Бисту панҷуми ноябри соли ҷорӣ дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, таҳти №408 тасдиқ шудааст, муҳокимаи парламентӣ доир гардид. Ҷаласа таҳти раёсати раиси ин Кумита Саиди Ёқубзод гузашт. Дар ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳозир буданд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Саиди Ёқубзод зимни оғози муҳокимаи парламентӣ иброз намуд, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» ва баромадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои конфронсҳои байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим аз масъалаҳои афзалиятноки экологӣ ба шумор мераванд.
Қабули «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016» чорабинии саривақтие ба ҳисоб меравад, ки эҳёи шабакаҳои обуҳавошиносиро таъмин намуда, сифати хизматрасонии истифодабарандагонро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ баланд хоҳад намуд.
Сипас, доир ба масъалаи баррасишаванда сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳақдодов Маҳмадшариф Маҳмудович дода шуд:
-Муҳтарам вакилон ва иштирокчиёни муҳокимаи парламентӣ!
Мақсад аз баргузории муҳокимаи парламентии мазкур вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016» мебошад. Ин Барнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 таҳти №408 тасдиқ шудааст, ки мақсад аз он эҳёи шабакаҳои обуҳавошиносии кишвар ва таъмини хизматрасонии босифати истифодабарандагони он дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ мебошад.
Бояд зикр намоям, ки фаъолияти шабакаҳои обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи хоҷагии халқ ва аҳолӣ ба маълумоти обуҳавосанҷӣ, ҷиҳати банақшагирии фаъолияти иқтисодӣ, инчунин барои қабули қарор оид ба пешгирӣ ва паст намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва зуҳуроти дигари гидрометеорологӣ равона гардидааст.
Манбаъҳои маблағгузории ин Барнома дар давраи солҳои 2007-2016, аз ду сарчашма: аз Буҷети давлатӣ 9135,0 ҳазор сомонӣ ва ғайрибуҷетӣ 14350,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар маҷмӯъ 23485,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Таҳлили иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016» ва санҷиши фаъолияти Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки вобаста ба имкониятҳои мавҷуда баъзе корҳои назаррас ба анҷом расидааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида ва санҷишҳои аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда, дар давраи солҳои 2007-2012 ва нуҳ моҳи соли 2013 барои иҷрои боби яки ин Барнома – «Барқарорсозии шабакаҳои обуҳавосанҷӣ» аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 4325,1 ҳазор сомонӣ пешниҳод ва 1244,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки 28,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Маблағгузорие, ки аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ буданд, аз 5988,7 ҳазор сомонии пешбинигардида 4797,1 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст, ки он 80,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла ҷиҳати иҷрои банди 1.1. «Барқарорсозӣ ва таъмири биноҳои хизматӣ ва иншоотҳои обченкунӣ» ба ҳолати то 1 октябри соли 2013 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 590,6 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, маблағгузории он 414,0 ҳазор сомонӣ ё 70,1 фоизи нақшаро ташкил додааст. Аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ бошад, аз 1653,7 ҳазор сомонии пешбинигардида 1370,6 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст, ки 82,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Тазаккур бояд дод, ки ҳамкории Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ назаррас мебошад. Бо дастгирии «Агроаксияи Олмон» дидбонгоҳҳои обченкунии Вахш-Ғарм (ноҳияи Рашт), Вахш-Комсомолобод (ноҳияи Нуробод), Думбрачӣ–Ҳоит (ноҳияи Рашт) бо асбобҳои корӣ таъмин гардида, стансияи обуҳавосанҷии Лахш (ноҳияи Ҷиргатол) қисман аз таъмир бароварда шудааст. Инчунин бо дастгирии лоиҳаи «Хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон» дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ стансияи бодуҳавосанҷӣ аз нав бунёд гардида, стансияҳои бодуҳавосанҷии ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминобод аз таъмир бароварда шуданд. Аз ҳисоби Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз таъмири капиталӣ баровардан ва бо асбобу таҷҳизоти обченкунӣ муҷаҳҳаз гардонидани дидбонгоҳи обченкунии Тагиворух (шаҳри Исфара) 322,2 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Барои иҷрои банди 1.2. «Харидории асбобҳои метеорологӣ, актинометрӣ, аэрологӣ, обченкунӣ, ҳавосанҷии кишоварзӣ, авиаметеорологӣ, радиометрӣ ва компютерҳо, бо мақсади таъмини шабакаҳои мушоҳидавии обуҳавосанҷӣ бо асбобҳо ва таҷҳизоти нав» аз 1559,2 ҳазор сомонии аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пешбинигардида то ҳозир маблағ ҷудо карда нашудааст. Аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ бошад, 2227,5 ҳазор сомонии ҷудогардида пурра аз худ карда шудааст.
