3 сентябри соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳайати парламентии Франсия аз Гурӯҳи дӯстии «Франсия ва Осиёи Марказӣ»-ро таҳти роҳбарии сенатор Андре Дюле ба ҳузур пазируфт.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров Андре Дюле ва ҳайати ҳамроҳонашро хайра мақдам гуфта, ба онҳо дар кишвари мо сафари неку бобарор таманно намуд.
Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати меҳмонон оид ба сохтор ва фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон маълумоти мухтасар дода, изҳор дошт, ки дар Маҷлиси намояндагон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Парламенти Франсия фаъолият менамояд. Вай ҳамчунин роҷеъ ба вазъи кунунии ҳамкориҳои миёни ду кишвар суҳбат намуда, гуфт, ки Франсия дар шумораи нахустинҳо Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1991 ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.
Имрӯз равобити Тоҷикистону Франсия дар бахшҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву фарҳангӣ дар ҳоли рушду нумуъ мебошад. Сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқотҳояш бо роҳбарияти воломақоми Франсия ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити дуҷониба нақши муҳим бар ҷой овард. Ҳамчунин сафарҳои чанде аз вазирҳои Франсия ба Тоҷикистон дар густариши ин ҳамкориҳо саҳми арзанда гузоштанд.
Дар давраи истиқрори равобити дуҷониба миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Франсия 12 санади муҳим ба имзо расидааст, ки асоси шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳои тарафайнро ташкил медиҳанд. Имрӯз муносибатҳои мо ба таври хуб ба роҳ монда шудаанд. Сарфи назар аз ин мо бояд ҳамкориҳои худро боз ҳам бештар тавсеа бубахшем. Мо ба Франсия ҷиҳати ҷонибдорӣ барои ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шомил гардидани Тоҷикистон самимона изҳори сипос менамоем. Ин рӯйдод дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвари мо хеле муҳим мебошад.
Иқлими Тоҷикистон барои инкишофи боғпарварӣ ва ҳосили аз лиҳози экологӣ тоза шароити мусоид дорад. Аз ин рӯ сармоягузорони франсиягӣ метавонанд бо сохтани корхонаҳои хурди коркарди мева, харидории маҳсулоти мевагӣ, инчунин меваи тару тоза ва ғайра бо кишвари мо ҳамкорӣ дошта бошанд.
Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат бо хоҳиши меҳмонон дар бораи вазъияти ҳамсоякишвари мо – Афғонистон ва ояндабинии ӯ баъди хурӯҷи қувваҳои коалитсионӣ суҳбат намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки вазъи ин кишвар ҳамоно ноором буда, мардуми он ҳанӯз ҳам ба ёрии иқтисодиву башардӯстӣ ниёзманд мебошанд. Бинобар ин баъди хурӯҷи қувваҳои мазкур чунин ёриҳоро ба Афғонистон бештар расонидан лозим мешавад. Расонидани чунин ёриҳо, инчунин бунёди корхонаҳои гуногун, ҷиҳати муҳайё намудани ҷойҳои корӣ ба ин кишвари ҷангзада, ба воситаи Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ хоҳад буд, зеро сарҳадҳои умумии мо тақрибан якуним ҳазор километрро ташкил дода, халқҳои мо дорои фарҳангу забони ягона мебошанд. Бояд зикр кард, ки бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои ба эътидол омадани вазъи ин кишвар нақши муҳим хоҳад бозид.
Шукурҷон Зуҳуров дар бораи зарурати бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва нақши онҳо дар рушду нумуи иқтисодиёти кишварҳои минтақа муфассал суҳбат намуда, изҳор дошт, ки неруи барқ метавонад барои ба ҳаёти осоишта баргаштани мардуми Афғонистон мусоидати комил намояд. Баъди хориҷ шудани қувваҳои коалитсионӣ ҳамкории мо бо ин ҳамсоякишвар зиёдтар хоҳад гардид.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин бо хоҳиши меҳмонон дар бораи рушди соҳаи туризм дар кишварамон суҳбат ороста, зикр намуд, ки сол то сол шароити қабули туристон аз кишварҳои хориҷӣ беҳтар шуда истодааст. Аммо ҳануз ҳам дар ин самт корҳои зиёд дар пешанд.
Роҳбари ҳайати парламентии Франсия Андре Дюле аз пазиройии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то ҳамкории миёни кишварҳо ва парламентҳо дар оянда низ тавсеа ёбанд.
Дар суҳбат Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидйе Леруа иштирок дошт.
Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир А. ИСОЕВ