Муҳокимаи ошкорои парламентӣ

Татбиқи барнома самар меорад,

№81-82 (3066-3067) 01.07.2013

ба шарте ки камбудиҳои ин раванд сари вақт рафъ гарданд

 DSC_2006

25 июни соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов муҳокимаи ошкорои парламентӣ «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» баргузор гардид.

Ба ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои марбута, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд. Баъди тасдиқи рӯзномаи муҳокимаи ошкорои парламентӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов суханронӣ намуда, минҷумла зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «…дар баробари рушди босуръати ҷаҳони имрӯза нақш ва мақоми китоб ҳамчун сарчашмаи донишу тамаддун ва таҳаввулоти фарҳангиву маънавӣ пайваста боло меравад.

Дар чанд соли охир татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ имкон доданд, ки ҳаҷми фонди китобхонаҳои мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳода, ниёзи хонандагон дар самти дастрасӣ ба дастовардҳои асри иттилоот ҳар чӣ бештар қонеъ гардонида шавад».

Ин ҳама натиҷаи он аст, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба равнақи соҳаи фарҳанг, аз ҷумла рушди бахши китобдорӣ, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Хеле рамзист, ки дар қатори чанд қонуни мукаммали аввалин, ки парламенти касбии кишвар қабул кардааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ҳам ҳастанд.

Ин қонунҳо ҷиҳатҳои гуногуни соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобдориро танзим намуда, барои рушди пайвастаи ин бахши муҳим заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварданд.

Бо мақсади амалӣ намудани нуктаҳои мушаххаси санадҳои мазкур «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 № 238 қабул гардид.

Инак, аз давраи амали барномаи мазкур ҳафт сол гузашт ва имрӯз мо имкон дорем, ки корҳои дар ин муддат баанҷомрасидаро мавриди назар қарор дода, дараҷаи иҷрои он ва вазифаҳоро баҳри ҷамъбасти пурсамараш муайян намоем.

Бо назардошти ин гуфтаҳо, дар муҳокимаи ошкорои парламентӣ ҷиҳатҳои гуногуни масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Бовар дорем, ки иштироки фаъолона ва мавқеи муайяни шумо дар ҳалли мушкилоти соҳа ба сифат ва самаранокии амалӣ намудани он таъсири мусбӣ хоҳад расонид.

DSC_0807Сипас, доир ба масъалаи мавриди баррасӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова суханронӣ карда, аз ҷумла гуфт, ки ҳадафи Барномаи мазкур, ки даҳ соли фаъолияти яке аз бахшҳои бисёр муҳими соҳаи фарҳанги мамлакатро дар бар мегирад, тақвияти вазифаҳои иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маърифатии китобхонаҳо, рушди минбаъдаи онҳо дар шароити нави иқтисодӣ, таъмини дастрасии захираи китобхонаҳо ба ҳама табақаҳои ҷомеа, воридсозии технологияҳои нави иттилоотӣ, таҳкими заминаҳои моддию техникии китобхонаҳо, тарбияи мутахассисони соҳибихтисос ва баланд бардоштани эътибори иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.

Ҳангоми таҳияи ин Барнома беш аз нисфи кормандони соҳа маълумоти зарурии касбӣ надоштанд, бинобар камии маош, номусоидии шароити кор, набудани ҳавасмандӣ ивазшавии кормандон хеле зиёд шуда, бо сабаби вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ эътибори ин касби шариф коҳиш ёфта буд.

Дар ҳамон солҳо аксари китобхонаҳо дар биноҳои номувофиқ фаъолият мекарданд, ба таъмиру тармим ниёз доштанд ва ҷавобгӯйи оддитарин талаботи нигоҳдории китобу хизматрасонӣ набуданд. Ҳодисаҳои ғайримақсаднок ва ғайриқонунӣ истифода бурдани биноҳо ва ҳудуди онҳо ба мушоҳида мерасид. Дар хусуси таҷҳизоти замонавии фаъолият, технологияи муосири иттилоотию маърифатӣ, дастрасӣ ба компютеру интернет ҳоҷати гап ҳам набуд.

«Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ҷиҳати аз ҳолати ногувор раҳойӣ бахшидани соҳа тадбирҳои мушаххас пешниҳод кард. Ин санад, пеш аз ҳама, вазъи соҳаи китобдориро мавриди таҳлил қарор дода, аз ҷумла мақомоти дахлдорро ба зарурати ҳалли масъалаи мутахассисони китобдорӣ ҷалб сохт, самтҳои асосии рушди фаъолияти китобдориро дар муддати даҳ сол муайян кард, ташаккул ва такмили захираҳои китобдорию иттилоотӣ, такмили мудирияти фаъолияти китобдорӣ, маркетингу менеҷментро чун шартҳои рушди соҳа пешниҳод намуд. Дар ин Барнома масъалаҳои такмили минбаъдаи таҳсилот ва боло бурдани эътибори кормандони соҳа, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои китобдорию иттилоотӣ низ батафсил зикр ёфтанд.

Дар Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои китобдорию иттилоотӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди соҳаи китобдорӣ муайян карда шудааст. Бо мақсади иҷрои нишондоди зербандҳои ҳамин фасли Барнома аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардида дар маҷмуъ 608 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, бинои 59 китобхона, аз ҷумла ҳафт китобхона дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳашт китобхона дар вилояти Суғд, 16 китобхона дар вилояти Хатлон, шаш китобхона дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  таъмири ҷорӣ шуданд.

Барои таъмини  китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти китобхонавӣ, аз ҷумла харидории  мебел, ҷевонҳо, дастгоҳҳои нусхабардорӣ, аудиовизуалӣ, дастгоҳҳои шамолдиҳӣ ва чангкашӣ, рафҳои китобмонӣ, компютерҳо 423 ҳазору 240 сомонӣ ҷудо ва ба суратҳисоби шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо интиқол гардид.

Дар раванди татбиқи ин Барнома бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон қомат афрохта, дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Тоҷикобод, Балҷувон, Восеъ ва Мастчоҳ биноҳои нави китобхонаҳо ба истифода дода шуданд. Агар то қабули Барномаи мазкур шумораи китобхонаҳои бачагона 64 адад буд, ин нишондод дар ҷараёни татбиқи он ба 72 расидааст.

Бояд зикр намуд, ки ҳолати имрӯзаи бинои бисёр китобхонаҳои мамлакат ба талабот ҷавобгӯй нест. Аз ҷумла танҳо дар вилояти Суғд   бинои 116, дар вилояти Хатлон бинои 145, дар ВМКБ бинои 49, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  бинои 109 китобхона  таъмирталаб буда, дар вилояти Суғд бинои ҳафт, дар вилояти Хатлон бинои 21, дар ВМКБ бинои 27 китобхона, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бинои  33  китобхона дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Илова бар ин, дар вилояти Хатлон 92, дар вилояти Суғд 59, дар ВМКБ 39 ва  дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 117 китобхона бинои мустақил надошта, дар биноҳои истиқоматӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҷойгир шудаанд. Барои ислоҳи чунин вазъият мақоми ваколатдори соҳа, Вазорати молия, мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ бояд чораҳои фаврӣ ва муассир андешанд.

Дар баробари ин, маълум аст, ки китобхонаҳои замонавитарин ҳам бе кормандони соҳибихтисос коре карда наметавонанд. Аз ин рӯ, тарбияи мутахассисони соҳаи китобдорӣ яке аз бахшҳои муҳими ин Барнома арзёбӣ мегардад.   Дар ҷараёни татбиқи Барнома дар солҳои 2006-2013 шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро 293 нафар донишҷӯён ва шуъбаҳои китобдории Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг, Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлобро, ки дар он соли 2009 шуъбаи китобдорӣ  таъсис ёфт, дар маҷмуъ 403 нафар донишҷӯ хатм намуда, сафи китобдорони ҷумҳуриро бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва  миёнаи махсус пурратар карданд. Илова бар ин, давоми солҳои 2004-2011 филиалҳои шуъбаи китобдории Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Рашт ташкил карда шуданд.