Барои иҷрои банди 1.3. «Таъсиси ҷойҳои кории автоматикӣ дар соҳаҳои синоптика, ҳавосанҷӣ, радифӣ, пешгӯиҳои обченкунӣ, ҳавосанҷии кишоварзӣ, актинометрӣ, аэрологӣ, радиометеорологӣ, иқлимшиносӣ, ҷиҳати таъмини муоинашавии визуалӣ ва таҳлили маълумотҳои обуҳавосанҷӣ» (муҳлати иҷро: солҳои 2007-2012), банди 1.4. «Барқарорсозии мушоҳидаҳои аэрологӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ» (муҳлати иҷро: солҳои 2007-2016) ва банди 1.5. «Барқарорсозии стансияҳои автоматикӣ ва дидбонгоҳҳо, асосан дар ноҳияҳои дурдасти баландкӯҳ» (муҳлати иҷро: солҳои 2007-2010) маблағҳои пешбинигардида ҷудо нагардидааст, ки боиси иҷро нагардидани ин бандҳои Барнома мебошад.
Барои иҷрои банди 1.6. «Барқарорсозии шабакаҳои стансияҳои автоматикӣ ва дидбонгоҳҳо, асосан дар ноҳияҳои дурдасти баландкӯҳ» (муҳлати иҷро: солҳои 2007-2016), аз ҳисоби Агентии Швейтсария «Оид ба рушд ва ҳамкорӣ» асбоби маҷмӯи санҷишии эталонӣ ва новаи обченкунии Уруваев, бо маблағи 361,5 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва насб карда шудааст.
Иҷрои боби дуюми ин Барнома «Барқарорсозии тартиби мониторинги муҳити зист», ки аз панҷ банд иборат мебошад, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 1294,1 ҳазор сомонӣ ва манбаъҳои ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 1848,7 ҳазор сомонӣ пешбинигардида, дар давраи солҳои 2007-2012 ва нуҳ моҳи соли 2013 бинобар маблағгузорӣ нашуданаш таъмин карда нашудааст.
Бандҳои 2.1. «Харидории лабораторияҳои сайёр ва нуқтаҳои мушоҳидавӣ ва ифлосшавии ҳавои атмосферӣ, обҳои рӯизаминӣ ва хок» (муҳлати иҷро: солҳои 2007-2009), 2.4. «Барқарор намудани шабакаи мушоҳидаҳои сатҳи ифлосшавӣ дар дарёҳои сарҳадгузар» (муҳлати иҷро: солҳои 2007-2009) ва 2.5. «Барқарорсозии системаҳои мушоҳидаи сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферии байнисарҳадӣ» (муҳлати иҷро: солҳои 2007-2011), ки дар шароити имрӯза хеле ҳам муҳим мебошад, иҷро нагардидаанд.
Барои маблағгузории боби сеюм — «Такмили системаи ҷамъоварӣ, санҷиш, таҳлил, нигоҳдорӣ ва истифодаи маълумоти обуҳавосанҷӣ», ки аз се банд иборат мебошад, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 647,5 ҳазор сомонии пешбинигардида низ иҷро карда нашудааст. Фақат аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 925 ҳазор сомонии пешбинигардида 365,9 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудаасту халос.
