13 майи соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъин намудани Азимӣ Зафар Исмоил ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият барои муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Бадридинова Р. Ҳ.»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»
6. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»
7. Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хуҷанд, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»
8. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»
9. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5742-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал»
10. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5631) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ — II»
11. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D055-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ — II»
12. Дар бораи Созишномаи грантӣ (гранти №TFOA 1735) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ — II»
13. Дар бораи Конвенсияи Базел оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо
14. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
15. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
16. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
17. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
18. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъин намудани Азимӣ Зафар Исмоил ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ба овоз мемонам. Хоҳиш мекунам, нисбати лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
(Баъди таъин шудан Азимӣ Зафар Исмоил савганд ёд мекунад).
РАИС: - Масъалаи навбатӣ – Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият барои муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Бадридинова Р. Ҳ.»- ро ба овоз мемонам. Хоҳиш мекунам, нисбати лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
(Баъди таъин шудан Бадридинова Раҷабмо Ҳабибуллоевна савганд ёд мекунад).
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» сухан ба муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Бозоралӣ Неъмат дода мешавад.
ОДИНАЗОДА Бозоралӣ Неъмат:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади амалӣ намудани банди 5 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 таҳти №138 «Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Дар лоиҳа пешбинӣ шудааст:
- Моддаи 1. Дар сархати дувоздаҳуми моддаи 32 ва сархати бисту чоруми моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз калимаҳои «муассисаҳои таълимии таҳсилоти» калимаҳои «миёна ва» илова карда шавад.
Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур роҳ надодан ба ҳодисаҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофияти баҳогузорӣ ба сатҳи дониши довталабон ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси замонавӣ мебошад. Дар баробари муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва моликият, ба истиснои муассисаҳои таълимии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавассути Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шавад.
Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкур дастгирӣ карда шавад.
РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Оқилзода Нурулло дода мешавад.
ОҚИЛЗОДА Нурулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, муҳтарам вакилон, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2016 таҳти №644 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дигар кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он нуҳ таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 7- тоаш қабул ва 2 — тоаш қабул нашуд.
Вакилони муҳтарам, хоҳишмандам, ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.
АВЗАЛШОЕВА Бибидавлат Аскаршоевна:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ахмедов, Б. Авзалшоева, Б. Садриддинов ва А. Қобилов таҳия гардиааст, пешниҳод мешавад.
Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур дар қонуни амалкунанда инъикос намудани заминаи ҳуқуқии усулҳои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар асоси риояи принсипҳои ҳифзи муҳити зист ва мутобиқгардонии он ба қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тағйиру иловаҳо масъалаҳои ҷорӣ намудани низоми агроэкологӣ, технологияҳои экологию биологии парвариши растаниҳо, самтҳои амалигардонии таҳқиқоти илмӣ ва барқароркунии ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзиро дар бар мегирад.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз 15 қисм иборат буда, дар он ба 15 моддаи қонуни амалкунанда ворид намудани тағйиру иловаҳо пешбинӣ гардидааст. Ба панҷ моддаи қонуни амалкунанда (моддаҳои 1, 8, 9, 16, 19) сархатҳои нав илова гардида, қисмҳои алоҳидаи баъзе моддаҳо (моддаҳои 1, 4, 6, 9, 18, 20, 21, 22) дар таҳрири нав оварда шудаанд.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2016 таҳти №460 лоиҳаи қонуни мазкур барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ ёфта, ба он 53 таклифу пешниҳод ворид гардиданд. Кумитаи масъул 18 апрели соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Фелалиев, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.
Дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таклифҳои пешниҳодшуда баррасӣ гардида, аз онҳо 46 — тоаш қабул шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур 26 апрели соли ҷорӣ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, дархосту эродҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров баён гардиданд, бартараф карда шуда, дар маҷмӯъ лоиҳаи қонун мукаммал гардонида шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб наменамояд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»- ро барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ Изатулло дода мешавад.
САТТОРӢ Изатулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Замин боигарии миллӣ ва манбаи асосии некуаҳволии мардуми кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» барои соҳа хеле муҳим аст.
