намебошад, оварда шуда бошанд ҳам, пурраю мукаммал набуданд. Дар ин боб тартиби ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот муайян карда шудааст.
Дар боби 4-уми лоиҳаи қонуни зикршуда принсипҳои махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо, дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ, ҳуқуқи моликияти шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба ҳомилҳои маълумот бинобар махфигардонии онҳо, тартиб ва муҳлати махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо, инчунин навиштаҷоти ҳатмии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ пешбинӣ карда шудаанд, яъне, дар ин боб моддаҳои 20, 23 ва 25 дар таҳрири нав пешниҳод карда шудаанд.
Боби 5-ум асосҳо барои ғайримахфигардонии маълумот, тартиби ғайримахфигардонии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ, дархостҳои шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба ғайримахфигардонии чунин маълумотро дар бар мегирад.
Боби 6-ум масъалаҳои вобаста ба ихтиёрдории маълумоти дорои сирри давлатиро ба танзим дароварда, тартиби аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо додани маълумоти мазкур, додани чунин маълумот бинобар иҷрои гузаронидани корҳои муштарак ва ба давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ додани маълумоти дорои сирри давлатиро муқаррар намудааст.
Дар боби 7-ум масъалаҳо оид ба чораҳои асосии ташкилию ҳуқуқии ҳифзи сирри давлатӣ, талаботи ягона нисбат ба ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ ва нигаҳдории онҳо, низоми махсуси фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, дастрасии шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти дорои сирри давлатӣ, ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар ҳолати тағйир ёфтани шакли моликият ва функсияҳои субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ, рухсати шахсони мансабдор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба сирри давлатӣ, тартиби махсуси додани рухсат ба сирри давлатӣ, асосҳо барои надодани рухсат ба сирри давлатӣ ба шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадориҳои шаҳрванд барои нигоҳ доштани сирри давлатӣ, шартҳои қатъ кардани рухсати шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ, маҳдудият вобаста ба интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, чораҳои гуногуни ҳифзи сирри давлатӣ, аз ҷумла, техникӣ ва чораҳои оперативии ҳифзи сирри давлатӣ, маҳдудкунии ҳуқуқҳои шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ дар давраи барасмиятдарории рухсат ба сирри давлатӣ, рухсатнома барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ва тартиби сертификатсияи воситаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ танзим гардида, механизмҳои мушаххаси пешгирикунандаи ифшо кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо пешбинӣ шудаанд.
Боби 8-ум маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ ва ҷуброни фаъолияти шаҳрвандонеро, ки корашон бо сирри давлатӣ вобастааст, пешбинӣ кардааст.
Дар боби 9-ум масъалаҳои вобаста ба назоратбарӣ ва назорат оид ба таъмини ҳифзи сирри давлатӣ танзим карда шудаанд.
Боби 10-ум ба масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, тартиби беэътибор донистани санадҳои қонунгузории амалкунанда дар соҳаи зикршуда ва мавриди амал қарор додани қонунро танзим намудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро ҷонибдорӣ карда, доир ба он хулосаҳои худро пешниҳод намуданд.
Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул 265 таклифу пешниҳод ворид гардид, ки аз онҳо 164 таклиф пурра ва 59 таклиф қисман қабул гардида, 42 таклифи дигар қобили қабул ҳисобида нашуд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро дар таърихи 10 феврали соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндагони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода, бо дарназардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон бобати мукаммалсозии лоиҳаи қонун аз ҷониби Шумо, муҳтарам Шукурҷон Зуҳурович, таклиф манзур шуд, ки онҳо якҷоя бо субъектони ташаббуси қонунгузорӣ баррасӣ ва дар асоси онҳо лоиҳаи қонун мукаммал гардонда шуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад ва амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Авазов Усмон Бобоевич дода мешавад.
Усмон АВАЗОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида дар давоми якчанд моҳ аз тарафи гурӯҳи кории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, бо иштироки кумитаҳо ва шуъбаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлили ҳамаҷониба ва коркард қарор дода шуд.
Дар ин давра, аз тарафи гурӯҳи корӣ, ба ғайр аз таҳлили қонунҳои амалкунанда, ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки аз қонуни зикргардида бармеоянд, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуданд.
