9 октябри соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Оид ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияташ маҳдуди сармоягузорӣ ва рушди «ХЕЛИ»-и шаҳри Дунъини Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»
8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»
9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Оид ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияташ маҳдуди сармоягузорӣ ва рушди «ХЕЛИ»-и шаҳри Дунъини Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Лочин Нусратулло дода мешавад.
ФАЙЗУЛЛОЗОДА Лочин Нусратулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияташ маҳдуди сармоягузорӣ ва рушди «ХЕЛИ»-и шаҳри Дунъини Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шудааст. Созишномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.
Мутобиқи ин ҳуҷҷат сармоягузор дар минтақаи озоди иқтисодии зикршуда корхонаи коркарди нафтро бо ҷалби наздики 400 млн. доллари амрикоӣ сохта ба истифода медиҳад.
Сохтмони корхона аз ду марҳила иборат мебошад. Дар навбати аввал иқтидори истеҳсолии он 500 ҳазор тонна нафт дар як солро ташкил дода, бо сармоягузории зиёда аз 60 млн.доллар дар зарфи ду сол бунёд хоҳад шуд. Муҳлати татбиқи марҳилаи дуюм низ наздики ду солро фаро гирифта, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо зиёда аз 300 млн. долларро дар бар мегирад ва истеҳсол ба 1,2 млн. тонна расонида мешавад.
Бояд зикр кард, ки корхонаи мазкур азм дорад маҳсулоти нафтии худро дар бозорҳои дохилӣ ва беруна пешниҳод намояд, ки ин ба афзун гаштани иқтидори содиротии мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Бо оғоз гаштани фаъолият дар он зиёда аз 500 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад, ки 90 фоизи онро кормандони маҳаллӣ ташкил медиҳанд ва то анҷоми пурраи корхона шумораи коргарон ба 1200 нафар мерасад.
Бо мақсади қонеъ намудани талабот ба маҳсулоти нафти хом, сармоягузор бо субъектҳои дахлдор аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шартномаҳо ба имзо расонидааст.
Дар баробари ин, ҷиҳати дарёфти ашё аз манбаъҳои дохилӣ ширкат барои кашфи чоҳҳои ватанӣ низ ҳавасмандӣ зоҳир кардааст.
Бо мақсади интиқоли маҳсулоти тайёр ва фурӯши он дар дохили ҷумҳурӣ маркази логистикию нақлиётӣ ва садҳо нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти нафтӣ ташкил мегарданд.
Корхона аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 80 гектар заминро ба иҷора гирифта, барои истифодаи он, тибқи тартиби амалкунанда, дар як сол 80 ҳазор доллари ИМА пардохт менамояд. Маблағи мазкур барои бунёди инфрасохтор ва ободонии гирду атрофи минтақа истифода хоҳад шуд.
Дар ҳолати пурра ба кор даромадани корхона ба воситаи роҳи оҳан кашонидани беш аз 1,2 млн. тонна маҳсулоти хом дар як сол дар назар дошта шудааст ва ин имконият медиҳад, ки ҳаҷми боркашонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маротиб афзоиш ёбад. Ба ҳамин миқдор маҳсулоти тайёр ба воситаи роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ кашонида хоҳад шуд.
Дар баробари ин, коргарони он, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд, барои гирифтани ихтисос аз тарафи ширкат ба Ҷумҳурии Халқии Хитой фиристода мешаванд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки корхона бо технологияи замонавӣ бунёд гардида, ба муҳити зисти минтақа таъсири манфӣ намерасонад.
Қабули Созишномаи мазкур аз буҷети кишвар хароҷот талаб накарда, ба воридоти техника ва технологияи ҷадид, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ, таъмини рақобати солим дар соҳа, воридоти маблағ ба буҷети кишвар, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.
Шарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияташ маҳдуди сармоягузорӣ ва рушди «ХЕЛИ»-и шаҳри Дунъини Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 2 апрели соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2014 таҳти № 2527 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади Созишнома мусоидати якҷоя баҳри татбиқи муваффақонаи Лоиҳаи сармоягузорӣ ва тақвият бахшидани муносибатҳои сармоягузории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, вусъати ҳамкорӣ байни Тарафҳо ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротии Тоҷикистон, фаъолгардонии воридоти технологияҳои муосир ва сармоягузории мустақими хориҷӣ ба объектҳои муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Созишномаи мазкур аз ду марҳила иборат аст:
- Марҳилаи 1 – сохтмони корхона оид ба коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ бо иқтидори истеҳсолии 300-500 ҳазор тонна дар як сол. Муҳлати татбиқи Лоиҳа якуним-ду солро дар бар гирифта, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 60 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
- Марҳилаи 2 – сохтмони иловагӣ барои зиёд гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ бо расонидани иқтидори истеҳсолӣ то 1,2 млн. тонна дар як сол. Муҳлати татбиқи Лоиҳа якуним-ду солро дар бар гирифта, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 300-500 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Рӯзи 12 сентябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» сухан ба муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Юсуфиён Ҷамшед дода мешавад.
Ҷамшед ЮСУФИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд! Ҳозирини гиромӣ!
Иҷозат диҳед доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба таври мухтасар маълумот диҳам.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 аъзои Гурӯҳи ЕврОсиё мебошад, ки он яке аз ташкилотҳои минтақавии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) буда, фаъолияти худро барои ҳамоҳанг намудани низомҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона кардааст.
Айни замон барои баланд бардоштани мақоми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа «Нақша — чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ» мавриди татбиқ қарор дорад, ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 тасдиқ гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банда 5-уми ин Нақша таҳия гардида, бо дарназардошти пешниҳоди ФАТФ ва муқаррароти созишномаҳои байналмилалӣ омода шудааст. Қабули ин лоиҳа ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки низоми маълумотдиҳии ташкилотҳои ломбардӣ, тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ, ба таври зарурӣ гузаронида шавад.
Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигар мухолифат надорад. Қабул ва татбиқи он маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад.
Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашӯрбег Раҳматуллоевич дода мешавад.
Ашӯрбег РАСУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирин!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2014 таҳти № 2542 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз узвият ба Гурӯҳи ЕврОсиёии татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул қонуни соҳавиро қабул намуда, як қатор санадҳои қонунгузориро ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонд.
Лоиҳаи қонуни мазкур низ бо дарназардошти стандартҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) омода гардидааст ва мақсад аз қабули он тақвияти низоми миллии муқовимат ба софкории пул ва мубориза бо маблағгузории терроризм мебошад.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 2 октябри соли 2014 лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума Муинзода дода мешавад.
МУИНӢ Мавсума Муинзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Тоҷикистон давлати ҷавон аст, 70 фоизи аҳолии онро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд. Бо дарназардошти ин ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон дар Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон афзалият дода мешавад.
Тавре аён аст, манбаи асосӣ ва дилхоҳ фаъолият ва ё амалиёт аз имкониятҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии мутаносибан муқарраргардида маншаъ мегирад. Қадамҳои аввал дар роҳи ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» 13 марти соли 1992, яъне баъди шаш моҳи соҳиб гаштан ба Истиқлолияти давлатӣ, гузошта шуд.
Бо дарназардошти шароити ҷомеаи муосир ва рушду такомули ҷавонон дар ҳолати рақобатнокӣ ва муқовимат ба тазодҳои ҷомеа 9 июни соли 2004 таҳти №142 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки он барои мусоидат ба шуғлнокӣ, мустақилияти иқтисодӣ, дастгирии ҷавонони боистеъдод, беҳдошти саломатӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Ба қонуни мазкур то ба имрӯз як маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Айни замон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бо мақсади такмили қонунгузории соҳа ва мутобиқ намудани он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Заминаи ҳуқуқии таҳияи лоиҳаи қонуни зикргардидаро талаботи банди 9-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён намуда буданд (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2013 таҳти №264 тасдиқ шудааст), ташкил менамояд, ки тибқи он ба моддаҳои 3, 4, 9, 14, 21, 28 ва 29-уми он тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.
Тағйироти моддаҳои 3 ва 4 бо мақсади пурра намудани мақсаду принсипҳои сиёсати давлатӣ пешниҳод гаштаанд, ки дар ин раванд иштироки ҷавононро дар фаъолияти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар таъмин месозад.
Тағйирот ба моддаи 9-уми қонун дар тақвият ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» пешниҳод мегардад ва мақомоти ваколатдор дар татбиқи қонуни мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Дар моддаи 14-уми қонун муайян кардани имконот ҷиҳати иштироки ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон метавонад барои фаъолнокӣ ва эҳсоси баланди масъулиятнокӣ дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намояд. Сарфи назар аз ин, қисми зиёди ҷавонон дар таҳия ва амалӣ сохтани тадбирҳои зиёди соҳа ҷалб мегарданд, вале принсипҳои идории сиёсати давлатии ҷавонон мавқеи қонунии онҳоро дар ин самт тақозо менамояд.