Қабули қонуни мазкур барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, нигоҳ доштану афзун намудани иқтидори бозтавлидии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва баланд гардидани ҳосилхезии он мусоидат намуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими кишвар — таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим хоҳад бозид.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур заминаи ҳуқуқии тадбирҳо оид ба ҳосилхезгардонии заминҳои кишоварзӣ бо усулҳои муосир ва риояи талаботи муҳити зист оварда шуданд. Ин барои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ, дар таъмини раванди боэътимоди истеҳсолоти кишоварзӣ ҳуҷҷати ниҳоят арзишманд мебошад.
Имрӯз ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, бахусус заминҳои корами обии хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ бинобар сабаби дар сатҳи зарурӣ риоя нагардидани талаботи агротехникаи коркарди хок ва ташхиси саривақтии таркиби он, нокифоя таъмин намудани он бо ғизои маъданию биологӣ ва дигар омилҳо хеле коҳиш ёфтааст.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур салоҳияти мақомот ва ҳуқуқу уҳдадориҳои заминистифодабарандагон дақиқ нишон дода шудааст ва моро лозим аст, ки аз ин имконияти самарабахш истифода намуда, бо масъулияти баланд қонуни мазкурро амалӣ намоем.
Муҳтарам вакилони мардумӣ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Садриддинов Бадриддин Талбакович дода мешавад.
Бадриддин САДРИДДИНОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Сафаров, М. Сабурзода, З. Исмоилзода ва Г. Турсунова пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2016 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.
Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонун мутобиқгардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бартараф сохтани мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххаси қонун, бартараф намудани норасоии ҷойдошта, истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи қонунгузорӣ мебошад.
Сархати ҳафтум ва даҳуми моддаи 3- юми қонун бо мақсади мутобиқгардонӣ бо Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пурра гардонидани татбиқи амалҳои моддаи мазкур такмил дода шудааст.
Дар сархати 12 ва қисми 7 моддаи 5 илова ворид карда шуда, ин бо қабул ва дар амал татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» мебошад. Қисми 3 моддаи 21 ба мақсаде, ки дар фасли сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» оид ба ташкили фонди махсуси замин пурра танзим карда мешавад, хориҷ карда шудааст.
Дар моддаи 13 калимаи «ташхиси» ба калимаи «экспертиза» иваз карда шуд. Инчунин, ба қонун моддаи 331 «экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ» илова карда шудааст, бо назардошти дар моддаи 1 мафҳумҳои асосӣ дохил кардани сархати нав бо мазмуни «экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ»
Лоиҳаи қонуни мазкур аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфта, ҳамзамон 48 таклифу пешниҳод ба кумитаи масъул оид ба лоиҳаи қонун пешниҳод гардид. Пешниҳодҳо дар ҷаласаи кумита бо иштироки субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мутахассисони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пешниҳодҳои қабулгашта дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба матни лоиҳаи қонун ворид ва такмил дода шуд.
Вобаста ба он дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар қисми 4 моддаи 1 сархати якум ва дуюм хориҷ, сархати чорум таҳрир карда шуда, дар қисми 5 моддаи 1 сархати сеюм ва дар қисми 6-уми сархати якум хориҷ шудаанд. Қисми 10 сархатҳои якум ва дуюм, қисмҳои 12 ва 16- уми лоиҳа таҳрир карда шудаанд.
18 апрели соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам А. С. Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мақомоти дахлдори соҳавӣ лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби иштирокчиёни он дастгирӣ карда шуд.
Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»-ро дастгирӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.
РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббой дода мешавад.
АҲМАДЗОДА Раҷаббой:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» аз 5 январи соли 2008 таҳти № 356 пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дорад, лекин бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқатгардонӣ ба талаботи дигар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин барои бартараф намудани мухолифатҳои дохилии меъёрҳои мушаххаси қонун, норасоиву камбудиҳои ҷойдошта, истифодаи мафҳуму ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ, мусоидат намудан ба таъмини риоя ва иҷрои қонунгузорӣ зарурият дорад.
Аз ин лиҳоз, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» тағйиру иловаҳои зерин ворид намуда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» пешниҳод карда мешавад.
Бинобар он ки дар моддаҳои 13 ва 19-уми қонуни мазкур калимаҳои «барӯйхатгирии заминҳо» ва «экспертиза» (ташхис) истифода карда шудаанд ва дар моддаи 1 мафҳумҳои асосӣ ифода нагаштаанд. Аз ин лиҳоз, ба мақсади пурра гардонидан моддаҳои мазкур ба қисми сеюми сархатҳои нуздаҳум ва бистуми лоиҳа илова карда шуданд, ки мафҳумҳои «барӯйхатгирии заминҳо» ва «экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ»-ро шарҳ додааст.
