5 декабри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум доир гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»
5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рафти иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»
6. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.
Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» пешниҳод гардидааст.
Барои татбиқи лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» 23,0 млн.доллари армикоӣ, аз ҷумла аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 15,0 млн.доллари амрикоӣ, аз ҳисоби Барномаи фонди трастии инноватсионии натиҷаи тандурустӣ 4,8 млн.доллари амрикоӣ ва аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,2 млн.доллари амрикоӣ муайян гардидааст.
Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасониҳои тиббӣ» 20 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.
Мақсади лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба зиёда аз як миллион аҳолии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Ғончии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон тавассути таъмир ва барқарорсозии 24 муассисаи тиббии ин минтақаҳо ва мукаммалгардонии инфрасохтори хизматрасониҳои аввалиндараҷаи ёрии тиббию санитарӣ мебошад.
Инчунин дар доираи лоиҳаи мазкур барномаҳои омӯзишии шашмоҳа барои баланд бардоштани тахассуси зиёда аз 800 нафар табибон ва ҳамшираҳои тиббии оилавӣ дар расонидани хизматрасонии аввалияи тиббӣ амалӣ карда мешаванд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2013 оғоз ёфта, то соли 2018 идома хоҳад ёфт.
Дар маҷмӯъ, амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ба рушди соҳаи тандурустии мамлакат ва татбиқи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 нақши муҳим мебозад.
Аз ин лиҳоз, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хонов Абдураҳмон дода мешавад.
Абдураҳмон ХОНОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» 20 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст. Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2013 таҳти №2153 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.
26 ноябри соли 2013 Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз ин рӯ, аз шумо вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.
Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» пешниҳод гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амаликунии лоиҳаи кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сари вақт таъмин намудани шаҳрвандон бо шиносномаҳои хориҷӣ чораҳои заруриро андешида истодааст.
Аз он ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати таъмини саривақтии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаҳои хориҷӣ бо ширкати олмонии Muehlbauer (ғолиби озмуни байналмилалӣ) ду шартнома барои хариди 700 ҳазор адад бланкаҳои шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии биометрӣ ба имзо расонидаанд, ки 50 ҳазор адад бланкҳои шиносномаҳои номбурда ба ҷумҳурӣ ворид гардида, 650 ҳазор адади боқимонда бояд то охири соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ оварда шавад.
Айни замон, бо назардошти норасоии маблағ, Вазорати корҳои хориҷӣ 40 фоиз маблағи умумии шартномаи якум (1598000 евро барои хариди 200.000 бланкаҳо) ва 60 фоиз маблағи умумии шартномаи дуюм (3995000 евро барои хариди 500.000 бланкаҳо)-ро пардохт намуда, мутобиқан аз ширкати олмонии Muehlbauer 60 фоиз аз шартномаи якум (958000 евро) ва 40 фоиз аз шартномаи дуюм (1598000 евро), ҷамъ 2556800 евро қарздор мебошад, ки барои пардохти қарзи шартномавӣ танқисӣ кашида, барои пардохт намудани боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми барасмиятдарории гумрукии ин шиносномаҳо имкон надорад.
Вобаста ба ин, ҳангоми додани имтиёзҳои иловагии андозӣ маблағи озодшавӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ҳамагӣ 12,0 млн. сомонӣ, аз он ҷумла андоз аз арзиши иловашуда (18 фоиз) 6,9 млн сомонӣ ва боҷи гумрукӣ (15 фоиз) 5,1 млн.сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Аз пардохтҳои гумрукӣ озод намудани Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгирии иловагӣ ба шумор меравад ва барои таъмини аҳолии мамлакат бо шиносномаҳои хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ кунед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.
Шарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2013 таҳти №2150 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардидааст.
Пешниҳод карда мешавад, воридоти 650 ҳазор бланкаҳои шиносномаҳои хориҷии биометрӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.
Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, дар баробари ин шаш таклиф пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 27 ноябри солои 2013 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамаи таклифҳои пешниҳодшуда қабул гардиданд ва ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.
Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарами Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ супоришҳои мушаххас додаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин вазифаву супоришҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.
Бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ аз ҷониби ҶДММ «Мурғи ҳилол» барои ҷалби сармоя бо якчанд бонкҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Бонки Рушди ЕврОсиё лоиҳаҳои инвеститсионӣ пешниҳод гардида, тӯли ду сол инҷониб аз тарафи намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон лоиҳаҳои мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.