Барои иҷрои боби чоруми Барнома- «Барқарорсозии системаи пешгӯӣ ва хизматрасонӣ», ки аз нӯҳ банд иборат мебошад, маблағгузории аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 479,5 ҳазор сомонӣ пешбинигардида, амалӣ карда нашудааст. Маблағҳои аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 760,0 ҳазор сомонӣ пешбинигардида фақат 67,3 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ба 8,8 фоизи иҷрои нақша баробар мебошад.
Иҷрои боби панҷуми Барнома- «Корҳои тадқиқотӣ ва экспедитсионӣ», ки аз ҳашт банд иборат мебошад, аз маблағҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 259,8 ҳазор сомонӣ пешбинигардида, бинобар сабаби ҷудо нагардиданаш, таъмин карда нашудааст. Аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ки дар ҳаҷми 455,6 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, фақат 48,0 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст, ки 10,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Барои иҷрои боби шашуми Барнома –«Тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон», ки аз ду банд иборат мебошад, маблағгузорӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пешбинӣ карда нашудааст, вале аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ аз ҳаҷми 607,5 ҳазор сомонии пешбинигардида, 571,8 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст, ки 94,1 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Дар натиҷа, барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кадрҳо дар курсҳо ва марказҳои таълимии минтақавии ҳавосанҷии Созмони Умумиҷаҳонии Ҳавошиносӣ аз ҳисоби ташкилоти «Агроаксияи Олмон» дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Тавилдара, ҷиҳати донишандӯзии наврасон чор майдончаи ҳавосанҷӣ ба истифода дода шуда, бо дастгирии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Ҳавошиносӣ аз ҳисоби Барномаи ҳамкории ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 12 нафар мутахассисони ин Муассиса ба муддати ду моҳ дар Маркази омӯзиши минтақавии ҳавошиносии шаҳрҳои Теҳрон ва Машҳад донишҳои соҳавии худро такмил додаанд.
Барои тайёр намудани мутахассисон дар таълимгоҳ ё муассисаҳои таълимоти олӣ ва миёнаи махсуси ИДМ ва хориҷи дур бо дастгирии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Метеорологӣ се нафар донишҷӯ дар Донишгоҳи давлатии обуҳавосанҷии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Се нафар донишгоҳи мазкурро хатм намуда, дар ин Муассиса кор карда истодаанд. Панҷ нафар корманди Муассисаи мазкур бо дастгирии Донишгоҳи такмили ихтисоси баъдидипломии шаҳри Деҳрадун ва Аҳмадободи Ҳиндустон курси такмили ихтисоси нуҳмоҳаро хатм намудаанд ва ҳоло боз чор нафари дигар дар он ҷо таҳсил мекунанд. Инчунин аз ҳисоби лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 нафар донишҷӯ дар Донишгоҳи давлатии обуҳавосанҷии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Сарфи назар аз корҳои анҷомдода ва истифодаи маблағҳои ҷудогардида, бино ба маълумоти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фаъолияти Маркази татбиқи лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ, аз қабили ношаффофии тартиби интихоби донишҷӯён ва сарфи маблағҳо, бинобар пеш аз муҳлат хориҷ гардидани донишҷӯён, ошкор карда шудаанд.
Инчунин, дар рафти иҷрои «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016» дар давраи солҳои 2007-2012 ва нуҳ моҳи соли 2013 дигар камбудиву норасоиҳо низ ошкор гардидаанд, ки дар Маълумотномаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаааст.
Ҳамин тариқ, таҳлили рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016» дар давраи солҳои 2007-2012 ва нуҳ моҳи соли 2013 нишон медиҳад, ки аз маблағҳои Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 7006,1 ҳазор сомонӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 10585,6 ҳазор сомонии пешбинигардида, мутаносибан 1244,0 ҳазор сомонӣ ва 6020,2 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки мутаносибан 17,7 ва 56,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, аз ҳар ду манбаи маблағгузорӣ, ки дар ҳаҷми 17591,7 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, 7264,2 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки он 41,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намоям, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар ҳаҷми пурра маблағгузорӣ нагардидани «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016» ба ягон вазорату идора муроҷиат карда нашудааст.