Натиҷаи ин фаъолият лоиҳаи қонуни мазкур мебошад, ки ду қонуни амалкунанда «Дар бораи сирри давлатӣ» ва «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ»-ро дар бар мегирад. Қонунҳои зикргардида мутобиқан солҳои 2002 ва 2003 қабул гардида буданд ва зарурати такмилдиҳии онҳо ба миён омада буд.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади аз байн бардоштани такроршавии моддаҳо, мутобиқ намудани онҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» ва Қонуни намунавии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи сирри давлатӣ» лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» таҳия карда шуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, ки имрӯз мавриди баррасии мақоми олии қонунгузории ҷумҳурӣ гардидааст, масъалаҳои зикргардидаро ҳал менамояд.
Масалан, дар қонуни амалкунанда оид ба сирри давлатӣ, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ дар моддаҳои алоҳида ба таври мушаххас баён нагардида буданд. Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида аз моддаи 6 то моддаи 12 ин масъалаҳо пурра ба назар гирифта шудаанд.
Боби якуми лоиҳаи қонун аз Моддаи 1. «Мафҳумҳои асосӣ», Моддаи 2. «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ», Моддаи 3. «Ҳуқуқи моликият ба сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳомилҳои онҳо», Моддаи 4. «Мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ» ва Моддаи 5. «Доираи амали Қонуни мазкур» иборат мебошанд, ки мафҳумҳои онҳо дар моддаҳои алоҳида мустақиман маънидод карда шудаанд. Дар қонуни амалкунанда бошад, ин мафҳумҳо дар маҷмӯъ нишон дода шудаанд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» на чандон мутобиқат мекунанд.
Яке аз навигариҳои ҷиддие, ки дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида муқаррар карда шудааст ин ба таври саҳеҳ муайян намудани мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ дар моддаи 4-ум мебошад. Он аз мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дигари давлатӣ, ташкилот ва воҳидҳои сохтории онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ иборат мебошад. Ваколатҳои онҳо алоҳида аз моддаи 6 то моддаи 12 ба таври мушаххас муқаррар карда шудаанд. Дар қонуни амалкунанда мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ ва ваколатҳои онҳо ба таври умумӣ нишон дода шудааст.
Барои аз байн бурдани такроршавии номгӯйи маълумоти мансуб ба сирри давлатӣ, ки дар қонунҳои амалкунанда «Дар бораи сирри давлатӣ» ва «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» ҷой доранд, онҳо мавриди таҳлил ва такмилдиҳӣ қарор дода шуда, тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз моддаи 13 то моддаи 18 ба лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ворид карда шуданд.
Ҳамчунин дар қонуни амалкунанда «Дар бораи сирри давлатӣ» масъалаи ҳифзи сирри давлатӣ ҳангоми хусусигардонӣ ва азнавташкилдиҳии корхонаҳои давлатӣ пешбинӣ нагардида буд. Бинобар ин, Саридора масъалаи мазкурро дар асоси Барномаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2000 таҳти рақами 427 тасдиқ гардидааст, ҳал намуда, лоиҳаи дахлдори Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд. Лоиҳаи «Низомнома оид ба ҳифзи сирри давлатӣ ҳангоми хусусигардонӣ ва азнавташкилдиҳии корхонаҳои давлатӣ» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005 таҳти №156-4 тасдиқ карда шуд.
Айни ҳол, дар лоиҳаи пешниҳодгардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» масъалаи мазкур ҳалли худро ёфтааст ва он дар моддаи 36- «Ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар ҳолати тағйир ёфтани шакли моликият ва функсияҳои субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ» муқаррар карда шудааст, ки барои таҳияи зерқонуни дахлдор асоси қонунӣ мегузорад.
Дар маҷмӯъ, мафҳум ва истилоҳоте, ки дар матни лоиҳаи қонун истифода шудаанд, мухтасар, бо забони сода ва равону фаҳмо баён карда шуда, дар он услуби забони давлатӣ ва истилоҳоти ҳуқуқӣ риоя гардидааст.
Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо, вакилони мардумӣ, аз ҷумла ташаббускорони муҳтарам Амиршо Миралиев, Назира Ғафорова, Амирқул Азимов, Саттор Холов ва Абдузафар Иномов барои таваҷҷуҳи хоса бинобар такмил додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» арзи сипос менамояд.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» дастгирӣ карда шавад.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Имомов Азизмат Холматович дода мешавад.