Дар ҷараёни татбиқи  Барномаи мазкур 236 нафар  китобдорон ва олимону мутахассисони соҳаи китобдорӣ дар марказҳои бузурги илмии ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, аз шаклҳои гуногуни такмили ихтисос ва бозомӯзӣ баҳраманд гардида, бо дастовардҳои илмӣ оид ба ташкил ва такмили  низоми ҳифзу нигоҳдошти захираҳои китобхона, таҳияи феҳристҳои электронӣ, технологияи хизматрасонӣ ба хонандагон дар низомҳои автоматонида, фаъолияти ноширӣ, фарҳангию маърифатӣ ва байналмилалии китобхона, таъмини амнияти бино, иншоот ва таҷҳизоти китобхона, услуби замонавии хизматрасонии китобдорию иттилоотӣ шинос  шуданд.

Бо вуҷуди ин, имрӯз сатҳи дониши касбии китобдорони ҷумҳурӣ  қонеъкунанда нест, зеро аз шумораи умумии онҳо, ки 2 655 нафарро ташкил медиҳад, танҳо 648 нафар ё худ 24,4 фоиз маълумоти олӣ ва 1248 нафар  ё  47 фоиз маълумоти миёнаи умумӣ доранд. Аз ҷумла дар вилояти Суғд 54,7 фоиз, дар вилояти Хатлон 64,4 фоиз, дар ВМКБ 32,5 фоиз, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 38,8 фоиз китобдорон бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд.  Дар ин самт мақоми ваколатдори соҳа ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии соҳавӣ бояд тадбирҳои муассир андешанд.

Яке аз ҳадафҳои ин Барнома бою рангин ва ғанитар намудани захираи китобхонаҳост, ки омили муҳими ҷалби хонандагон ва ба ҷараёни муосири иттилоотӣ ворид сохтани онҳо ба шумор меравад. Ҳамаи мо беш аз даҳ сол боз шоҳиди онем, ки  бо ин мақсад Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола аз Фонди захиравии хеш барои нашри асарҳои адибону олимон маблағҳои калон ҷудо мекунанд. Якчанд сол пеш барои чопи осори саромадони адабиётамон дар 50 ҷилд ва силсилаи «Китобхонаи мактаб» низ маблағҳои иловагӣ ҷудо гардид.

Агар дар соли 2006, яъне то оғози татбиқи Барномаи мазкур захираи умумии китобхонаҳои ҷумҳурӣ 12 676 775 нусхаро ташкил диҳад, пас дар ибтидои соли 2013 ин нишондиҳанда ба 18 882 205 нусха расидааст. Ин раванд бояд дар оянда густариш дода шавад. То давраи қабули Барномаи баррасишаванда дар захираи китобхонаҳои мамлакат ягон китоби электронӣ набуд. Дар давраи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ин Барнома ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ 4 852 807 китоби электронӣ ворид гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки  маблағгузории Барномаи мазкур аз соли 2007 оғоз гардида, дар давоми солҳои 2007-2012 барои татбиқи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 3 миллиону 441 ҳазор сомонӣ равона шудааст. Бинобар ҷудо нагардидани 644 ҳазор сомонӣ маблағ, баъзе нишондодҳои Нақшаи чорабиниҳои Барнома, аз ҷумла ташкили озмоишгоҳҳо барои таъмир ва барқарорсозии нашрҳои чопӣ, тайёр намудани нусхаҳои такрории  нашрҳои нисбатан пурқимат барои ташкили захираҳои эҳтиётӣ, таҳияи низомномаҳои нав  оид ба шаклу намудҳои гуногуни китобхонаҳо, низомнома «Дар бораи ба хориҷ баровардани  ҳуҷҷатҳои китобхонавӣ» ва ғайра, иҷро нашуданд. Бояд зикр намуд, ки ин нишондодҳо барои рушди соҳаи китобдорӣ заруранд ва иҷро гардиданашон   танҳо ба манфиати кор аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ моро вазифадор намуданд, ки «ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем» ва бешубҳа,  яке аз роҳҳои боэътимоди ба ин ҳадафи бузург расидан метавон соҳаи китобдорӣ ва ба китоб, илму маърифат ҷалб намудани доираи ҳар чӣ васеътари мардумро номбар кард. Китоб на танҳо бахшандаи иттилооту огоҳӣ, балки як воситаи бисёр пурзӯри тарбияи шахсият аст, шахсияте, ки мавқеи фаъоли иҷтимоӣ дошта, барои халқу Ватан ва ояндаи сарзамини худ масъулият эҳсос менамояд.