Дар поёни суханронии хеш М. Ҳақдодов барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар татбиқи «Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016» пешниҳодҳои мушаххас ироа кард.
Сипас, оид ба масъалаи мазкур сухан ба директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Маҳмад Табарович дода шуд. Мавсуф, аз ҷумла иброз намуд:
- Соҳаи обуҳавошиносии кишвар зери сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ заминаҳои моддию ҳуқуқии он рушди тоза ёфт. Дар ин давра аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила санадҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки заминаҳои рушди устувори соҳаро таъмин намуда истодаанд.
Соҳаи обуҳавошиносӣ яке аз самтҳои стратегии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, барои рушди дурнамои иқтисодиёти давлат зарур аст. Рушди дурнамои иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ, амнияти гидрометеорологӣ, пешгӯии офатҳои табиӣ, омӯзиши тағйирёбии иқлим, ҳолати пиряхҳо, кӯлҳои баландкӯҳ ва мониторинги ифлосшавии муҳити зист ба зиммаи Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Мушоҳидаҳои гидрометеорологӣ аз асри XIX шурӯъ гардида буданд ва дар ҳудуди Тоҷикистон панҷ стансияи ҳавосанҷӣ (Хуҷанд-1866, Истаравшан-1880, Панҷакент-1889, Хоруғ-1890, Мурғоб-1899) ва ду дидбонгоҳи обченкунӣ дар дарёи Зарафшон (Дупулӣ ва Моғиёндарё-1889) арзи вуҷуд дошт.
Хадамоти обуҳавошиносӣ дар Тоҷикистон соли 1926 ташкил карда шуд. То солҳои 1940 дар ҳудуди ҷумҳурӣ аллакай 30 стансияи обуҳавосанҷӣ ва 40 дидбонгоҳи обченкунӣ фаъолият мекард.
Гузаронидани мушоҳидаҳои доимии вазъи ҳаво ва иқлими агрометеорологии нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ, режими ҷоришавии оби дарёҳо, ҳолати кӯлҳои кӯҳӣ ва хусусан омӯзиши гидрологии кӯли Сарез, омӯзиши ҳолати пиряхҳои ҷумҳурӣ, муайян намудани минтақаҳои хавфноки сел ва тарма дар кӯҳистони Тоҷикистон, инчунин мониторинг, ифлосшавии муҳити атроф ва тағйирёбии иқлим вазифаҳои асосии ин Муассиса мебошад.
Ҳамзамон, барои сари вақт ва доимӣ гузаронидани мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 57 стансияи обуҳавосанҷӣ, 126 дидбонгоҳи обченкунӣ, ҳавосанҷӣ, барфсанҷӣ ва ҳавои атмосферӣ дар ҷойҳои муносиб ба иқлими мавзеъҳои Тоҷикистон интихоб шуданд. Тақрибан 70 фоизи шабакаҳои обуҳавосанҷӣ дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр дар минтақаҳои дурдаст ва душворгузар ҷойгир аст, ки барои мунтазам фаъолият намудани онҳо шароити мусоид зарур мебошад.
Мушоҳидаҳои доимӣ ва бисёрсолаи обуҳавосанҷӣ ва иқлимӣ сарчашмаи асосии маълумотҳо ва омӯзишҳо барои пешгӯйӣ ва муайян намудани ҳолати захираҳои обӣ ва сар задани офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Далели ин гуфтаҳо муайян ва исбот намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Муассиса барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани фаъолияти шабакаҳои давлатӣ, ки бар асари нооромиҳои солҳои 90-уми асри гузашта зиёда аз нисфи иқтидорҳои кории онҳо аз фаъолият монда буд, таъмир ва барқароркунии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва экспедитсиониро дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Вахш, Қизилсу, Яхсу ва Варзоб ба анҷом расонида, дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки сифати пешгӯиҳои обуҳаво ва офатҳои табииро ба 92 фоиз расонад.