Азизмат ИМОМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳамкасбони гиромиқадр, ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ ва гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти қонунгузории мамлакат, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи силоҳ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ таҳия ва пешниҳод карда шудааст.
Ҳангоми омода намудани лоиҳаи қонуни мазкур, муқаррароти қонуни намунавии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи сирри давлатӣ» истифода гардидаанд.
Айни ҳол дар мамлакат муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба як масъалаи муҳими ҷомеа — сирри давлатиро ду санади алоҳидаи қонунгузорӣ — қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз соли 2003 ва «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» аз соли 2002 ба танзим медароранд, ки чунин ҳолат дар баъзе мавридҳо боиси мушкилот дар таъмини сирри давлатӣ мегардад. Зеро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» муносибатҳои ҷамъиятиеро ба танзим даровардааст, ки онҳо предмети батанзимдарории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» мебошанд. Масъалаҳо вобаста ба ҳифзи сирри давлатӣ дар ду қонуни зикргардида ба таври пурра ва ҳамаҷониба фаро гирифта нашудаанд.
Лоиҳаи қонуни мазкур, дар тафовут аз қонунҳои амалкунандаи соҳа, як зумра муносибатҳои нави ҷамъиятиро вобаста ба ҳимояи сирри давлатӣ ба танзим медарорад, ки ба манфиати ҳалли дурусти масъалаҳои соҳа мебошад. Лоиҳаи қонун бо мафҳумҳои «махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо», «ғайримахфигардонии маълумот», «ифшо намудани сирри давлатӣ», «гум кардани сирри давлатӣ», «мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра пурра гардонида шудааст, ки онҳо дар маҷмӯъ санади қонунгузории баррасишавандаро содаву оммафаҳм мегардонанд.
Моҳияти санади мазкур дар он аст, ки он бори нахуст, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба ҳифзи сирри давлатӣ дар боби алоҳида (Боби 2) мустаҳкам намуда, принсипҳои махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои он, дараҷаи махфияти маълумоти сирри давлатӣ, ҳуқуқи моликияти шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба ҳомилҳои маълумот бинобар махфигардонии онҳо, тартиб ва муҳлати махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои он, инчунин навиштаҷоти ҳатмии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатиро муқаррар мекунад.
Боби алоҳида асосҳои ғайримахфигардонии маълумот ва ҳомилҳои он, ихтиёрдории маълумоти дорои сирри давлатӣ, мазмуни ҳифзи сирри давлатӣ, чораҳои асосии ташкиливу ҳуқуқии ҳифзи сирри давлатиро ба танзим даровардааст.
Асосҳо ва тартиби маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба ҳимояи сирри давлатӣ, ҷуброни фаъолияти шаҳрвандон оид ба ҳифзи сирри давлатӣ, назорати ҳифзи сирри давлатӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба ин масъала, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани муқаррароти қонунгузорӣ, тартиби беэътибор донистани санадҳои қонунгузории соҳа низ дар бобҳои алоҳида муайян карда шудаанд.
Ҳамин тариқ, лоиҳаи қонуни баррасишаванда асосҳои ҳуқуқӣ ва низоми ягонаи ҳифзи сирри давлатиро дар Тоҷикистон муайян намуда, ба манфиати таъмини амнияти миллии кишвар, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони соҳибистиқлол нигаронида шудаааст.
Лоиҳаи қонун мутобиқ ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат буда, татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, ҳамкасбони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Рабиева Галия Рабиевна дода мешавад.
Галия РАБИЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» пешниҳод карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории экологӣ, таъмини мутобиқати дохилии қонуни амалкунанда ва мувофиқ намудани баъзе меъёрҳои он бо қонунҳои дигар таҳия шудааст.
Аз ҷумла дар моддаи 7 –уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» пешбинӣ шудааст, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд дар шаклҳои ташкилию ҳуқуқии ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳаракати ҷамъиятӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ таъсис дода шаванд. Бинобар ин, тағйирот вобаста ба иваз намудани мафҳуми «ташкилот» ба калимаи «иттиҳодия» дар муқаддима ва моддаи 11 пешниҳод шудааст, ки ин ҳуқуқҳои ҳамаи намудҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин менамояд.
