Вохӯрии Амиршо Миралиев бо Северина Шаппаз

№35 (3181) 09.04.2014

миралиев1

Ҳаштуми апрели соли 2014 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев сардори намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Северина Шаппаз, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад ва Андре Паке-сардори навтаъиншудаи ниҳоди байналмилалии мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагон ва вазорату идораҳои дахлдори мамлакат бо ин кумитаи бонуфуз ва мададрасони байналмилалӣ, мусоидати парлумони кишвар барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари равобити байниҳамдигарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Амиршо Миралиев ба Северина Шаппаз, ки солҳои зиёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурхро ба уҳда дошт ва софдилона ба нафъи мардуми Тоҷикистон хизмат намуд, аз номи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки мардуми кишвари офтобрӯяи мо ҳамеша шуморо бо некӣ ёд мекунанд.

Амиршо Миралиев аз фаъолияти густурдаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мавқеи худро  қариб дар тамоми минтақаҳои кишвари мо бо мақсади омӯзиши ҳолат ва вазъи зиндагии аҳолии ин минтақаҳо ва тартиби расонидани кумак ба сокинони минтақаҳои мазкур устувор намудааст.

Мавсуф дар идомаи суҳбат бори дигар зарурати таҳкими муносиботро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх таъкид кард ва афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон омодаи тақвияти ҳар чӣ бештари ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими чунин муносибот тамоми имконот вуҷуд дорад ва заминаи ҳуқуқии чунин ҳамкориҳо бошад, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

-Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ барнома ва тарҳҳои Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистонро ҷонибдорӣ  карда, барои амалӣ шудани онҳо фазои ҳуқуқии лозимаро фароҳам хоҳад овард, — гуфт Амиршо Миралиев.

-Ҳамчунин мо медонем, ки, — гуфт Амиршо Миралиев, — Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дарки масъулияти корӣ фаъолияти худро дар партави Паёмҳои Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи стратегияҳо ва барномаҳо ба роҳ монда, дар ин муддат як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд. Тамоми ин муддат кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти сиёсии кишвар тамоми имконот ва неруи зеҳнии худро дар роҳи дастгирии табақаҳои муҳтоҷтарини аҳолӣ ва баландбардории сатҳи зиндагиии ниёзмандон дар рӯҳияи созандагӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ сарф намуданд.

Зимни суханрониҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо диққати масъулини соҳаҳои гуногунро ба масъалаи таҳти сарпарастии доимӣ қарор додани ятимону бепарасторон, ҳифзи иҷтимоӣ ва расонидани кумакҳои молиявӣ ба онҳо ҷалб кардаанд.

Барои мо пӯшида нест, ки фаъолияти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба самти истиқрори бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ, мувофиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ, бавижа дар чаҳорчӯбаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи эҳсонкорӣ», «Дар бораи истифода ва ҳифзи нишон ва номи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ва дигар дастурҳои Ҳукумати Тоҷикистон равона шудааст. Бахшҳои ин ниҳоди бонуфуз дар давраи фаъолияти хеш  роҷеъ ба вазоифи оинномавӣ ва барномавиашон ҳаҷми муайяни корҳоро ба сомон расониданд. Боиси тазаккур аст, ки дар ин самт Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро чун ҳамеша шарикони боэътимоди ӯ, аз қабили Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналхалқии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҳамкорон аз Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх, Ҳилоли Аҳмари кишварҳои гуногун ва тамоми сохторҳои ҳукуматӣ, чӣ дар сатҳи вазоратҳо ва чӣ дар сатҳи маҳалҳо дастгирӣ мекунанд. Ҳамкорӣ ва равобити эшон бо ташкилотҳои ҳукуматию ғайриҳукуматӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ғайра хуб ба роҳ монда шудааст.

Сардори намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Северина Шаппаз  низ аз сатҳи ҳамкориҳои кумитаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, хотирнишон сохт, ки ҳанӯз байни ҶумҳурииТоҷикистон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх тамоми имконоти мавҷуда мавриди истифода қарор нагирифтаанд ва мо бовар дорем, ки ин мулоқот саҳифаҳои ҳанӯз бознашуда дар китоби таърихи равобити моро боз хоҳад кард.

Ҳар ду ҷониб аз натиҷаҳои мулоқот ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳо омили асосии густариш пайдо кардани ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ба шумор меравад.

Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир А. ИСОЕВ