Фаъолияти шабакаҳои обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи хоҷагии халқ ва аҳолӣ ба маълумоти обуҳавосанҷӣ, ҷиҳати банақшагирии фаъолияти иқтисодӣ ҳамчун қабули қарор оид ба пешгирӣ ва паст намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва зуҳуроти дигари гидрометеорологӣ равона гардидааст.
«Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 таҳти №408 тасдиқ гардидааст.
Қабули ин Барнома чорабинии саривақтие ба ҳисоб меравад, ки эҳёи шабакаҳои обуҳавошиносиро таъмин намуда, инчунин тайёр кардани мутахассисон ва сифати хизматрасонии истифодабарандагонро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ баланд хоҳад намуд.
Мақсад ва вазифаи асосии Барномаи мазкур банақшагирии чорабиниҳо, мусоидат барои ташаккули системаи самараноки мониторинги обуҳавосанҷӣ ва назорати вазъи муҳити табиӣ ва инчунин барқарор кардани соҳаи обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти шабакаҳои обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи хоҷагии халқ ва аҳолӣ ба маълумоти обуҳавосанҷӣ ва иқлим ҷиҳати банақшагирии фаъолияти иқтисодӣ, ҳамчунин қабули қарор оид ба пешгирӣ ва паст намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва зуҳуротӣ, амнияти гидрометеорологӣ равона гардидааст.
Нақша-чорабиниҳои Барномаи мазкур аз 6 боб ва 34 банд иборат буда, барои амалӣ гардидани тадбирҳо дар соҳаи обуҳавошиносии ҷумҳурӣ равона шудааст.
Маблағгузории ин Барнома дар давраи солҳои 2007-2016 аз ду сарчашма: Буҷети давлатӣ 9. 135. 000 сомонӣ (39 фоиз) ва ғайрибуҷетӣ 14. 350.000 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар маҷмӯъ 23485000 сомониро (61 фоиз) ташкил медиҳад.
Бояд зикр кард, ки оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур 3 декабри соли 2012 дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида, ба Кумита ва раисони вилоят, шаҳру, ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои ин Барнома, ки дар муҳлати муқараргардида иҷро нагардидааст, барои тадбирҳои зарурӣ андешидан супоришҳои мушаххас дода шуд. Кумита тибқи иҷрои банди 2 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 таҳти №674 ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 таҳти №408 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016», ки дар муҳлати муқарраргардида иҷро нагардидаанд, нақша-чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намуда, амалӣ карда истодааст.
Таҳлили Барномаи мазкур дар солҳои 2007-2013 нишон медиҳад, ки бояд аз буҷети ҷумҳурӣ 7 006126 сомонӣ ҷудо карда мешуд. Дар асл бошад, 1 244 000 сомонӣ ҷудо гардид, ки 18 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин бояд аз маблағҳои ғайрибуҷетӣ 10 85 625 сомонӣ ҷудо мешуд, дар асл 6 020 258 сомонӣ маблағ ҷудо шуд, ки 57 фоизро ташкил медиҳад. Ҷамъи умумии иҷроиши Барнома 41 фоизро ташкил медиҳад.
Аз 34 банди Нақша-чорабинии Барномаи мазкур 9 банд ба иҷро расида, муҳлати иҷрои 18 банди дигар то соли 2016 мебошад ва 7 банд (1.3, 2.1, 2.5, 4.4, 4.7, 4.8, 4.9) дар муҳлати муқарраргардида иҷро нагардидааст. Барои маблағгузории 7 банди иҷронагардида бояд аз маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ 16.220.742 сомонӣ маблағҳо ҷудо карда мешуд, вале бо назардошти имкониятҳои молиявии ҷумҳурӣ ин маблағҳо ҷудо нагардидаанд.