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» яке аз ваколатҳои ҷамоат андешидани чораҳо дар самти муҳофизати муҳити зист муайян шудааст. Дар лоиҳаи қонуни баррасишаванда низ дар муқаддима «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҳамчун иштирокчиёни муносибатҳо вобаста ба мониторинги экологӣ зикр мегарданд. Вале дар қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» мақомоти мазкур ба субъектони мониторинги экологӣ мансуб дониста нашудааст. Барои мутобиқ намудани ин меъёрҳо пешниҳод карда шудааст, ки ба қисми 2 моддаи 4 сархати сеюм:
«- мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;» илова карда шавад. Мутаносибан тағйироти дахлдор ба сархати шашуми моддаи 5 низ ворид карда шудааст.
Бо сабаби дар матни қонуни амалкунанда ҷой надоштани мафҳуми «талаботи экологӣ» хориҷ намудани сархати ёздаҳум, яъне шарҳи ҳамин мафҳум аз моддаи 1 пешниҳод шудааст.
Тағйироти дигар хусусияти таҳрирӣ дошта, барои саҳеҳ намудани матни меъёрҳо пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2013 №1994 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Комиссияи экологӣ ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.
Мутобиқи хулосаҳои пешниҳодшуда лоиҳаи қонуни мазкур асосан ҷонибдорӣ ёфта, ҷиҳати такмили он 16 эроду таклиф иброз карда шудааст. Аз онҳо 9-тоаш қабул ва 2-тоаш қисман қабул шуданд, 5 пешниҳод қабул нашуд.
Дар ҷаласаи васеи Комиссияи экологӣ аз 23 январи соли 2014 лоиҳаи қонун муҳокима карда шуд ва бо дарназардошти таклифҳои қабулшуда аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ ёфт.
Ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров эродҳо вобаста ба таҷдиди назар кардани баъзе қисмҳои лоиҳаи қонун баён карда шуданд.
Аз ҷумла масъалаи маблағгузории мониторинги экологӣ дида баромада шуд. Воқеан, дар сархати якуми қисми 1 моддаи 12 муқаррар шудааст, ки субъектҳои мониторинги экологӣ уҳдадоранд мониторинги маҳаллии манбаъҳои таъсири антропогениро ба муҳити зисти табиӣ аз ҳисоби маблағи худ ташкил намоянд ва гузаронанд.
Ҳамзамон дар моддаи 19, ки махсус ба масъалаи маблағгузории тадбирҳо оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ бахшида шудааст, пешбинӣ шудааст, ки Системаи мониторинги экологӣ на танҳо аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии ташкилотҳо, фондҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар манбаъҳо метавонад маблағгузорӣ карда шавад.
Барои бартараф намудани ин мухолифат ба лоиҳаи қонун қисми алоҳида оид ба хориҷ намудани сархати якуми қисми 1 аз моддаи 12 илова карда шуд. Инчунин аз лоиҳаи қонун ду қисми хусусияти таҳриридошта хориҷ карда шуда, тарзи навишти қисмҳои 3 ва 10 ба талаботи техникаи қонунэҷодкунӣ мутобиқ карда шуд.
Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонуни такмилдодашуда ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»-ро, бо дарназардошти тағйироти воридшуда, ба баррасии шумо, вакилони муҳтарам, пешниҳод менамояд. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки онро ҷонибдорӣ кунед.
РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло дода мешавад.
Хайрулло ИБОДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум барои таваҷҷуҳи доимиашон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист баён менамояд. Маҳз бо ташаббусу дастгирии шумо, вакилони муҳтарам, дар соҳаи ҳифзи муҳити зист якчанд қонунҳои нав, ки барои таъмини сиёсати давлатӣ дар ин бахш мусоидат менамоянд, қабул шудаанд.
Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ М.Зувайдов, Х.Абдуназаров ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Г.Рабиева таҳия гардидааст, исботи гуфтаҳои боло мебошад.
Вакилони муҳтарам! Мавзӯъ ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» дар «Барномаи мониторинги муҳити зист барои солҳои 2013-2017», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2012 қабул шудааст, инъикос ёфтааст, ки натиҷаи иҷрои он моҳи декабри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Комиссияи экологӣ ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима хоҳад шуд.
Кумита ҳамчун мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки нишондиҳандаҳои асосии пешбурди мониторинги мазкурро таҳия ва пешниҳод намояд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба қонуни мазкурро дастгирӣ менамояд. Амалӣ шудани он барои такмилу ҳалли масъалаҳои мониторинги экологӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст кард.
Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