Айни замон лоиҳаи «Рушди паррандапарварӣ дар Тоҷикистон» ба маблағи 32,1 млн.доллари ИМА бо ба роҳ мондани истеҳсоли 12 000 тонна гӯшт ва 200 млн.дона тухм аз тарафи Бонки Рушди ЕврОсиё қабул гардид. Инчунин Ширкати истеҳсолию сармоягузории «Нутристар Интернейшнл»-и кишвари Франсия оид ба истеҳсоли ҳарсола то 142,0 ҳазор тонна хӯроки омехтаи чорво, парранда ва моҳӣ бо маблағгузорӣ дар ҳаҷми 16,0 млн. доллари ИМА омодагии худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Яке аз талаботи Бонки Рушди ЕврОсиё ва Ширкати истеҳсолию сармоягузории «Нутристар Интернейшнл» пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶДММ «Мурғи ҳилол» ва ҶДММ «Нутристар Тоҷикистон» дар давраи иҷрои лоиҳа, ки 12 солро дар бар мегирад, мебошад. Бинобар ин, тибқи лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод шудааст, ки ба ҶДММ «Мурғи ҳилол» ва ҶДММ «Нутристар Тоҷикистон» дар тӯли иҷрои лоиҳа имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ карда шавад.
Бо мақсади самаранок татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015» аз 3 октябри соли 2006 таҳти №451, инчунин бо мақсади муҳайё намудани фазои хубӣ инвеститсионӣ барои ҳавасмандкунии ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар, мутобиқи муқаррароти қисми 3 моддаи 3 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақоми ваколатдор, тибқи тартиби муқарраршуда, дар давоми татбиқи барномаи инвеститсионии ҶДММ «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод оид ба истеҳсоли ҳарсола 12,0 ҳазор тонна гӯшти парҳезӣ, 200,0 млн.дона тухми мурғ ва ҶДММ «Нутристар Тоҷикистон»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, инчунин премиксу консентратҳо, ки аз ҷониби Бонки Рушди ЕврОсиё ва Ширкати истеҳсолию сармоягузории «Нутристар Интернейшнл»-и Франсия пешниҳод шудааст, лозим мешуморад, ки ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид карда шавад. Аз ҷумла корхонаҳои дар боло номбаршуда аз супоридани андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз молумулки ғайриманқул ва андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми ворид намудани таҷҳизоти технологӣ ва маводҳо барои истеҳсол намудани хӯроки омехтаи соҳаи паррандапарварӣ, чорводорӣ вобаста аз ҳаҷми ҷалби сармоя ва қарзҳои бонкии хориҷӣ на камтар аз 15 миллион доллари ИМА ба муҳлати 12 сол озод карда шаванд.
Дар мавриди қабул шудани қонуни мазкур корхонаҳо бо тамоми иқтидор фаъолият намуда, сари вақт маблағи қарзҳоро дар назди бонк пардохт менамоянд. Ҳамчунин имкон пайдо мегардад, ки:
1) 6000 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардад;
2) бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин ва бехатарии озуқавории кишвар устувор гардад;
3) қурби асъори миллӣ вобаста ба афзоиши ҳиссаи моли ватанӣ дар бозори истеъмолии дохилӣ устувор гардад;
4) иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба афзун шудани истеҳсоли тухму гӯшти парранда ба хориҷи кишвар афзояд.
Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ кунед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.
Домуллоҷон ҶАББОРОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2013 таҳти №2116 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015» аз 3 октябри соли 2006 таҳти №451, инчунин муҳайё намудани фазои хуби инвеститсионӣ барои ҳавасмандкунии ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар дар давоми татбиқи барномаҳои инвеститсионии ҶДММ «Мурғи ҳилол»- и ноҳияи Файзобод ва ҶДММ «Нутристар Тоҷикистон»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод карда мешавад, ки корхонаҳои дар боло номбаршуда аз супоридани андоз аз фоида, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, аз молумулки ғайриманқул, аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид намудани таҷҳизоти технологию маводҳои барои истеҳсол намудани хӯроки омехтаи соҳаи паррандапарварӣ ва чорводорӣ вобаста ба ҳаҷми ҷалби сармоя ва қарзи бонкҳои хориҷӣ ба андозаи на камтар аз 16 миллион доллари амрикоӣ ба муҳлати 12 сол озод карда шаванд.
Ҳаҷми маблағи лоиҳаҳои инвеститсионии ҶДММ «Мурғи ҳилол» 32,1 млн. доллари ИМА ва ҶДММ «Нутристар Тоҷикистон» 16 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар мавриди қабул шудани қонуни мазкур имконпазир мегардад, ки 6 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ ва бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин гардида, бехатарии озуқавории кишвар устувор ва иқтидори содиротии кишвар вобаста ба содироти тухму гӯшти парранда афзоиш ёбад.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда, ҳафт таклифу дархост пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 15 ноябри соли 2013 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифу дархостҳои воридшуда пурра қабул гардида, дар мувофиқа бо суъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд, ки онро боз ҳам мукаммалтар гардониданд.
Аз ҷумла бо пешниҳоди шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои 2 ва 3-юми моддаи 2 аз нав таҳрир карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шабдолов Шодӣ Давлатович дода мешавад.
Шодӣ ШАБДОЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо такмил додани қонуни амалкунанда мебошад. Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳишмандам, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Масъалаи навбатии рӯзнома- «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯйи он роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Ҳамрохон Ҳасанович ҳисобот дод.
Вобаста ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» гузориши раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Имомов Азизмат Холматович шунида шуд.
Аз рӯйи ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