Вобаста ба масъалаи фавқуззикр вакилон ҳамчунин ахбори муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достиевро  шуниданд.

DSC_0820Номбурда аз ҷумла зикр намуд, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои муқаррароти Консепсияи рушди фарҳанги Тоҷикистон, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» баҳри амалӣ намудани нишондодҳои Нақшаи чорабиниҳои солҳои 2007- 2013 «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006- 2015»- ро, ки самтҳои стратегии ривоҷу равнақи ин соҳаи муҳими фарҳанги миллиро муайян намудаанд, корҳои мушаххасро ба анҷом расонидааст.

Мавриди зикр аст, ки нигаронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз вазъи китобхонаҳои мамлакат ҳанӯз дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №361 аз 14 августи соли 2003 «Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» инъикос гардида, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ муваззаф шуда буд, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор барномаи рушди минбаъдаи китобхонаҳои мамлакатро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Тибқи супориши мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳа тамоми самтҳои фаъолияти китобдорӣ мавриди таҳлили амиқ ва ҳамаҷониба қарор дода шуд. Таҳлил собит намуд, ки базаи моддӣ- техникии китобхонаҳо, тарбияи китобдорон, вазъи хизматрасонӣ ба хонандагон, ҷараёни корҳои илмӣ- таҳқиқотии соҳаи китобдорӣ, ҳаҷм ва таркиби фонди китобхонаҳо, робитаи гуногунпаҳлуи байналмилалӣ дар ин соҳа ҷавобгӯйи талаботи ҷомеаи тозаистиқлоли Тоҷикистон нест.

Қабул гардидани «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» барои пешрафти соҳаи китобдории мамлакат дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг тадбири оқилона ва саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, барои воридшавии Тоҷикистон ба фазои муосири иттилоотии ҷаҳон заминаҳои воқеан мусоидро фароҳам овард.

Вазорати фарҳанг бо дарки амиқи масъулият дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баҳри рушди бемайлони соҳаи китобдорӣ, мутобиқ гардонидани фаъолияти китобхонаҳои мамлакат бо ҳадафҳои дурнамои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодҳои ин санади муҳимро  амалӣ менамояд. Дар таркиби фонди китобхонаҳои мамлакат тағйироти сифатӣ, аз ҷумла зиёдшавии адабиёт бо забони давлатӣ, ташаккулёбии қисми электронии фондҳо ба назар мерасанд. Шумораи  адабиёт бо забони давлатӣ аз 3538757 нусхаи соли 2006 дар ибтидои соли 2013 ба 4506884 расидааст.

Тағйироти миқдорӣ ва сифатӣ дар таркиби фонди китобхонаҳои мамлакат ба афзудани шумораи хонандагон мусоидат намуд. Агар дар соли 2006 шумораи хонандагони китобхонаҳои давлатию оммавии ҷумҳурӣ 729400 нафарро ташкил диҳад, пас дар соли 2013 ин нишондиҳанда ба 1 млн. 053170 нафар расидааст. Яъне, дар ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур шумораи хонандагони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ба 323770 нафар ё ба андозаи 44,3 фоиз афзудааст.