Тағйиру иловаҳо дар моддаи 21 ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, аз ҷумла дастгирии оилаҳои ниёзманди ҷавон барои таъмини манзил ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар байни ҷавонон мусоидат менамояд. Ин тағйирот ба тақозои шароити амалии сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷомеаи ҷаҳони муосир мувофиқ мебошад.
Моддаи 28-уми қонун барои тақвият додани масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон тағйиротро талаб менамояд. Дар шароити муносибатҳои ҷамъиятии ҷавонон дастгирии ҳаракатҳои ҷамъиятии ҷавонон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи мақсад аст.
Дар моддаи 29-уми қонун бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи миллӣ таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Ин таҷриба дар арсаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои Аврупо ва ИДМ аллакай татбиқёфта маҳсуб мегардад ва натиҷаҳои хуб низ ба бор овардааст. Таъсиси ин ниҳод дар сатҳи миллӣ метавонад ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки ҳамчун стратегияи давлатӣ муқаррар шудааст, такони ҷиддӣ бахшад.
Аз ин лиҳоз, дастгирӣ намудани лоиҳаи қонуни мазкурро аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Низом Қосим дода мешавад.
Низом ҚОСИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Лоиҳаи қонуни мазкур 20 августи соли ҷорӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дигар кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол шуда буд.
Ҳамаи кумитаҳо лоиҳаи қонунро пазируфта, ҷиҳати таҳриру такмилаш ҳашт таклифу пешниҳод манзур карданд, ки пурра ва ё қисман мавриди қабул қарор гирифтанд.
8 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлиси кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун муҳокима ва ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагон тавсия гардид. Баъдан корбасти пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯро боиси комилию равонии бештари он шуданд.
Бовар дорем, ки ин санади муҳим ба фаъолияти пурсамари мақоми ваколатдори давлатии соҳа дар самтҳои муҳиме чун дастгирии волонтёрӣ ва соҳибкории ҷавонон мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Вобаста ба ин масъала таклифу пешниҳод ё савол доред?
Муҳиддин КАБИРӢ: — Пеш аз ҳама ҷонибдории худро ба лоиҳаи қонуни мазкур баён мекунам. Моҳияти ин тағйирот ба фаъолияти волонтёрӣ марбут мебошад. Мо медонем, ки ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ метавонанд шомили фаъолият бошанд, бахусус ҳизбҳои сиёсӣ, ки ҳар яки он шуъбаи кор бо ҷавонон дорад. Онҳо метавонанд дар фаъолияти волонтёрии ҷавонон саҳм дошта бошанд.
Аз рӯйи мушоҳидаҳо чанд сол қабл ҳамкории ҳизбҳои сиёсӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб буд.
Солҳои охир ин муносибат ва ҳамкориҳо нисбатан заиф шудааст. Сабаби тағйирот ва чунин тарзи муносибат дар чист?
МУИНӢ Мавсума Муинзода: — Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон ташкил ёфта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шудааст. Ба он тамоми созмонҳои ҷамъиятие, ки бо ҷавонон бевосита сарукор доранд, шомил мебошанд.
Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори давлатиест, ки дар тамоми маҳалҳо намояндагии худро дорад.
Моро лозим меояд, ки чунин ҳамкориҳоро дар маҳалҳо беҳтар бо роҳ монем.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.
Саттор ХОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» бо мақсади такмил додан, бартараф намудани норасоӣ ва номутобиқатии дохилии меъёрҳои қонуни амалкунанда, инчунин мутобиқ гардонидани он ба дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва пешниҳод шудааст.
Аз ин рӯ, тибқи талаботи қисми 1-уми лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод карда мешавад, ки дар сархати сеюми моддаи 1 калимаи «қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
Мувофиқи қисми 2-юми лоиҳаи қонуни мазкур ифода намудани номи моддаи 15-уми қонун дар таҳрири зерин пешниҳод карда мешавад:
«Моддаи 15. Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ».