Моддаи 7 қисми ҳафтум дар таҳрири нав ифода карда шудааст. Мутобиқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» додани маълумот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян карда шудааст. Аз ин лиҳоз, маълумоти заминсозӣ вобаста ба молу мулки ғайриманқул, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 9 қисми якуми лоиҳаи қонуни мазкур, бинобар душворфаҳм будан, таҳрир карда шуд. Бинобар он ки дар қисми якуми моддаи мазкур иштирокчиёни муносибатҳои заминсозӣ пурра оварда шудааст, аз ин лиҳоз, аз моддаи мазкур қисми сеюм хориҷ карда шуд. Инчунин сархати сеюми моддаи 12 -уми қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, метавонанд, маблағгузор яъне фармоишгари корҳои заминсозӣ бошанд.
Дар қисми панҷуми моддаи 13 калимаи «ташхиси» ба калимаи «эксперизаи» иваз карда шудааст.
Барӯйхатгирии заминҳо бо мақсади ошкор ва муайян намудани маълумот дар бораи қитъаҳои замин бо мақсади баҳисобгирии давлатии заминҳо ва пешбурди кадастри замин гузаронида мешавад. Аз ин ҷо бармеояд, ки барӯйхатгирии заминҳо бо мақсади муайян, яъне барӯйхатгирии заминҳои корами обӣ, заминҳои маҳали аҳолинишин, боғу токзорҳо ё ошкор намудани заминҳои истифоданашаванда гузаронида мешаванд. Аз ин рӯ, барӯйхатгирии заминҳо ин қисми корҳои заминсозӣ оиди баҳисобгирии давлатии заминҳо мебошад. Бинобар ин аз қисми сеюми моддаи 19-уми қонуни мазкур калимаҳои «пурра ва ё» ва аз қисми чорум калимаи «пурра» хориҷ карда шуд.
Қисми сеюми моддаи 21-уми қонуни мазкур, бинобар он ки дар фасли сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» нисбати ташкили фонди махсуси ноҳия (шаҳр) шарҳи муфассал оварда шудааст ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мазмуни моддаҳо, қисмҳо набояд такроран баён карда шаванд, аз модда хориҷ карда шудааст.
Ба лоиҳаи қонун моддаи 331. Экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ илова карда шуд.
Дар моддаи 13- уми қонуни мазкур нисбати гузаронидани экспертизаи корҳои заминсозӣ дарҷ гардидааст, бо назардошти ин дар моддаи 1-уми қонун мафҳумҳои асосӣ, мафҳуми «Экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ» дохил карда шуд.
Азбаски экспертизаи техникӣ ҳуҷҷатҳои заминсозӣ барои ҳалли масъалаҳои баҳснок ҳамчун ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ асос шуда метавонад, аз ин лиҳоз, ба лоиҳаи қонун моддаи 331 ворид карда шудааст.
Инчунин, дар тамоми матни қонун калимаҳои «Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин» ва «Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин» иваз карда шудаанд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст.
Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби шумо муҳтарам вакилони Маҷлиси намоядагон, дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.
Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд 24 декабри соли 2015 аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат барои гирифтани қарз ба имзо расонида шуд. Бинобар ин, ба муҳокимаи шумо Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пешниҳод мегардад.
Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 26 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он тариқи 2 транш маблағгузорӣ карда мешавад. Транши якум дар ҳаҷми 10 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 6,5 млн.доллари амрикоӣ ҳамчун қарз ва 3,5 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун грант мебошад. Транши дуюм дар ҳаҷми 16 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 11 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун қарз ва 5 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун грант татбиқ карда мешавад.
Инчунин, барои амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур кумаки техникӣ дар ҳаҷми 840 ҳазор доллари амрикоӣ пешниҳод гардидааст (маблағҳо барои корҳои лоиҳакашӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми харидорӣ намудани автобусҳо).
Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дорад. Шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он зиёда аз 35 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур анҷом додани корҳои зерин дар назар дошта шудааст:
- харидории то 100 автобус бо фаршҳои паст;
- ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтор таҷдид намудани иншооти таваққуфгоҳ ва харидории таҷҳизоти замонавӣ барои таваққуфгоҳ;
- барои татбиқи низоми чиптавӣ харидории таҷҳизоти чиптавӣ, компютерҳо ва барномаҳои компютерӣ барои автобусҳо.
Амалигардонии корҳо ва харидорӣ намудани таҷҳизоти дарҷгардида дар мувофиқа бо бенефитсиари лоиҳа (Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд») ба роҳ монда мешавад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2016 оғоз ёфта, то соли 2017 идома хоҳад ёфт. Бинобар ин аз шумо эҳтирмона хоҳиш менамояем, ки созишномаи мазкурро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуназар Хисрав дода мешавад.
АБДУНАЗАР Хисрав:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр, ҳозирини азиз!
Лоиҳаи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» 24 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мешавад. Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2016 таҳти №648 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади лоиҳа беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Кафолатдиҳанда (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) иҷрои уҳдадориҳоро тибқи созишномаи мазкур аз ҷониби Қарзгиранда кафолат медиҳад.
Кумитаи масъул 20 апрели соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ намудани Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Бинобар ин, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҷонибдории худро барои тасдиқи созишномаи мазкур изҳор намоед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хуҷанд, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» сухан ба директори Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» Зоидов Зокирҷон дода мешавад.
ЗОИДОВ Зокирҷон:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Қобили зикр аст, ки марҳила ба марҳила рушд ёфтани соҳаҳои таркибии комплекси нақлиёти кишвар ба амалӣ шудани яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ намудани кишвар мусоидат менамояд.
Хуҷанд яке аз шаҳрҳои калони кишвар ба ҳисоб рафта, зиёда аз 176 ҳазор нафар аҳолӣ дорад ва ҳар рӯз ба шаҳр иловатан то 40-45 ҳазор нафар шаҳрванди дигар шаҳру ноҳияҳо рафтуомад доранд. Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд хизматрасонии нақлиётии шаҳрвандон танҳо бо як намуди нақлиёти мусофиркашон – микроавтобусҳо иҷро карда мешавад, ки сохтори моликияти он пурра шахсӣ мебошад. Дар 92 хатсайри мусофиркашон ҳар рӯз зиёда аз 1,5 ҳазор адад микроавтобус хизмат мерасонанд.
Солҳои охир шумораи нақлиёт дар роҳҳо хеле зиёд шуда, ба тамбашавии роҳҳо, шиддатнокӣ ва бехатарии ҳаракат, инчунин вазъи экологии шаҳр торафт таъсири калон расонида истодааст. Ҷараёни идоракунии фаъолияти нақлиёти мусофиркаш душвор гашта, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иҷрои ҳар гуна вазифаро дар ҳолати ногувор, давраи зимистон ва дигар ҳолатҳои фавқулода хеле мушкил кардааст.
Бо дарназардошти он ки дар ҷомеа нақлиёти мусофиркашон аҳамияти хеле калон дорад, бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат ва кафолати он, беҳтар кардани вазъи экологӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятии шаҳри Хуҷандро бунёд намуда, сифати хизматрасониро баланд бардорад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, барои ба тавсиб расидани созишномаи мазкур овоз диҳед!
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.
АСОЗОДА Хайрулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хуҷанд, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки 24 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2016 таҳти №646 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Мақсади лоиҳа беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Кумитаи масъул 20 апрели соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хуҷанд, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Дар бораи тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушд нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.
Баҳром АБДУАЛИМОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки 24 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2016 таҳти №647 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Маблағи умумии лоиҳаи мазкур дар маҷмӯъ 26 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он тавассути ду марҳила амалӣ карда мешавад. Марҳилаи якум дар ҳаҷми 10 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 6,5 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун қарз, 3,5 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун грант ва марҳилаи дуюм дар ҳаҷми 16 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 11 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун қарз ва 5 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун грант татбиқ карда мешавад. Инчунин, барои амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур кумаки техникӣ дар ҳаҷми 0.84 млн. доллари амрикоӣ пешниҳод гардидааст.
Мақсади лоиҳа беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Кумитаи масъул 20 апрели соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Аз вакилони гиромиқадр хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
Дар хусуси тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: - Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи № 5742-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.
Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои ташвишовар буда, ба ҳифзи амнияти аҳолӣ ва муҳити зист таъсири манфии худро метавонад расонад.
Бо дастгирии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Дар ин раванд, 22 январи соли ҷорӣ байни Вазорати молия ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд Созишнома оид ба маблағгузории қарзӣ ба андозаи 9,00 млн.доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст, ки мақсади асосии он, пеш аз ҳама, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии иттилоотӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим равона гардида, барои ҳалли масъалаҳо вобаста ба иқлими мамлакатҳои Осиёи Миёна мусоидат менамояд.
Аз ин лиҳоз, ба муҳокимаи шумо, Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5742-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал» пешниҳод мегардад.
Маблағи умумии барномаи мазкур 44.78 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз ин 23 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ, 15 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ва 6,78 млн. доллари амрикоӣ саҳми бенефитсиарҳоро ташкил медиҳад (субъектҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ, дигар корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолияти худро пеш мебаранд).
Аз маблағҳои мазкур барои Тоҷикистон 11,57 млн.доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз он 9 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ ва 2,57 млн. доллари амрикоӣ саҳми бенефитсиарҳоро ташкил медиҳад (субъектҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ, дигар корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолияти худро пеш мебаранд).
Дар ин маврид бояд тазаккур дод, ки маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 9,00 млн. доллари амрикоӣ тариқи кушодани хати қарзӣ ба субъектони соҳаи кишоварзӣ тавассути ташкилотҳои маблағгузории хурд барои пешгирӣ ва кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим пешниҳод карда мешавад (яъне, маблағҳо барои харидорӣ ва насби таҷҳизот ва дигар техникаи замонавӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасонии ирригатсионӣ равона мегарданд).
Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:
- муҳлати қарз -38 сол;
- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ – 6 сол;
- меъёри фоизи қарз – 0,75 фоизи солона мебошад.
- Шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он зиёда аз 35 фоизро ташкил медиҳад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2016 оғоз ёфта, то соли 2020 идома хоҳад ёфт.
Бинобар аз, ин шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки созишномаи қарзии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон дода мешавад.
Олимҷон БОБОЕВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи №5742-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал», ки 22 январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2016 таҳти № 661 созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Мақсади созишномаи мазкур ин беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии мукаммалгардонидашудаи иттилоотӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим барои ҷонибҳои манфиатдори калидии Осиёи Миёна мебошад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.
5 майи соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5631) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ –II» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.
Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Соҳаи идоракунии молияи давлатӣ дар сиёсати иқтисодии давлат яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда, он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян карда шудааст.
Дар ин раванд, бо мақсади мукаммалгардонии назорат, баҳисобгирӣ ва самаранокии хароҷотҳои давлатӣ 15 феврали соли ҷорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд Созишнома оид ба маблағгузорӣ ба андозаи 5,56 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст.
Бинобар ин, имрӯз ба муҳокимаи шумо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5631) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ- II» пешниҳод мегардад.
Қайд намудан зарур аст, ки арзиши умумии лоиҳаи мазкур 19,77 млн.доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла:
- 5,56 млн. доллари амрикоӣ қарзи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд;
- 4,44 млн. доллари амрикоӣ грант аз маблағҳои худи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд;
- 9,77 млн. доллари амрикоӣ грант аз маблағҳои фонди боэътимоди якҷониба тариқи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд пешниҳод мегардад.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти татбиқи марҳилаи якуми «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ — II» корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, дар марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур амалӣ намудани корҳо дар панҷ қисмат дар назар дошта шудааст:
Қисмати 1 – «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ»
- татбиқи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ;
- рушди низоми иттилоотӣ оид ба идоракунии молияи давлатӣ да Тоҷикистон;
- баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар корхонаҳои давлатӣ.
Қисмати 2 – «Мукаммалгардонии низоми хариди давлатӣ»
- заминаи қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ;
- баланд бардоштани иқтидори Агентии давлатии хариди мол;
- рушди низоми хариди электронӣ.
Қисмати 3 – «Мукаммалгардонии аудити беруна»
- рушди ташкилии Палатаи ҳисоб;
- рушди иқтидори аудиторҳои касбӣ.