Яке аз нишондодҳои муҳими Барнома ин ташкили корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ баҳри омӯзиши мушкилоти актуалӣ ва стратегии соҳаи китобдорӣ ба шумор рафта, дар ин самт 29 номгуй дастурҳои методӣ, таълимӣ, китобҳои дарсӣ, монографияҳо, луғатҳо ва маҷмуаҳои илмӣ таҳия ва чоп гардидаанд.

Дар ин Барнома банди махсус ба масъалаи ташкили феҳристҳои анъанавӣ ва электронӣ бахшида шуда, вобаста ба ин дар шаш китобхонаи ҷумҳурӣ дар баробари феҳристҳои анъанавӣ феҳристҳои электронӣ низ ташкил кард шудаанд, ки онҳо дорои 460956 номгуй китобҳо мебошанд. Имрӯз фонди китобҳои электронии ҷумҳурӣ ба 4 млн. 852807 нусха расидааст.

Бо дарки муҳимияти масъала, тарбияи мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки Барнома муайян гардида, тӯли солҳои татбиқи он сафи китобдорони ҷумҳурӣ бо 293 нафар мутахассисони дорои маълумоти олии соҳавӣ ва 403 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, яъне дар маҷмуъ бо 696 нафар кадрҳои баландихтисос мукаммал гардидааст. Вале вазъи воқеии таъминоти китобхонаҳо бо мутахассисон, такмили ихтисоси онҳо андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

Дар самти иҷрои нишондодҳои Нақшаи чорабиниҳои Барнома вобаста ба таҳкими базаи моддӣ- техникии китобхонаҳо ва фароҳамоварии шароити мусоид барои истифодабарандагон Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои муассир андешида, дар давраи татбиқи Барнома аз ҳисоби маблағҳои он бинои 59 китобхонаро дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда, барои таҷҳизонидани онҳо бо мебелҳо, рафҳои китобмонӣ, компютерҳо, дастгоҳҳои нусхаафзо, аудиовизуалӣ ва таъмини онҳо бо асноди коргузорӣ, таҷҳизот ва маводи зидди сӯхтор маблағҳои заруриро ба суратҳисоби шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ирсол намуд.

Вобаста ба  компютеркунонии зина ба зинаи тамоми китобхонаҳои давлатию оммавӣ ҳаминро зикр намудан ҷоиз аст, ки то қабули Барномаи мазкур (соли 2005) дар китобхонаҳои давлатию оммавии мамлакат (ба истиснои Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба номи Абулқосим Фирдавсӣ) ягон адад компютер  мавҷуд набуд. Имрӯз дар маҷмуъ китобхонаҳои давлатию оммавии кишвар дорои 944 адад компютер, 164 принтер, 25 сканер, 6 дастгоҳи нусхаафзо мебошанд. Айни замон 10 китобхонаи ҷумҳурӣ ба шабакаи глобалии Интернет пайваст шуда, 3 китобхона дар шабакаи мазкур веб- сайтҳои худро таъсис додаанд.

Сарфи назар аз андешидани тадбирҳо, имрӯз вазъи заминаи моддӣ- техникии китобхонаҳои мамлакат, аз ҷумла ҳолати биноҳо, толорҳои хониш ба  талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ ҷавобгӯй нест. Дар ин самт мо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд чораҳои мушаххас андешем.

Итминонамон комил аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои дахлдор нишондодҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур сари вақт ва мукаммал амалӣ мегарданд.

DSC_0810Сипас, оид ба вазъи маблағгузории ин Барнома муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба сухан баромада, ин равандро муфассал таҳлил намуд.

Аз суханони мавсуф маълум гардид, ки дар буҷети давлатӣ барои фаъолият, нигоҳдории китобхонаҳо ва рушди фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда, он аз рӯйи имкониятҳои молиявӣ сол аз сол афзоиш меёбад. Дар соли ҷорӣ бо ин мақсад 32,6 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2012- ум 13,1 млн. сомонӣ ё ин ки 67 фоиз зиёд мебошад.