Илова бар ин, барои мушаххас намудани меъёрҳои сархати шашуми қисми 1 моддаи 29 қонуни амалкунанда пешниҳод мегардад, ки дар он калимаҳои «ва ғайра» ба калимаҳои «ва хавфҳои дигар» иваз карда шаванд.
Боиси зикр аст, ки дар қисми 2 моддаи 42-юми қонун калимаҳои «ҳаракати маблағҳои пулӣ» аз ҷиҳати мазмун ба талаботи модда ҷавобгӯй намебошанд, аз ин рӯ, тибқи қисми 4-уми лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод шудааст, ки калимаҳои зикршуда, ба калимаҳои «гардиши пулӣ» иваз карда шаванд.
Бинобар ба талаботи техникаи қонунэҷодкунӣ ҷавобгӯй набудани меъёри қисми 6 моддаи 48-уми қонуни амалкунанда, мувофиқи қисми 5-уми лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ мешавад, ки дар он калимаҳои «агар Қонуни мазкур ҳолатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад» ба калимаҳои «ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур» иваз карда шаванд.
Бо қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур норасоӣ ва номутобиқатии дохилии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» бартараф хоҳад шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуда, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни зикргардида қабул карда шавад.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Талбаков Исмоил Иброҳимович дода мешавад.
Исмоил ТАЛБАКОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» пешниҳод мегардад, ки он бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Холов, А.Иномов ва Д.Ҷабборов барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2014 таҳти № 2484 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.
Муаллифон лоиҳаи қонуни мазкурро баҳри иҷрои дастури Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зуҳуров Шукурҷон Зуҳурович, ки барои беҳтар намудани сифат ва мутобиқсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нигаронида шудааст, таҳия намудаанд.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур имконият медиҳад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта норасоӣ ва номутобиқатии дохилии меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, инчунин мутобиқ гардонидани онҳо ба дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Лоиҳаи қонунро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ва баҳри такмили он даҳ таклифу дархост пешниҳод намуданд.
Рӯзи 12 сентябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикргардида мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамаи таклифу дархостҳои воридшуда маъқул дониста шуданд. Таклифҳо дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»-ро, бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш дорад, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.
Шарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҷабов, А.Расулов, Т.Самадов ва Ш.Сироҷов барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2014 таҳти № 2287 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» таҳия ва пешниҳод шудааст.
Мафҳуми гаравхона, ки дар моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ифода ёфтааст, бо муқаррароти моддаи 32-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» ба таври куллӣ фарқ дошт. Бинобар он, бо лоиҳаи қонуни таҳиягардида ин мухолифат аз байн бардошта шуд.
Ғайр аз ин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» мафҳуми «амвол» истифода шудааст, дар сурате ки дар меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин мафҳум ҳамчун «молу мулк» ё «ашё» истифода шудаанд.
Лоиҳаи қонунро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон баҳри такмили он ҳафт таклиф пешниҳод намуданд.
Рӯзи 2 октябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа, ҳамаи таклифҳои воридшуда қабул ва дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисориев Маҳмадамин Исматович дода мешавад.
Маҳмадамин ҲИСОРИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Тағоев, М. Зубайдов ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҳисориев бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур бо талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо Кодекси андоз ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дигар қонунҳо, инчунин бартараф намудани истифодаи истилоҳу ибораҳои ҳархела, бо дарназардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, ноил гаштан ба татбиқи дурусти меъёрҳои қонунгузорӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Тағйироту иловаҳои пешниҳодгардида моддаҳои 3, 5, 18, 19, 23, 24, 25, 28, 30, 31, 33, 35, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд, ҷиҳати аз байн бурдани номутобиқатии меъёрҳои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона карда шудааст. Вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ бо меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида шуда, дорои воҳиди илмӣ-ташхисии дахлдор буданро муқаррар менамояд.
Қисми 5 моддаи 30 дар таҳрири нав ифода карда шуд, ки тибқи он таъмини нафақаи кормандони воҳидҳои назорати давлатии молиявии Агентӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» амалӣ гардонида мешавад.
Ҳамчунин тағйирот васеъ ва возеҳу мушаххас ифода намудани ваколатҳои мақомоти Агентиро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» пешбинӣ намуда, воридшавии ин гуна маблағҳоро ба иқтисодиёти кишвар ба танзим медарорад.
Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мухолифат надорад ва амалишавии он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни баррасишавандаро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амиршоева Саодат дода мешавад.