Қисмати 4 – «Ислоҳотҳои идоракунии давлатӣ»
- мукаммалгардонии банақшагирии стратегӣ;
- таҳия ва татбиқи харитаи роҳи ҳукумати электронӣ;
- мукаммалгардонии идоракунии қувваҳои корӣ.
Қисмати 5 – «Идоракунии лоиҳа».
Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:
- муҳлати қарз – 38 сол;
- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ – 6 сол;
- меъёри фоизи қарз – 0,75 фоизи солона мебошад.
Шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он зиёда аз 35 фоизро ташкил медиҳад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2016 оғоз ёфта, то соли 2021 идома хоҳад ёфт.
Бояд ёдовар шуд, ки маблағҳои грантии лоиҳа то ба расмият даромадани созишномаи мазкур ҷудо карда намешаванд.
Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи қарзии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.
Шариф РАҲИМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи № 5631) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ-II», ки 15 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2016 таҳти № 662 созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Мақсади лоиҳа баланд бардоштани самаранокии хароҷотҳои давлатӣ, беҳтар намудани назорати хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба хароҷоти давлатӣ мебошад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.
5 майи соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.
Дар бораи тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти № D055-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ – II» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.
Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН : — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба муҳокимаи шумо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D055-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилаии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ-II» пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур 15 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба маблағи 4,44 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст.
Мақсади асосии лоиҳаи мазкур мукаммалгардонии назорат, баҳисобгирӣ ва самаранок намудани хароҷотҳои давлатӣ мебошад. Шартҳои татбиқи созишномаи грантӣ бо шартҳои созишномаи қарзӣ мувофиқ мебошанд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2016 оғоз ёфта, то соли 2021 идома хоҳад ёфт.
Маблағгузории корҳо дар доираи татбиқи лоиҳа ҳам аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва ҳам маблағҳои грантӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин бояд қайд намуд, ки маблағҳои созишномаи грантӣ то ба расмият даромадани созишномаи қарзӣ ҷудо карда намешаванд.
Аз ин лиҳоз, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндаон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.
Шариф РАҲИМЗОДА : — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти № D055-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ-II», ки 15 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2016 таҳти № 663 созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Арзиши умумии лоиҳа 19,770 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он барои идомаи марҳилаи якуми лоиҳа, яъне барои мукаммалгардонии назорат, баҳисобгирӣ ва самаранок намудани хароҷотҳои давлатӣ равона мегардад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.
5 майи соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.
Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи Созишномаи грантӣ (гранти № TFOA 1735) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ – II» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.
Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантӣ (гранти № TFОA1735) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи «мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ- II» пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур 15 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба маблағи 9,77 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст.
Маблағҳо аз ҷониби Фонди боэътимоди якҷониба барои дастгирии низоми идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст.
Мақсади асосии лоиҳаи мазкур ин мукаммалгардонии назорат, баҳисобгирӣ ва самаранок намудани хароҷотҳои давлатӣ мебошад. Шартҳои татбиқи созишномаи грантӣ бо шартҳои Созишномаи қарзӣ мувофиқ мебошанд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2016 оғоз ёфта, то соли 2021 идома хоҳад ёфт. Маблағгузории корҳо дар доираи татбиқи лоиҳа ҳам аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва ҳам аз ҳисоби маблағҳои грантии Фонди боэътимоди якҷониба ба нақша гширифта шудааст.
Инчунин, бояд қайд намуд, ки маблағҳои созишномаи грантӣ то ба расмият даромадани созишномаи қарзӣ ҷудо карда намешаванд.
Аз ин лиҳоз, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.
Шариф РАҲИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантӣ (гранти №TFОА 1735) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ-II», ки 15 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2016 таҳти № 664 созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.
5 майи соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи Конвенсияи Базел оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо сухан ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон дода мешавад.
Олимҷон БОБОЕВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Конвенсияи Базел оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо 22 марти соли 1989 дар шаҳри Базел (Швейтсария) ба имзо расида, аз 5 майи соли 1992 эътибор пайдо кардааст ва ҷиҳати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2016 таҳти № 665 конвенсияи мазкур барои хулоса ба Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Конвенсияи Базел яке аз созишномаи муҳими байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб рафта, аз 29 модда иборат аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам яке аз давлатҳои фаъоли иштирокчии созишномаҳои байналмилалӣ дар самти мазкур мебошад.
Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Базел имконият медиҳад, ки:
- дастгирии молиявӣ ва техникӣ барои рушди инфрасохтори зарурӣ дар соҳаи идоракунии партовҳои хатарнок ва дигар партовҳо таъмин карда шаванд;
- истифодаи ғайриқонунии нақлиёт дар кашонидани партовҳои хатарнок пешгирӣ карда шаванд;
- маблағҳои иловагӣ барои амалӣ намудани муқаррароти конвенсия аз ҷониби Котиботи конвенсия ва дигар донорҳои байналмилалӣ ҷалб карда шаванд;
- дастрасӣ ба иттилоот барои андешидани чораҳои пешгирикунандаи таъсири партовҳои хатарнок ба муҳити зист ва саломатии одамон таъмин карда шаванд.
Узви конвенсия будан дар ғанӣ гардонидани буҷет аз ҳисоби пардохтҳо барои иҷозатномадиҳӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои гумрукӣ, андоз, инчунин дар беҳтар гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба конвенсияи зикргардида пурра ҷонибдорӣ намуданд.
6 майи соли 2016 дар ҷаласаи васеи Комиссияи экологӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конвенсияи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он мувофиқи мақсад дониста шуд.
Конвенсияи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ буда, маблағи аъзоҳаққии он айни ҳол ҳамагӣ 100 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Аз ин хотир, аз вакилони арҷманд хоҳиш мекунам ба тарафдории ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Базел овоз диҳед.
Дар хусуси тасдиқи Конвенсияи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.
ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Шарипов манзур гардидааст.
Лоиҳаи мазкур бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои алоҳидаи кодекс бо муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи маориф» пешниҳод карда шуда, хусусияти таҳририву имлоӣ дорад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №456 аз 28 декабри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онҳоро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур 23 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 21 — тои онҳо пурра ё қисман қабул шуда, 2 — тоаш қабул нагардид.
Кумитаи масъул 25 апрели соли 2016 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳоро муҳокима намуд.
Бо назардошти таклифҳои ироагардида, инчунин пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо қисми 1 (марбут ба шарҳи мафҳуми «шахсият»), сархати 1 қисми 2 (аз қисми 2 моддаи 24 хориҷ намудани меъёр оид ба қатъ кардани пешбурди парванда дар ҳолати оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда), қисмҳои 3 ва 4 (марбут ба татбиқи чораи пешгирӣ) қобили дастгирӣ набуда, аз лоиҳа хориҷ намудани қисмҳои мазкур мақсаднок дониста шуд. Зеро дар як қатор моддаҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ маълумотҳое, ки бобати муқаррар намудани шахсият талаб карда мешаванд, зикр ёфтаанд (моддаи 228). Ҳамзамон, аз қисми 2 моддаи 24 кодекси номбурда хориҷ намудани меъёр оид ба қатъ кардани пешбурди парванда дар ҳолати оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда ба принсипи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ доир ба институти алоҳида ҷудо намудани парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ мухолиф мебошад, чунки дар ин ҳолат таъқиби ҷиноятӣ аз ҷониби ҷабрдида ё намояндаи қонунии ӯ амалӣ карда мешавад. Дар сурати бо ҷабрдида оштӣ шудани айбдоршаванда адолати иҷтимоӣ таъмин мегардад.Қатъ намудани парванда бинобар бо ҳам оштӣ шудани тарафҳо нишонаи асосии ин қабил парвандаҳо буда, зарурати таъқиби ҷиноятӣ аз байн меравад. Инчунин, иловаҳои ба қисмҳои 2 ва 4 моддаи 104-уми кодекси номбурда пешниҳодгардида, бинобар хусусияти такроршавӣ доштанашон хориҷ карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.
ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода ва Н. Раҳмонова бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои алоҳида бо Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният», таъмини риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №455 аз 28 декабри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 35-то таклиф пешниҳод карда шудааст, ки онҳо пурра ва қисман қобили қабул дониста шуданд.
Кумитаи масъул 14 апрели соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуд. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров бобати такмили лоиҳа фикру мулоҳизаҳои худро изҳор намуданд, ки бо лоиҳаи қонуни мазкур илова гардиданд.