-Вобаста ба иҷрои татбиқи «Барномаи рушди фаъолияти  китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006- 2015» аз соли 2007 то соли 2012 –ум 3,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои фонди китобхонаҳо 1,0 млн. сомонӣ, таъмири биноҳо 608 ҳазор сомонӣ, хариди таҷҳизот ва техника 423,2 ҳазор сомонӣ ва дигар хароҷот 1,3 млн. сомонӣ равона шудааст. Дар соли 2013 бошад, баҳри иҷрои талаботи Барномаи мазкур 349 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки то имрӯз маблағгузории он 60 ҳазор сомонӣ тибқи дархости Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин шудааст.

Инчунин барои татбиқи «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013» то имрӯз 1,0 млн. сомонӣ равона шудааст.

Яке аз воқеаҳои фараҳбахш дар ин самт соли 2011 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 186 млн. сомонӣ сохта ба истифода додани бинои боҳашамати замонавӣ — Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо усулу технологияи нави пешрафтаи муосир дар шаҳри Душанбе мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011 № 1093 Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъсис дода, барои фаъолият ва нигоҳдории он 4,4 млн. сомонӣ ҷудо шудааст. Соли ҷорӣ бошад, ба ин мақсад 7,9 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Илова бар ин, бо мақсади ғанӣ гардонидан ва пурра кардани фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои тозанашри адибони муосир ва классикони тоҷик барои чопи онҳо дар панҷ сол ба нашриёти «Адиб» 5,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла дар соли ҷорӣ 1,0 млн. сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо шудааст.

Ҳамасола барои чопи китобҳои дарсӣ ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои зарурӣ пешбинӣ мешавад, ки дар соли ҷорӣ барои ин мақсад аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 1 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти маблағҳои гардишӣ 25,6 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар баробари ин, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои харидорӣ намудани дастгоҳҳои муосири чопӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе» аз ҳисоби маблағҳои махсуси иҷораи китобҳои дарсӣ 5,0 млн. сомонӣ қарз ҷудо карда мешавад.

Умуман, иҷрои тамоми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 №238 «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 -2015» таҳти назорати доимии мутахассисони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дошта, барои амалӣ  намудани он дар доираи ваколатҳои худ тамоми чораҳои заруриро меандешанд.

DSC_2042Роҷеъ ба масъалаи баррасишуда инчунин раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатов маълумот пешниҳод намуда, минҷумла гуфт:

- Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи мавриди баррасӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сармоягузориҳо дар маҷмуъ ба 5797,0 сомонӣ хароҷоти маблағҳо пешбинӣ гардидааст, ки маблағгузорӣ барои ҳар сол гуногун буда, аз маблағи умумии пешбинишуда ба давраи мавриди омӯзиш ва таҳлил қарордода 4531,8 сомонӣ рост меояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барнома на дар ҳама ҳолат харҷи маблағҳо тибқи Барномаи пешбинишуда ба нақша ва ё пурра ба нақша гирифта шудааст. Чунончӣ, дар соли 2006 аз ҳисоби буҷети давлатӣ харҷи маблағ умуман ба нақша гирифта нашудааст. Дар дигар мавридҳо бошад, харҷи маблағҳо нисбат ба маблағҳои дар Барнома пешбинишуда кам ба нақша гирифта, дар соли 2007-ум 358,3 ҳазор сомонӣ, соли 2008-ум 105,9 ҳазор сомонӣ, соли 2009-ум 20,0 ҳазор сомонӣ, соли 2010-ум 10,0 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2003 ба маблағи 93,1 ҳазор сомонӣ харҷи маблағҳои буҷетӣ кам ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмуъ, маблағҳои кам ба нақша гирифташуда дар давраи таҳлилӣ 1033,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо мақсади татбиқи Барнома хароҷот аз буҷети давлатӣ ба андозаи 3590,9 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар асл ба андозаи 3461,3 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Маблағҳои боқимонда, ки 129,6 ҳазор сомониро ташкил дода, барои тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо, пардохти хизмати мутахассисони ҷалбшуда барои иҷрои корҳои муайян ва барномаҳои таъмини компютерӣ пешбинӣ гардида буданд, дар соли 2009 аз тарафи масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман истифода бурда нашудаанд.