Саодат АМИРШОЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2014 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонун бо мақсади аз байн бурдани номутобиқатии меъёрҳо ва ба моддаи 3-юми қонуни амалкунанда, ки вазифа ва самтҳои фаъолияти Агентиро муқаррар менамояд, ҷиҳати мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро ҷонибдорӣ карданд.
Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул 11 таклиф ҷиҳати такмил додани лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод гардид, ки ҳамаи онҳо пурра ва қисман қобили қабул дониста шуданд.
Ҳамзамон эродҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров оид ба лоиҳаи қонуни мазкур баён шуда буданд, қобили қабул ҳисобида, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 8 сентябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дода, лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Гиёев Сайфулло Неъматович дода мешавад.
Сайфулло ГИЁЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода, С. Тағоев ва М. Зувайдов ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, пешниҳод карда мешавад.
Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2014 таҳти №2355 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила бартараф сохтани мухолифати дохилии меъёрҳои қонун мебошад.
Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар оянда ҳамчун субъекти амният эътироф шуда, дар муқаддима ва моддаҳои мушаххаси қонуни амалкунанда ҷой дода шудаанд.
Фаъолияти мақомоти мазкур, ки нисбат ба дигар сохторҳо ба аҳолӣ наздик буда, дар соҳаи ҳарбӣ вазифаҳои муайянеро иҷро менамоянд, дар таъмини амнияти миллӣ, алалхусус амнияти иҷтимоӣ, энергетикӣ, экологӣ, бартараф намудани офатҳои табиӣ хеле наздик ва назаррас мебошанд.
Бо мақсади ноил шудан ба мантиқ ва мутобиқатии дохилии матни қонун дар моддаи 2 мафҳуми «амнияти дохилӣ» бо дарназардошти се унсури асосии амният-шахсият, ҷамъият ва давлат, инчунин мафҳуми «манфиатҳои ҳаётан муҳим», ки дар матни қонуни амалкунанда ҷой дорад,илова шудааст. Ҳамчунин дар якчанд моддаҳои қонун калимаҳои «салоҳият» ба «ваколат», «яроқ» ба «силоҳ», «ташкилотҳои ҷамъиятӣ» ба «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» иваз карда шудаанд.
Ҳолатҳои дар боло дарҷгардида зарурати ворид намудани тағйироти дахлдорро ба қонуни амалкунанда пеш меоранд, ки пурра дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида инъикос ёфтааст.
Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул 41 таклиф ҷиҳати такмил додани лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 29 таклиф пурра, 10 таклиф қисман қабул гардида, 2 — тои он қобили қабул ҳисобида нашуд. Ҳамзамон эродҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров баён шуда буданд, қобили қабул ҳисобида, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 8 сентябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод.
Кумитаи масъул, бо дарназардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло аз шумо, вакилони гиромиқадр, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Назриев Мусоябшо дода мешавад.
Мусоябшо НАЗРИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2014 таҳти № 2540 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни номбурда ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ), «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ» аз 11 июни соли 2011 таҳти №2/107 ва иҷрои банди 4.1 «Нақшаи чорабиниҳо доир ба Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 таҳти №97 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз узвият ба Гурӯҳи Евроосиёгии татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ЕАГ) қонуни соҳавиро қабул намуда, ҳамзамон як қатор санадҳои қонунгузориро ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намуд.
Аз ҷумла дар лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ пешниҳод мешавад, ки ба моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» қисми 7 ба мазмуни зайл илова карда шавад:
«7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни мазкур ба истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо машғуланд, уҳдадоранд оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намоянд.».
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»-ро баррасӣ намуда, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 3 октябри соли 2014 бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, пурра ҷонибдорӣ ёфт.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабул ва татбиқи он маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонов Бег Холович дода мешавад.
Бег ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2014 таҳти №2541 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ), «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ» аз 11 июни соли 2011 таҳти № 2/107 ва иҷрои банди 4.1 «Нақшаи чорабиниҳо доир ба «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 таҳти № 97 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.
Лоиҳаи қонуни номбурда, бо дарназардошти стандартҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) омода ва ба тақвияти низоми миллии муқовимат ба софкории пул ва мубориза бо маблағгузории терроризм нигаронида шудааст.
Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро пурра дастгирӣ намуданд.
3 октябри соли 2014 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт ва дастгирӣ ёфт.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти хулосаҳои пазируфтаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст кард.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