Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Тасдиқи Созишномаи қарзӣ ва тағйиру илова ба баъзе қонунҳои амалкунанда

№156 (3141) 14.12.2013

DSC_0164

11 декабри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

 Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидмуродов Л.Ҳ.»

3. Дар бораи Тасҳеҳ ба Созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе дар Тоҷикистон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Масъалаи якуми рӯзнома «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон» мебошад.

DSC_0171Ман ба баррасии шумо номзадии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевичро пешниҳод мекунам. Лутфулло Ҳабибуллоевич то вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан ба корҳои илмӣ машғул буд. Доктори илм, профессор мебошад. Боварӣ ҳаст, ки ӯ аз уҳдаи ин вазифа мебарояд.

Дар бораи номзадии Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич чӣ таклифу пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?

Хоҳишмандам, мавқеи худро муайян намоед.

Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон интихоб шудани Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Масъалаи дигари рӯзнома — «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидмуродов Л.Ҳ.» баррасӣ гашта, ҷиҳати тасдиқи он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи Тасҳеҳ ба Созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе дар Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.


НУРАЛИЕВҶамолиддин НУРАЛИЕВ: -Му
ҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Тасҳеҳ ба Созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба татбиқи Лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» пешниҳод гардидааст.

Барои идомаи татбиқи Лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» 2,4 млн.доллари амрикоӣ, аз ҷумла қарзи имтиёзнок 2,1  млн.доллари амрикоӣ аз ҷониби Бонки Исломии Рушд ва 0,3 млн.доллари амрикоӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.

Қарзи мазкур давоми Созишномаи асосии қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар соли 2003 басташуда буда, барои пурра ба анҷом расонидани қисмати 4-уми Лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» пешбинӣ гардидааст. Шартҳои Созишнома бетағйир мемонанд.

Меъёри фоизи ҳаққи хизматрасонӣ то 2,5 фоизи  солона, муҳлати қарз -25 сол, давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ 7 сол пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур барои сохтмон ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунии шаҳри Душанбе баҳри баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ, бехатар ва эътимоднок гардонидани он равона гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки дар марҳилаи якуми лоиҳаи мазкур 4 қисмати сохтмонӣ ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ ба нақша гирифта шуда буд. Аз ҷумла қисмати якум: беҳдошт ва барқарорсозии ҳавзи танзими шабонарӯзӣ ва гузаронидани корҳои электромеханикӣ дар истгоҳи обтаъминкунии худҷорӣ, қисмати дуюм: кандани чоҳҳои амудӣ дар истгоҳи обтаъминкунии фишорӣ, қисмати сеюм: сохтмони ҳавзи нави оби тоза (3000 м3) дар истгоҳи обтаъминкунии Кофарниҳон (КАФ-1), қисмати чорум: барқарорсозии истгоҳи обтаъминкунии соҳили чапи дарёи Кофарниҳон (КАФ-2) мебошад.

Инчунин бояд зикр намуд, ки бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳуҷҷатҳои Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон қайд гардидааст.

Сарфи назар аз он, Тоҷикистон дорои захираҳои бойи оби тозаи нӯшокӣ бошад ҳам, аммо қисмати зиёди аҳолии он аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.

Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ва таъмини пурраи аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Туфайли сиёсати хирадмандонаи Роҳбари  давлат дар ин самт барномаҳо ва лоиҳаҳои зиёде амалӣ гардида, сол то сол таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ беҳтар мегардад. Айни замон, дар ин ҷода дар қаламрави ҷумҳурӣ нуҳ лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 124,0 млн.доллари ИМА амалӣ мешавад.

Бо татбиқ гардидани лоиҳаҳои мазкур баланд бардоштани бехатарӣ, эътимоднокӣ ва истифодаи самараноки оби нӯшокӣ ва болоравии сатҳи зиндагонии аҳолии ҷумҳурӣ таъмин  мешавад.

Аз ин лиҳоз, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи қарзии иловагии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВШарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Тасҳеҳ ба  Созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе», ки 2 июли соли 2013 дар шаҳри Душанбе  ба имзо расонида шудааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 3 декабри соли 2013 таҳти № 2166 Созишномаи мазкурро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Мақсади ин Созишнома беҳтар намудани сатҳи обтаъминкунӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе ва барқарорсозии истгоҳи обтаъминкунии соҳили чапи дарёи Кофарниҳон (КАФ-2) мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа 2,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 2,1 млн. доллари ИМА саҳми Бонки Исломии Рушд ва 0,3 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Санаи 4 декабри соли 2013 дар ҷаласаи васеи Кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи  мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Тасҳеҳ ба  Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе»-ро ҷонибдорӣ намуда, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» сухан ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирова Саида Бобоевна дода мешавад.

Саида ҶОБИРОВА: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» бо мақсади танзим намудани омилҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ  бо таҳлили нишондодҳо ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи Рушди Ҳазорсола таҳия ва пешниҳод шудааст.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хонов Абдураҳмон Умарович дода мешавад.

ХоновАбдураҳмон ХОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро дар маҷмӯъ дастгирӣ намуда, ҷиҳати такмили он ворид кардани таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.