Харҷи маблағҳо ба воситаи Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷетӣ дар солҳои 2007-2012 барои хариди таҷҳизот, китобҳо, чопи китобҳо, таҳияи дастурамалҳои соҳавӣ ва барои дигар кору хизматрасониҳо маблағи умумии 1810,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Боқимонда маблағҳои буҷетӣ, ки 1650,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба суратҳисоби шуъбаҳои фарҳанги мақомоти идоракунии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои хариди воситаҳои зидди сӯхтор, баргузории семинарҳо, таъмири бино ва мебелҳо, хариди таҷҳизоти техникӣ ва барномаҳои компютерӣ гузаронида шудааст.

Ҳамзамон дар давраи мавриди таҳлил тибқи Нақшаи чорабиниҳо аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷетӣ ба маблағи 608,0 ҳазор сомонӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмири бино ва иншооти ин соҳа ҷудо гардида, 59 китобхонаҳои 37 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қисман таъмир карда шудаанд. Барои харидории таҷҳизот, техника ва инвентар ба шуъбаҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, китобхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷетӣ дар маҷмуъ 423,3 ҳазор сомонӣ  пардохт шуда, 21 номгуйи таҷҳизот ва техника харидорӣ гардидааст.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷетии тибқи Нақша пешбинигардида, дар ин давра барои харидории мизу курсиҳо, ҷевонҳои китобмонӣ, кушодани синфхонаи нав (лаборатория ва ҷиҳозонидани он бо компютер ва таҷҳизоти наворбардорӣ) дар факултети китобдорию иттилоотии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода 150,0 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст.

Инчунин дар ин давра бо мақсади ташкил намудани маъракаи «Корвони китоб» бо теъдоди умумии 196865 нусха китоб ва дигар маводи иттилоотии тозанашр ба маблағи умумии 1218,0 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардидааст. Ба воситаи «Корвони китоб» аз ҳисоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашриётҳои тобеи он 237624 нусха китобҳои тозанашр ба маблағи умумии 1927,7 ҳазор сомонӣ ройгон тақсим шудааст.

Таҳлили натиҷаҳои татбиқи Барномаи рушди китобдорӣ нишон дод, ки дар раванди татбиқнамоии он теъдоди нусхаҳои китобҳо дар фонди умумии китобхонаҳои ҷумҳурӣ афзоиш ёфта, аз 12676775 нусха китобҳои дар соли 2006 мавҷуда дар соли 2013 ин теъдод ба 18882205 нусха расидааст.

Таҳлил нишон дод, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 1332 адад китобхона амал мекунад, ки аз ин теъдод 472 адад ба вилояти Хатлон, 353 адад ба вилояти Суғд, 185 адад ба ВМКБ ва 322 адад ба шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷкмҳурӣ рост меояд. Қисми зиёди шумораи китобхонаҳои дар боло номбаргардида дар ҳолати таъмирталаб қарор дошта, маблағҳои пешбининамудаи буҷетӣ барои таъмири онҳо нокифоя мебошад.

Зикр кардан зарур аст, ки дар рафти гузаронидани таҳлил муайян гардид, ки то қабули Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар давраи то соли 2002 дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳашт бинои китобхонаҳои дар деҳот ҷойгирбуда хусусӣ гардонида шуда, айни замон ба дигар мақсадҳо истифода мешаванд.