Дар натиҷа, қисмҳои 1,2 ва 4, ки иваз намудани калимаҳои синну солро дар назар дошт, аз лоиҳа хориҷ карда шуданд, зеро дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ибораҳои «синну сол» ва ҳам «синни» истифода шудаанд ва ба тағйир додани онҳо зарурат дида намешавад.
Инчунин, қисмҳои 7, 8 ва 9 (дар моддаҳои 125, 129 ва 145 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз намудани калимаҳои «инфексияи ВИЧ» ба калимаҳои «вируси норасоии масунияти одам») ва қисмҳои 12, 13 ва 14 (марбут ба ивазкунии калимаи «байналхалқӣ» ба калимаи «байналмилалӣ») бо назардошти мазмуни ягона доштанашон дар як қисм якҷоя карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва дар амалия татбиқ намудани он маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бухориев Толибек Аҳмадович дода мешавад.
Толибек БУХОРИЕВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода ва С. Абдураҳмонзода пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади бартараф намудани номутобиқатии дохилии меъёрҳои алоҳида, саҳеҳу оммафаҳм гардонидани меъёрҳои қонуни мазкур бо назардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати такмили он 19-то таклифҳо пешниҳод гардиданд, ки 18-тои онҳо пурра ва қисман қабул шуд.
Кумитаи масъул 21 апрели соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронид. Иштирокчиёни ҷаласа таклифҳои пешниҳодгардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро пурра ва қисман қобили қабул донистанд.
Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Аз ҷумла, аз қисми 1 моддаи 1 ду сархат хориҷ карда шуда, дар маҷмӯъ лоиҳа ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва матни русии лоиҳа бо матни забони давлатӣ мувофиқ гардонида шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.
Бахтовар САФАРОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмил додани кодекси мазкур таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода, М. Қаландарзода ва Б. Сафаров пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмил додани меъёрҳои Кодекс, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва мутобиқгардонии он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Моддаи 87-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро барои риоя накардани тартибу муҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандон пешбинӣ намудааст. Аммо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» дигар ҳолатҳоро низ пешбинӣ менамояд, ки вайрон кардани онҳо боиси ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъули баррасикунандаи муроҷиат мегарданд. Аз ин рӯ, диспозитсияи моддаи 87 дар таҳрири нав пешниҳод шудааст. Тағйироти ба моддаҳои 92 ва 93 пешниҳодшуда ба хотири мутобиқгардонии истилоҳҳои истифодашаванда бо қонунгузории соҳавӣ, махсусан бо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» аз 1 августи соли 2003 ба рекламаи номуносиб хусусияти «ошкоро бардурӯғ»-ро дохил менамояд (моддаи 2). Дар моддаи 536 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҷавобгарии маъмурӣ барои рекламаи бардурӯғ пешбинӣ гардидааст. Бо мақсади истифодаи якхелаи истилоҳҳо дар қонунгузорӣ тибқи лоиҳа илова кардани калимаи «ошкоро» дар номи моддаи 536 пешбинӣ шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешбинӣ менамояд, ки номи модда бояд ба матни он мутобиқ бошад. Аз ин рӯ, тағйироти дар лоиҳаи пешбинигардида ба матни моддаи 540 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон матни онро бо номи модда мутобиқ мегардонад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №461 аз 4 январи соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати такмил ёфтани он 56 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 45-тои онҳо пурра ё қисман қабул шуданд ва 11-тояшон қабул нагардиданд.
Кумитаи масъул 25 апрели соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Ҳамзамон, бо назардошти эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки ҳангоми баррасӣ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, лоиҳа такмил ёфт.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.
Шарофиддин СИРОҶОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Он бо мақсади мутобиқсозии талаботи Кодекси гражданӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» оид ба бастани шартнома тибқи натиҷаҳои савдо таҳия гардидааст.
Мутобиқи қисми 4 моддаи 479 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум) савдо танҳо дар шакли музояда ё озмун гузаронида мешавад. Вале тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» асоси ба имзо расонидани созишномаи шарикӣ танҳо тендер мебошад. Чунин меъёрро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» низ пешбинӣ намудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур 4-то таклиф манзур карданд, ки онҳо пурра қобили қабул дониста шуданд.
Кумитаи масъул 21 апрели соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, вакилони муҳтарам, аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст кард.
Самариддин АСОЕВ,
Аъзам МӮСОЕВ,
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