Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбек Маҳмадалиев ва Бег Қурбонов дар деҳоти «Бохтариён» -и ноҳияи Бохтар бо интихобкунандагони худ мулоқот намуданд. Вохӯриро раиси ноҳияи Бохтар Абдуалим Исмоилов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, Амирбек Маҳмадалиев ва Бег Қурбонов бо интихобкунандагон оид ба Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрониҳои Сарвари давлат дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат ва ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Дар вохӯрӣ чанде аз интихобкунандагон низ баромад карда, ҷонибдории худро аз сиёсати имрӯзаи дохилию хориҷии давлати Тоҷикистон иброз намуданд. Аз ҷумла ин нукта аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷонибдории самимонаи интихобкунандагон гардид: «Ман итминони комил дорам, ки асри ХХI чун даврони кишвардории Сомониёни шарофатманд асри Тоҷикистони соҳибистиқлол, асри созандагию бунёдкорӣ ва пешрафтҳои бузурги миллати куҳанбунёди мо хоҳад гардид».
Ҳамин гуна мулоқотҳои муфид бо интихобкунандагон дар шаҳраки «Исмоили Сомонӣ», деҳоти «Бӯстонқалъа» ва «Заргар» низ барпо гардиданд.
Ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон Саодат Амиршоева дар шаҳри Сарбанд ва Маҳмадамин Ҳисориев дар ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ бо интихобкунандагони худ мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»