Ҳамзамон таҳлил нишон дод, ки бо вуҷуди ҷой доштани пешравиҳо дар ин соҳа ва ба иҷро расонидани нишондодҳои Барнома баъзе бандҳои Нақшаи чорабиниҳо аз оғоз то ба ҳол умуман ҳалли худро пайдо накардаанд. Чунончӣ, тибқи нишондодҳо дар назди калонтарин китобхонаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ барои таъмир ва барқароркунии нашрҳои чопӣ бояд лабораторияҳо ташкил ва бо мақсади ташкили фондҳои эҳтиётии электронӣ нусхаҳои такрории нашрияҳои нисбатан пурқимат тайёр карда мешуданд. Барои амалисозии ин мақсад маблағгузориҳо 560,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар назар дошта шуда, то ин давра аз ягон манбаъ маблағгузорӣ амалӣ нашудааст. Ғайр аз ин, дар самти таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аниқтараш таҳияи низомномаҳо оид ба шаклу намуди китобхонаҳо ва дар бораи ба хориҷ баровардани ҳуҷҷатҳои китобхонавӣ, махсусан нашрҳои нодир ва пурқимат, аз тарафи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ нишондоди Нақшаи чорабиниҳо ба иҷро расонида нашудааст.

Бо назардошти гуфтаҳои боло ва бо мақсади татбиқи пурраи Нақшаи чорабиниҳои Барнома то давраи ба охир расидани муҳлати он андешидани чораҳои зерин зарур мебошад:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим меояд, ки дар солҳои минбаъдаи амали Барнома маблағгузории татбиқи онро аз рӯйи ҳаҷми дар Нақшаи чорабиниҳо пешбинигардида, бо назардошти қисми маблағҳои дар солҳои гузашта ба нақша гирифтанашуда, пурра таъмин намояд.

2. Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҳангоми ташаккули буҷети маҳаллӣ эҳтиёҷоти воқеии шуъба ва бахшҳои фарҳангӣ дар самти таъмир, таҳкими базаи моддӣ-техникӣ, таъмин бо адабиёти тозанашр ва технологияи муосири иттилоотӣ ба инобат гирифта шуда, баҳри ба тавозуни шуъба ва бахшҳои фарҳанг гузаронидани муассисаҳои фарҳангӣ тадбирҳои амалӣ андешида шавад.

3. Вазорати фарҳангро лозим аст, ки ҷиҳати татбиқи нишондодҳои иҷронагардидаи Нақшаи чорабиниҳо дар самти ташкил намудани лабораторияҳо барои таъмир ва барқароркунии нашрҳои чопӣ, ташкили фондҳои эҳтиётии электронӣ барои тайёр намудани нусхаҳои такрории нашрияҳои нисбатан пурқимат ва таҳияи низомномаҳои соҳавӣ чораҳои аввалиндараҷа андешад.

4. Бо мақсади таъмиру тармими бинои китобхонаҳо, бунёди инфрасохтори замонавӣ, барқарорсозии китобхонаҳо, ҷалби бештари мутахассисони баландихтисос, беҳбудӣ бахшидан ба дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳо, ба Вазорати фарҳанг зарур аст, ки ҳамкориҳоро бо ташкилотҳои кӯмакрасони байналмилалӣ (донорҳо) дуруст ба роҳ монад.

Баъди шунидани ахбороти масъулони зикргардида вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Талбаков, Домуллоҷон Ҷаборов, Назрулло Ҷонов, Нодира Турдиматова, Умаралӣ Ҳисайнов ва Саттор Холов оид ба масъалаи мавриди баррасӣ саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Вакилон Шодӣ Шабдолов, Махфират Хидирова ва Олим Салимзода дар музокираи масъала ширкат намуданд.

Дар фарҷом мутобиқи банди 277-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти таклифу пешниҳодот ва эродҳое, ки дар гузоришҳо ва саволу баромадҳо зикр гардиданд, аз рӯйи масъалаи зикршуда қарор ва тавсияҳо қабул шуд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир А.ИСОЕВ