Сифатҳои маълумотҳои дақиқ ба малака ва шароити хуби кории мутахассисон вобастагии зич дорад. Маоши вазифавии кормандони марказҳо, шуъбаҳо, стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии ин Муассиса аз 250 то 350 сомониро ташкил медиҳад, ки имконияти ҷалб намудани мутахассисони ҷавону лаёқатмандро маҳдуд гардонидааст.
Бояд тазаккур дод, ки таъмиру барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ ва таъмини онҳо бо лавозимоти зарурӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани нишондиҳандаҳои сифати фаъолияти Муассисаи мазкур мебошад. Бинобар сабаби нарасидани маблағҳои зарурӣ таъмири пурраи 40 (69 фоиз) стансия ва 76 (73 фоиз) дидбони обченкунӣ ба таъхир монда, кор дар самти аз нав барқарор намудани панҷ стансия (Нуробод, Майхура, Хуҷанд, Панҷакент ва Рашт) ва 12 дидбонгоҳ (Зиддӣ-резишгоҳ, Лучоб, Норак-Даҳана, Даҳана-Ғофилобод, Ғунт-Аличур, Ширинсой-Аучи, Шинг- резишгоҳ, Бартанг-Шуҷанд, Панҷ-Шидз, Лангар-резишгоҳ, Панҷ-Хирманҷо ва Бартанг-Мурғоб) оғоз нашудааст. Таъминоти таҷҳизоти техникӣ ҳамагӣ 38-40 фоизро ташкил медиҳад.
Тӯли даҳ соли охир дар натиҷаи чор маротиба дигар шудани сохтори идоракунии соҳа, пай дар пай ихтисор шудани воҳидҳои кории он самаранокии фаъолияти дастгоҳҳои марказӣ хеле коҳиш ёфт. Мутахассисони асосӣ дар марказҳо, шуъбаҳо, стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ ба ҳайси коргарони ёрирасон дохил шудаанд, вале вазифаҳо ва уҳдадориҳо кам нашуда, балки зиёд гардидаанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки ин Муассисаро мониторинги муҳити зист ташкил менамояд. Аз 21 дидбонгоҳҳои ҳавои атмосферӣ фақат 5- тои он дар шаҳрҳои Душанбе (1), Турсунзода (1), Қӯрғонтеппа (1), Хуҷанд (1), Спитамен (1) фаъолият мекунад.
Аз сабаби нарасидани реактивҳои кимиёвӣ сифати санҷиши обҳои рӯйизаминӣ пурра гузаронида намешавад.
Муассиса 783 воҳиди корӣ дорад. Айни ҳол 661 нафар корманд кор ва фаъолият мекунанд, ки ба 84 фоиз баробар буда, 122 ҷойи кории холӣ мавҷуд аст. Таъминот бо мутахассисони соҳавӣ 45 фоизро ташкил медиҳад.
Аз сабаби паст будани маош ҷалби мутахассисон ғайриимкон гардидааст. Ин ҳолатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта, бо қарори №753 аз 29 декабри соли 2012 маоши кормандони Муассиса ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуд.
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Муассиса ҳамасола ба вазорату идораҳои дахлдор, раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои саривақт иҷро нагардидани бандҳои Барномаи мазкур барои таъмир ва барқарорсозии бино ва иншоотҳои шабакаҳои давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якчанд мактуб равон карда буд. Лекин тибқи ҷавобҳо, аз сабаби нарасидани маблағ, ин масъала то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Бояд зикр намуд, ки фаъолияти шабакаҳои давлатии Муассиса аз нарасидани таҳҷизотҳои техникӣ, мутахассисони соҳавӣ, дар ҳолати ногувор қарор доштани бино ва иншоотҳои обченкунӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй набуда, то имрӯз дар ҷумҳурӣ Платформаи миллӣ оиди таъмини амнияти гидрометеорологӣ мавҷуд нест.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ҳодисаҳои табиӣ рӯ ба афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти ҷаҳон садҳо миллиард доллар зарар расонида истодааст.