Санаи 29 ноябри соли 2013 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт ва дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ворид намудани таклифҳои пешниҳодшударо зарур шуморид. Дар маҷмӯъ аз 29 таклифу пешниҳод 15-тоаш қабул, 8-тоаш қисман қабул шуда ва 6-тои дигараш қабул карда нашуд.

Ҳамчунин эроду пешниҳодҳое, ки 9 декабри соли равон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ироа гардида буданд, қисми зиёди он дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ маъқул шуморида, ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо назардошти тағйиру иловаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Маҳмадалиев Амирбек Темурович дода мешавад.

МАҲМАДАЛИЕВАмирбек МАҲМАДАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Раҷабова ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ҷабборова пешниҳод гардидааст, ки бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни  соли 2013 таҳти №1950 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии баъзе меъёрҳои он ба талаботи дигар қонунҳо, бартараф сохтани мухолифати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мусоидат намудан барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешниҳод шудааст.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро дар маҷмӯъ дастгирӣ намуда, ҷиҳати такмили он ворид намудани таклифу дархостҳои худро пешниҳод карданд.

Нуздаҳуми ноябр ва 3 декабри соли 2013 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт ва дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ворид намудани тағйиру иловаҳои зеринро зарур шуморид:

1. Қисми 1-уми лоиҳаи қонун дар таҳрири зерин ифода карда шуд:

1. Дар моддаҳои 2, 4, 8, 13, 14, 17 ва 22 калимаҳои «ҳаҷми», «ҳаҷмҳои», «Ҳаҷми» мувофиқан ба калимаҳои «андозаи», «андозаҳои», «Андозаи», инчунин дар моддаҳои 4 ва 8 калимаҳои «масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии» ва «масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ»  мувофиқан ба калимаҳои «ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқии» ва «ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.

2. Қисми 5-уми лоиҳаи қонун дар таҳрири зерин ифода карда шуд:

«5. Дар қисми 1 моддаи 9 ва моддаи 20 калимаҳои «мақомоти давлатии ваколатдор» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.».

3. Ба қисми 9-уми лоиҳаи қонун тағйироти зерин илова карда шуд:

-ба қисми 6 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» доир ба ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳанок оид ба анҷом додани пардохти суғурта ё гирифтани  он хабар диҳанд;».

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклиф пешниҳод гардида буд, ки ҳамаи онҳо аз тарафи кумитаи масъул ба инобат гирифта шуд.

Дар маҷмӯъ аз 19 таклифу пешниҳод, 14-тояш қабул, 4-тои он қисман қабул гардид ва 1-тояш қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо назардошти тағйиру иловаҳои пазируфтаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВДомуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» саривақтӣ буда, он барои мукаммал гардонидани қонунгузорӣ оид ба фаъолияти суғуртавӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мусоидат менамояд.

Қабули қонуни мазкур барои мутобиқгардонии баъзе меъёрҳои ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Зимни муҳокима доир ба матни баъзе моддаҳои лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби вакилон эрод гирифта шуд.

Бинобар ин, лоиҳаи  қонуни мазкур барои такмил додан ба Кумитаи масъул баргардонида шуд.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ  ва ҳуқуқи инсон Самадов Тӯрахон Давлатович дода мешавад.

Тўрахон САМАДОВТӯрахон САМАДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад. Лоиҳаи қонун бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) ва «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ», ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2011 таҳти №2/107 тасдиқ гардидааст, таҳия  шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 аъзои Гурӯҳи байнидавлатии муқовимат бо софкории пул мебошад. Дар ин давра оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм як қатор қонунҳои соҳавӣ қабул гардида, қонунгузории амалкунанда мунтазам дар ин самт мукаммал шуда истодааст.

Моддаи 57 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира намудани молу мулки дар натиҷаи содир шудани як қатор ҷиноятҳо бадастомада, маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулке, ки барои маблағгузории терроризм ё дигар иттиҳоди ҷиноятӣ истифода шудаанд, олот ё воситаҳои содир намудани ҷиноятро пешбинӣ кардааст. Лоиҳаи  қонуни мазкур таҳти истифодаи  ин модда  шомил намудани боз як гурӯҳи ҷиноятҳоро дар назар дорад. Аз ҷумла ҷиноятҳои бо моддаи 184 «Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби  ҳавопаймо, киштӣ  ё қатораи роҳи оҳан», моддаи 1842 «Кирдорҳои қасдона ба муқобили бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ», моддаҳои 244-250 (дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва тамаъҷӯӣ), моддаҳои 291-293 (саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо), моддаи 320 (додани пора), моддаи 335 (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), моддаҳои 340-3401 (сохтакорӣ), моддаи 356 (таҳдид ё зӯроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ ё таҳқиқи  ибтидоӣ ё тафтишоти пешакӣ), моддаи 402 (ҳамла ба шахсон ва муассисаҳои таҳти ҳимояи байналхалқӣ қарордошта) тааллуқдошта ба ҳамин гурӯҳ шомиланд.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, ҷиҳати мукаммал намудани он 7 таклифу пешниҳоди хусусияти имлоидошта ирсол намуданд. Онҳо дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пурра ё қисман ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ,  Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