Шароити душвори ҷуғрофӣ аз лиҳози фалокатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим ҷумҳуриро ниҳоят осебпазир гардонида истодааст. Ҳамасола бо ҳисоби миёна аз 300 то 500 маротиба офатҳои табиӣ ба вуҷуд омада, дар натиҷа талафоти зиёди иқтисодӣ ба бор оварда, ҳазорон оиларо бесарпаноҳ мемонаду одамон ҳалок мегарданд. Баъзан ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишин бо инфраструктураи иҷтимоиву иқтисодии худ зери сел, тарма ва обхезӣ ё лойқа мемонанд.
Муҳтарам вакилони мардумӣ!
Масъалае дигаре, ки мехостам ба маълумоти Шумо расонам, ин дар фаъолияти Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мушкилиҳои зиёде, аз қабили нигаҳдории мутахассисони соҳавӣ дар шабакаҳои давлатӣ, корҳои сохтмон, барқароркунӣ ва омӯзиши кормандон берун аз кишвар мебошад. Бинобар дар кишвар набудани корхонаҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизот ва техникаи соҳавӣ, харидории таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ, дастгоҳҳои замонавӣ ғайриимкон гардида, коҳиш ёфтани рушди соҳа ба миён омадааст.
Дар шароити имрӯза сохторҳои обуҳавошиносӣ ва мақомотҳои обуҳавошиносии ҳамаи давлатҳои муштаракулманофеъ, ки ҳамоҳангии онҳоро Ташкилоти Умумиҷаҳонии Метеорологии СММ таъмин менамояд, алоқаи зич пайдо намуда, мубодилаи маълумотҳои метеорологӣ, гидрологӣ ва иқлимӣ ҷиҳати пешгӯии сар задани офатҳои табиӣ сурат мегирад.
Дар тӯли фаъолияти зиёда аз 87- солаи худ мақомоти обуҳавошиносии Тоҷикистон борҳо ба ҳайати ин ё он вазорату кумита шомил гардонида шудааст ва шояд яке аз омилҳои коҳиш ёфтани ин сохтор дар таҷдиди бисёркаратаи он тӯли даҳсолаи охир бошад. Боиси зикр аст, ки фақат дар даҳ соли охир беш аз 50 нафар мутахассисони беҳтарини соҳа бо сабаби паст будани маоши хизматӣ ба кори дигар гузаштанд.
Вобаста ба ҳолати мавҷуда ва ҳалли масъалаҳои зикргардида М.Т.Сафаров пешниҳод кард, ки:
1.Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маблағҳои буҷетии то имрӯз ҷудонагардида, ки 7 679 000 сомониро ташкил менамояд, дар се соли охир (2014-2016) маблағгузорӣ карда шавад.
2.Барои пешгирии саривақтӣ ё ин ки паст намудани шиддати офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки дар буҷети ҳамаи вазорат, кумита, муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ маблағҳои махсус пешбинӣ карда шавад.
3. Ба мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ ва рушди минбаъдаи соҳа, базаи қонунгузории соҳа дар бахши суғурта аз офатҳои гидрометеорологӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ шавад.
Дар робита ба масъалаи ба муҳокимаи парламентӣ пешниҳодгардида ҳамчунин муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич ва сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъминов Қосимҷон Ҳафизович маълумот доданд ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Салимов баъзе масъалаҳоро шарҳ дод.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбек Маҳмадалиев, Ҳабибулло Саъдуллоев, Абдузафар Иномов, Маҳмадраҳим Каримов, Зиёратшо Саъдулло доир ба сабабҳои нокифоя маблағгузорӣ кардан, иҷро нашудани бандҳои ин Барнома, ҳолати дастаи зидди жолаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва ғайра саволҳо дода, ҷавоб гирифтанд.
Дар охир вобаста ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор ва тавсияҳо қабул шуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Суратгир А.ИСОЕВ